Аз куштори Ҳувайдои 5-сола 1 сол гузашт. Қотилро чӣ интизор аст?

© © SputnikИгрушки Вайды
Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тафтишот нисбати қотили, духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо баъди як сол ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Расо як сол пеш фоҷиае шаҳри Серпухови вилояти Маскавро такон дода буд. Волидайни Ҳувайдо Тиллозодаи, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Серпухов зиндагӣ мекарданд аз нопадид шавии духтари 5-солаашон ба пулис хабар додаанд.

Кӯдак аз майдончаи бозии назди хонаи истиқоматиашон тақрибан соатҳои 16-17 нопадид шуд.  

Дар ҳол падару модари Ҳувайдо, ҳамсояҳо ва инчунин кормандони пулис ба ҷустуҷӯи ӯ партохтанд.

Ҷустуҷӯи қотили Ҳувайдои 5-сола

 Хувайдо Тиллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд

Баъди якчанд соати нопадид шудани Ҳувайдо, ҷасади беҷони ӯро дар дохили бордони варзишӣ дар назди хатҳои роҳи оҳан пайдо карданд. Шахсияти қотилро муаян кардан кори на он қадар мушкил буд. Қотили ҳувайдо ҳамсояи онҳо Александр Сёмини 28-сола будааст.

Баъди пайдо кардани ҷасади духтараки 5-сола маълум гардид, ки қотил ба номуси ӯ таҷовуз карда, баъдан ӯро бо бо азоб ба ҳалокат расонида будааст, гуфтааст ёрдамчии ҷамъиятии сенатори шӯрои Федератсия Елена Мизулина ва роҳбари ҳаракати “Сдай педофила”, Анна Левченко.

“Сабаби марги духтарак ба таври маҷбури буғӣ кардан будааст. Қотил даҳони духтаракро махкам карда ба шикамаш бо корд зарба зада, буғӣ карда будааст”, - гуфта буд Левченко ҳангоми тафтишот.

Кормандони ҳифзи ҳуҷуҷ сари вақт омада қотилро дар ҳуҷрааш дастгир намуданд.  Вай дар аввал инкор кард куштори духтаракро ва чунин ҷавоб дода буд, ки гуё ҳангоми дар дохили сумка буданаш нафасгир шуда будааст.

Баъди ба боздоштгоҳ бурдан Сёмин худро ба девонагӣ андохт гуё касали руҳӣ дошта бошад. Ҳамин тавр ӯро чанд маротиба ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол дода буданд.

Нозири минтақавӣ педафилро нодида гирифт

Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми тафтишоти куштори Ҳувайдо ва маълум шудани рӯзи маҷлиси додгоҳӣ

Баъди ба боздоштгоҳ афтидани Сиёмин маълум гардид, ки то ин вақт ҳамсояҳо аз болои ӯ ҳамчун педафил  шикоят бурда будаанд, аммо нозири минтақавӣ ба ин хунукназарӣ зоҳир намуда будааст.

Баъдан барои хунукназарии нозири пулис додгоҳ ӯро ба 10 моҳи корҳои ислоҳӣ ҳукм кард ва аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ ба мӯҳлати 2 сол маҳрум намуд.

Маълум гардид, ки моҳи июни соли 2017 Георгий Кузнетсов, нозири минтақавӣ дар шаҳри Серпухов, бояд шикояти як сокини шаҳрро нисбати Сёмин, ки ба духтараш бадрафторӣ кардааст, тафтиш мекард. Аммо ӯ аз ифтитоҳи парванда даст кашидаву хунукназарӣ намудааст. Дар натиҷа соле пас Ҳувайдо тӯъмаи муттаҳам мегардад.

Подозреваемый в убийстве 5-летней девочки в Подмосковном Серпухове - Sputnik Тоҷикистон
Таъхири мурофиаи нозири минтақавӣ, ки хунукназарияш бо марги Ҳувайдо анҷомидааст - видео

"Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Серпухов аз 24 апрели соли 2019 Григорий Кузнетсов мувофиқи моддаи 293 қисми 1 Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор дониста шуда, ба 10 моҳи корҳои ислоҳӣ бо боздоштани 10 дар сади музди кор ба фоидаи давлат маҳкум шавад. Ҳамчунин, Кузнетсов ба мӯҳлати 2 сол аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум гардад", - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Аммо ҷониби ҷабрдида, падари духтараки кушташуда Абдусалом Саидов аз ин ҳукми додгоҳ сахт нигарон буданд. Ӯ мегӯяд, ки онҳоро фиреб доданд.

Вакили хонаводаи ҷабрдида Дагир Хасавов низ,  ин ҳукмро "иғво" мехонад. Вакил дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст.

Аз беморхона ба зиндон

Худи гунаҳкори асосӣ, яъне Сёминро чӣ интизор аст? Ӯро баъди боздошт барои экспертиза равон када буданд ва ҳоло дар беморхонаи руҳии Смоленск қарор дорад.

Дагир Хасавов - адвакат семьи Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Вакили хонаводаи Ҳувайдо - Хасавов: Сёмин роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад

“Табибон вазъи руҳии қотилро реактивӣ арзёбӣ мекунанд. Гуё он ба саволҳо наметавонистааст дуруст ҷавоб гуяд. Аммо новобаста аз ҳама тафтишот як ҳафта пеш ба анҷом расидааст ва муфатишон ҳамаи санадҳои лозимаро пешниҳод кардаанд. Рӯзҳои наздик санадҳоро ба додгоҳи вилоятии Маскав барои қабули қарор дар бораи табобати иҷборӣ мефиристанд”, - гуфтааст адвакати хонаводаи Толлозода ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба табобати иҷборӣ фиристодан мувофиқи таҷрибаҳо ин маънои онро дорад, ки Сёмин тайи ду моҳ зери табобат қарор гирифта, баъдан ба додгоҳ баргардонида мешавад барои пурсиш ва парвандааш дар асосӣ далелҳо бояд махкам карда шавад.

Дар ҳама ҳолат метавон гуфт, ки баъди қарори додгоҳ Сёмин боқимондаи умрашро дар п зиндон сипарӣ хоҳад мекунад.

Родители Вайдо в доме - Sputnik Тоҷикистон
Тамдиди ҳабси Сёмин, таҳдиди холааш ба падари Ҳувайдо: "пулашро нагирифтам, иғво мекунад"

Ба ин метавонад воқаи Хабаровск, ки дар моҳи апрели соли 2018 рух дода буд мисол шавад. додгоҳ ӯро ба ҳукми умрбод равонаи зиндон карда буд.

Тоҷикон ҳукми додгоҳро нисбати ин фоҷеа пайгирӣ мекунанд

Як соли паси сар шуда за қатли Ҳувайдо барои волидайни марҳум сахттарин рӯзҳо буданд.

Хонаводаи Тилозода 10 сол пеш аз шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ба Русия омада буданд. Онҳо барои кору пеш бурдан рӯзгори худ мулки бегонаро маҳали иқомати худ қарор доданд.

Як соли сипаришуда баъди қати Ҳувайдо барои волидайнаш хело мушкил буд. Аммо онҳоро мардуми бетарафу хайрхоҳ ба ҳар тавре, ки набошад да стгирӣ мекарданд.

Ба гуфтаи вакили дифои ин хонавода намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз рафти кори додгоҳ ҷидди назорат доранд.  Кормандони сафорат як чанд бор барои дастгирии падари марҳум ба додгоҳ омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0