Президент Республики Таджикистан Рахмон Набиевич Набиев, архивное фото

Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

2813
(Таҷдидшуда 18:13 18.07.2019)
7-уми сенятбри имсол аз аввалин истеъфои Раҳмон Набиев, дувумин раисҷумҳури Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Аввалин истеъфои дувумин президенти кишвар бо аввалин солгарди истиқлоли Тоҷикистон тақрибан ҳамзамон буд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik, Талабшоҳи Салом. Дар рабита ба дубора сари қудрат овардани Раҳмон Набиев, раҳбаре, ки дар солҳои охири ҳукумати шӯравӣ аз сиёсат дур монда буд, назарҳои мухталифе вуҷуд дорад.

Кӣ Набиевро дубора сари қудрат овард?

Тибқи баъзе сарчашмаҳо, ӯро нерӯҳои ба истилоҳ, ростгаро дубора вориди сиёсат карданд. Аммо воридшавии ӯ ба сиёсат бештар баъзе аз мухолифинро рӯҳбаланд кард, зеро мухолифин гумон доштанд, дар қиболи Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури вақти Тоҷикистон соҳиби номзади арзандае хоҳанд буд. Тобистони соли 1991, замоне ки Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт, ин фарзия бештар қувват гирифт, ки Раҳмон Набиев ба мухолифин “вафо” хоҳад кард, вале баъди истеъфои Қадриддин Аслонов вазъ куллан тағйир ёфт.

Сафаралӣ Кенҷаев дар ёддоштҳояш менависад, ки Раҳмон Набиев баъд аз сари қудрат рафтан аз назар дур монда буд. Ин ҳарфи оқои Кенҷаевро он адабиёте низ собит мекунанд, ки даврони ноҷӯриҳои давлатдории миллат дар онҳо таҳрир шуда. Пас суол ин аст, ки ин чеҳраи аз сиёсат дуруфтодаро кӣ дубора ба майдони сиёсат кашид?

Ба навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев, қабл аз интихоботи парлумонии соли 1990 Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи мумтози кишвар аз ӯ хоҳиш менамояд, ки чун дигар касе Набиевро суроғ намекунад, ӯро кумак намоянд, то дубора вакили Шӯрои Олӣ шавад. Ин хоҳиши Ҷӯрабек Муродовро Сафаралӣ Кенҷаев мепазирад ва ба навиштаи ахирӣ ӯ, бо дастгирии ин ду нафар Раҳмон Набиев аз ҳавзаи Роҳи Оҳан вориди парлумони Тоҷикистони Шӯравии Сотсиалистӣ мешавад. Раҳмон Набиев соли 1990, замоне ваколати мардумиро соҳиб шуд, ки ба шастумин баҳори умраш қадам монда буд.

Ба навиштаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, дар соли 1991, пас аз барканории Қадриддин Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ ва қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1991-и Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар бораи пешбарии номзад ба маснади ноиби раёсатҷумҳурӣ маслиҳат мепурсад. Бинобар таъкиди муаллиф, Раҳмон Набиев мехост Нарзулло Дӯстовро ба унвони номзад ба ин мансаб пешбарӣ кунад. Ин суҳбати раиси Шӯрои Олии вақтро  бо Ҳ. А. Тӯраҷонзода Сафаралӣ Кенҷаев мешунавад, ки дар посух мегӯяд: “Худам шунидам гапоша. Ин номарда мо дубора одам кардему. Хай...” (Ҳ. А. Тӯраҷонзода “Миёни обу оташ”, саҳ. 11).

 Аслиддин Соҳибназаров бо ёдоварӣ аз воқеаҳои моҳи майи соли 1992 ва дидораш бо раисҷумҳури вақт ишораи зарифе мекунад. Ба навиштаи ӯ, вақте Раҳмон Набиев ба А. Соҳибназаров муованати сарвазирро пешниҳод мекунад, оқои Соҳибназаров ин пешниҳодро рад менамояд. Дар чунин ҳол, Набиев хитоб ба Соҳибназаров мегӯяд: “Ту намехоҳӣ ба ман кӯмак расонӣ. Аз хотират набарор, ки ту маро маҷбур кардӣ, то намояндаи  мардумӣ шавам. Талаб кардӣ, ки номзадиямро ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ дар интихобот пешниҳод кунам. Вале вақте ки ба ман дастгирии ту лозим аст, онро дареғ медорӣ...” (Аслиддини Соҳибназар, “Субҳи ситоракуш” (китоби дуюм), саҳ. 41).

