Духтаре механдад, акс аз бойгонӣ

Даҳ чизе, ки Маскав ба ман дар чор сол омӯхт: ифшогариҳои духтари тоҷик

2062
(Таҷдидшуда 13:41 04.06.2018)
Бо орзуи рафтан ба шаҳри калон, ман ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ гуна Маскав маро мепазирад, ва акнун, пас аз 5 соли сипаришуда, ман мехоҳам дар бораи таҷрибаи худ бо ҳамватанонам аз Тоҷикистон, нақл кунам

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik, Нӯшин Раҳимӣ. Солона тақрибан як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Маскав мераванд. Як қисми онҳо ба пойтахти Русия барои таҳсил ё кор ба муддати муайян сафар мекунанду, қисми дигарашон барои ҳамешагӣ кӯч мебанданд.

Замоне, ки синну соли ман каме аз 20 зиёдтар шуд, ман ҷомадони на он қадар калони худро ҷамъ кардаму, баҳри "ишғол кардани" Маскав ба самти он роҳсипор шудам.

Алъон ба ақиб нигоҳ карда, ман рӯзи аввалини худро дар Москва пеши назарам меорам. Эҳтимол, вай барои ҳама шабеҳ аст: ту дар метро истодаиву, намедонӣ, ки чӣ гуна то ба истгоҳи лозима равӣ, ва одамон аз паҳлӯи ту девонавор бо шаст медаванд, ба ину он тараф ҳаракат мекунанд, садҳо нафар аз назди ту мегузаранд, ва ҳама бо ифодаи якранги чеҳраҳо — ғамгин, ҷиддӣ ва хаста.

Бо мурури замон ҳама чиз хуб шуд. Дар давоми панҷ сол ман бисёр лаҳзаҳои хуб ва бадро дидам. Маълумоти олӣ гирифтам, ба аспирантура дохил шудам, ба кор даромадаму, оиладор гаштам.

 

Чӣ қадаре, ки ту тайёрӣ набинӣ, боз омода нестӣ

Муҳим нест, ки чӣ қадар вақт ту барои омодагӣ сарф кардаӣ, дар Маскав боз чизе вомехӯрад, ки туро ба ҳайрат меоварад.

Ҳаёти ман аз соатҳои аввали зиндагӣ дар шаҳри нав куллан тағйир ёфт. Ҳарчанд ман аз 10-солагӣ забони русӣ омӯхтаам, вале худамро мисли аз як нафаре ҳис мекардам, ки аз сайёраи дигар омада бошам.

Маҷбур шудам, ки худсарона таъруфаи муфид барои рафтан дар нақлиёт интихоб намоям, худро сабти ном кунам ва ба пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ пардозам.

 

Приятных снов 🌺 Фото: @tomrus

Публикация от Москва (@kudago) 24 Май 2018 в 1:30 PDT

 

Дар аввал, ман ҳама чизро тағйир додам: нархҳо, вақт ва масофаро. Мағзи сар маҷбур буд дучанд кор кунад. Ҳамин тавр, 45 рубл — ин чанд сомонӣ аст? Ва агар ҳозир соат 6-и бегоҳ бошад, пас он дар Душанбе чанд аст? Аз хона то донишгоҳ роҳ бо тағйири истгоҳ дар марказ як соат аст. Бо ин вақт дар Тоҷикистон то куҷо рафтан эҳтимол дошт? Пеш аз он ки ҳамаи ин чиз дар мағзи сар ҷой гирад, хеле муддати тӯлонӣ гузашт.

Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ гоҳ ватанро иваз карда наметавонад

Бале, ман низ қаблан ба дастуроти калонсолон аҳамият намедодаму, дастфишорӣ мекардам, ки мегуфтанд: "Ана меравию, ғамгин мешавӣ, хона, маҳалла, ҳаво, об ва ҳатто замини ватанро ёд мекунӣ". Он гоҳ ман фикр мекардам, ки ин дилтангии хоси пиронсолон барои ватан аст. Ба Маскав омада, ман қариб зуд ҳис кардам, ки ба ман ҳама он чизи шинос ва хонагӣ намерасад.

Таджики прошли Бессмертным полком по Москве в День Победы
© Sputnik Стас Этвеш
Таджики прошли "Бессмертным полком" по Москве в День Победы

Нону кулчаҳои тоҷикиро ёд мекунӣ. Ман дар вақтҳои аввал ҳеҷ ба нони сиёҳу батони сафеди русӣ одат карда наметавонистам. Чор моҳи аввал модарам кулча мепӯхту, тавассути дӯстон ба ман мефиристод.

Танҳо дар муҳоҷират ту мутаваҷҷеҳ мешавӣ, ки чӣ қадар Тоҷикистонро дӯст медорӣ ва ин чӣ ҷои муқаддас барои туст. Ҳар як роҳрави он ҳатто бароят азиз мегардад, ҳама кас ва ҳама чизро ёд мекунӣ.

 

И снова высотки…🌃 Доброй ночи🌌 Фото: @tomrus

Публикация от Москва (@kudago) 31 Май 2018 в 1:30 PDT

 

Маскав туро нерӯманд ва омода ба ҳама чиз мекунад

Агар тамоми духтарони тоҷик то издивоҷашон пухтани оши палав ва дигар намудҳои таъомро ёд гиранд, вале ин ҳамаро ба ман Маскав омӯзондааст. Дар ин ҷо ту бояд ҳама чизро худат тавонӣ, охир ҳеҷ кас барои ту чизе омода намекунад, чунон ки одатан дар хона қобили қабул аст.

Аввал хеле душвор менамояд, вале баъд ҳама чизро аз худ мекунӣ — нишондиҳандаи ҳисобкунаки барқиро рӯбардор мекунӣ, шумораи маршруткаи лозимиро дар ёд мегирӣ, истифода бурдани роҳнаморо (дар ин ҷо бе он илоҷ нест) меомӯзӣ. Бо мурури замон худат ба навомадагон кумакрасониро сар мекунӣ.

Празднование Навруза в Москве на ВДНХ
Празднование Навруза в Москве на ВДНХ

Аз ҳама мӯҳимаш — ҳӯшёриро аз даст додан лозим нест. Дар камакашиҳо набояд дар бораи мӯҳлати сабтином, патент ва иҷозаи иқомат фаромӯш кард.

Мӯҳоҷират кулли қолабҳоро аз байн мебарад

Вақте ки ман ҳанӯз толиба будам, дар дилам нисбат ба Маскав нафрат доштам. Чунки тамоми хешовандони мо ба ин шаҳри дур рафта, аз он ҷо хаставу ғамгин ва пиршуда бармегаштанд. Мисле, ки Маскав хуни онҳоро макида бошад.

То он даме, ки худам ба ин ҷо наомадам, ман намефаҳмидам, ки чаро ин хел аст. Албатта, суръати баланди ҳаракат ва кору бори зиёд одамро зуд хаста мекунад, вале ту барои худ ва наздиконат кӯшиш мекуни, ки ин ҳама барабас нест.

Куда пойти с детьми 1 июня 🤗 ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈День защиты детей — международный праздник, который ежегодно отмечается 1 июня. Он был учрежден в ноябре 1949 года в Париже Международной демократической федерацией женщин. Берите детей, внуков, братьев, сестёр, племянников и идите гулять! ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈На территории усадьбы Воронцово в 11:00 все желающие смогут присоединиться к урокам арт-фотографии. На них научат делать художественные снимки как на профессиональные и любительские камеры, так и на смартфоны. С 12:00 в парке состоятся танцевальные мастер-классы для детей разных возрастов. В 16:00 юные посетители смогут поиграть в баскетбол в компании с тренерами, которые расскажут о тонкостях игры и обучат базовым приемам. ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈 В «Кузьминках» с 12:00 по 18:00 часов пройдут бесплатные мастер-классы по созданию калейдоскопов и картин из цветного песка, а в парке «Садовники» гостей научат готовить мороженое при помощи азота. Кроме того, на сцене парка посетители увидят шоу мыльных пузырей. ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈 Сад «Эрмитаж» 1 июня приглашает на гала-концерт фестиваля детских мюзиклов. С 17:00 до 19:00 горожанам будут показывать фрагменты 28 популярных постановок, таких как «Снежная королева», «Шкодный мюзикл», «Соловей-разбойник & Ко» и другие. Для каждого выступления используются уникальные декорации. ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈В Парке Горького пройдут открытые уроки: будущих спортсменов научат стоять на скейтбордах и лонгбордах. В розарии парка на занятиях Русского географического общества расскажут, кто такие звероящеры и как правильно собраться в поход (12:00). Поляна у обсерватории превратится в сцену, где выступят музыканты в возрасте от 3 до 6 лет. На площадке у Пионерского пруда в 15:00 выступят артисты шоу Вячеслава Полунина при поддержке Международного благотворительного фонда Владимира Спивакова. ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ 🎈 Юных гостей парка «Красная Пресня» 1 июня с 12:00 до 17:00 ожидают подвижные игры, выступления клоунов и цирковых артистов, а также танцевальные мастер-классы. ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ Продолжение в комментариях ⬇️ ⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀⠀ #кудапойтивмоскве #кудасходитьвмоскве #выходныевмоскве #моямосква #столица #москоу #деньзащитыдетей

Публикация от Моя Москва (@moya.moskva) 1 Июн 2018 в 12:27 PDT

Дар Маскав одамон чунин бадкина, ки нақл мекунанд, нестанд. Инсонҳо дар ҳама ҷо яканд. Танҳо одамони бад ё хуб вуҷуд дошта наметавонанд. Чӣ тавре, ки корат омад кунад. Миллатҳои гуногун ва пайравони адёни мухталифро дар ин шаҳр беҳтару хубтар мефаҳмиву мешиносӣ.

Дар омади гап, нархи баъзе маҳсулот дар Душанбе мисли Маскав, аммо дар маҷмӯъ, албатта, зиндагӣ гаронтар аст.

Дар Маскав бояд чолок шуд

Барои мо, пас аз ҳаёти озоду оромона дар Тоҷикистон, Маскав мисли як девонахона метобад. Ҳама саросемавор ба куҷое медаванд, якдигарро дашном медиҳанд, доимо ба коре дасташон намерасад, ҳамеша вақти кам доранду, шитобонанд. Вақташон намерасад, ки сарвақт ба куҷое рафта ё омада расанд.

Ман худамро мисли ҳалзуни кучаке ҳис мекардам, ки аз наздаш тӯдаи мардум бо шаст гузашта, мерафтанд.

Ва ин ҳама барои чӣ? Барои он, ки дар Маскав ашё чунон зиёд аст, ки вақт ҳеҷ гоҳ кофигӣ намекунад. Кӯшиш мекунӣ, ки ба ҳама чиз даст ёбӣ —  саривақт ба кор омадану аз он баргаштан то замоне, ки соати шиддати метро оғоз нагшта бошад, дар роҳ, пас аз кор, ба маркази савдо барои харидани ягон либоси нав, ва сипас ба "Ашан" барои хӯрокхӯрӣ даромадану ғайраву ҳоказо.

Чунин суръат имкон медиҳад, ки дар як рӯз бисёр корҳоро дигар кард. Мағзи сар аз зиёдии иттилоъ гӯё, ки мекафад, ва пойҳо бошанд, ба ҳадафҳои дигар равон мешаванд.

Дар метрои Маскав ҳамеша ба боло бояд нигрҳ кард  

Ин рӯзи аввали хониш буд. Мо бо ҳамкурсҳоямон ҳамоҳангӣ кардем, ки якҷоя ба дарс равем, зеро намедонистем, ки бинои таълимиямон дақиқан дар куҷо воқеъ аст. Ман либоси наву шинамам, пойафзоли пошнабаландамро пӯшидам, охир дар Тоҷикистон якуми сентябр — ин идест, ки бояд зебо бошӣ.

Ва ана ҳоло ман зӯрнок ба метро, аз паси он бачаҳое, ки намуди зоҳирии худро ба хотири таҳаррук нодида гирифтаанд, медароям. Ҳангоми гузариш аз истгоҳи "Таганская" ба "Марксисткая" ман дар гирдоби ҳаракати мутақобила саргаранг мондам. Ин замон маро ваҳшате фаро гирифт: ба куҷо бояд рафт, бачаҳо канӣ, роҳро чӣ гуна пайдо кард, аз кӣ пурсид?

 

 

Хеле нағз шуд, ки ман дастури падарамро ба ёд овардам: "Агар раҳгум задӣ, ҳамеша ба боло нигоҳ ва ишораҳоро пайдо кун".

Он рӯз ман ду чизро барои худ кашф кардам: дар Маскав набояд бо пойафзоли пошнабаланд гашт ва ҳамеша бояд ба ишораҳо нигоҳ кард.

Дар омади гап, метрои Маскав — ин зебогӣ ва таърих дар як ҷузъдон аст, чунин метро дар ягон кишвари дунё вуҷуд надорад. Ҳар як истгоҳ дорои нақшу нигор ва тарроҳии хоси худ аст.

Дар Маскав забони русиро раҳораҳ ёд мегирӣ

Мушкилии аз ҳама калон дар моҳҳои аввал садди забонӣ буд. Дар мактаб аз фанни забони русӣ ман ҳамеша баҳои панҷ мегирифтам, вале дар Москва ин ба ман кумак намекард. Ё шояд аз ҳаяҷон, ё шояд аз суръати тези талаффуз буд, ки рӯзҳои аввал ман зуд-зуд худамро аз даст медодам, намедонистам, ки чӣ ҷавоб диҳам, вақте ки аз ман чизеро мепурсиданд. Аксар вақт ман калимаҳоро талаффуз карда наметавонистам, ҳол он ки онҳоро медонистам. 

Аксари ҳамватанони мо забони русиро нағз намедонанд, бар ин бино, аз дигарон онро меомӯзанд. Асосан, русиро раҳ ба раҳ меомӯзӣ: дар метро радио гӯш мекунӣ, хабар мехонӣ.

 

Ярких снов тебе, Москва!💫 Фото: @nightru #kudago

Публикация от Москва (@kudago) 26 Май 2018 в 1:30 PDT

 

Аксар вақт пурсаброна дар бораи он ки шуморо дар мағоза ё ҷои кор ислоҳ мекунанд, гӯш мекунӣ. Ва баъдан эҳсос наменамоӣ, ки чӣ қадар осон ба забони русӣ ҳарф мезанӣ, танҳо лаҳҷа боқӣ мемонаду, халос. 

Агар зимистони Маскавро надидаед, то ҳол сардии ҳақиқиро ҳис накардаед

Ман барфро аз замони кӯдакӣ дӯст медорам, зеро барои Тоҷикистони гарм барфрезаҳо — ин чизи аҷоиб аст. Замоне, ки зимистони аввалини ман дар Маскав шурӯъ шуд, ман хеле хурсанд ва интизори бориши барф будам. Ҳатто ман тасаввур карда наметавонистам, ки бароям чӣ қадар сард мешавад.

Ман аз Тоҷикистон либосҳои гарм оварда будам. Он замон ба ман чунин менамуд, ки онҳо гарманд. Ҳамаи инро ба бар намуда, ман чун карами сербарг дар рӯзи якуми сарди зимистон ба дарс рафтам. Дар истгоҳ одам зиёд буд, муддати тӯлонӣ автобус намеомад. Ман маҷбур шудам, ки ба як мағозаи наздик ба истгоҳ барои гармшавӣ дароям. Ҳама ҷо сард буд — бинӣ, дасту пойҳо ва зонуҳоям ях баста буданд.

Снегопад в Москве, архивное фото
© Sputnik / Илья Питалев
Снегопад в Москве, архивное фото

Пас аз чунин "яхбандӣ", метро, ки гармӣ медод, бароям мисли биҳишт буд. Ҳамин тавр ман фарқияти байни либосҳои гарм дар Тоҷикистону Русияро дарк намудам, ва барои харидани либоси болоӣ ва пойафзоли зимистонаи нав, ҷониби мағоза шудам.

 Дар Маскав сари ҳар қадам як чойхона аст

Ҳамеша ман фикр мекардам, ки чойхона танҳо дар шарқ асту, халос. Аммо Маскав бо ин чиз маро ба ҳайрат оварда буд. Ҳам дар марказ ва ҳам дар гирду атроф метавон ба осонӣ чойхонаеро вохӯрд. Чунин муассисаҳо аз ҷониби муҳоҷирони муваффақ аз Осиёи Марказӣ кушода мешаванд. Дар омади гап, таъомҳои шарқӣ дар шаҳр хеле машҳуранд.

 

 

Ба чойхона умуман намояндагони халқҳои гуногун ташриф меоранд, вале зодагони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, албатта, бештаранд. Он ҷо ту худро мисле, ки дар хонаӣ, ҳис мекунӣ.

Ба ғайр аз чойхона, дар Маскав боз бисёр нуқтаҳои таҳияи ғизоӣ танӯрӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо пирожкиву нону самбӯса мефурӯшанд.

 Маскав бо бузургиву ҳашамати худ одамро дар ҳайрат мегузорад

Дар Тоҷикистон назди телевизор нишаста, ман расмигузаштро дар Майдони Сурх 9-уми майи ҳар сол тамошо ва орзу мекардам: кош дар он ҷо мебудам. Ва мана, акнун худам дар болои сангҳои чоркунҷаи қадимаи он истодааму, дар атроф, гӯё кинояомезона бошад, ҳамшаҳриҳои ман сайру гашт доранд. Ин хеле аҷоиб буд, ки дар маркази шаҳр лафзи тоҷикӣ садо доду, сипас дар миёни мардум гум зад.

 

 

Маскав ниҳоят бузург аст. Ин ҳатто баъзан ба ҳарос меорад туро. Агар сокини яке аз қисматҳои шаҳр ҳеҷ гоҳ ба кунҷи дигари он нарафта бошаду, намедонад, ки он дар куҷо ҷойгир аст, ягон ҷои тааҷҷубовар надорад. Дар Маскав туро ҳар ҷо сохтмонҳои баландошиёна, марказҳои тиҷоратӣ, театрҳо, толорҳои консертӣ, лағжонакҳои яхӣ, боғҳои истироҳат ва варзишгоҳҳо иҳота мекунанд.

Подош

Агар ба шумо аз Душанбе ба Маскав бастаеро  фиристоданӣ бошанд, бо умеди "Почтаи Русия" нашавед. Беҳтараш дар ҷӯстуҷӯи шиносҳои худ шавед, ки азми сафар ба Русия доранд.

Муддати панҷ сол дар Маскав ман мактаби ҳақиқии ҳаётро гузаштам. Илова ба аз худ нрамудани донишҳои академикӣ, ки барои онҳо ба ин ҷо омада будам, ман боз аз пушти худ истоданро омӯхтам, мардумро фаҳмидам, ҷаҳонбинии худро васеъ кардам, серҳаракату мустақил шудам.

Бале, Маскав пурғавғо, бузург ва мураккаб аст, вале он ба ҳар як нафар чунон имкониятҳои зиёде медиҳад, ки истифода набурдани онҳо аҳмақист.

Маслиҳати ман барои ҳама онҳое, ки ҳанӯз ин шаҳри бузургро барои худ боз накардаанд: пеш аз сафар барои худ тамоми чизи лозимаро омода кунед — рақамҳои телефони ҳар шахсеро, ки медонеду, ба назди онҳо ба Маскав меравед, нависед; суроғаи лозимаро дар харита пайдо кунед, истгоҳи метрои наздиктарин ва ранги шохаи онро дар хотир нигоҳ доред; хоҳиш кунед, ки касе шуморо пешвоз гирад; нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва захоири нақдиро бо худ гиред; дар хотир дошта бошед, ки ҳадафи шумо чист ва дар робита ба он расидан бо роҳҳои гуногун ва дар ҳолатҳои нокомшавӣ ва дучори мушкилот, фикр кунед.

2062
Барчаспҳо:
омӯзиш, муҳоҷират, духтари тоҷик, Москва, Тоҷикистон, Русия
Генерал ФСБ, член Высшего Совета Общероссийского движения «Сильная Россия» Александр Михайлов

Михайлов дар бораи ротатсия дар Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон: мӯҳлат хеле кӯтоҳ аст

844
(Таҷдидшуда 13:46 25.09.2020)
Қоидаҳои нави ротатсияи роҳбарият дар Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистонро генерали ФСБ, узви Шӯрои Олии ҳаракати умумирусиягии "Русияи қавӣ" Александр Михайлов баҳо дод

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон тартиби нави ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда дар Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасодро тасдиқ кард. 

Бар асоси тартиби ҷадид, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда дар Ожонси зидди фасод як бор дар се сол амалӣ карда мешавад.

Генерали ФСБ, узви Шӯрои Олии ҷунбиши умумирусиягии "Русияи пурқувват" Александр Михайлов ҷойивазкуниро як падидаи маъмулӣ номид.

"Аммо дар се сол бояд шахс ба мавзӯъ ворид шавад, вазъро омӯзад, робита барқарор кунад, ба гунае худро исбот кунад, аз ин рӯ мӯҳлат кофӣ нест. Ҳадди аққал тақрибан панҷ сол бояд буд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Михайлов мушаххас кард, ки Тоҷикистон ба ғояҳои худ дар бораи муҳити амалиётӣ ва "шикаст" -и коррупсия такя мекунад.

"Ҳар як кишвар барои худ фармоиш муқаррар мекунад. Ҳама гуна фондҳо метавонанд танҳо тавсия диҳанд, аммо на бештар. Баҳо додан ба Тоҷикистон аз мавқеи Русия ё дигар давлатҳои Аврупо беҳуда аст", - гуфт генерали ФСБ.

844
Барчаспҳо:
фармон, Оҷонсии зидди фасод, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мухаммад Зохири Агбар, посол Афганистана в Таджикистане

Масъуд ба Нурӣ чӣ гуфту бо Ҳикматёр чӣ кор кард? - хотираҳои сафир Ағбар

806
(Таҷдидшуда 16:48 24.09.2020)
Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, хотираҳои ҷолиберо аз ҳамкорӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуду Бурҳонуддини Раббонӣ қисса кард

 ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Сафир, ки дар маросими гиромидошти “Ҳафтаи шаҳид” - 19 – умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва 9 – умин солрӯзи террури Бурҳонуддини Раббонӣ, мулаққаб ба “Шаҳиди сулҳ” - и Афғонистон дар сафорати кишвараш дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, бо ин афрод мустақим ҳамкорӣ дошт ва “по ба по, зону ба зону нишаста”, бо онҳо суҳбат кардааст.

Ӯ бо ишора ба аксҳои 70 чеҳраи таърихии ҷанги Афғонистон, ки дар тоблуҳои ду тарафи толори ҷаласаҳои сафорат гузошта шуда буданд, ишора кард ва гуфт: “На фақат ин ду нафар, балки қариб 95% дарсади ин афродро, ки ҳар яке дар роҳи озодиву истиқлоли Афғонистон ҷоми шаҳодат нӯшидаанд, хушбахтона ё бадбахтона, шахсан мешиносам. Бо онҳо шиштаву суҳбат кардаам ва аз ҳар яке як хотира дорам”, - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Соли 2012 парлумони Афғонистон бо як санад 9 сентябр - рӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро “Рӯзи шаҳид” эълон кард. Аз ҳамон сол ба ин сӯ дар Афғонистон “Ҳафтаи шаҳид” ба хотири гиромидошти шаҳидони ҷанги қариб 40 – солагии Афғонистон таҷлил мешавад. Ин ҳафта 20 сентябр - рӯзи шаҳодати Бурҳонуддини Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури ин кишвар ба анҷом мерасад.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон
© Sputnik
Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ ба ин хотир ҳар сол нишасте бо ширкати сиёсиёну фарҳангиёни ду кишвар баргузор мекунанд.

“Бесадо бош!”

Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар худ дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ (1992 – 2001) дар вазифаҳои муҳими давлатӣ кор кардааст. Соли 1992 ӯ сардори Раёсати муҳофизати Хадамоти амнияти миллӣ, маъруф ба “раёсати 10” ё Горди президенти Афғонистон таъйин шуд (сардори қаблии он Шоҳпури Аҳмадзай, бародари Доктор Наҷибуллоҳ, раҳбари Афғонистон буд, ки ҳардуро Толибон соли 1996 ба дор кашиданд).

Ин раёсат амнияти раисҷумҳур ва аъзои ҳукумати Афғонистонро ба зимма дошт. Генерал Ағбар мегӯяд, он замон иддае аз раҳбарони ифротӣ низ дар атрофи Раббонӣ ҷамъ омада буданд, ки ба ӯ машварат доданд, тамоми занҳои корманди давлатиро ба хонаҳояшон рухсат кунанд, чун будани онҳо дар мақоми расмӣ хилофи қавонини дини ислом аст.

“Як рӯз устод маро ба ҳузур хост ва пурсид: “Чанд корманди зан дорӣ?”. Гуфтам: “Болотар аз 80 нафар”. Гуфт: “Зиёд таҳти фишор ҳастам. Ҳамаро рухсат кун ва маошашонро дар манзилашон бидеҳ!”. Пурсидам: “Зери фишори кӣ ҳастед?”. Гуфт: “Наметавонам бигӯям. Зери фишори як теъдод бузургон ҳастам”. Гуфтам: “Устод, дар Кобул сафорату намояндагиҳои хориҷиву байнулмилалӣ ҳастанд, ки корманди зан зиёд доранд. Вақте онҳо ба ҳузури Шумо ё вазоратҳо меоянд, онҳоро кӣ талошӣ (тафтиш) мекунад?”. Зуд мутаваҷҷеҳ шуд ва гуфт: “Бирав, ҳар коре мекунӣ, бикун, аммо бесадо бош. Бигзор, ки ман инҳоро қаноат диҳам”. Шумо бузургии устодро аз ҳамин дарк кунед, ки то куҷо ҳаст?”, - қисса мекунад сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

“Биравед, сулҳ кунед!”

Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, гуфт, Раббониву Масъуд онро як ифтихори бузурге барои худ медонист. Вай ҳодисаеро аз он айём ба ёд оварда, гуфт, як субҳ Масъуд ӯро ба чои субҳ даъват кард, вақте ба манзили фармондеҳ омад, дид, ки раҳбарони мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Давлат Усмон, Ризвон, Мулло Раҳим ва касе ба номи Асомуддин низ он ҷо ҳузур доранд.

“Лаҳзае нагузашт, ки рокети сакар дар наздикии хонаи Қаҳрамони миллӣ асобат кард. Масъуд ба раҳбарони оппозитсиони тоҷик рӯ оварда, гуфт: “Ҳамин тур як низоми исломӣ мехоҳед? Агар ин тур як низоми исломӣ мехоҳед, ман ба шумо машварат намедиҳам. Машварати ман ин аст, ки биравед, сулҳу салоҳ бикунед. Ин ки мо дар оташи ҷанг месӯзем, кифоят мекунад”, - ба ёд меорад генерал.

Раббонӣ ва Масъуд аввалин афроде буданд, ки бо миёнҷигарии онҳо 12 декабри соли 1996 аввалин давраи музокироти сулҳ миёни ҷониби даргири ҷанги Тоҷикистон (1992 – 1997) дар деҳаи Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон баргузор шуд.

 Ҳикояти дигаре, ки генерал Ағбар ёдоварӣ кард, такондиҳанда аст. Он ба ҳамон замони ҳукумати Раббонӣ бармегардад, ки Ағбар сардори “Раёсати 10” буд. Соли 1994 қарор буд мулоқоти Устод Раббонӣ бо Гулбиддин Ҳикматёр дар Санги Навишта, як маҳалли таърихӣ дар Кобул, баргузор шавад ва амнияти ин мулоқот аз сӯи ҳукумат ба генерал Ағбар ва аз тарафи мухолиф, инженер Ваҳидулло Сабовун (баъдтар вазири молияи ҳукумати Раббонӣ) вогузор шуда буд.

Генерал Ағбар мегӯяд, бегоҳи қабл аз мулоқт Масъуд ӯро ба ҳузур хоста, аҳвол дод, ки як гуруҳ дар ҳукумат мехоҳанд Ҳикматёрро аз байн баранд.

“Дар оғоз Масъуд пурсид: “Таърихро хондаӣ? Оё медонӣ, ки таърих ба мо чӣ мегӯяд? Оё медонӣ, ки куштори як роҳбари ҷиҳодӣ чӣ пайомад дорад?” Ман намефаҳмидам, ки Масъуд бо ин суханонаш чӣ мехоҳад. Ҳайрон будам”, - қисса мекунад генерал.

Раҳмон аз нақши артиш дар ҷанги шаҳрвандӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар кишвар ёдрас шуд

Ба қавли ӯ, барнома чунон сохта шуда буд, ки вақте Ҳикматёр ба мулоқоти устод Раббонӣ меояд, дар ҳамин асно сараш шиллик мекунанду аз байн мебаранд.

“Касоне, ки дар ин тарҳ даст доштанд, се нафараш зиндаанд, якеаш фавт кардааст. Чор моҳ пеш ман якеро дидам ва пурсидам: “Дилатон ба ман насӯхт? Охир, ман ба Шумо дарс дода будам?!” Гуфт: “Диламон, ки сӯхт, ифшо шуд. Бале, барнома ин буд, ки вақте Шумову Ҳикматёр меоед, ҳардуятонро гулӯлаборон кунем”, - гуфт .

Генерал – полковник Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аст. То ин замон консули кишвараш дар шаҳри Франкфурти Олмон буд.

Ӯ дар замони ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ афсари артиш ва раиси маркази таълимии вазорати дифоъ, дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ сардори Раёсати муҳофизат ва муовини раиси Хадамоти амнияти миллӣ ва дар даврони ҳокимияти Ҳомид Карзай фармондеҳи пулиси Кобул, раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддир, муовини вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи олимпии Афғонистон буд.

Полковник ба хонандагони Душанбе аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гуфт

806
Футболист на поле, архивное фото

Пирӯзии “Навбаҳор” бар “Равшан” и Кӯлоб: ҳисоби бозӣ 5:0

0
(Таҷдидшуда 20:54 26.09.2020)
Бозии даври чаҳоруми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни ҷавондухтарон U-17 бо пирӯзии “Навбаҳор” и ноҳияи Мастчоҳ бар “Равшан” и шаҳри Кӯлоб ба охир расид. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Тавре Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар доираи даври чаҳоруми чемпионати футбол инчунин бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Мактаби махсуси футбол, чавгон ва асп” ё “ММФЧВА” и Суғд доир шуда, бо ҳисоби 3: 2 бо ғалабаи мизбонон тамом шудааст.мяч

Бино ба иттилоъи манбаъ дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон шаш даста ба ҳисоби “Навбаҳор” у “Равшан” ва “ММФЧВА” у “Хатлон” барои ба даст овардани Ҷом рақобат мекунанд.

Қарор аст, дар доираи давраи панҷуми бозиҳо “Навбаҳор” дар сафар бо дастаи “Ҳосилот” и Фархор бозӣ анҷом диҳанд.

 “Ҳоло дастаи “Хатлон” дар ҷои аввал ва дастаи “ММФЧВА” дар ҷои дуюм қарор дорад”, - гуфт Юнусов.

Соли гузашта дастаи “ММФЧВА” чемпион шуда буд. Зимнан соли сеюм аст, ки чемпионати футбол миёни бонувон мунтазам доир мегардад.

 Баъзеҳо аз баргузории футболи занона интиқод мекунанд, аммо бисёриҳо бо муҳимияти тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии ин намуди варзиш миёни бонувонро тасмими саривақтӣ медонанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозии чемпионати футбол миёни бонувонро роҳандозӣ намуда, аз сӯи ин ниҳод сафархарҷ, туб ва либоси варзишии дастаҳо таъмин карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, пирӯзӣ, Мастчоҳ, Футбол, Суғд, Тоҷикистон