Асоси амнияти Осиёи Миёна аз чӣ вобаста аст. Омӯзишҳои муштараки низомӣ

© © минобороны УзбекистанаДвусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок
Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзиши муштараки низомиёни Тоҷикистону Русия дар ВМКБ аз он шаҳодат медиҳад, ки гуруҳҳои террористӣ метавонанд бо истифода аз ин мавзеъ барои кулли минтақа хатар ба вуҷуд оранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Пайдошавии гуруҳҳои омӯзишии низомӣ дар баробари “Марказ-2019”-и Руссия дар Тоҷикистон аз ҷой доштани камбудҳои ҳарбӣ  шаҳодат медиҳад.

В 201 РВБ на 9 мая провели праздничный концерт и Бессмертный полк - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар омӯзишҳои муштараки Тоҷикистону Чин, ки дар назар аст аз охири моҳи июли соли ҷорӣ дар марзи ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бо Афғонистон оғоз шаванд гуруҳи зудамали қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва гуруҳи артиши озодӣ-халқии Чин бо истифодаи техникаҳои зиреҳпӯш ва артилерияҳои ҳавоӣ, иштирок хоҳанд кард.

Мақсади асосии гузаронидани омузиши низомии мазкур дар марзи Афғонистон ин ба мушкилии вазъ дар ҳамсоякиҳшварҳои Тоҷикистон таалуқ дорад.

Нашивка на рукаве сотрудника полиции в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Инфиҷор дар Петербург: дар академияи низомӣ мина таркид

Иштирокчиён ба амалҳои фаврӣ бар зидди террористони шартие, ки аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба Чин мегузаранд ҳаракат мекунанд. Чунин чорабинӣ ҳамагӣ як маротиба дар моҳи октябри соли 2016 баргузор шудааст.

Чанде пеш Sputnik Тоҷикистон аз имкони бунёди пойгоҳи низомии Чин дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои Мақомоти Душанбею Пекин хабар дода буд.

Амалҳои низомӣ-сиёсии Чин дар кишварҳои Осиёи Миёна то рафт фаъолтар шудаистоаанд, аммо бояд қайд кард, ки ин ҳама ҳаракатҳо хилофи манфиатҳои Русия нестанд.

Чӣ Русия ва чӣ Чин ҳарду як мақсад доранд, ки ин ҳам мубориза бар зиддӣ терроризм ва маводи мухаддир мебошад.

Мақсад ва амал

Роҳбари дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён сабаб ва мақсадҳои баргузории омӯзиши мштарак миёни низомиёни Тоҷикисону Чинро дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон тавзеҳ дода қайд мекунад, ки “ин аввалин омузиши муштараки ҳаматарафа миёни низомиёни Чину Тоҷикистон мебошад”.

Военные учения России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти низомӣ

Аммо бояд гуфт, ки ҳаматафа гуфтан ҳам каме муболиға аст.

Гар чанде, ки ин чорабинӣ бо мавҷудияти артилерия ва техникаҳои зиреҳпӯш сурат мегирад, низомиёни ҳарду ҷониб дар асоси қоидаҳои лозима бояд омӯзиши тактикӣ  гузаронанд, ки ин мувофиқи нақша бархурди ду гуруҳ дар як дараи танг мебошад.

Дар мавзеъҳои куҳии Тоҷикистон, ки нест кардани душман хело осон аст, аммо набояд фарломӯш кард, ки дар Афғонистон зиёда аз 20 гуруҳҳои террористии иборат аз 60-70 ҳазор ҷанҷуёни мавҷуд аст.

Чанде пеш маълум шуда буд, ки Амрико аз Сурияву Ироқ 10 ҳазор ҷангҷӯро аз гуруҳҳои ДОИШ ба афғонистон интиқол медиҳад.

Дар ҳолати ҳақиқии рух додани ин амал ҳатто гуруҳи хуб таёр карда шудагии Чин ба наметавонад хуб кумак кунад. Барои пешгирии ин ва нест кардани террористон пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад ба кумак ҳозир шавад.

Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин Шӯрои низомӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд

Дар Афғонистон новобаста аз пароканда буданаш дар ҳақиқат артиши террористӣ вуҷуд дорад, ки қариб 70% ҳуддуи кишварро идора мекунанд.

Тайи 3 соли охир шумораи ҷанговарони гуруҳҳои террористӣ ДОИШ дар Афғонистон се баробар афзудаанд. Дар баробари Гуруҳҳои “Толибон” ва ДОИШ, калонтарин гуруҳи террористии Осиёи Ҷануби “Лашкари Тайба”, ташкилоти экстремистии тоҷикон “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷамоати исломӣ”, ҳаракати террористии узбакҳо “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Гуруҳи Туркистони Шарқӣ” – ҷараёни уйғури, ки дар ҳудуди Чин мардумро ба сӯи Ислом даъват мекунад (дар Русия мамнуъ) дар Афғонистон маскун гирифтаанд. Албата рӯйхати чунин гуруҳҳо зиёданд.

Асоси мустаҳкамии минтақа дар чист?

Мустаҳкамии Тоҷикистону Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Чин мебошанд.

Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов: ДОИШ Афғонистонро пойгоҳ барои ҳамла ба Осиёи Марказӣ мекунад

Масоили мушкили муқовимат бо терроризм қарори ҳамаҷониба баркашидаро талаб мекунад, ки дар ин ҷода фикрҳои Русия бо Чин мувофиқанд. Ва иштироки иштироки қувваҳои мусаллаҳи Чин дар омӯзишҳои низомии Русия таҳти унвони “Шарқ-2018” тасодуфи набуд.

Артиши халқӣ-озодии Чин мехоҳад бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои аъзои СПАД ҳамкорӣ кунад. Аммо барои муқоиса бояд гуфт, ки дар Бадахшон дар моҳи июли соли 2018 дар омузишҳои низомии муштарак наздик ба 10 ҳазор низомиёни Тоҷикистону Русия иштирок намуданд (иштироки низомиёни чинӣ дар ин омӯзиш рамзӣ мебошад).

Дар якҷоягӣ бо ҳамсоякишварҳо ва давлатҳои иттиҳод оид ба амнияти Осиёи Миёна Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои мусаллаҳи Русия дасти кумак дароз мекунад.

Фикр мекунам ин ягонаи кафолати пойдории амнияти ин минтақа мебошад.

Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Чин дар Бадахшон барои посдории марзҳои худаш пойгоҳ месозад

Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо артишҳои кишварҳои аъзои СПАД ҳамкории зич дорад.Бояд гуфт, ки махсусан дар соли 2019 ин ҳавзаи низомӣ бо намояндагони низомии кишварҳои СПАД 70 чорабинии низомии муштарак баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки низомиёни Тоҷикистону Русия дар якҷоягӣ масоили муштаракро дар доираи омузиши “Дустии низомӣ” (дар ҳудуди Беларус, Русия ва Тоҷикистон) ба хуби ҳал кардаистодаанд

Ба наздикӣ низомиёни тоҷик дар чорабинии низомии “Марказ-2019”, ки дар охири моҳи июл фаъолияташро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, ва Тоҷикистон оғоз мекунад, иштирок хоҳад кард.

Ғайр аз ин Русия ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумакҳои техникӣ расонидаистодааст ва то соли 2025 барои навсозии он ба миқдори 200 миллион бояд ёрӣ расонад.

Лентаи хабарҳо
0