Ҳикматуллоҳ Насриддинов низ ба ин назар аст, ки “Раҳмон Набиевро, ки асосан қувваҳои демократӣ ва ҷунбишҳои мардумӣ ба зинаи олии давлатдорӣ бароварда буданд, баъди раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш яку якбора муқобил баромаданд” (Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “Таркиш”, саҳ. 145).

Вале Бӯрӣ Каримов ин андешаи Ҳикматуллоҳ Насриддиновро такзиб мекунад: “...ин фикр, ки “Раҳмон Набиевро қувваҳои демократӣ ба зинаи олии давлатдорӣ бароварданд”, саҳеҳ нест. Қудратҳои дигаре вуҷуд доштанд, ки ҳамон шабу рӯз Р. Набиев барои онҳо лозим шуд: аввалӣ Ҳизби коммунист, дувумӣ қавмгароӣ” (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ. 352).

Дар ин ҷо шояд манзури Бӯрӣ Каримов воқеоти сентябрии соли 1991 бошад. Зеро замоне ки Раҳмон Набиев вориди парлумон шуд, вазъ дигар буд. Воқеоти февралӣ ва истеъфои дурӯғини раҳбарияти кишвар коммунистонро дар ҳолати ногувор гузошта буду онҳо дар талоши ҳифзи Қаҳҳор Маҳкамов дар қудрат буданд. Вале воқеоти сенятбрии соли 1991 тамоман мавзӯи дигарест, поёнтар ишораҳое дар ин маврид хоҳем дошт.

Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев
© Sputnik / Сергей Гунеев
Бывший президент Таджикистана Рахмон Набиев

Карим Абдулов, аз нафаронест, ки баъд аз сиёсат дур шудани Раҳмон Набиев бо ӯ дар робита буд ва замони раисҷумҳурии ӯ мудирияти котиботи раисҷумҳурро ба уҳда дошт, дар ёддоштҳояш таҳти унвони “Роҳи беҳбуд” менависад, ки баъди аз қудрат дур шудани Раҳмон Набиев ӯ мавриди таваҷҷуҳи мухолифин қарор гирифт. Бинобар ин  ӯ ба маҳофили мухолифин даъват мешуд ва аз афкору андешаи Раҳмон Набиев мухолифин баҳра мебурданд.

Соли 1991, замоне ки маъракаҳои интихоботи оғоз шуданд, Сафаралӣ Кенҷаев раёсати ситоди интихоботии Раҳмон Набиевро ба уҳда гирифт. “Дар пешрафти интихоби Раҳмон Набиев, интихоби ӯ ба маснаби раисҷумҳур саҳми фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадор, фидоии Ватан, ҳуқуқшинос, шахсе, ки ҳама ҳурмату  эҳтиромаш мекунанд, Сафаралӣ Кенҷаев зиёд аст” (Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 34). 

Ҳамин тариқ соли 2014, замоне ки аз аввалин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуда буд, Нуралӣ Давлатов, муҳаққиқ ва муаррихи тоҷик дар суҳбат бо торнамои “Фараж” дар робита ба сари қудрат омадани Раҳмон Набиев гуфт буд: “Баъди барканор шудан аз курсии №1-и ҷумҳурӣ ӯ аз доираҳои ҳукуматӣ дур карда шуд ва тақрибан ҳамаи кадрҳои ӯро роҳбари нав Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифаҳо барканор кард.

Бинобар ин дар оғози солҳои 90-ум, дар авҷи бозсозии Горбачёв нерӯҳои ба ном демократӣ, ки аксар роҳбаронаш коммунистони собиқ буданд, Набиевро дар муқобили Маҳкамов истифода карданд. Аммо баъди суқути Маҳкамов ихтилоф миёни нерӯҳои демократӣ ва исломӣ дар масъалаи ҷонибдорӣ аз Раҳмон Набиев дар интихоботи тирамоҳи соли 1991 сар зад. Раҳмон Набиев дар чунин шароит аз нерӯҳое, ки ӯро ҷонибдорӣ мекарданд, фосила гирифт ва боз ба лагери коммунистон баргашт...”. 

