Девушка с мобильным телефоном

Талоқ барои сӯҳбат бо ҳамсари дугона ё чаро оилаҳои тоҷик пош мехӯранд?

649
Як нафар зани 48 сола ба воситаи телефони мобилӣ вақте, ки бо шавҳари дугонааш суҳбат кард, аз ин ҳолат шавҳараш огоҳ шуда рашк бурдааст, ки дар натиҷа ба ҷудошавии оила оварда расонидааст

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Дар соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам назар ба солҳои 2017 - (10 100) 900 ҳодиса бештар аст. Аз ҷумла дар вилояти Суғд, соли 2018 бекоркунии ақди никоҳ  4 ҳазору 46 ҳодиса гуфта мешавад.

Дар соли 2018, дар Суғд 22 ҳазору 781 ҳодисаи бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Идигул Қосимзода, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи ин иттилоъ гуфтааст, ки сабабҳои ҷудошавии оилаҳо бештар ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва масоили муҳоҷирати кории хонаводаҳо рабт дорад.

Раёсати идораи кор бо занон ва оила дар ҳукумати вилояти Суғд аз таъсиси "шӯрои муросо" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иттилоъ, медиҳад, ки мақсади инчунин марказҳои ҷамъиятӣ пешгирии ҷудошавии оилаҳо гуфта мешавад. Ин шӯроҳо аз ҳисоби равоншиносон, духтурони амрози занона ва ҳам имомхатибони шаҳру ноҳияҳо ташкил ёфта ва дар назди идораҳои кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият мебаранд.  

Шӯрои муросо - оштидиҳандаи хонаводаҳо

Нигорахон Ғаффорзода, раиси идораи кор бо занон ва оила дар ҳукумати вилояти Суғд мегуяд, ки дар паи таъсиси "шӯрои муросо" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, камшавии шумори ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо дар се моҳи аввали соли 2019 ба назар мерасад. Дар се моҳи аввали ҷорӣ, 1139 ҳодисаи бекоркунии ақди никоҳ аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли 2018, 36 ҳолат камтар будааст.  

"Мақсади ин шӯроҳо пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунати хонаводагии занон мебошад. Ин шӯроҳо аз равоншиноси касбӣ, табиби амрози занона, имомхатиби шаҳр ва ё ноҳия ва аз ҳисоби фаъолзанони ҷамоатҳо иборат мебошад.  Онҳо бо усули хона ба хона кор мекунанд. Дар вақти муроҷиати сокинон, барои бекоркунии ақди никоҳ, кормандони шӯро ба хонаи аризадиҳандаҳо рафта, сабаби ҷудошавии онҳоро маълум ва ба онҳо корбарӣ менамоянд. Онҳоро ба муросо меоваранд", - мегӯяд раиси идораи кор бо занон ва оилаи Суғд.

Нигорахон Ғаффорзода афзуд, ки ҳоло сатҳи таҳаммулпазирӣ дар хонаводаҳо коҳиш ёфтааст ва ин боиси азҳампошии шуморе аз оилаҳо гардидааст.

Даҳ соли ҳамзистӣ ва "дигар сабр карда наметавонам"

Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд мегуяд,  қисмати бештари ҳолатҳои бекоркунии ақди никоҳ бар сари хонаводаҳое рост меояд, ки то даҳ сол оиладорӣ кардаанд. Бар пояи иттилоъи ин ниҳод, 63% аз рӯзи бастани ақди никоҳ то 10 соли оиладорӣ, 12,3 % аз 11 то 15 соли оиладорӣ ва боқимонда аз 16 то 50 сол оиладорӣ карда, аз ҳам ҷудо шудаанд.

Сабоҳат Бобоҷонова,  ҷонишини раиси ташкилоти ҷамъиятии занон "Гулрухсор" дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, ки аз муроҷиати занон ба ин ташкилот маълум мешавад, ки сабабҳои ҷудошавии оилаҳо якранг набуда, хеле зиёданд. Бино ба гуфти ӯ, дар соли 2018, 1803 нафар, ки бахши аъзами онҳо занонанд, ба "Гулрухсор" муроҷиат кардаанд. Бештари муроҷиатҳо характери равонӣ ва ҳуқуқӣ доштанд, мегуяд Сабоҳат Бобоҷонова.

"Ҷанҷол ба аъзоёни оила, ҳисси нобоварӣ ба келин ва ё хушдоман. Ҳатто ҳолати равонии баъзе аз муроҷиаткунандаҳо то андозае шадид буд ва бо ҳисси қасосгирӣ мубаддал гашта буд. Оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бошад, муроҷиат сокинон дар мавриди ҷудошавӣ, оид ба тақсимоти моликият, оид ба ситонидани алимент, иборат мебошад",- гуфт ӯ.

Муовини раиси ташкилоти "Гулрухсор" мегуяд, пештар сирри хонаводаҳо пинҳон мемонд ва проблемаҳое, ки рух медод, бо гузашти як ё ду ҳафта фаромӯш мешуданд ва ҳаёти оилавӣ дар хонаводаҳо ба маҷрои ҳамвор ҷараён мегирифт, аммо ҳоло аксари ин ҳолатҳо ин тавассути телефонҳои мобилӣ зуд ба дигарон мерасанд.

Хабаркашӣ бо телефон

Мутаасифона рафта расидани маълумотҳои хонаводаи шавҳар ба хонаи падар, ё баръакс аз хонаи падар ба хонаи шавҳар, бисёр вақт  боиси ҷудошавии оилаҳо мегардад.

"Вақте мо ба ҳолатҳои равонӣ гирифтор мешавему он хусусияти манфӣ дорад ва хабар тавассути телефон зуд ба хешовандон мерасад, он таъсири худро мерасонад. Бинобар ин истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ яке дигар аз сабабҳое, ки боиси ҷудошавии оилаҳо мешаванд", - мегӯяд Бобоҷонова.  

Сабоҳат Бобоҷнова аз як зани 48 сола мисол овард, ки истифодаи телефони мобилӣ муҷиби ҷудошавии ӯ аз оилааш шудааст.

 "Ман мисол оварда метавонам, ки як нафар зани 48 сола ба воситаи телефони мобилӣ, вақте, ки бо шавҳари дугонааш суҳбат мекунад, аз ин  шавҳараш огоҳ шуда ва рашк бурдааст, ки дар натиҷа ба ҷудошавӣ оварда расонидааст. Се муроҷиате, ки дар ҳафтаи охир ба қайд гирифта шуд, вобаста ба истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ буд", - афзуд ӯ.

Баъзе коршиносон ҳадс мезананд, ки мушкили бекорӣ  ва  шароити нобасомони иқтисоди хонаводагӣ ба афзудани ҷангу ҷидолҳои зиёд боис шуда, ин ҳолат  ба барҳамхурии  оилаҳои ҷавон асос  мегузорад.

Сабоҳат Бобоҷонова ташкили чорабиҳо бо иштироки шахсони барӯманд дар сатҳи мактабу маҳал ва ҷамоатҳоро муфид арзёбӣ мекунад. Ӯ мегуяд, барои баланд бардоштани сатҳи донишу савод ва маърифати ҷавонон хуб мебуд, ки онҳо ба китобхонӣ фаро гирифта шаванд.

Зимнан раёсати кор бо занон ва оила дар ҳукумати Суғд баргузории як қатор чорабиниҳо ба мисли "мактаби хушдоман", "дастони моҳир", "занони ҳунарманд"- ро барои баланд бардоштани мавқеи зан  дар ҷомеа арзёбӣ мекунанд.  

Тавре  Нигорахон Ғаффорзода, раиси идораи кор ба занон ва оила дар Суғд иброз медорад, ҳоло шумори маркаҳзои ҳунармандӣ ба 360 адад расида ва онҳо 9 ҳазор шогирдонро аз ҳисоби ҷавнондухтарон ба камол расонидаанд то ба шуғл фаро гирифта тавонанд. 

Зиёда аз 13 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ро занон роҳбарӣ мекунанд,  ё аъзои онҳо занон мебошанд.

Ба ҷуз ин, ҳамасола аз ҳисоби ҳукумати вилояти Суғд, 60 грант ба занони ҳунарманд ва соҳибкорзанон, ҳар яке ба маблағи аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

"Дар Русия зан гирифтааст..."

Умеда Икромова як коршинос дар умумри масоили иҷтимоӣ мегуяд, ки иллати аслии афзоиши азҳампошии оилаҳо аз муҳоҷирати мардон вобаста мебошад. Ӯ мегуяд, ки ҳоло раванди қабули шаҳрвандии Русия аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик бештар шуда ва онҳое, ки ба хотири шаҳрвандӣ шуда, дар хориҷ аз кишвар оила бунёд кардаанд, кам нестанд, ки мутаасифона чунин ҳолатҳо дар аксар вақт, боиси ҷудошавии оилаҳо мегардад.

“Мушоҳида мешавад, ки ҳоло як қисм аз муҳоҷирони мо ба хотири осон шудани кору зиндагӣ дар муҳоҷират, ба хусус дар Русия шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои ин, аз ҳар усул кор гиранд, ҳатто дар Русия оила барпо кунанд. Шунидани ин ҳолат, боиси шурӯи  ихтилофҳо шуда ва ба ҷудошавӣ аз ҳамсарони аввали худ боис мегардад”, - иброз медорад, Умеда Икромова. 

Коршиносон мегуянд, барои паст кардани сатҳи ҷудошавии оилаҳо нақши иқтисод ва пеш аз ҳама ташкили ҷои кор дар коргоҳҳои ватанӣ, нақши муассир дорад.

649