Воздушно-десантные войска, архивное фото

Кафили амният: чаро Тоҷикистон яроқу аслиҳаи русиро интихоб мекунад

189
(Таҷдидшуда 20:12 18.07.2019)
Русия миёни кишварҳои дунё вобаста ба истеҳсоли яроқу аслиҳаи ҳарбӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Истеҳсолоти Русия дар ин бахш 30 дар сади бозори ҷаҳониро фаро гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Новобаста аз таҳримҳо “Рособоронэкспорт” дар соли 2018 зиёда аз 1,1 ҳазор созишнома бо маблағи 20 миллиард доллар (25% зиёд нисбати соли гузашта) ба имзо расонида, дар ҳаҷми 13,7 миллиард доллар  ба кишварҳои хориҷ яроқу аслиҳа фурухтааст. Инчунин ба миқдори 50 миллиард доллар дар асоси созишномаҳо фармоиш шудааст.

Маҷмааи саноати ҳарбии Русия алакай як сол пеш ба кор таъмин аст. Намояндагии “Рособоронэкспорт” дар зиёда аз 50 кишвари дунё ҷойгир шудаанд.

Талаботи бештар ба техникаҳои авиатсионӣ, воситаҳои дифои ҳавоӣ, мушакҳо ва маҷмааҳои артиллерӣ мебошад.

Омилҳои асосии рақобатпазир будани яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҷангии Русия дар сифати баланд, тавсифномаи беҳтарини муҳрибавӣ доштан, нархи дастрас, ба таври қарз додани онҳо ва бо кишварҳои ИДМ ба воситаи рубл ҳисобӣ кардани онҳо аст.

Хориҷиён аз ҳама бештар талабгори ҳавопаймоҳои ҷангии Су-30, ҳавопаймоҳои ҷанги-омӯзишии Як-130, чархболҳои ҷангии Ми-28НЭ и Ка-52, чархболҳои ҳарбии нақлиётии Ми-171 Ш ва Ми-17В-5 мебошанд.

Яроқу аслиҳаи русӣ дар ҳолати амалиётҳои ҷангӣ боваринок ва муфид мебошанд. Кишварҳои пасошӯравӣ ҳам дар давраи нимсолаи 2019 ҷойгоҳи махсус доштани яроқу аслиҳаи русиро тасдиқ намуданд.

Аз маърӯзаи институти байналмилалии таҳқиқоти Стокголм бар меояд, ки калонтарин харидорон аслиҳаи русӣ дар бозори ҷаҳонӣ Ҳиндустон (27%) ва Чин (14) мебошанд. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ – Озорбойҷон, Беларус ва Қазоқистон мебошанд. Маълумотҳои институти Стокголм гуногун мебошанд.

Дар раддабандии ҷаҳонӣ оид ба соҳаи ҳарбӣ Тоҷикистон тайи чанд моҳи охир ду зина боло рафта дар ҷои 94-ум қарор гирифт, аммо то ҳол миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун як кишвари зери хатарҳои террористӣ қарор дошта, боқӣ мемонад.

Мавқеъҳои хавфноки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1,3 ҳазор километрро ташкил медиҳанд ин дар ҳолест, ки дар шимоли Афғонистон 5 ҳазор ҷангҷӯй мавҷуд аст.

Дар пасманзари ин мавқеи хавфнок Русия уҳдадор шудааст, ки то соли 2025 барои навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 200 миллион доллар маблағгузорӣ намояд. Дар аввали моҳи май мақомоти Маскав ба намояндагони Душанбе ба маблағи 9 миллион доллар техникаҳои ҳарбӣ дода буд.

Также дар донишгоҳҳои низомии Русия наздик ба 600 донишҷуйи тоҷик ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 1000 низомиёни тоҷик дар назди плойгоҳи низомии 201-ум курсҳои ихтисоси мегузаранд.

Пойгоҳи 201-ум ва яроқу аслиҳаи Русия барои Тоҷикистон кафили асосии амният дар кишвар боқӣ мемонанд.

Ҳатто як омӯзиши кутоҳ имкон медиҳад муаян кард, ки муҳимияти стратегии яроқу аслиҳаи русӣ ва ҳамкориҳои низомии ҳарду кишвар барои пойдории истиқлол ва амнияти бисёр кишварҳо ва харқҳои пасошӯравӣ мавқеи хоса доранд.

Яроқу аслиҳаи нозуки Амрикою кишварҳои ғарб дар шароити зангини мо дер давом намекунанд.

189
Вице президент академии образования Таджикистана Каримова Ирина Холовна

Касбро намедонанд: Каримова дар бораи мушкили асосии довталабон дар Тоҷикистон

189
Довталабон дар Тоҷикистон аксаран ба факултаҳои иқтисод ва ҳуқуқ мераванд, зеро онҳо танҳо мехоҳанд  дипломи маълумоти олиро бигиранд ва намефаҳманд, ки пас аз донишгоҳ чи кор онҳо интизор аст, мегӯяд профессор Ирина Каримова

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тӯли солҳои зиёд ҷавонони Тоҷикистон  ихтисосҳои техникӣ ва табииро (ба истиснои тиббӣ) сарфи назар карда, ба ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон ва духтурӣ дохил мешаванд.

