Военный парад в честь 25-летия Независимости Таджикистана

Аз Спитамен то Раҳмон: панҷ марде, ки қаҳрамонона Тоҷикистонро дифоъ карданд

1678
(Таҷдидшуда 15:06 23.02.2019)
Дар торихи Тоҷикистон қаҳрамонон кам нубуданд, ки онҳоро метавон муҳофизи ватан номид. Онҳо барои насли имрӯзу фардо намунаи ибратанд

ДУШАНБЕ, 23 фев - Sputnik, Алексей Юсупов. Рӯзи муҳофизони ватанро, ки 23 феврал таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон "иди мардон" низ меноманд.

Sputnik Тоҷикистон дар ин рӯз  мардонеро ба хотир меорад, ки Тоҷикистонро дар солҳои гуногун аз нобудӣ наҷот доданд.

Спитамен

Агар торихро варақгардон кунем, пеш аз ҳама бо номи қаҳрамони суғдӣ Спитамен дучор мешавем. Он замон Тоҷикистон, чун кишвар, арзи вуҷуд надошт. Танҳо вилояти Суғд буд, ки ба ҳайъати Хаҳоманишинҳо ворид мешуд.

Вақте ки ба ин сарзамин Искандари Мақдунӣ лашкараш кашид, Спитамен  зидди истилогарони юнонӣ шӯриш бардошт (солҳои 329-327 то мелод).

Муҳофизи ҷавон худро ташкилотчии пухта ва сарлашкари тавоно нишон дод.

Вай дарк мекард, ки мубориза бо лашкари пуртаҷрибаи Искандар барои тарафдоронаш осон нест, барои ҳамин таҷрибаи ҷанги камингирифтагонро истифода кард. Баробари пирӯзиҳои аввал, сафи артиши Спитамен бузургтар мешуд, афзун бар ин, ба ӯ қавмҳои ҷанговари скифҳо ҳамроҳ шуданд.

Спитамен қувваи калонеро ҷамъ карда, шаҳри бузурги Мароқанд (Самарқанд)-ро озод кард. Искандар ба шаҳр 3 ҳазор лашкари дигар фиристод.

Қувваҳои муттаҳидшудаи суғдиҳо ва скифҳо дар наздикии рӯди Зарафшон камин гирифтанд ва лашкарони мақдуниҳоро торумор намуданд. Ин аввалин шикасти бузурги сарбозони тавонои Искандар буд.

Баҳори соли оянда Искандар хост ба шӯриш анҷом бахшад ва ба ҳамин хотир артишашро ба се қисм тақсим карда 120 ҳазор сокини осоиштаи Суғдро қатли ом кард. Артиши Спитамен дар ин ҷанги номардона шикаст хӯрд, худи Спитаменро дӯстони дирӯзааш скифҳо ба қатл расонданд...

Исмоил Сомонӣ

Шоҳ Исмоил Сомониро дар Тоҷикистон асосгузори сохти давлатдории тоҷикон медонанд.

Шоҳ баъди ба даст гирифтани Бухоро дар соли 875 тавонист  дар даҳ сол шаҳрро ободу зебо кунад. Ба ин дастовардҳои Исмоил бародараш Наср ибни Аҳмад бо ҳасуд назар мекард.

Наср аз пешравиҳои зиёди Бухоро ҳаросида ба  шаҳр лашкар мекашад, аммо шикаст мехӯрад. Исмоил на танҳо бародарашро зиндон намекунад, балки Самарқандро дар ихтиёраш мегузорад.

Исмоил Сомонӣ пас аз марги бародари калониаш ба тахти давлати Сомониён менишинад ва ҳатто лашкар кашида ҳудуди давлатро калонтар мекунад. Ин муваффақиятҳои ӯ халифаи Бағдодро низ нигарон мекунад.

Халифаи Бағдод дар соли 898 барои сарнагун кардани шоҳ  дастпарвараш Амр ибни Лайсро бо лашкари бузурге ба Мовароуннаҳр фиристод. Лайс дар Балх аз лашкари Сомониён сахт шикаст хӯрд.

Ҳукумати хилофати Бағдод бо ҳамин дар Осиёи Марказӣ ба итмом мерасид ва кишварҳои форс аз истилои араб озод мешаванд. Ин бузургтарин хизмати Исмоили Сомонӣ гуфта мешавад.

Шириншо Шоҳтемур

Шириншо Шоҳтемур писари деҳқон ва аз Помир буд. Ӯ дар қишлоқи Поршневи бекигарии Шуғнон, ки ба аморати Бухоро ворид мешуд, таваллуд шудааст.

Ӯ аз 13-солагиаш дар хоҷагии ёрирасони отряди марзии Помир кор мекард. Сипас дар Тошканд таҳсил ва кор кардааст ва дар ҳамон ҷо ба сафи болшевикҳо ҳамроҳ шудааст. Шириншо ба боварии онҳо даромада, ба хона бармегардад ва кумитаи инқилобии маҳаллиро роҳбарӣ мекунад ва дар як вақт ба Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон аъзо шуда, бо босмачиҳо мубориза мебарад.

Ифтитоҳи бинои ҷамоат дар шаҳри Хоруғ
© Фото : пресс секретарь председателья ГБАО Нилуфар Асламшоева

Шириншо Шоҳтемур аз аввалин ташаббускорони ташкилшавии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати ҷумҳурии Узбакистон буд.

Дар соли 1937 Шириншоро ба миллатгароӣ муттаҳам карданд ва ҳукми эъдом доданд. Аммо дар ин вақт Шириншо аллакай ба мақсадаш - ташкили Тоҷикистони советӣ расида буд. Ӯро пас аз 20 сол сафед карданд.  Ба Шириншо дар  соли 1999 унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Неъмат Қарабоев

Аскари сурх Неъмат Қарабоев дар шимоли Тоҷикистон, шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Пас аз хатми нопурраи мактаби миёна дар курси кӯтоҳмуддати ҳисобчӣ таҳсил намуда, дар колхози маҳаллӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Иштирокдори ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Финляндия: моҳҳои январ-марти соли 1940 тирандози 300-ум ҳанги тирандоз. 5 сарбози душманро, ки ӯро асир гирифтан мехостанд, ба норинҷак нобуд кардааст.

Неъмат Қарабоев барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар ҷанг бо Финландия 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордени Ленин сарфароз гардидааст. Ӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввалин нафаре буд, ки ба чунин унвони баланд ноил гашт.

Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Неъмат Қаробоев ба майдони ҷанг рафтааст. Дар муҳорибаи Маскав иштирок кардааст. Қарабоев дар соли 1943 ҳангоми убури рӯди Дон ҳалок шудаст. Чанд кӯчаву хиёбон дар пойтахти Тоҷикистон ва зодгоҳаш ба номи ӯ гузошта шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз пора-пора шудан наҷот дод ва ба ҷанги бародаркӯш хотима бахшид - ин далеле мебошад, ки чӣ ҷонибдорон ва чӣ мухолифинаш эътироф мекунанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Шояд, рақибони сиёсии Раҳмон, дар ҳамин ҳол, ҳатман меафзоянд, ки Раҳмон ин сулҳро бо роҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ якҷо ба даст овардааст. Аммо пас аз имзои созишномаи сулҳ низ Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилиҳои кишварро ба дӯш мегирад ва барои баровардани Тоҷикистон аз бӯҳрон ва пешбурди он дар саҳнаи байналмилалӣ тамоми кӯшишашро анҷом медиҳад.

Бояд ёдрас шуд, ки раисҷумҳур 3 сол дар Флоти уқёнуси Ором адои хизмати ҳарбӣ кардааст.

1678
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль

Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

1706
(Таҷдидшуда 15:56 27.06.2020)
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аз ҳамон айём ба ин сӯ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Аммо бо гузашти 23 сол аз он тавофуқи таърихӣ ин интиқодҳо, бахусус аз сӯи ворисони мухолифини собиқ, садо медиҳанд, ки он созишнома амалӣ нашуда, ваҳдати миллӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, балки баръакс, ҳукумати Тоҷикистон мухолифини худро мағлуб карда, аҳдшиканӣ кардааст.

Оё дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст? Оё Созишномаи сулҳ пурра иҷро шуда буд? Муҳимтарин сабақи ҷанги дохилӣ чӣ буд? Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ва дигар суолҳоро Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшинос, яке аз шоҳидон ва муҳаққиқони раванди сулҳи тоҷикон Абдуллоҳи Раҳнамо ба миён гузошт.

- Биёед, аз саволи аз ҳама ҳассос сар кунем. Ба назари Шумо, имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст?

- Ҳаст. Ваҳдат, сулҳ, амният, субот ҳама ҳаст. Имрӯз ваҳдат ҳолати фарогир дорад. Инро дар ҳар хонадон ва дар хиёбони ҳар шаҳри кишвар дидан мумкин аст.

Дар бораи даъвои мухолифин оид ба шикасти аҳд

- Пас чаро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки аҳду ваҳдат шикаста шудааст? 

- Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст.

- Ба ҳар сурат, магар пояи ваҳдате, ки дар борааш имрӯз мегӯем, ҳамон Созишномаи сулҳ нест?

- Созишномаи сулҳ бисёр муҳим аст. Президент онро бисёр дақиқ бо худи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробар дониста, санади наҷоти дубораи кишвар хондаанд. Он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост ва нақши беназири таърихии худро дошт.

Аммо имрӯз чорчӯби фарогирии ваҳдат ва раванди таърихии миллатсозӣ Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумимиллист. Масалан, насле, ки ҳоло 40-сола аст, вақти имзои Созишномаи соли 1997 ҳамагӣ 17-сола буд, 30-солаҳо он вақт 7-сола буданд, 20-солаҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд. Яъне инҳо он вақт дар ҳеҷ тарафи ин ҷанг ё созишнома набуданд. Ё дар ин 23 сол даҳҳо ҳизбу ҳаркату ташкилоту мавқеъҳо ба вуҷуд омаданд, ки он вақт умуман вуҷуд надоштанд. Агар ҳоло ҳам дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нав ва ин нерӯҳои нав дар раванди ваҳдат дар куҷост? Чунин фаҳмиши шахшудаи ваҳдат аксарияти ҷомеаи имрӯзаро аз мафҳуми ваҳдат хориҷ нигоҳ медоранд. Ин амалгароёна ва воқеъбинона нест. Бинобар ин, ваҳдат акнун басе фаротар аз он чорчӯбҳост.

Умуман, то ҳоло ба қолабҳои он давра фикр кардан, дар банди ҳамон тақсимот мондан, худро яке аз тарафҳои ҷанг ё сулҳ тасаввур кардан дидгоҳест, ки ҳаргиз ба ваҳдати воқеӣ намебарад.

- Чун 27-уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳ аст, ин назарҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ин санад то охир иҷро нашудааст. Назари Шумо чист?

- Созишномаи сулҳ моҳиятан пурра дар амал татбиқ шудааст. Ҳамин сулҳу оромишу ваҳдате, ки имрӯз мебинем, мароми ниҳоии созишнома буд. Ахиран яке аз иштирокдорони тамоми раванди музокирот ва сулҳсозӣ, шахсияти муътадилу огоҳ устод Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи созишномаи сулҳ фармуданд, ки он дар амал пурра татбиқ шуд. Аммо агар ба таври мушаххас гӯем, созишномаи сулҳ ё умуман сулҳи тоҷикон аз чор бахши асосӣ иборат буд: масъалаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин.

Бахши ҳуқуқии созишнома пурра иҷро шуд ва соли 1999 матни нави конститутсия, ки бо иштироки ду тараф дар Комиссияи оштии миллӣ таҳия шуда буд, қабул гашт. Қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонуни ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Комиссияи оштии миллӣ аз нав таҳия шуд.

Бахши низомии созишнома низ амалан иҷро шуд. Ҳазорон нафар аз нерӯҳои низомии мухолифин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интергратсия шуданд ва ё ба ҳаёти мулкӣ гузаштанд. Бархе ҳоло ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукуматӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе ислоҳоти қонунгузорӣ ва ё бархӯрдҳои сиёсию низомӣ, ки даҳ-понздаҳ сол пас аз татбиқи созишнома рӯй доданд, омилҳои дигар дошта, ба масъалаи созишнома ва сулҳ марбут нестанд.

Бахши сеюми созишнома, яъне масъалаҳои муҳоҷирин бошад, аз ҳама беҳтар иҷро шуд. Ҳама оворагон ба ватан бозгардонда шуданд. Бо барномаҳои махсуси давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ хонаву дару деҳаҳояшон бозсозӣ шуд ва ғ.

Бахши сиёсӣ, ки асосан тақсими қудратро дар бар мегирифт, низ моҳиятан амалӣ шуд. Аммо маҳз ҳамин бахш бинобар сабабҳои объективӣ байни мухолифин баҳснок боқӣ монд.

Ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд.

- Воқеан, Шумо он замон дар Комиссияи оштии миллӣ будед ва мустақим таҳаввулотро назорат мекардед. Чаро мухолифин то имрӯз аз ин масъала гила доранд? Оё дар ҳаққашон воқеан ҷабр шудааст?

- Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд. Аммо барои таърих ва муҳаққиқон мешавад рӯшанӣ андохт, ки дар ҳақиқат масъалаи ба намояндагони ИНОТ вогузор намудани 30% аз вазифаҳои давлатӣ ҳассостарин баҳси он замон буд. Ба мушоҳидаи онвақтаи банда аз дохили раванд, се омил боис шуд, ки ин мавзӯъ баҳснок бимонад:

Сабаби якум, худи созишнома як санади бузурги сиёсӣ буд, аммо аз назари амалия баъзе пешбиниҳои хушбинона дошт. Масалан, дар он "давраи гузариш", яъне амалан давраи татбиқи созишнома, 18 моҳ аз рӯзи имзои созишнома пешбинӣ мешуд. Дар поёни он бояд интихоботи парлумонӣ доир мегашту аз назари ҳуқуқӣ вазъият оддӣ мешуд. Баъд аз он ҳеҷ меъёре пешбинӣ намешуд, ки намояндагони собиқ мухолифин дар вазифаҳо бимонанд. Яъне пас аз ин марҳилаи гузариш ва интихобот, ҳукумат аз назари созишнома ва қонунӣ вазифадор набуд, ки онҳоро дар вазифаҳо ҳифз кунад. Механизм дуруст буд, аммо шояд аз хушбинӣ барои татбиқи чунин раванди мураккаб чунин давраи кӯтоҳ пешбинӣ шуда буд.

Ёд дорам, ки баъзе роҳбарони мухолифин, аз ҷумла раиси ҳайати музокиротии ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пешниҳод доштанд, ки "давраи гузариш" фақат пас аз пурра таъйин шудани намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои давлатӣ оғоз шавад. Аммо ин вариант нагузашта буд. 

Дуюм, дар масъалаи интихоби номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ байни худи мухолифин ихтилофи бисёр сахт пеш омад. Хусусан дар заминаи маҳалгароӣ ва зурозмоии қумондонҳо. Онҳо барои тақсими вазифаҳо моҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд ва билохира, "давраи гузариш" тамом шуду шояд бахше аз ин тақсимот дар сатҳҳои миёна ва ё поин боқӣ монд. Илова бар ин, баъзе номзадҳои пешниҳодии мухолифин салоҳияти ин вазифаҳоро надоштанд ва гаштаву баргашта иваз мешуданд.

Сеюм, дар айни замон, он вақт қабули онҳо дар таркиби ҳукумат кори содда набуд. Президенти кишвар борҳо ишора намуданд, ки қонеъ намудани баъзе ҳамсафон ба чунин ҷасорати сиёсӣ осон набуд. Дар он марҳила барои кафилони асосии байналхалқӣ низ худи хатми ҷанг, барқарории сулҳ ва минтақавӣ нашудани буҳрон муҳимтар буд, на баҳсҳои баъдии дарунтоҷикӣ барои тақсими вазифаҳо.

Ин буд, ки ҳамин бахши "тақсими вазифаҳо" дар муҳити мухолифин то охир баҳснок монд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто пас аз тамом шудани "давраи гузариш" низ аксари намояндагони таъйиншудаи мухолифин то солҳои зиёд, баъзеашон ҳатто то 6-7 соли дигар дар вазифаҳои давлатӣ боқӣ монданд. Ин дигар талаботи созишномаи сулҳ набуд, балки фаротар аз созишнома, назари ваҳдатсози худи роҳбари давлат буд.

Аммо тавре гуфтам, ин як шарҳ барои таърих буд. Зеро баҳси "тақсими вазифаҳо" дар муқоиса бо куллияти созишномаи сулҳ мавзӯи асосӣ набуд. Илова бар ин, дар маҷмуи санадҳои Созишномаи сулҳ пойбандии ҷонибҳо ба як силсила ормонҳо ва арзишҳои олии ахлоқию миллию сиёсию давлатдорӣ таъкид мешуд, ки ёдоварии он хеле муҳимтар аз масъалаҳои мушаххаси ҷузъӣ мебуд.

Пас, агар аз диди манфиатҳои давлату миллат баҳо диҳем, созишомаи сулҳ иҷро шуд, сулҳ ба воқеият табдил гашт, он имрӯз ҳам чун воқеияти инкорнашаванда ҷараён дорад. Ваҳдат низ чун раванди фарогири аксарият дар ҷараён аст. Аз ин рӯ, аз инсоф нест, агар касе бигӯяд, ки чун имрӯз ман дар ин раванд нестам, ваҳдат ҳам нест. Меъёр аксарият аст, миллат аст, воқеият аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст?

- Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.

Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ.

Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд…

- Сулҳи тоҷикон натиҷаи чор соли музокира ва ду соли кори КОМ буд. Дар бораи арзиши ин музокирот имрӯз чӣ нуктаи муҳим гуфтан мумкин аст?

- Музокироти сулҳи тоҷикон як мактаби бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ буд. Дар он тамоми минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳм дошт. Ҳар касе, ки дар раванди ҷанг саҳим буд, дар раванди сулҳ ҳам шомил буд. Албатта, он ҷо пинҳонӣ ва ин ҷо ошкоро. Ин музокирот саҳнаи соиши манфиатҳои гуногун буд.

Аммо дар муносибати байни худи тоҷикон дипломатия ва бозӣ бисёр набуд. Дар он рӯҳияи тоҷикӣ бештар таъсиргузор буд. Шухӣ ҳам буд, латифа, шеър, мавъиза, мусобиқа, қаҳр, дашном, киноя, гузашт, ҳамтабақӣ, оғӯш ҳама чиз буд. Дар музокироти байни тоҷикон умумиятҳои тоҷикӣ ва дарки ин умумиятҳо аз сӯи тарафҳо бар ихтилофи сиёсӣ ғалаба кард. Бунёди сулҳи тоҷикон ҳамин дарк буд. Ҳама дарёфтанд, ки як чизанд, одаманд, тоҷиканд. Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд.

Муносибати сарвари давлат бо роҳбари мухолифин ба як дустӣ табдил шуда буд. Президент ҳатто дар вақти бемории ӯ ба хонааш хабаргирӣ омада, табобати ӯро дар хориҷа супориш карда буд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мо бояд ҳамеша умумиятҳои инсонӣ, имонӣ ва миллии тоҷикии худро ҳифз кунем. Ин хатти сурх аст, нуктаи пайванд аст, модари муштарак аст, умумияти наҷотбахш аст.

- Аммо фикр намекунед, ки солҳои охир таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон камранг шудааст?

- Бале. Бисёр муҳим аст, ки ин таҷриба дар сатҳи шоиста омӯхта шавад. Он  ҳатто метавонист яке аз ифтихорҳои ва брендҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис гардад, ки ҳам омӯхтан ва ба назария табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҳам нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро анҷом диҳад. Шахсан банда ба ин мавзӯъ ба ҳадде аҳаммият қоилам, ки орзу дорам, чунин марказ таъсис дода, тамоми умрамро ба омӯзишу таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ сарф намоям.

- Дар ниҳоят, баназари Шумо, пас аз ин қадар солҳо, муҳимтарин дарси ҷанги дохилӣ чи буд?

- Сабақҳо бисёранд. Аммо муҳимтарин сабақи ҷанги дохилии мо ин аст, ки ҳеҷ идея, ҳеҷ манфиат, дидгоҳ, ҳизб ё идеология арзиши онро надорад, ки суботро бишканем, ватанро вайрон кунем, миллатро пароканда кунем ва давлатро аз даст диҳем. Ҳама чиз, ҳама тарҳу ормон фақат дар фазои давлат, ваҳдат ва амният маъно пайдо мекунад. Бинобар ин,  имрӯз, бо пеши рӯй доштани он сабақи бузург, ҳама гуна даъват ба бесуботӣ ва низоъ бемсаъулиятӣ дар баробари ин кишвар ва ин мардуми ранҷдида мебуд. Пас бояд дигар ҳаргиз ба фитнаву тафриқа дода нашавем. Сабақи асосӣ ҳамин аст.

1706
Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷанги шаҳрвандӣ, Русия, Созишномаи сулҳ, оппозитсиюни тоҷик, Ҳукумат, ҲНИТ, ИНОТ, "Ваҳдат", Тоҷикистон
Андрей Казанцев

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

843
(Таҷдидшуда 09:01 27.06.2020)
Директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Казантсев пешниҳоди роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба гуфти Андрей Казантсев,  як қатор сабабҳои барқарор шудани парвозҳо байни Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ ҳангоми пандемия вуҷуд доранд.

"Аввал-робитаҳои наздики муҳоҷират, инчунин робитаҳои оилавии одамони зиёд. Дуюм- вазъи эпидемикӣ, ки дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳам наздик аст. Сабаби саввум робитаҳои таърихӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Казантсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, кишварҳои ИДМ омодаанд, ки робитаҳои ҳавоӣ бо Русияро боз кунанд. Аммо, тавре ки коршинос қайд кард, вазъ дуҷониба аст.

"Афзоиши гардиши ҳавоӣ ба паҳншавии сироят мусоидат мекунад, аммо аз тарафи дигар зарари иқтисодӣ ба ҳадди ақалл кам хоҳад шуд", - хулоса кард коршинос.

Қаблан роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ба ҳукумати Русия нақшаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалиро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ, он бояд аз кишварҳои ИДМ оғоз ёбад.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Тавсия дода мешавад, ки парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи дур, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар алоҳидагӣ барқарор карда шаванд.

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Гуфта мешавад, мактуби дахлдор ба Роспотребнадзор ва инчунин ба дафтари муовини сарвазир Татяна Голикова фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ баррасӣ шуда истодааст, аммо қарорҳои ниҳоӣ бо назардошти мувофиқа бо дигар давлатҳо қабул хоҳанд шуд.

843
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон