Здание предприятия Нури Ховар (Заря Востока)

Аз урониюм то калушу метал: Табошар чи гуна шаҳр шуд?

408
(Таҷдидшуда 17:57 12.09.2019)
Табошар, қабл аз он, ки шаҳр шавад, як қишлоқи кӯчак буд. Мавҷудияти канданиҳои фаровони табиӣ ба хусус уран, ба ин деҳа мақом бахшид ва соли 1938 он шаҳрак шуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Нахустин бомбаи  ҳастаӣ (атомӣ), ки хамирмояи он, аз уран иборат мебошад, аз ҳисоби маводи конҳои ҳамин шаҳрак ба даст омада ва тавону иқтидори мудофиявии Иттиҳоди Шӯравиро тақвият бахшидааст.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта, Иттиҳоди Шӯравӣ, барои нерӯманд гардонидани аҳамияти мудофиявии худ, ба сохтани аввалин бомби ҳастаӣ (атомӣ) шурӯъ кард.  Барои коркарди уран, ки хамирмоя, ё маводи меҳварии ин яроқи мудофиявӣ ба ҳисоб меравад, дар шаҳри Чкалови собиқ, ҳоло Бӯстон дар шимоли Тоҷикистон, Корхонаи кӯҳӣ-кимиёвии Ленинобод (Ленинабадская горно-химическая комбинат) таъсис дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии “Фузулоти нодири Шарқ” (пештар Востокредмет) ҳоло ҳам мавҷуд мебошад. 

Ҳарчанд, ин корхона дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) таъсис дода шуд, аммо конҳои истихроҷи уран дар Табошари пештара, ҳоло шаҳри Истиқлол воқеъ буд. Бахше аз маводи уран, барои силоҳи ҳастаӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ё СССР аз ҳамин ҷо ба даст омадааст. Зимнан дар шаҳри Истиқлол (Табошар) конҳои бозмонда аз он давронро метавон дид, ки аҳамияти геологии ин макону воқеъияти он замонро собит мекунанд.

Здание хукумат города Истиклола (Табошар)
© Sputnik
Здание хукумат города Истиклола (Табошар)
Корхонаи “Фузулоти нодири шарқ” (собиқ “Востокредмет”)  ҳудуди 20 сол ба коркарди уран машғул шуд ва дар соли 1967 аз кор бозистод.

Аммо дар соли 1968 дар пайи аз фаъолият мондани “Фузулоти нодири шарқ” корхонаи дигар бо номи “ Завод “Заря Востока” - ҳозира КВД “Нури Ховар” созмон дода шуд. Ин корхона ибтидо филиали комбинати химиявии Бийск буд ва баъд аз соли 1970 мустақил шуд ва он расман “Завод “Заря Востока” номида шуд, ки ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар” дар шаҳри Истиқлол (Табошар) мебошад.

Бунёди ин корхонаи дорои заминаи кифояи энергетикию истеҳсолӣ  ба рушди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрак пояи устувор гузошт ва Табошарро як исми маъруф дар миёни давлатҳои Шӯравии пешин қарор дод.

Соли 1972 дар ин Корхона барои аввалин бор истеҳсоли калушҳои миллӣ ба роҳ монда шуд. Дар соли 1976 сехи истеҳсоли қубурҳои ба фишори баланд мутобиқ ва баъдтар сехили истеҳсоли нон ва матоъҳои полиэтиленӣ роҳандозӣ гардидааст.

Татьяна Пантелеева, мудири бахши иқтисод ва савдо дар ҳукумати шаҳри Истиқлол дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамагӣ баъд аз ду се соли таъсисёбиаш  ин Корхона бо нишондоди ҳаҷман баланди истеҳсолӣ рекорд гузошт.

“Корхонаи “Нури Ховар” (собиқ Заря Востока) ҳаҷми истеҳсоли ноқилҳои гармидиҳандаро ба беш аз 450 ҳазор метр, истеҳсоли респираторҳоро ба 38 милион адад, ва тавлидоти калушро ба 7 милион ҷуфт дар як сол расонида, ба марраи рекордӣ дар миёни коргоҳҳои саноатии собиқ Шӯравӣ расидааст”, - афзуд Пантелеева. 

Современный Табошар, архивное фото
© Sputnik
Современный Табошар, архивное фото
Бино ба арзёбии ҳолдонҳо Корхонаи “Нури Ховар”, то соли 1985 мунтазам кор карда, то 20-30 сехҳои гуногуни истеҳсолӣ ташкил кардааст.

То замони бозистодани чархаҳои ин Корхона дар шаҳраки Табошар ҳудуди 20 ҳазор аҳолӣ ба ҳисоби намояндагони 17 миллат зиндагӣ мекард.  

Аммо баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, фаъолияти иқтидории ин Корхона ба шиддат поин рафт.  Ашёи хоме, ки аз ҳисоби давлатҳои узви Шӯравӣ ворид карда мешуд, бо сабаби носозгории он замон қатъ гардид ва ин ҳол корхонаро аз фаъолият мононд. Ин ҳол боис шуд, аксар кӯҳканҳову саноатчиёни русу олмон ва дигар миллатҳо ин шаҳрро тарк карданд.

Соли 1993 баъди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил шуд, ба шаҳраки Табошар, мақоми шаҳри тобеи вилоят дода шуд.  Ҳоло шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) яке аз шаҳрҳои тобеъи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 

Зимнан ин аввалин шаҳр дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи 29 марти соли 2012 дар асоси  Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр бо номи Истиқлол иваз карда шуд.

Дома построенные из камня г. Истиклол
© Sputnik
Дома построенные из камня г. Истиклол
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири тақвияти иқтидори саноатӣ ва дубора эҳё намудани шуҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) дар соли 2017 Заводи металургии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  Бино ба иттилоъи расмӣ, ин корхона бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби сармояи давлатӣ  ва хориҷӣ аз ҳисоби кишвари Чин сохта шудааст.

Гуфта мешуд, иқтидори лоиҳавии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” дар шаҳри Истиқлол дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, имкон дорад, 600 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гарданд. Дар ҳоли ба кор андохтани марҳилаи дуюуми сеюми ин корхона рақами шумори коргарон то ба 2000 афзоиш хоҳад ёфт.

Аммо ҳоло мушоҳида мешавад, ки “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” воқеъ дар шаҳри Истиқлол фаъолият намекунад ва сабаби дуруст кор накарданаш ҳам шаффоф нест.  

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ шумори кормандони ин корхона аз 600 нафари соли аввали фаъолият, то ба 423  нафар дар соли 2018 ва ба 391 нафар то давраи шаш моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

Вход в парк Табошара
© Фото : из личного архива Александра Бриттнера
Вход в парк Табошара
Қаблан мушкили обрасонӣ ва таъмин бо хатти барқ аз проблемаҳое барои ба кор андохтани корхона гуфта мешуд. Аммо ин проблемаҳо ба кӯшиши мақомоти шаҳри Истиқлол ҳал шуда, аммо ҳанӯз гардиши чархаҳои Корхона ба назар намерасад.

Баъзе коршиносон ба фориғболии масъулини корхона  ишора карда мегуянд, ки чиниҳо тарафдори ҳарчи бармаҳал ба кор андохтани корхона нестанд, то, ки сирри худро ифшо накунанд.

Ба арзёбии коршиносон кони маъдани воқеъ дар минтақаи Зарнисор, ки дар ихтиёри “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” қарор дода шудааст, аз хокае иборат буда, ки дар таркибаш, зуҳуроти нуқраву тилло мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз хитоиҳо намехоҳанд, инро фош созанд ва онҳо хостори ворид кардани маъдан аз кишвари Узбакистон ҳастанд. Зеро хокаи ин кон дар Корхонаи истеҳсоли нуқра, ки тобеъи “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой” дар Зарнисори шаҳри Гулистон мебошад, коркард карда мешавад.

Дома построенные из камня г. Истиклол
© Sputnik
Дома построенные из камня г. Истиклол
Қарор буд, дар паи ба кор оғоз кардани ин “Ширкати кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Хитой”дар шаҳри Истиқлол, сохтмони басти дуюми он дар соли 2019 шурӯъ шуда ва то соли 2020 бахши сеюми он ба кор даромад, коркарди анвоъи гуногуни метал аз ҷумла мис, руҳ ба роҳ монда шавад. Аммо мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки  кор дар ин самт тибқи нақша сурат намегирад. 

Чаҳор корхонаи саноатии шаҳр, ҳаҷми маҳсулоти саноатиро давоми шаш моҳи соли равон  ба 16 милиону 468 ҳазор сомонӣ расонидаанд.

Ҳоло дар ин шаҳр зиёд иморату иншоотҳоеро дидан мумкин аст, ки танҳо дар онҳо замоне кор мунтазам ҷараён доштааст, аз ҷумла  Корхонаи “Нури Ховар” (пештара “Завод “Заря Востока”), ки барои ба даст овардани иқтидори пешинаи саноатиаш ба гардиш даровардани зиёд чархаҳои он лозим меоянд.

Ҳоло шаҳр боқӣ мондааст, аҳолии қобили мулоҳиза низ ҳаст, аммо корхонае, ки бо фаъолияти густурдаи худ, нишондодҳои истеҳсолиро дар ин шаҳри таърихан саноӣ назаррас гардонад, кам дида мешавад.

408
Барчаспҳо:
Хуҷанд, бино, таърих, Табошар, Суғд, Тоҷикистон

Чаро Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Белорусияро манъ кард?

264
Bloomberg дар бораи манъ кардани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоиро зидди Белорусия хабар дод. Владимир Лепехин, мудири генералии Институти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, дар пахши радиои Sputnik вазъро аз нуқтаи назари худ шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти нашрия, давлати баҳримиёназаминӣ бо чораҳои пешниҳодкардаи алайҳи Белорусия розӣ нашуд. Ва кӯшиш кард ба рӯйхатҳои таҳримии ИА ҳафт ширкатҳои туркиро дарорад, ки дар корҳои пармакунии истихроҷи гази табиӣ дар дохили минтақаи иқтисодии Кипр иштирок карданд.

Барои қабул кардани таҳримҳои зидди Белорусия розигии тамоми 27 давлати узви Иттиҳоди Аврупо зарур аст.

Владимир Лепехин, мудири генералии Институти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, дар пахши радиои Sputnik гуфт, ки мавқеи ягона нисбати таҳримҳо дар ИА нест.

"Мо дида истодаем, ки ду давлати бузурги аврупоӣ — Фаронса ва Олмон — кайҳо мавқеи худро дигар карданд, онҳо дар эълон кардани таҳримҳои  иқтисодиро тамоман манфиатдор нестанд. Яъне дар Аврупо ихтилоф мавҷуд аст. Ҳама ҳодисаҳои Белорусия аз тарафи Полша, Литва, бо дастгирии Бритониёи Кабир ва фондҳои гуногуни Амрико — на Вашингтону Қасри Сафед, балки демократҳои амрикоӣ, тарафдорони (Ҷорҷ) Сорос ва ғайра ташкил мекунанд. Онҳое, ки дар Белорусия эътироз доранд, таҳримҳои зидди ҳам Русия, ҳам Белорусияро пеш мебаранд, аммо тарафдории комил надоранд. "Бозӣ" рафта истодааст. Ягонагии пештара ва мақсади эълон кардани таҳримотҳои иловагӣ нест. Чаро "инқилоб"-и Белорусия имконияти идома ёфтанро надорад? Чунки тарафдорони ашаддии сарнагун кардани (президенти Белорусия Александр) Лукашенко, аз ҷумла сиёсатшиносони Полша ва Литва, акнун дастгирии бисёри давлатҳои Аврупоро надоранд. Инқилоб барор нагирифт, кӯшиш ба марҳалаи муқовимаи шадид бесамар шудааст, Русия ба Белоруссия ёрии худро ваъда дод. Ҳамаи инро дар Ғарб мефаҳманд", — гуфт Владимир Лепехин.

Лукашенко назди Путин меояд: сафари роҳбари Белорус ба Маскав

Қаблан ИА эълон кард, ки интихоботи президентии Белорусияро одилона ва бошарафона ҳисоб намекунад ва натиҷаҳояшро эътироф намекунад. Ва ғайр аз ин, роҳбарони ИА дар бораи ҷорӣ кардани таҳримотҳои шахсӣ нисбат ба Минск аз пушти истифодаи зуроварӣ зидди эътирозкунандагон ва чӣ тавре дар ИА ҳисоб мекунанд, аз пушти сохтакории интихобот аҳду паймон кардаанд. Манъи вуруд ба дохили давлатҳои худ барои 30 мансабдорони Белорусия Эстония, Латвия ва Литва аллакай ҷорӣ карданд.

Тибқи гуфтаи намояндаи хадамоти матбуоти Комиссияи Аврупо ва умури сиёсати хориҷии ИА Петер Стано, Иттиҳоди Аврупо кори худро аз болои рӯйхати одамоне, ки зидди онҳо таҳримот аз пушти вазъият дар Белорусия ҷорӣ карда мешаванд, идома медиҳад.

Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ

264
Председатель комиссии по миграции Совета по делам национальностей при Правительстве Москвы Юрий Московский

Московский: соддагардонии дарёфти шаҳрвандӣ барои муҳоҷирону Русия манфиатовар хоҳад буд

174
(Таҷдидшуда 14:02 12.09.2020)
Юрий Московский, раиси Комиссияи муҳоҷирати Шӯрои корҳои миллатҳои назди ҳукумати Маскав, директори лоиҳаи Фонди рушди муносибатҳои байналмилалии "Ҳамсоягӣ" тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Барои шаҳрвандони хориҷӣ барномаи содда кардани шаҳрвандии Федератсияи Русия таҳия карда мешавад. То охири сол, департамент бояд консепсияи қонуни нави федералӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро пешниҳод кунад.

"Ин саволи деринаи таъхирнопазир аст. Соддагардонии расмиёт, пеш аз ҳама, барои давлати Русия сабукии назаррас аст, зеро расмиёти иловагии бюрократӣ ҳам барои буҷа ва ҳам барои кормандон сарбории зиёд дорад", - гуфт Маскав Sputnik Тоҷикистон.

Гарчанде ки одатан мухолифони тағирот ба қонунгузории муҳоҷират чунин мешуморанд, ки ин барои муҳоҷирати беназорат дар Федератсияи Русия муфид аст, афзуд ӯ.

Ба ақидаи ӯ, ин ҳамзамон сабукӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Зарурати тағир додани қонунгузорӣ вуҷуд дорад ва аз нуқтаи назари техникӣ ин кор хеле осон аст.

Баъди 15 сентябр чӣ мешавад? генерал Казакова дар бораи сабукиҳо ба муҳоҷирон-садо

Ёдовар мешавем, ахиран сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова гуфт, айни ҳоб барномаеро рӯйи даст дорад, ки ҳадафаш осон кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва дарёфти шаҳрвандии Русия мебошад.

174
Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, муҳоҷират, Юрий Московский, Русия
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

0
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон