Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Рӯзи ғалаба дар Душанбе

Ҳам ҷангу ҳам сулҳ: пойгоҳи низомии 201-уми Русия 75 сол дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон

74
(Таҷдидшуда 15:21 04.06.2018)
Дар тӯли 75 соли мавҷудияти худ, пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз байни дуду оташи 3 ҷанг гузаштааст, вале вазифаи асосии он то ҳанӯз нигаҳдории сулҳу субот дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Рӯзи якуми тобистон, 1 июн, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон 75 солагии худро ҷашн гирифт. Sputnik Тоҷикистон таърихи онро шурӯъ аз замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хотима то ҷангҳои Афғонистон ва шаҳрвандии хунрез дар ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистонро, ба ёд меорад.

Таърихи таъсиси пойгоҳи низомии 201-ум

Ин қисми ҳарбӣ роҳи дурударози ҷангии худро, ки 75 сол тӯл дорад, на дар паҳноҳои ҷанубии бузурги Осиёи Миёна, балки дар барфҳои инҳисори Ленинград оғоз кардааст, ки аввал Гатчина ва сипас шаҳрҳои давлатҳои соҳили Балтикро аз ҳуҷуми қушунҳои немис, озод кардааст.

Ва расмигузашти якуми худро дар шаҳри Душанбе дивизияи 201-уми мототирандоз, 7-уми ноябри соли 1945 (маҳз он баъдан пойгоҳи ҳарбии 201-ум шуд) барпо карда буд, ки то замони соли 1990 гузаронида мешуд.

Ҳукумати Шӯравӣ ба мақомоти Афғонистон чандон эътимод надошт, зеро нақшаҳои Кобулро дар бораи ҳамла ба Иттиҳоди Шӯравӣ замони ҷанги Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як қатор масоҳатҳои Тоҷикистон ва Узбакистонро тобеи худ гардонданро, хуб дар ёд дошт.

Бар ин бино, Кремл дар марз ҷузву томҳои муҷаҳҳаз ва хуб таълимдидаро нигоҳ медошт.

Сарбозон, сержантҳо ва афсарони дивизия муназзам малакаҳои кӯҳнавардӣ, гузаронидани ҷанг дар минтақаҳои баландкӯҳро аз худ карда, ҳамеша дар тамринҳои бузурги ҳарбии Округи ҳарбии Туркистон иштирок мекарданд.

Ҳамин тариқ, баҳори соли 1964 дивизияи 201-ум роҳи ҷангии Душанбе — Деҳқонобод — Керки душманони шартиро думболгирӣ карда, ба он ҳуҷум кардааст.

Аммо маҳорати пурраи ҷангиро дивизия, албатта, дар Афғонистон гирифта буд. 14-уми феврали соли 1980 қисми ҳарбӣ дар ҳайати Қушунҳои маҳдуди мунтазами шуравӣ ба вилояти Қундуз фиристода мешавад.

Вывод советских войск
© Sputnik / А. Соломонов
Вывод советских войск

Қӯшунҳо дар бисёр амалиётҳои хатарноки ҳарбии вилоятҳои Қундуз, Тахор, Балх, Бағлон, Саманган иштирок доштанд, ки посгоҳ ва гузаргоҳҳои дурдастро ҳифз мекарданд. Ва 9 сол пас, моҳи феврали 1989, тамоми ҷузву томҳои дивизияи 201-уми мототирандоз ба ватан баргаштанд.

Дивизия ордени дуюми Байроқи Сурхи Зафарро гирифта, ду маротибаи дигар соҳиби ин унвон шудааст. Бо вуҷуди ин, мукофоти олӣ бо нархи баланд ба даст омад — барои бисёре аз низомиёни дивизия, он гузариш аз болои дарёи Панҷ мусофирати абадӣ ба як самт буд.

Сипас пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, бавуҷудоии иттиҳоди бузург, вале ноустувори ҳалқҳои он, ки дигар тоқати дар даст доштани мафкураи сотсиалистиро надоштанд, ба амал омад, ва билохира, он ба давлатҳои мустақили зиёде табдил ёфт.

Он шабурӯз дар Тоҷикистон сарбозону афсарони дивизияи 201-ум ба кӯча баромаданд то бетартибиҳои бузурги дар Душанбе баамаломадаро пешгирӣ кунанд — дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад.

Дар соли 1993, пас аз муноқишаҳои хунрез, дар асоси тасмими роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар қаламрави Тоҷикистон қувваҳои сулҳхоҳи коллективӣ (ҚСК) таъсис дода шуд, ки асоси он дивизияи 201-ум, аллакай русиягӣ, шуд.

Пойгоҳи Русия дар ҳифзи амнияти Тоҷикистон

Ҷанговарони воҳидҳои низомӣ на танҳо вазифаҳои ҳарбӣ, балки аъмоли намояндагиҳои башардӯстонаро низ иҷро мекунанд — посбонии конвойҳои озӯқа ва доруворӣ, маҷрӯҳ ва гурезаҳоро ҷо ба ҷо мекунанд. Илова бар ин, дар ДМТ дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон нақши калидӣ бозӣ кардааст, аз Афғонистон қисмҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷикро баровардааст, ки ба сулҳ бастан розӣ шуда буд.

Илова ба Хадамоти амнияти марзҳо, ДМТ-и 201-ум ба омӯзиши навдаъватшудагони артиши мунтазами Тоҷикистон низ машғул буд, ки барои ташкили заминаи ояндаи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, кӯмак мерасонд.

Военные учения 201-й РВБ в Таджикистане, архивное фото
© Пресс-служба 201 РВБ
Военные учения 201-й РВБ в Таджикистане, архивное фото

Соли 2004 дивизияи мототирандоз пойгоҳи 201-уми Русия шуд ва бо мурури замон вазифаи ҳифзи марзи ноороми Афғонистонро ба ихтиёри фармондеҳии ҚМ Тоҷикистон супурд.

Ва имрӯз сарбозони рус ҳамроҳ бо ҳамтоёни низомии тоҷикистонии худ мунтазам дар машқҳои зиддитеррористӣ, тирпаррониҳои ҷангӣ ва бозиҳои артишӣ иштирок мекунанд.

Аммо чун дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, миссияи сулҳҷӯёни низомиёни Русия қисми муҳими ҳаёти пойгоҳи 201-ум мебошад.

Ҳамин тавр, моҳи май низомиён дар якҷоягӣ бо ихтиёриёни гурӯҳи "Делай добро" (Некӣ кун) ба кӯдакони ятимхонае дар вилояти Хатлон кӯмаки башардӯстона расонида, ба бачагон лавозимоти хониш, бозичаҳои мулоим ва маҳсулоти ғизоӣ тӯҳфа карданд.

Моҳе қабл низомиёни рус кӯдаконеро, ки гирифтори бемории полиомиелитанд, хабаргирӣ рафта, дар саҳми хайрияи додани хуни худ иштирок карданд.

Илова бар ин, сарбозон ва афсарони пойгоҳи низомӣ дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, иштирок намуда, баҳри барқарорсозӣ ва нигоҳдории ёдгориҳо, маҷмаъаҳои ёддоштӣ ва мақбараҳо иштирок мекунанд.

74
Барчаспҳо:
сулҳ, ҷанг, пойгоҳи 201, Тоҷикистон, Русия