Александр Князев, архивное фото

Князев: Русия ба музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав аҳамияти хос медиҳад

93
(Таҷдидшуда 15:27 12.02.2019)
Александр Князев, сиёсатшинос, коршиноси Ховари миёна ва Осиёи Марказӣ аҳамияти музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскавро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik.  Кашокаш дар Афғонистон ҳаргиз кори дохилии он кишвар набудааст: аз оғози садаи 19 то кунун кунишгарони хориҷии рақиб ҳамвора аз вазъ дар он кишвар барои расидан ба манофеъи худ истифодаи абзорӣ кардаанд.

Натиҷаи музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав

Музокироти сулҳи Афғонистон, ки дар Маскав дар моҳи ноябри соли 2018 баргузор шуд, ду масъалаи мухталифро ба миён гузошт. Русия иштироки намояндагони ҷунбиши “Толибон”-ро дар музокирот бо намояндагони расмии Кобул муҳим медонад, аммо нозирони ғарбӣ алакай хулоса бароварданд, ки мулоқоти намояндагони ҷунбиши “Толибон”* бо намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба натиҷаҳои мушахасе нарасонидааст.

Чун ҳамеша ҳақиқат дар баҳсу баррасӣ ҳосил мегардад

Рӯзномаи The Guardian, ки ба музокироти Маскав назарияи шубҳаомез дошт, имрӯз маҷбур шуда аст иқрор намояд, ки ҳузури панҷ намояндаи ҷунбиши “Толибон”* дар музокироти сулҳи Афғонистон бесобиқа мебошад.    

Асос ҳамин аст. Музокироти бо “Толибон”* тӯли даҳсолаҳо идома дорад аммо ин хабари хосе нест. Фарқияти муҳиме, ки музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав дошт, ин иштироки васеъи ҳайатҳо мебошад. Дар музокироти мазкур ҳайати васеи байналмилалӣ иштирок дошт, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя, ки барои барпо шудани сулҳ дар Афғонистон алоқамандӣ доранд.

Дурнамои музокирот дар чист?

Новобаста аз музокироти дарҳои баста, ҷараёни онро ба таври васеъ ҳам  намояндагони ҷунбиши “Толибон”* ва ҳам намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва ҷониби Русияву дигар иштироккунандагон шарҳ медоданд. Ин аввалин музокироте буд, ки барои “Толибон”* имкон дод назари худро барои эҳёи сулҳ дар Афғонистон пешниҳод намояд. Аз ҷумла  норозигии “Толибон”* аз ҳузури нерӯҳои низомии Амрико ва дигар кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон.

Вобаста ба ин бояд ба баъзе аз омилҳо, ки метавонад дар ояндаи наздик муҳим бошад  аҳамият дод: 

- Даъвои “Толибон”* дар бораи ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба манфиати Русия ва дигар иштироккунандагони музокирот аз ҷумла Эрон ва Чин мебошад.  Ин талабот аз он шоҳиди медиҳад, ки дар музокироти мустақиме, ки дар Дуҳа ва Кветта анҷом ёфт, Амрико ба натиҷаҳои мушаххасе нарасидааст ва онҳо ҳоло дар ҳолати ночорӣ қарор доранду роҳи ҳалро низ пайдо накардаанд.  

Дар ҳамин ҳол даъвои “Толибон”* ба яке аз масъалаи муҳими Амрико вобастагӣ дорад – масъалаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон. Ин масъала барои ҳукумати имрӯза ва мухолифини Афғонистон низ муҳим мебошад, чунки ҳузури нерӯҳои Амрико дар ин кишвар барои нигоҳ доштани низоми сиёсии ҷорӣ кафолат медиҳад.

Ин раванд бегумон ҷанбаҳои бурун аз афғонистонии масоили матраҳшударо низ ошкор мекунад, ки бо дигар воқеъиятҳои байнулмилалӣ, яъне равобити Русия ва Амрико, пайванд доранд.

Ҳамин тариқ аҷиб дигар аст чӣ гуна Узбакистон, Туркманистон ва Ҳиндустон, дигар иштироккунандагони Музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав, ки ба стретегия минтақавии Вошингтон нигаронида шудаанд, вокуниш нишон медиҳанд. 

Музокироти Маскав аз аввал барои рақобат ба Амрико ташкил шудааст. Дар баробари музокирот дар Маскав Амрико ва Афғонистон дар аввали соли 2018 музокироти дигарро дар Тошканд роҳандозӣ карданд. Ин музокирот метавонад бар муқобили музокироти Маскав истифода шавад. Бояд интизор шавем, ки дар рӯзҳои наздик музокироти Тошканд низ ба кори худ оғоз хоҳад кард. Инчунин бояд қайд намуд, ки робитаи мустақими амрикоиҳо бо “Толибон”* барои пайдо намудани роҳи ҳал низ тақвият ёфтааст. Ин иқдом метавонад музокироти Маскавро ба як ҷаласаи беаҳмият табдил диҳад.

Маълум аст, ки сиёсати Русия дар назди афкори оммаи Афғонистон ва хориҷ аз он поймол карда мешавад.  

Ҳалли мушкилоти Афғонистон алакай дер вақт аст, ки кори худи мардуми афғон нест, ин мушкилоти байналмилалист ва он бояд бо иштироки мустақими ҳамаи нақшофарон роҳи ҳалли худро пайдо намояд.

Миёни дигар хусусиятҳое, ки музокироти сулҳи Афғонистон дар Маскав дошт, метовон онро қайд намуд, ки Русия мақсадҳои қобили мулоҳиза ва муайяне, пешниҳод намудааст ва он аз ҷониби ҳайатҳои афғон тасдиқ шудааст. Дар музокирота Маскав масъалаи муҳим имзои созишномаи сулҳ нест, чунки ҳар ду тараф дар ҳоли ҳозир барои бастани ингуна созишнома омода нестанд. Дар ин музокирот роҳи ҳалли мушколоте пайдо хоҳад шуд, ки дар оянда метавонад ихтилофот миёни ҳукумат ва мухолифонро ҳал намояд.  

Шартҳоие, ки “Толибон”* гузоштанд шубҳанок мебошанд: пурра хориҷи  неруҳои хориҷӣ ё ин ки додани кафолат барои хоруҷи онҳо аз Афғонистон. Ин кафолатро ҳам агар Русия ва Чин диҳанд ҳам ва ҳатто агар ба СММ  пешниҳод карда шаванду ва он қабул гардад, ба назар намерасад, ки амрикоиҳо онро иҷро мекунанд. Таҷрибаи сиёсати байналмилалии имрӯза аз он шоҳидӣ медиҳад, ки Амрико метавонад ҳеҷ меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро риоя накунанд. Бояд гуфт, ки роҳи ҳалли судманд метавонад танҳо дар сатҳи олии байналимилалӣ пайдо шавад, на ин ки дар доираи музокироти “Толибон”* бо вазорати хориҷаи Амрико. 

Дар сурате, ки Амрико ва Афғонистон натавонистанд Музокироти Маскавро канор гузоранд, Русия бояд барои онҳо шароит муҳаё намояд

Минтақавӣ шудани музокирот метавонад яке аз шартҳо шавад. Муҳим нест, ки музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва намояндагони “Толибон”* дар Маскав сурат бигирад.

Таҷрибаи хуби музокироти доир ба Сурия дар Остона аз он шоҳидӣ медиҳад, ки бозигарони минтақавӣ дар роҳи ҳалли мушкилот метавонанд  нақши муҳимро бозӣ намоянд. Дар ин ҳолат сиёсати бисёрсамта кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад нақши судманд дошта бошад.

Нисбат ба Узбакистон кишвари аз ҳама муносиб ва бетараф Қазоқистон ба шумор меравад. Ҳамчунин дипломатияи Қазоқистон дар минтақа таҷрибадор аст. 

Муҳимтарин шарти музокирот бояд дар он бошад, ки ҳар чӣ бештар ба таври мустақим, намояндагони мухолифини ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии ғайрипаштунӣ ҷалб карда шаванд.  

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия пушти як миз бо намояндагони ҷунбиши “Толибон”* нишаста буд. Хуб мешуд, ки ба ҷаласаи навбатӣ намояндагони “Ҷамоъати Исломӣ”, “Ҳизби Ваҳдат”, “Ҷунбиши миллӣ”, ва сиёсатмадорони бонуфузи узви эътилофи миллии Афғонистон даъват карда шаванд. Ин иқдом метавонад сатҳи музокирот дар Маскавро боло барад ва Вошингтону Кобулро ба фикр андозад.

Ба назар мерасад, ки Кобул интихоби оддӣ дорад:  ё ҳамаи мухолифон бо ҳам музокирот мекунанд ва бидуни ҳукумат роҳи ҳал меҷӯянд ва шояд ҳам пайдо намоянд, ё ҳукумат дар ҷараёни музокирот иштирок мекунад ва ба қабули қарор таъсир мерасонад. Маълум аст, ки хулосаи ниҳоии ҳалли мушкилоти Афғонистон ба муносибати Русияву Амрико вобастагӣ  дорад. Барои ҳамин муҳим аст, ки ҳукумати Амрикоро бояд маҷбур сохт бо Русия ин масъаларо баррасӣ намоянд.

    Посухи зуд лозим аст

Дар ҳоли ҳозир аз музокироти Маскав танҳо ҷунбиши “Толибон”* суд овардааст, ки сатҳи байналмилалиашро дар фазои иттилоотиву ташвиқӣ боло бурдааст.    

Музокироти Маскав бояд зуд ва фаъолона роҳандозӣ шавад, чунки ҳукумати Кобул ва нозирони амрикоии он метавонанд ба зуди чораҳои ҷавобӣ роҳандози намоянд.  

Инчунин Русия бояд сиёсаташро нисбати ҷунбиши “Толибон”* тағйир диҳад. Чораҳои аввал бояд дар сатҳи ҳуқуқӣ қабул гардад. Ҷунбиши “Толибон” бояд аз феҳристи ташкилотҳои террористӣ бардошта шавад. Русия бояд чунин аҳднома низ ба СММ пешниҳод намояд.

*ташкилоти террористӣ, фаъолияташ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо манъ шудааст.

93