Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Чиро Раҳмон мехоҳад бо Путин баррасӣ кунад: пешбинии коршиносон

712
Коршиносон мегӯянд, мавзӯъи аслии суҳбати Раҳмону Путин муҳоҷират ва ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 апрел ба Маскав сафар мекунад. Ин сафари корӣ буда, Раҳмон бо Путин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар самти-тиҷорат, амният, муҳоҷират ва ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Вале баъзе масъалаҳо эҳтимолан барои ҷониби Душанбе муҳимтар хоҳад буд. Sputnik Тоҷикистон, аз коршинос ҷӯё шуд, ки кадом масъала барои Тоҷикистон муҳимтар асту чиро Раҳмон ва Путин дар навбати аввал баррасӣ хоҳанд кард.

Ба фикри раҳбари шуъбаи Осиёи Марказии донишгоҳи ИДМ, Андрей Грозин яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодӣ-дастгирӣ ё сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. 

"Рӯшан аст, ки Эмомалӣ Раҳмон чун дигар раҳбарон, мехоҳад ҳарчӣ бештар сармоягузории Русияро ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб кунад. Ҳамаи сафарҳои хориҷии ӯ албатта ин масъаларо дар бар мегиранд ва ин барои ягон кас махфӣ нест",-қайд кард Грозин.

Ба гуфти ӯ то имрӯз ҳама барои ҷалби бештари сармоягузорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон умед доранд на ба ягон вазиру раҳбарони дигари ширкатҳои Тоҷикистон.

Ба гуфти сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов мавзуъи дигари муҳим барои баррасии ҷонибҳо-муҳоҷират хоҳад буд. Дар ин росто созишнома оиди ҷалби қувваи кории дастаҷамъона аз Тоҷикистон ба Русия ва афви муҳоҷирони қонуншикан баррасӣ хоҳад шуд.

Коршиноси рус, доктори илмҳои сиёсӣ Александр Гусев мегӯяд, дар мулоқот сарони кишварҳо пеш аз ҳама масоили амниятиро баррасӣ мекунанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки баррасии мавзӯи Афғонистон - яке аз онҳо мебошад.

Пинҳон нест, ки шумораи зиёди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор доранд, ки ба буҷаи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

Ба гуфти коршинос "ин мавзӯъ ҳам дар мулоқоти шахсии Путину Раҳмон инъикоси худро меёбад".

Сиёсатшинос мегӯяд, раисҷумҳурон густурда шудани фаъолияти ИМА ва Чинро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа баррасӣ хоҳанд кард.

"Мушкилиҳои зиёде ҷамъ шудаанд, барои ҳамин мулоқот бояд судманд бошад, ки дар натиҷа сарони кишварҳо  ба тавофуқ расанд".

712