Ин фарзия, ки баъзе нерӯҳои демократию исломӣ низ замоне аз Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекарданд, мантиқӣ менамояд, дар ҳоле ки Сафаралӣ Кенҷаев кӯмак карда буд, то Раҳмон Набиев дубора ба сиёсат баргардад. Барои он ки ба дарки ин мантиқ бирасем, бояд каме ба қафо баргардем. Тирамоҳи соли 1990, баъди конфронси таъсисии бахши Ҳизби эҳёи исломии ИҶШС дар Тоҷикистон ва муроҷиати мубтакирини ин бахш барои номнавис кардани ҳизб Шӯрои Олии Тоҷикистон ба дархости онҳо ҷавоби рад дод. Чунин як конфронсро Ҳизби демократи Тоҷикистон низ 10 августи соли 1990 баргузор кард, вале ин аҳзоб натавонистанд дар соли 1990 сабти ном шаванд.

Дар поёни соли 1990, баъди муроҷиати исломгароҳо, ки мехостанд ҲНИТ-ро ҳамчун бахши ҲЭИ ИҶШС сабт кунанд, Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистони ШС” қабул шуд. Моддаи 2-и қонуни мазкур, албатта, муассисинро иҷозат медод, ки ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд, вале на танҳо онҳо ба дархосташон ҷавоб рад гирифтанд, балки 12 рӯз баъд аз тасвиби ин қонун, тибқи қарори Шӯрои Олии  Тоҷикистон “Дар бораи баромадан аз ҳадди ваколати ҳизбӣ ва созмонҳое, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистони Шӯравии Сотсиалистӣ мамнӯъ аст”, созмондиҳандагони бахши ҲЭИ ИҶШС дар Тоҷикистон ҷарима шуданд.

Бо назардошти раванди воқеаҳои он солҳо ва таъкиди иддае аз сиёсатмадорони тоҷик метавон гуфт, гурӯҳе аз сиёсатмадорону чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон, аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Ҷӯрабек Муродов, Аслиддин Соҳибназаров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва иддае дигаре аз равшанфикрону сарварони аҳзоби сиёсӣ Раҳмон Набиеваро ҷонибдорӣ мекарданд.

 Дар ин замина Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд: “Аслан қабл аз воқеаҳои канда шудани муҷассамаи Ленину барканории Қ. Аслонов аз раёсати Шӯрои Олӣ банда аз хайрхоҳон ва ҷонибдорони Раҳмон Набиев будам. Мо якҷоя бо С. Кенҷаев, Аслиддин Соҳибназаров, Ҷӯрабек Муродов ва чанде дигар аз намояндагони мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва шахсиятҳои бонуфуз номзадии Р. Набиевро ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешбарӣ карда будем” (Ҳ. А. Тӯраҷонзода, “Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо...” саҳ. 10).

Бо таваҷҷуҳ ба ин гуна далоил метавон гуфт, мухолифину мувофиқини он солҳо, алалхусус соли 1990 аз гурӯҳҳои мухолиф ва тарафдорони ҳукумат дар соли 1992 фарқ доштанд. Мухолифони идеологии он замон ба таври ошкор мухолифати худро бо  идеологияи коммунистӣ изҳор накарда буданд.

Идома дорад...

2813
Барчаспҳо:
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Сафаралӣ Кенҷаев, президент, Раҳмон Набиев, Раисҷумҳур, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон и Мухаммад Ашраф Гани

Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?

415
(Таҷдидшуда 16:02 04.03.2021)
Президенти Афғонистон моҳи март бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Вале на барои баррасии масъалаи терроризм, балки ба хотири гуфтугӯ оиди нархи қувваи барқ

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Мақомоти Афғонистон иттилоъ доданд, ки Ашраф Ғанӣ моҳи март бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Санаи дақиқи сафар, барнома ва ҳайат ҳанӯз эълон нашудааст, аммо эҳтимол меравад - сухан дар бораи амнияти давлатӣ ва иқтисодиёт меравад, ва қисми тиҷоративу молиявии гуфтушунидҳо барои Кобул хеле муҳимтар бошад.

Ба гуфтаи Шарбатулло Содиков, муҳаққиқи МГИМО, барномаи зидди ҷинояткорӣ стандартӣ хоҳад буд - ҳифзи амният дар марзҳо, муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо ифротгароӣ дар баробари ҳамлаи интизории "Толибон".

"Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи истирдоди ашхосеро баррасӣ мекунанд, ки метавонанд аъзои гурӯҳҳои ҷиноятӣ бошанд ё дар қочоқи маводи мухаддир даст дошта бошанд. Пандемияи коронавирус вазъи ҷиноятиро танҳо афзоиш додааст ва ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои Тоҷикистон таҳдид мекунад, бинобар ин мавзӯи хеле муҳим барои мақомоти ҳарду кишвар хоҳад буд", - гуфт Содиков.

Аммо масоили иқтисодиёт муҳимтар хоҳад буд. Ҳамин тавр, рӯзи 1 март роҳбари Палатаи намояндагони Шӯрои миллии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад ва бо Эмомалӣ Раҳмон сафари қарибулвуқӯи Ғанӣ ва инчунин якчанд лоиҳаҳои байниминтақавиро баррасӣ кард.

Муовини ӯ Маҳмад Маҳмадраҳим бошад, бо роҳбари Вазорати рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода мулоқот намуда, дар бораи ташкили терминали байналмилалии логистикӣ дар қаламрави МОИ "Панҷ" бо ҷалби сармояи афғонӣ сӯҳбат кард. Тахмин меравад, ки ин интиқол ва фурӯши молҳоро аз Афғонистон осон мекунад.

Ғайр аз ин, дар ин дидор масъалаҳои сохтмони корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои фармасевтӣ ва саноати сабук баррасӣ карда шуданд.

Аммо нақшаҳои мушаххаси рушди тиҷорат ва истеҳсолот ягона чизе нестанд, ки ба зудӣ аз ҷониби Раҳмон ва Ғанӣ тасдиқ карда мешаванд.

Дар охири моҳи феврал Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати ба истифода додани иншоот дар доираи лоиҳаи CASA-1000 -ро эълон кард. Лоиҳаи бузурги энергетикӣ содироти "барқи барзиёдии тобистона" -ро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва минбаъд ба Покистон пешбинӣ мекунад.

Вазорати энергетикаи ҶТ гуфт, ки онҳо қисмати худро то охири соли 2021 ба итмом мерасонанд, яъне дар соли оянда як қатор минтақаҳои шимолии Афғонистон метавонанд дастрасии бефосила ба нерӯи барқ ​​дошта бошанд. Ва акнун бояд Раҳмон ва Ғанӣ тасмим гиранд, ки чӣ гуна амнияти хатҳои барқ ​​ва нархи як мегаваттро таъмин кунанд.

Беҳуда нест, ки Кобули расмӣ ба тиҷорат бо ҳамсоягонаш дар минтақа чунин аҳамияти калон медиҳад.

Бар хилофи собиқ президент Ҳомид Карзай, ки барояш аслан пул аз осмон мерехт (дурусттараш, аз ҷайби сарпарастони байналмилалӣ), манбаъҳои молиявии берунии Ғанӣ хеле маҳдуданд. Ва азбаски президент наметавонад ба сармоягузориҳои хориҷӣ беохир такя кунад, дастаи ӯ мекӯшад, ки иқтисоди ларзони миллиро ба навъе ба по хезонад.

Андрей Серенко, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир мегӯяд, аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва савдои транзитии нисбатан хоксор барои ҳарду кишвар майдонҳои корношуда мебошанд.

"Далели гуфтаҳои боло сафари роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар аст, ки ба наздикӣ ба Маскав парвоз кард ва ҳам Муҳаммад Каргар, ки сафари худро ба Боку ба наздикӣ ба анҷом расонд. Дар тӯли якуним соли охир командаи Ғанӣ як стратегияро амалӣ карда истодаанд - сохтани доираи маъмулии дӯстони Кобул на дар асоси мушкилоти амниятӣ, балки дар заминаи инфрасохтор", - шарҳ дод Серенко ба Sputnik Тоҷикистон.

Роҳбари Афғонистон дар кӯшиши шахсии худ барои дастгирии ҳамсоягонаш дар минтақа рӯҳбаландии дипломатӣ нишон дод. Дар муддати кӯтоҳ, Ғанӣ ба Тошканд, Ашқобод сафар кард ва Тоҷикистон охирин давлати сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст, ки ӯ ҳанӯз ба он ҷо нарасидааст.

Манофеъи Кобулро дар Душанбе хуб дарк мекунанд ва аз ин рӯ мулоқоти ду президент самарабахш ва аз ҷиҳати созишномаҳои мутақобилан, судманд хоҳад буд.

"Афғонистон дар самти тиҷорат ва транзит як самти хеле умедбахш аст. Ҳар касе ки бо минтақа ҳамкориро на ҳамчун мушкил, балки ҳамчун манбаъ оғоз мекунад, аз ҳама бештар манфиат мебардорад", - таъкид мекунад Серенко.

Душанбе ҳадафи сафари Ғанӣ ба Тоҷикистонро гуфт

Берун аз Осиёи Миёна, чиниҳо аввалин шуда ба дарки ин мақсад расиданд, ки бидуни дастур ва оромона қарзҳои худро ба Кобул пешниҳод карданд. Маълум нест, ки Империяи Осмонӣ дар иваз чӣ хоҳад гирифт, аммо, тавре ки дар мисоли Тоҷикистон мебинем, ба эҳтимоли зиёд, саҳм дар конҳои металлҳои қиматбаҳо.

415
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон, Тоҷикистон
Ракетный комплекс Искандер-М

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

253
(Таҷдидшуда 20:21 26.02.2021)
Истифодаи ҷангии системаҳои силоҳи пешрафтаи технологӣ ва дақиқ, тайёрии баланд ва муносиби мутахассисони соҳаро талаб мекунанд. Дар акси ҳол, онҳо метавонанд ба "системаи хато" табдил ёбанд, парвоз накунанд, ё "10 дарсад" тарканд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik, Александр Хроленко. Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян натиҷаҳои амалиётҳои ахири Қарабоғи Кӯҳиро дар мусоҳиба бо 1in.am арзёбӣ карда, ба эътимоднокӣ ва самаранокии ҷангии силоҳҳои Русия шубҳа кард. Ба гуфтаи ӯ, мушакҳои маҷмааи оперативӣ-тактикии Искандар ё умуман натаркидаанд, ё "10 фоиз" таркиданд (шарҳе набуд).

Ҳамзамон, Пашинян изҳори ният кард, ки ислоҳоти назарраси артиш - сохторӣ ва дар робита бо силоҳро анҷом диҳад.

Вазорати мудофиаи Арманистон аз шарҳи изҳороти духӯраи сарвазир дар бораи Искандар худдорӣ кард. Шояд яке аз мушовирон ба Пашинян ба қадри кофӣ иттилоъ надодааст ва ё қасдан гумроҳ кардаанд.

Хусусиятҳои коршоямӣ ва эътибори системаҳои мушакии Русия ба дараҷае баланд аст, ки онҳо ба муҳофизат аз таҳқир ниёз надоранд.

Беҳуда нест, ки Русия сеяки бозори ҷаҳонии силоҳро таҳти назорат дорад. Ҳаҷми содироти силоҳи Русия дар соли 2020 13 миллиард долларро ташкил додааст. Ин рақамҳо ва далелҳо аз сифати маҳсулоти мудофиавӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари кишварҳо бо пули бо меҳнати худ ба даст овардашуда ва бо арзиши пурра ба даст меоранд.

Дар дастҳои қодир, низоми мушакии Искандар ба ҳадафҳо дар кӯҳҳои Қафқоз ва баҳр бомуваффақият зарба мезанад (ҳангоми машқҳо) ва дар ҳолати ҷангӣ - дар Сурия ва шимоли Африқо. Даҳҳо кишвар мехоҳанд чунин силоҳҳоро ба даст оранд ва танҳо баъзе кишварҳо имкони ба даст овардани тағйироти содиротии "Искандар-Э"-ро доранд.

Арманистон хушбахт аст, зеро ҳеҷ гуна мушакҳои квазисталлистӣ мавҷуд нестанд, ки аз ҷиҳати масофа ва дақиқашон муқоисашаванда бошанд ва барои мудофиаи зиддиҳавоии душман номумкин бошанд.

Васвасаи квазисталлистӣ

Русия қобилиятҳои технологии баландро бо ҳама кишварҳо пай дар пай тақсим намекунад. Дар ин замина, мусоҳибаи Пашинян ба мисли  тарошаи аз бомафтода аст. Маҷмааи Искандер-Мро артиши Русия соли 2006 сохт, ки дар синфи худ беҳтарин дар сайёра шинохта шудааст ва рейтинги "силоҳи солҳои 80" таҳқиромез ба назар мерасад.

Изҳороти ошкорои сарвазири Арманистон нисбати мушаки Русия ба мо имкон медиҳад, ки чанд фарзия ва хулоса барорем. Ноуҳдабароӣ ё маълумоти ғалат метавонад сенарияи ниҳоӣ нест (он хеле содда менамояд).

Шояд бадномкунии оммавии силоҳҳои Русия "масъалаи интихоби стратегӣ" бошад, ҷузъи барномаи муайяни ислоҳоти сохторӣ ва сифатии артиши Арманистон аст ва пас саволҳо ба миён меоянд. Ереван дар ояндаи наздик кадом силоҳро ба даст оварданист, ки мувофиқи кадом меъёрҳо қобилияти мудофиавии худро тақвият мебахшад? Ва, муҳимтар аз ҳама, ҳадафи ниҳоии марҳилаи нави рушди низомӣ чист?

Чунин тахмин кардан мантиқан аст, ки пас аз ҷангҳои тирамоҳӣ дар Қарабоғ хулосаҳо бароварда шуда, нақшаҳо омода шудаанд. Аммо, мақоле ҳаст, ки "Ғалаба ҳамеша падари зиёд дорад ва мағлуб ҳамеша ятим аст." Аз мусоҳиба бо Пашинян бармеояд, ки дар Вазорати мудофиа ва Ситоди Генералӣ корҳои зиёди таҳлилӣ бо мақсади "исбот кардан, фаҳмидан, дидани тамоми ҳақиқат дар бораи ҷанг" идома доранд, ки беш аз 1000 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Фаҳмидани он душвор аст, ки дар ин ҷо чӣ бештар аст - ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ислоҳи стратегия ё "таъини гунаҳгорон" - барои репрессияи минбаъда. Ва барои канорагирӣ аз масъулияти "падарон" -и асосии шикаст, ки шумораи онҳо ба таври объективӣ бо рақами бе сифр маҳдуд карда шудааст.

Дар матни васеи мусоҳиба оид ба амнияти миллӣ дар доираи "ӯҳдадориҳои СПАД дар ягон ҷумла зикр нашудаанд.

 СПАД ягона пуштибони боэътимоди Арманистон дар шароити нооромиҳои пас аз ҷанг ва сулҳи ноустувори Қарабоғ аст. Калимаҳои "инқилоб" ва "Конститутсия", ки зуд-зуд истифода мешаванд, худ аз худ чизе танзим нахоҳанд кард, онҳо амнияти кишварро кафолат дода наметавонанд.

Артиш асоси устувории ҳар як давлат аст, аммо муҳокимаҳо дар бораи "ислоҳоти назаррас" бидуни нақшаи мушаххаси амал харобиовар ба назар мерасанд. Инчунин баҳсҳои сатҳӣ дар бораи зарфиятҳои пасти ҷангии силоҳҳои Русия, бо ишораҳо дар бораи фасоди бебаҳс дар артиши миллӣ ва бахши таъминоти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ.

Ноаён ва муқовиматнопазир

Системаи мушакии Искандер-М барои нобуд кардани ҳадафҳои муҳими душман (пойгоҳҳои ҳарбӣ, постгоҳҳои фармондеҳӣ ва марказҳои иртиботӣ, системаҳои мушакӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар фурудгоҳҳо) дар масофаи то 500 км бо дақиқии баланд тарҳрезӣ шудааст (Арманистон Искандар-Э-ро гирифтааст, ки  масофаи он то 300 км) мебошанд.

Афзалиятҳои асосии маҷмаа: ҳаракати стратегӣ, қобилияти пинҳонӣ иҷро кардани вазифаи ҷангӣ ва зарбаҳои мушакӣ, ҳисобкунии автоматӣ ва вуруди рисолати парвоз, эҳтимолияти ба итмом расонидани рисолати ҷангӣ дар шароити зидди оташ ва чораҳои зидди электронӣ.

Ҳар як партоби Искандар мобилӣ ва мустақил аст. Он метавонад дар ҳама ҷо ва ҳар вақт ва ҳатто мустақилона аз моҳвораҳои разведка ё ҳавопаймоҳо кор кунад. Барои ҳадаф, барнома, системаи новбари инерциалӣ, сигналҳои моҳвораҳои ГЛОНАСС истифода мешаванд.

Туркия аз Русия системи мушакии С-400 "Триумф" мехарад

Ракетаҳои баландмаҳками "Искандар" сатҳи хурди инъикоскунанда доранд, роҳҳои мураккаби парвоз (бо рулҳои газ-динамикӣ ва аэродинамикӣ идора карда мешаванд). Комплекс ду навъи мушак дорад.

Системаи мушакии "Искандер-М" аз ҷиҳати дақиқӣ, самаранокии омода сохтани мушакҳо ва дигар хусусиятҳо аз беҳтарин маҷмӯаҳои оперативӣ-тактикии хориҷӣ (LORA, Lance, ATACMS, Pluton) бартарӣ дорад.

Аналоги наздиктарин маҷмааи оперативӣ-тактикии Исроил LORA мебошад, ки аз ҷиҳати масофа ва дақиқаш пасттар аст (зиёда аз ин, мушакҳои Лаура бо траекторияи пешбинишавандаи баллистикӣ ҳаракат мекунанд).

Нерӯҳои дарёии Русия сангарҳои "Давлати исломӣ"-ро дар Сурия мушакборон карданд

Амрикоиҳо ин ҷо қафо монда истодаанд - дар соли 2020 онҳо аз модернизатсияи маҷмааи "антиқа" -и ATACMS даст кашиданд ва акнун ба сохтани як мушаки зарбазани зарфияти баланд барои системаҳои мушакии сершумори M270 MLRS ва HIMARS бо масофаи то 300 км шурӯъ карданд. Тибқи пешгӯиҳои мутахассисони бонуфузи Федератсияи Русия, аналогҳои хориҷии Искандар на пештар аз соли 2025 пайдо мешаванд.

253
Барчаспҳо:
силоҳ, Русия, Арманистон

Ин хелашро надида будед: сӯхтор дар рӯди Об - навор

0
Падидаи бесобиқа - оташсӯзӣ дар миёнаи дарё - аз ҷониби шоҳидон, ки дар соҳили рӯди Об сайди моҳидорӣ доштанд, ба навор гирифта шуд

Дар Русия дарёе оташ гирифт: наворе аз шоҳидони ҳодиса дар саросари интернет паҳн шуд.

Тавре ки маълум шуд, дар ин сӯхтар омехтаи пропан-бутан дар ҳудуди тақрибан аз 120 то 200 метр оташ гирифтааст.  Он маҳлул аз лӯлаи об, ки аз қаъри дарё мегузарад, хориҷ шудааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ, сабаби оташ гирифтани маҳлул шарораи мошини барфи яке аз моҳидорон будааст.

Хаӣбар дода мегавад, ки дар натиҷаи ҳодиса як мард ҷароҳат бардоштааст.

Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео

Сӯхор бартараф карда шуда, худи ҳамон шаб маҷрои лӯлуро муваққатан бозистонданд.

0
Барчаспҳо:
Русия, рӯд, сӯхтор