Ба гуфтаи Ирина Каримова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Академияи таҳсилот, далел он аст, ки дар самти омӯзиши касбӣ дар мактабҳо кор бурда намешавад ва ҷавонон як факултетро бо ихтисоси васеъ интихоб мекунанду  умедворанд мешаванд, ки маълумоти олӣ ба таври автомотӣ ҳадди аққал ягон корро таъмин мекунад.

Ба гуфти мутахассис онҳо дар бораи пас аз хат дар куҷо кор карданашон ва чи кас шуданашон фикр намекунанд.

“Эҳтимол баччаҳои ҷавонро гуногунрангии касбҳои ояндаи худ ҷалб мекунанд. Охир, боварӣ дорад, ки дар ҳама ҷо иқтисодчӣ лозим аст - вай метавонад ба муҳосиб, менеҷер, корманди бонк кор кунад.  Ҳамин тавр, қариб дар ҳама гуна ташкилотҳои тиҷоратӣ ҳуқуқшинос лозим аст. Аммо суол ин аст, ки оё онҳо дар бозор талабот хоҳанд дошт ", -шарҳ дод Каримова ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, ҳатто бо касби духтур, ки хеле маъмул ва обрӯманд аст, мушкилот вуҷуд дорад - аксарияти довталабон намефаҳманд, ки омӯзиши шашсола дар соҳаи тиб чӣ қадар душвор аст. Аз ин сабаб, бисёриҳо пас аз соли 1-2-юм донишгоҳро тарк мекунанд.

189
Абитуриенты, архивное фото

"Обрӯталош": чаро ҷавонони тоҷик ҳуқуқшинос, иқтисодшинос ва духтур шудан мехоҳанду халос?

524
(Таҷдидшуда 19:46 07.08.2020)
Пурхаридор будани ихтисоси ҳуқуқшинос ва иқтисодшинос - ин иштибоҳ аст, ки оқибаташ бекории ҷавонон аст. Аммо довталабон дар бораи дигар ихтисосҳои "бонуфуз" андеша ҳам намекунанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Чанде пеш дар рафти нишасти матбуотӣ мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ шикоят кард, ки довталабони зиёд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон асосан се касб - ҳуқуқшинос, иқтисодшинос ва пизишкиро интихоб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ҷавонон аз касбҳои техникӣ ва табииву риёзӣ рӯй мегардонанд. Ҳамин тавр, соли 2020 ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо бештар аз 110 ҳазор нафар номнавис карданд. Нафароне ки мехостанд ба факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ё тиббӣ дохил шаванд, аз нақша бештар -168 ва 167 дар садро ташкил доданд. Аммо дар ихтисосҳои техникӣ ин нишондод 80,5 дар садро ташкил медиҳад.

Муҳим: Маркази миллии тестӣ имтиҳонро дар асоси тарҳи нав доир мекунад

Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони соҳа пурсон шуд, ки чаро хатмкунандагон дар Тоҷикистон сӯи иқтисодшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ медаванд ва оё ин вазъ дар тамоми ИДМ аст.

Сабаб дар чист?

Мудири Маркази тестӣ авалин нафаре нест, ки ба ин масъала назар афгандааст. Моҳи феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мактаб, коллеҷ ва донишгоҳҳо дархост кард, ки ихтисосҳои техникӣ нуфузи пештараашро баргардонанд ва диққати ҷавононро бештар ин соҳаҳо ҷалб кунанд.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки кишвар ба муҳандисон, зоотехник ва агроном ниёз дорад. Аммо хатмкунандагони соҳаҳои гуманитарӣ зиёданд. Аз онҳо ба иқтисоди кишвар фоидае несту барояшон кор ёфтан ҳам осон нест.

Мантиқан кӯшиши пизишк шудани ҷавонон равшан аст, аммо боқимондаҳо чаро сӯи ҳуқуқшиносиву иқтисодшиносӣ медаванд?

Дар ҳоле ки давталабон ва волидонашон хуб дарк мекунанд, ки баъди хатми донишгоҳ кор ёфтан бе "тағо" осон нест.

Ба гуфтаи муовини президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова, фаннҳои ҳуқуқшиносӣ 20 сол инҷониб байни довталабон "баргузида" аст, ҷавонон ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳҳо бештар на дар бораи нақшаҳои ояндаашон фикр мекунанд, балки мақсадашон танҳо дохил шудану гирифтани диплом аст халос.

Дар Хуҷанд донишкадаи нав ифтитоҳ мешавад

"Ба фикри ман онҳо андеша намекунанд, ки дар оянда ба куҷо ва ба ҳайси кӣ ба кор медароянд. Шояд ҷавононро имконияти ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ҷалб кунанд. Зеро, ба қавле, иқтисодчӣ ба ҳа ҷо лозим аст - ӯ метавонад  муҳосиб шавад, менеҷер шавад ё дар бонк ба кор дарояд. Ҳуқуқшинос бошад, қариб ки ба тамоми ширкатҳо лозим аст", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи  Каримова, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ, ихтисосҳои забономӯзӣ, адабиётшиносӣ ва гуманитарӣ мӯд буд. Аммо бо пошхӯри Иттиҳод ҷои онҳоро муҳосибону ҳуқушиносон гирфтанд.

Пизишк бекор намемонад

Мушкилӣ дар он аст, ки давталабон бозори корро ба назар намегиранд. 

Корро дар хориҷа ёфтан ҳам сосон нест. Зеро масалан, агар ҳуқуқшинос панҷ сол ҳуқуқи Русияро таҳсил кунад ҳам, дар Русия рақобат бузург аст. Вазорати меҳнати Русяи ҳам мегӯяд, ки 80 дар сади хатмкунандагони факултаҳои ҳуқуқшиносӣ мувофиқи ихтисосашон кор намеёбанд.

Барои ҳамин мутахассисони тоҷик ба Русия муҳоҷир шаванд ҳам, ҳамчун коргари қаторӣ фаъолият бурда метавонанду халос.

Омили дигари интихоби ин касбҳо, мавҷуд будани кафедраи ҳарбӣ дар ин факултаҳо мебошад. Хизматгурезии ҷавонон ба андозаест, ки ҷавонон панҷ соли донишгоҳро аз ду соли хизмат аъло медонанд.

Дар соҳаи пизишкӣ бошад, довталабон бештар мафтуни "обрӯӣ" ин касб мешаванд, то дарсҳои дурударозу китобҳои зиёди даврони донишҷӯӣ.

"Тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, бештаринҳо намефаҳманд, ки ин касбро ба даст овардан осон нест, шаш соли пурмашаққати таҳсил дар донишгоҳро на ҳама донишҷӯё аз ӯҳдааш мебароянд", - тавзеҳ дод Каримов ба Sputnik Тоҷикистон.

Муҳим, пизишкони оянда дар пайдо кардани ҷои кор мисли ҳуқуқшиносон ё иқтисодшиносон ба мушкилӣ дучор намешаванд. Зеро дар хориҷ низ мутахассиони тоҷик серталабгоранд. Дар шаҳрҳои калони Русия кам нестанд духтурони тоҷик, ки донишгоҳи тиббии ба номи ибни Синои Тоҷикистонро хатм намудаанд.

Муаллим ва иқтисодчӣ: Назаршозода Лоиқ - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа кистАз Тоҷикисто

Қазия танҳо дар Тоҷикистон нест

Мувофиқат накардани ихтисоси хатмкунандагон ва ҷои кор - мушкилии танҳо Тоҷикистон нест. Ин ба тамоми кишварҳои ИДМ шинос аст.

Ба гуфтаи кошинос гап дар  шакливазкунии иқтисоди кишварҳо пас аз пошхӯрии СССР аст.

"Шояд дар Тоҷикистон ҳам таҷрибаи сисола ба кор рафт. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ аввал истеҳсолот қариб барбод рафт ва метахассисони техникӣ бекор монаданд. Ҳоло хатмкунандагонро ба донишгоҳҳои техникӣ даъват кунанд ҳам, аз ин нуфузи ихтисосҳо мазкур зиёд намешавад", - мегӯяд Митрофинова.

Дар Русия ва Қазоқистон вазъ вобаста ба гарон шудани арзиши нафт аз соли 2000, дигаргун аст. Ихтисосҳои муҳандис, архитектор, геолог ва химик дар кишвар пурнуфуз  ва дар бозори меҳнат низ серхаридоранд.

Тоҷикистон захираи бузурги бойгариҳои табииро коркард намекунад, соҳаҳои алоқа ва интернет бошад зери назорати шадид қарор доранд. 

"Тоҷикистон дар минтақа дар рушди гидроэнергетика пешрав аст, аммо шояд реклом намерасад, ки ҷавонон дарк намекунвнд, ки дар дохили худи кишвар имконияти бузурге барои ин мутахассион ҳаст", - таъкид кард вай.

Чи коршиносони тоҷик ва чи рус бар онанд, ки ба ихтисосҳои техникиву тибиӣ-риёзӣ "пиар" намерасад. Ҳанӯз аз даврони мактабӣ орзуи духтур шудану ҳуқуқшинос шудан ва либоси онро ба бар кардан дар дили кӯдакон пайдо мешавад, аммо онҳо дарк ҳам намекунанд, ки хилъати духтуриро аз садҳо давталаб яке ба бар мекунанд.

"Иродаи қавӣ": пизишки ҷавони тоҷик худ ва фарзандашро аз коронавирус дар Маскав наҷот дод

Ҳамчунин ба фикри касе ҳам намеояд, ки муҳандисон, биологҳо ва барномасозҳо ба маротиб аз дигарон бештар маош мегиранд.

524
Бухара, старый город

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

0
(Таҷдидшуда 13:21 09.08.2020)
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуданд. Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабӣ аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.

Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:

  • тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
  • меҳмонхонаҳо;
  • тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
  • марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
  • кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
  • бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 

Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.

Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

0
Барчаспҳо:
маҳдудият, қавонин, Бухоро
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон