Парчами Эрон, акс аз бойгонӣ

Панҷараи форсӣ: оё Эрон ба зиддиятҳои Тоҷикистон дар СҲШ тоб меорад?

341
(Таҷдидшуда 19:39 05.07.2018)
Воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) пайвастшавии Эронро ба ин ташкилот ба дарозо кашид

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik, Рубен Гарсия. Бо пайвастшавии кишварҳои гуногун ба СҲШ, метавон гуфт, фазои ин ташкилот рӯ ба афзоиш аст. Аммо ба гуфтаи коршиносони Русия зиддиятҳои Тоҷикистон пеши роҳи шомилшавии Эрон ба СҲШ шудааст.

Чанде пеш, дар шаҳри Синдаои Чин сарони кишварҳои СҲШ бори аввал дар қолаби "ҳаштгона" дидор карданд. Ба шаш узви баробарҳуқуқи ин созмон — Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон ду кишвари дигар — Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд.

Воридшавии ин кишварҳо ба созмон мавриди баррасии зиёде қарор гирифта буд. Ҳатто пайвастшавии Деҳлӣ ва Исломободро мураккаботе дар рафти ҳамкориҳои ояндаи узви ин ташкилот меҳисобиданд.

Баҳсҳо баъди воридшавии ду кишвари нав ба СҲШ камтар нашуданд, як масъалаи дигар монд —Эрон кай узви созмон мешавад.

Душанбе муқобил аст

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар рафти нишасти сарони узви СҲШ дар Остона, ба истиснои Тоҷикистон, дигар кишварҳои аъзо ҷонибдори густурдатар шудани муносибатҳои ташкилот бо Теҳрон буданд.

Расман баҳонаи муқобилияти Тоҷикистон — ин фароҳам овардани паноҳгоҳ ба роҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби Ҳукумати Эрон дониста мешавад.

Аммо коршинос-шарқшинос Андрй Серенко зиддиятҳои Тоҷикистонро танҳо ба сиёсатҳои печидаи ин ду кишвари ҳамфарҳанг рабт намедиҳад.

"ХНИТ ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳдидеро пеши назар оварда наметавонад, ки бо Душанбе ҳисобӣ кунад. Гумон мекунам, Тоҷикистон мавқеи дигареро пайгирӣ мекунад, ки бо ҳилаҳои Арабистони Саудӣ иртибот дорад", — мегӯяд вай.

Серенко афзуд, ки Арабистони Саудӣ бар ивази дастгирии Тоҷикистон аз сиёсати кишвар дар минтақа, сохтмони чанд иншооти бузургро дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Аммо маблағгузориҳои Ар-Риёз — ин тахмини исбот нашудааст. Сохтмонҳое, ки бо ёрии Арабистон дар Тоҷикистон бунёд мешаванд, нисбат ба нерӯгоҳи "Роғун", "Норак" ва ё реактори саноатии "Аргус" барои кишвар аҳамияти бузург надоранд.

Теҳрон интизор мемонад

Эрон новобаста аз муносибати дӯстонаи СҲШ солҳои наздик шомили ташкилот шуда наметавонад.

Якум ин, ки Эрон бояд розигии Тоҷикистонро ба даст орад. Зеро СҲШ — ташкилотест, ки дар он барои қабули қарорҳои муҳим созиш ва ҳамрайъии кишварҳои аъзоро ба назар мегиранд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Ҳакимов — намояндаи раисҷумҳури Русия дар СҲШ, созмон ҷонибҳоро ба созиш хоҳад овард. Аммо маълум нест, ки ин созиш кай ва чигуна ба даст меояд.

Дуюм, ин ки "ҳаштгона" бояд мушкилиҳои мавҷудаи байни аъзоҳои нави Созмон — Покистон ва Ҳиндустонро бартараф намуда, нуқтаҳои амалигардонии ҳамкориҳои кишварҳои аъзоро барои чанд соли оянда баррасӣ кунад.

"Сарнавишти ояндаи СҲШ, аз нигоҳи афзоиш маълум аст. Мушкилии созмон дар он аст, ки намедонад бо кишварҳое, ки мехоҳанд аъзо шаванд, чӣ кор кунад. Маҳз барои ҳамин, дар бораи қабули Эрон ба СҲШ дар рӯзҳои наздик созише нашудааст", — мегӯяд собиқ муовини котиби кулли СҲШ Михаил Коноровский.

Чанде пеш дар маросими Шӯрои умури байналмилалии Русия, ки ба дурнамои "Созмони ҳаштгона" бахшида шуда буд, сафири Эрон дар Русия гуфт, ки Теҳрон барои аъзо шудан ба ин ташкилот, аз тамоми имкониятҳояш истифода хоҳад бурд. Теҳрон умедвор аст, ки номзади арзандаи созмон хоҳад шуд.

"Аз шомилашавии Эрон ба созмон, СҲШ манфиатдор аст? Албатта. Афзун бар ин, баробари Ҳиндустон ва Покистон чанд сол аст, ки Эрон низ нозири СҲШ аст ва барои шомили ташкилот шудан, тамоми асосҳоро дорад", — гуфт Коноровский ба Sputnik Тоҷикистон.

Корро набояд ба дарозо кашид

Мухолифати Тоҷикистон дар шомилшавии Эрон ба ин созмон, баҳонаи хубе дар таваққуфи шомилшавии дигар кишварҳо мешавад.

Аммо узви созмон дар қабули қарори қатъи ҳангоми пазуруфтани аъзои нав шояд, бояд зудкор бошанд?

Ҷониби Эрон муаддабона хомӯширо ихтиёр кардаанд ва бо даъвои узвият ба Созмон овоз баланд накардаанд. Раисҷумҳури кишвар низ қариб дар ҳамаи нишастҳои сарони СҲШ чун меҳмони олӣ пазируфта мешавад.

Бояд кайд кард, ки новобаста аз хушсалиқагии Ҳукумати Ҷумхурии исломии Эрон, онҳо ин таваққуфро беэҳтиромие нисбати худ хоҳанд донист. Инчунин, Эрон муносибаташро бо бозингарони сиёсие, ки хиҷолат ба дил намегиранд, давом медиҳад ва дар навбати худ воқеанигори ҳамаи ин ҷараёнҳо хохад буд.

Агар замоне дастгирии Теҳрон ба ягон узви созмон лозим шуд, Эрон хотираҳои дархости шомилшавиашро ба созмон варақгардон хоҳад кард, ки ин ба манфиати ҷонибҳо нахоҳад буд.

341
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, узвият, манфиат, СҲШ, Эрон, Тоҷикистон
Генерал Набӣ Азимиро дар Афғонистон ба хок супурданд

“Бозгашти генерали ғариб”: вафот дар Тошканд ва қабр дар канори амири Бухорову Аҳмад Зоҳир

593
(Таҷдидшуда 16:26 07.03.2021)
Набӣ Азимӣ, генерали маъруф ва аз нависандагони хушноми Афғонистон, дар як маросими расмӣ дар Кобул ба хок супурда шуд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Генерали номӣ, муовини асбақи вазорати дифоъи миллии Афғонистон ва нависандаи афғонистонӣ Набӣ Азимӣ, ки чанд рӯз пеш дар Тошканд даргузашт, имрӯз дар Афғонистон ба хок супурда шуд.

Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 6 март, пайкари генерал Набӣ Азимӣ, бо ҳузури Муҳаммад Ёсин Зиё, сардори Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба майдони ҳавоии Кобул ва аз он ҷо ба шифохонаи Сардор Муҳаммад Довудхон интиқол дода шуд.

“Маросими ҷанозаи генерал Набӣ Азимиро як комиссияи хос, ки аз сӯи вазорати дифоъ таъсис ёфта буд, ба зимма дошт. Ӯ дар як маросими хоси низомӣ бо ҳузури мақомҳои аршади вазорати дифоъи миллӣ, генералҳову афсарон ва аъзои хонаводаи марҳум дар Кобул ба хок супурда шуд”, - гуфт манбаъ.

Қаблан Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур, Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои миллии мусолиҳаи миллӣ ва даҳҳо шахсияти маъруфи Афғонистон даргузашти генерал Азимиро ба хонаводаву тарафдоронаш тасаллият гуфта буданд.

Аксари онҳо замоне бо Азимӣ меҷангиданд ва ё Азимӣ бо онҳо меҷангид. Азимӣ коммунисти боақида буд, дигарон муҷоҳиду демократҳои рӯ ба Ғарб.

Аз сӯи дигар, то ин вақт ҳеҷ кас ба ин таваҷҷӯҳ накард, ки на он қадар дур аз Афғонистон, дар Тошканд як генерали хушноми ин сарзамин дар ғурбат зиндагӣ мекард ва ҳоло ин қадар сару садо ва ғамшарикиҳо. Азимӣ кӣ буд?

Муҳаррики кудатоҳо

Генерал – майор Муҳаммад Набӣ Азимӣ фарзанди Ғулом Ҳайдархон 23 ноябри соли 1943 дар хонаводаи миёнаҳоли низомиён дар шаҳри Кобул таваллуд шуда, аз лисаи Ҳабибия санади бакалавриро ба даст овард ва дар соли 1964 Донишгоҳи низомии Кобулро бо рутбаи дувум бридман (лейтенанти хурд)  хатм кард.

Номи Набӣ Азимӣ бо таҳаввулоти се даҳаи аввали ҷанг дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи он чеҳраҳоест, ки таърихро месохтанд ва корномаҳояшон ба номи раҳбарон сабт мешуд.

Азимӣ аз аъзои матраҳи ҷиноҳи “Парчам” – и Ҳизби демократики халқ (ҲДХ), ҳизби коммунистони Афғонистон ва аз ҷонибдорони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Коммунистҳо дар кудатои соли 1972, ки дар пайи он Зоҳиршоҳ аз тахт маҳрум ва Довудхон ба қудрат расид, нақши асосиро доштанд.

Ҳабиб Ҳамидзода, рӯзноманигор ва муҳаққиқи фаъолиятҳои Набӣ Азимӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Азимӣ он замон фармондеҳи як тула (рота) – и урдуи Афғонистон буд.

“Шаби кудато, ки умдатан ба дасти низомиёни коммунист амалӣ мешуд, Азимӣ вазири дифоъи ҳукумати шоҳ – Хон Муҳаммадхонро боздошт ва ба манзили Сардор Довуд интиқол дод. Ҳамон шаб ӯ бинои Хонаи радиои Кобуро низ забт намуда, заминаи муроҷиати Довуд ба мардумро фароҳам сохт.

Довуд он замон суқути низоми шоҳӣ ва оғози даврони ҷумҳурият дар Афғонистонро эълон кард”, - гуфт Ҳабиб Ҳамидзода

Дар пайи ин кудато Наби Азимӣ ду рутба боло рафта, рутбаи ҷагран (майор) – ро камоӣ мекунад ва фармондеҳи ғунди 717 – и горинизони Кобул таъйин мешавад. Вай ба монанди дигар ҳамразмонаш бовар доштанд, ки ба омадани ҷумҳурият ба ҷои салтанат Афғонистон ба тараққиву саодат хоҳад расид.

Аммо чунин нашуд. Довуд хати машйи сиёсаташро тағйир дода, ба коммунистон ва Шӯравӣ пушт гардонд.

Зокирзода гуфт, Афғонистон барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад

 27 апрели 1978 бо раҳбарии низомиёни ҲДХ Инқилоби Савр рух дод, ки Азимӣ низ дар қатори онҳо буд.  Дар замони Ҳафизуллоҳ Амин ӯ фармондеҳи фирқа (дивизия) - и 14 – и Ғазнӣ таъйин шуд, аммо дар тавтиаҳои баъдӣ миёни ҷиноҳҳои “Халқ” – и “Парчам” ширкат накард.

Пас аз инқилоб ӯ барои як давраи аркони ҳарбӣ ё доктории низомӣ ба Академияи низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ба таҳсил рафт.

Хунсогари кудатоҳо

Моҳи март, моҳе, ки Азимӣ рафт, моҳи корномаҳои таърихии Азимӣ буд. Соли 1989 ду ҳафта пас аз хуруҷи комили нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон (15 феврал) мухолифини ҷиҳодии режими коммунистии Кобул як амалиёти бузургеро ба манзури забти шаҳри Ҷалолобод шуруъ карданд, ки дар таърих бо номи “Ҷанги Ҷалолобод” маъруф аст.

Истихбороти ҷаҳонӣ - Покистон, Амрико ва Арабистони Саудӣ мехостанд, ки Ҷалолободро аз нерӯҳои ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ озод намуда, як ҳукумати муҷоҳидинро ба вуҷуд оранд. Аммо ин тарҳ ба осонӣ хунсо шуд. Генерал Азимӣ, он замон муовини вазири дифоъи Афғонистон, фармондеҳи неруҳои ҳукуматӣ буд.

Ин аввалин набарди бузург буд, ки режими Кобул бидуни ширкати нерӯҳои Шӯравӣ муҷоҳидинро ба шикасти ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтанд.

© Sputnik / Алексей Витвицкий

Набӣ Азимӣ дар кудатои Танай – Ҳикматёр (6 марти 1990) низ нақши аввалро бозид. Ӯ бо истифода аз горнизони Кобул, ки фармондеҳаш буд, ин кудаторо хунсо сохт ва ҳукумати Наҷибуллоҳро наҷот дод. Аммо соли 1992 ӯ бо иттифоқи генерал, ҳоло маршал Абдурашид Дӯстум нагузошт, ки Наҷибуллоҳ ба Ҳиндустон фирор кунад. Азимӣ ин барномаро "фирор ва хиёнат" хонда буд.

Ҳабиб Ҳамидзода корнамоии дигари Азимиро ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои Гулбиддин Ҳикматёр ба Кобул ва интиқоли сулҳомези қудрат ба муҷоҳидин дар соли 1992 мехонад.

“Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз вуруд ба шаҳри Кобул ба дафтари ӯ дар горнизон рафт ва дар ҳузури генералҳои Ҳизби демократики халқ, муҷоҳидин ва хабарнигорон гуфт, агар Азимӣ намебуд, Ҳикматёр дар шаҳри Кобул ҷуйи хун ҷорӣ ва ҳамагиро қатли ом мекард.

Он замон яке аз генералҳои ҳамҳизбаш ба Азимӣ корти узвияти Ҷамъияти исломиро медиҳад, аммо Азимӣ мегӯяд: "Рафиқи азиз, ман узви Ҳизби демократики халқи Афғонистон ҳастам ва то сарҳади марг намехоҳам ин ифтихорро аз даст бидиҳам”, - гуфт Ҳабиб Ҳамидзода.

Баъдтар Азимӣ дар хотираҳои худ дар посух ба онҳое, ки ӯро ба қавмгароӣ муттаҳам мекарданд, гуфта буд: "Ин ки (Ҳикматёр) мегуфт, медарам, барбод мекунам, тахриб мекунам ва интиқом мегирам.

Дигаре (Масъуд) мегуфт, ба ҳеҷ кас зарар намерсонам, мардуми Кобулро ҳимоят мекунам, аъзои ҳизбро масъуният медиҳам, назмро ба вуҷуд меоварам ва ҳақро ба ҳақдор мерасонам. Ду бархӯрди мутазод. Агар ту мебудӣ бо кадом як мерафтӣ?"

Дидори сафири Афғонистон бо Зуҳуров ва изҳори сипоси генерал аз Ағбар

Набӣ Азимӣ дар вазорати дифоъи ҳукумати муҷоҳидин то соли 1996 дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифоъ кор кард ва бо омадани Толибон ба хориҷи кишвар – Ҳоланду Русия рафта, ниҳоят дар Ӯзбекистон оромиш ёфт.

Адиб – генерал

Набӣ Азимӣ пас аз суқути режими коммунистӣ дар Кобул даст ба қалам бурд ва яке аз шоҳкориҳои таърихнигории Афғонистони муосир – китоби «Урду ва сиёсат дар се даҳаи охири Афғонистон»-ро навишт, ки  яке аз мувассақтарин ҳуҷҷатҳо дар мавриди урдуи Афғонистон аз замон шоҳӣ то замони суқути давлати ҷумҳурии Афғонистон ба шумор меояд.

Раззоқи Маъмун, яке аз дӯстони Азимӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал чандин асари дигари пажӯҳишӣ, нақд, роман ва достон дорад, ки ҷомаи чоп ба бар карда, мавриди истиқболи мардум қарор гирифтаанд:

“Унвони романи “Сояҳои ҳавл” дар машварат бо ман гузошта шуда буд. Азимӣ дар осори адабии худ низ истеъдоди фавқулоддаашро ба намоиш мегузорад. Ҳаводиси се даҳаеро дар ҷомеае, ки худ яке аз созандагонаш буд, бо тамоми зебоиву ранҷу дардаш ба қалам медиҳад”, - гуфт Раззоқи Мӯъмин.

Аз генерал то тарҷумон: даргузашти собиқадорони ҷанги Афғонистон дар даври “вируси корона”

Романҳои "Воҳимаҳои заминӣ", "Сояҳои ҳавл", “Фирор” ва чандин достон аз маҳсули нависандагии генераланд. Ӯ мақолаҳои сиёсиву илмӣ, адабиву фарҳангӣ низ менавишт ва дар расонаҳо ба нашр мерасонд. Як замон сафҳаеро низ дар шабакаҳои интернетӣ гардонандагӣ мекард, ки ба номи “Дуруст бинависем” ва қоидаҳои имлои забони форсӣ тахассус ёфта буд.

“Мавҷуди саргаштаву ғариб”

Набӣ Азимӣ 3 марти соли равон, соати 12:08 дақиқаи баъд аз зӯҳр дар умри 78-солагӣ бар асари хунрезии мағзӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Тошканд ба ҷовидона пайваст.

Пайкари ӯ дар қабристони Шуҳадои Солеҳини Кобул, ҷое, ки подшоҳи Бухоро - Амир Олимхон, хунёгарони маъруф – устод Сароҳанг ва Аҳмад Зоҳир дафн шудаанд, ба хок супурда шуд.

Раззоқи Маъмун мегӯяд, ӯ сарбаланду содқона зист, дастонаш тоза аз ҳар гуна олудагӣ буд.

“Бо он ҳама қудрату салоҳияти давлатие, ки дошт, як хонаи шахсӣ аз худ ба ҷо нагузошт. Як нимутоқаеро, ки дар микрорайони Кобул дошт, фурӯхт ва аз пули он ба зиндагии табъидиаш дар Ӯзбекистон идома дод”, - гуфт Раззоқи Маъмун.

Азимӣ дар китоби “Урду ва сиёсат”, ки дар ғурбат навишта шуда буд, мегӯяд: «Ошуфтагиҳои сарнавишти ман, бо буҳронитарин авзоъу аҳволи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳу ҳамзамон буд, сарзамине, ки бар асари ҳаққ таваллуд, шодмониҳо, хушиҳо ва беҳтарин чизҳо ба ман дода буд ва дар он намаки қудрату шӯри ғурурро чашида будам, дигар аз даст рафта буд ва мо монанди як мавҷуди саргаштаву ғариб аз боғҳову чаманзорҳои биҳиштии он ронда шуда будем…»

Ҳамин тавр, генерал, он марди саргаштаву ғариб, ба биҳишти гумкардаи худ баргашт.

593
Дмитрий Голубовский

Голубовский: Русия Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказиро аз бӯҳрон берун хоҳад овард

309
Агар Русия дар солҳои наздик рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ба гуфтаи таҳлилгари молиявӣ Дмитрий Голубовский, ҳамаи ҳамсоягон, аз ҷумла тамоми Осиёи Марказиро аз пасаш мекашад

ДУШАНБЕ, 7 мар- Sputnik. Нархи ҷаҳонии маводщои ғизоӣ моҳи нӯҳум пай дар пай афзоиш ёфт, ки бештар аз ҳама шакар ва равғани растанӣ боло мерафт.

Вобаста ба ин дар гузориши ахири Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ишора шудааст.

"Ин тамоюл акнун солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард",- гуфт Голубовский дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос таъкид кард, ки аз болоравии нархҳо кишварҳои камбизоат аз ҳама бештар зарар мебинанд.

"Сармоягузорон инро" гардиши олии ашёи хом меноманд. Ин ба қадри кофӣ давом хоҳад кард, ба ёд овардан лозим аст, ки вақтҳои охир чӣ қадар нафт афзоиш ёфт - нархҳо соли 1998 ба афзоиш оғоз карданд ва ҳадди аксар дар соли 2008 ба даст омад, яъне мо метавонем дар бораи 10 сол сӯҳбат кунем", - гуфт таҳлилгар.

Ба гуфтаи ӯ, моро 10-солаи болоравии нархҳои маводи ғизоӣ, металлҳо ва сӯзишворӣ интизор аст, ки ин ба даври коҳиши доллар ва инчунин ба он вобаста аст, ки амрикоиҳо таварруми ҷаҳониро ҳамчун роҳи мубориза бо сарбории йарзӣ оғоз мекунанд.

"Қарзҳо дар ҷаҳон аз ҳад зиёданд, онҳоро беқадр кардан лозим аст" гуфт ӯ.

Барои ин ду роҳ мавҷуд аст. Аввалан, эҷоди бӯҳрони қарз, вақте ки бисёр одамон муфлис мешаванд, дар ин ҳолат сарватмандон чизи зиёдеро аз даст медиҳанд. Роҳи дуюм ташкили инфлятсия мебошад, то ҳама пардохт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи дуввум иҷро хоҳад шуд, зеро ҳоло миқдори зиёди пул чоп мешавад.

"То ҳол мақомоти ҷаҳонӣ сенарияеро интихоб кардаанд, ки дар он ҳама мушкилот бо пул ҳал карда шаванд, аз ин рӯ нархҳо боло хоҳанд рафт. Принсипе кор хоҳад кард, ки сарватмандон бойтар ва камбизоатон фақиртар хоҳанд шуд, танҳо дар сатҳи байналмилалӣ",-илова кард таҳлилгар.

Кишварҳои камбизоат дар сурати рушд накардан боз ҳам қашшоқтар мешаванд.

Ғайр аз ин, онҳо метавонанд қисми ягон намуди блокҳои иқтисодӣ гарданд ё бо кишварҳои сарватманд шартномаҳои истисноии тиҷоратӣ банданд.

"Агар Русия рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ҳамаи ҳамсоягони худро ҷалб хоҳад кард. Ин омили минтақавӣ аст, иқтисоди қавӣ ҳамсояҳои худро ҷалб мекунад", - бовар дорад иқтисоддон.

Ё ҳамсояҳо ба кор меоянд - онҳо пули бештар ба даст меоранд ва ба хона мефиристанд, ё иқтисоди қавӣ ба аутсорсинг ба яке аз ҳамсояҳо каме кор медиҳад, гуфт коршинос.

"Агар нархи нафту металл афзоиш ёбад, Русия метавонад суръати хуби рушди иқтисодиро дошта бошад ва он метавонад тамоми минтақаро ба ҳам кашад", - хулоса кард Голубовский.

309
Барчаспҳо:
бӯҳрон, иқтисод, Тоҷикистон, Русия
Продавец наливает мед в банку, архивное фото

Шӯрои уламо гуфт, ҷазои асалфурӯшони сохтакор чист

0
(Таҷдидшуда 20:05 07.03.2021)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш пдоши аъмоли мардумфиребиро гуфт, ки то куҷо хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Мирзоумар, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?

Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе фиреб мекунад, аз мо нест”.

Пас, ҳар кору амале, ки дар он фиребу норостӣ вуҷуд дорад, баракате аз он ҳосил намешавад, ҳатто мумкин аст сабаби наҳсӣ дар зиндагӣ ва молу сарват ҳам гардад, таъкид кардааст, ин ниҳоди динии кишвар.

Манбаъ гуфтааст, ҳар касе панди "он чи ба худ написандӣ, ба дигарон написанд"-ро шиори зиндагии худ қарор диҳад, ҳаргиз ба ин гуна амали нораво даст намезанад.

Мавриди зикр аст, ки дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд. Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.

Ёдовар мешавем, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани асалсозии сунъӣ хабар дод, ки барои як кило 10 сомонӣ харҷ мешаваду ба мардум чун асали куҳистон ба маротиб қиматтар фурӯхта мешавад.

Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот

Маъмурини милисаи ноҳияи Деваштич муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи мазкур наздики як сол инҷониб бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровардааст.

 

0