Проверка документов

Муҳоҷирбадбинӣ: оё Русия хостори муҳоҷирон ҳаст?

173
(Таҷдидшуда 20:13 24.09.2019)
Расонаҳои хабарӣ мунтазам ва дар бисёр ҳолатҳо барқасдона дар мавзӯъҳои бадбинии муҳоҷирон аз ҷониби сокинони маҳалӣ ва хатарҳои вазнин ба ҷони зодагони Осиёи Миёна дар минтақаҳои мухталифи Русия маълумот интишор менамоянд

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik, Никита Мендкович. Баъзе нашрияҳои русӣ мавзуӣ муҳоҷирбадбинӣ ва хушунати миллиро мунтазам ба кор мебаранд.

Кӯшиш мекунем, ки вазъро омухта муйро аз хамир ҷудо кунем. Барои амалӣ гардонидани иқдоми мазкур ба натиҷаи тадқиқоти коршиносони рус ва хориҷ дар солҳои охир назар меафканем.

Дар оинаи ҷомеашиносӣ

Тақрибан ҳамаи тадқиқотҳои дастрас оғоз аз солҳои 2013-2014 аз беҳтар шудани муносибати сокинони маҳалӣ нисбати муҳоҷирон ва бещтар шудани фазои байналмиллалӣ дар Русия дарак медиҳанд. Масалан, аз рӯи маълумоти бунёди “Офкори ҷамъиятӣ” ҳиссаи ашхосе, ки шоҳиди муқовиматҳо миёни сокинони мащалии Русия ва муҳоҷирон шудаанд дар давоми 5 сол аз 22 то 13% поён фаромадааст. Ҳиссаи ашхосе, ки муносибати сокинонро бо муҳоҷирон “хуб” арзёбӣ мекунанд аз 20 то ба 44% боло баромадааст.

Ҳиссаи афроде, ки тарафдори баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо дар Русия мебошанд, аз 63% то 73% расидааст. Шумораи ашхосе, ки тарафдори бемамоният омадани муҳоҷиронан ба Русия қариб чаҳоряк баробар – аз 31 ба 39% афзудааст.

Қисми зиёди тарафодорони маҳдудияти омадани муҳоҷирон (23%) бо ёдоварӣ аз баъзе мушкилҳо, ки ҳоло кишварҳои Аврупо рӯ ба рӯ шудаистодаанд ба омадани муҳоҷирон аз баъзе кишварҳои хатарнок зид мебошанд.

Ба омадани зодагони Осиёи Миёна аз миёни пурсишшудагон танҳо 4% шаҳрвандони Русия муқобилият нишон додаанд.

Аз беҳтар шудани муносибатҳо миёни муҳоҷирон ва сокинони таҳҷоӣ тайи солҳои охир тадқиқотҳои бунёди “Афкори ҷамъиятӣ”, Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ва дигар тадқиқотҳои иҷтимоии академӣ ва як қатор тадқиқотҳои академии иҷтимоӣ дар Маскав, Екатеринбург, Ростов, Калуга ва дигар шаҳрҳо шаҳодат медиҳанд.

Ягона ташкилоте, ки бад шудани вазъро аз рӯи равандҳои боло ба қайд гирифтааст ин ҷамъияти “Маркази левада” мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин марказ дар соли 2016 аз рӯи қонун аз иштирок дар ҷамъомадҳои интихоботӣ маҳрум шуда буд. Пасон ба интишори маълумотҳои дорои хусусияти манфӣ шуруъ кард. Ҳатто “Маркази левада” низ то соли 2017 аз беҳтар шудани муносибати сокинони маҳалӣ нисбати муҳоҷирон хабар медод.

Нишонаҳои бадбинӣ

Ба ҳақиқати вазъ ва хатари он дар асоси миллатбадбинӣ дар Русия аз рӯи омор, ки аз ҳисоботи расмӣ дуранд, менигарем.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “НПО “Сова” дар соли 2013 шумораи ҷабрдидагонро дар заминаи бадбинии миллӣ 199 нафар ба қайд гирифта буд, ки аз он 58 нафараш зодагони Осиёи Миёна буданд. Дар соли 2018 ин шумора ба 57 нгафар расида буд, ки аз он 5 нафараш зодагони Осиёи Миёна буданд. Ин дар ҳолест, ки шумораи муҳоҷирон аз ин минтақа чандин миллионро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ пайгирии хусумати миллӣ дар Русия ба як анъанаи беасос табдил ёфтааст, ки на он қадар ҳақиқати воқеӣ дорад. Ба ҳисоби миёна барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон хатари қурбонии корҳои ҷиноӣ дар ватани худашон нисбат ба Русия бештар аст.

Ғайр аз ин 68% ҷиноятҳо ба муқобили муҳоҷирон дар Русия аз ҷониби ҳамватанони худашон сар мезананд. Ин ҳолатҳо бештар ба ғорати муҳоҷирон аз ҷонибюи ҳамшаҳрҳои худ ва ё ҷалби онҳо ба дигар ҷиноятҳо муайян мегардаднд.

Аммо мо ба суи мавзӯи худ яъне бадбинии муҳоҷирон аз ҷониби сокинони маҳалӣ бар мегардем. Ин ҷо метавон ба авҷи ҳувиятгароии миллати рус назар андохт, ки бар зиди муҳоҷирони меҳнати равона шудааст.

Дар соли 2013 дар роҳпаймоии ба ном “Қадамзании рус” (“Русский марш”) аз рӯи ҳисобҳои мухталиф аз 6 то 10 ҳазор нафар иштирок карда буд. Дар соли 2018 бошад ин шумора то 150 ҳазор нафар расида буд.

Бештари коршиносон ва таҳлилгарон бар онанд, ки дар Русия миллатгароӣ аз решааш аз байн меравад. 

Бешубҳа як қисмати фаъоли бадбинони миллатҳои ғайр боқӣ мемонанд, аммо рақамҳои оварда шуда бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки шумораи онҳо кам шуда истодааст.

Ақидаи муҳоҷирон

Кӯшиш мекунем масъалаи мазкурро аз нигоҳи муҳоҷирон дида бароем.

Дар аввали соли 2019 Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Миёна (аз тарафи ИМА маблағгузорӣ мешавад) натиҷаи пурсиши муҳоҷирони қирғиз, ки дар Русия ба сар мебурдаанд интишор намуд. Дар ин раддабанди 60% аз муносибати хуби сокинони маҳалӣ дар Русия ҷонибдорӣ намуда 26% - бетараф ва 14% ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда будаанд. Дар ин ҳол зиёда аз 3% хоҳиши зиндагӣ ба таври ҳамешагӣ дар Русияро доранд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, акс аз бойгонӣ
Министерство занятости и трудовых отношений Узбекистана

Чунин пурсиш миёни муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Озорбойҷон дар шаҳри Санкт-Петербург низ гузаронида шуда буд. Аз ин миён 10% муҳоҷирон аз он гила карданд, ки бо мушкилиҳои миллатбадбинӣ аз тарафи русҳо дучор шудаанд.

Дар соли 2018 Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия RUSI Бритониё таҳқиқоти якҷоя гузарониданд. Аз миёни қиризғизҳо ва узбакҳо 13% гуфтанд, ки дар Русия бо мушкилии миллию нажодӣ рӯ ба рӯ шуданд дар ин ҳол 8%-и тоҷикҳо ба чунин чушкили гирифтор шуда будаанд. бисёри пурсидашудагон аз таҷрибаи ҳаёти шахсии худ мисол оварданд, на ин ки аз шунидаашон.

Иштироккунандагони ин раддабанди нисбат ба бадбинии муҳоҷирон аз ҷониби русҳо аз мушкилиҳои ҳуҷҷатӣ ба монанди қайди иқомат ва иҷозаи кор гила карданд. Нисбат ба хушумати миллӣ мушкилиҳои ҳуҷатомодакунӣ ба маротиб зиёданд.

Сабабҳои тағйири вазъ

Беҳтар шудани ҷараёни муносибат бо муҳоҷирон тайи 5-6 соли охир дар Русия ин сабабҳои хос дорад.

Якум ин ки дар соли 2010 шумораи муҳоҷирон аз меъёр зиёд шуд ва қариб, ки ҳар як сокини маҳалӣ дорои ҳамсоя муҳоҷир гашт. Баъди ин сокинони маҳалӣ ба ҷои хушумат бо муҳоҷирон унс гирифтанд.

Масалан ҳангоми пурсиш дар Ростов чунин ҷавоб ҳам будааст: “Ман алакай бо он миллатҳое, ки дар ин ҷо кор мекунанд омухта шудаам. Шаҳри байналмилалӣ ин як чизи муқарарӣ шудааст. Шаҳр бе миллатҳои дигар безеб менамояд”.

Дуюм ин ки назорат болои тартиботи муҳоҷират беҳтар шудааст. Қайд мешавад, ки дар солҳои аввал масъалаи миллат барои муҳоҷирон мушкилӣ пеш меовард, аммо 8-9 соли охир шумораи муҳоҷирони ҷинояткор ва ҷиноят нисбати муҳоҷирон кам шудааст.

Сеюм ин ки дар соли 2014 руссҳо аз вазъият дар Донбас ба ҳаяҷон омада самти ақидаҳояшонро нисбати хусумати миллӣ тағйир доданд.

Фоҷеаҳои Украина шоҳиди он гаштанд, ки хусумати миллӣ ва муносибатҳои душманона ба чӣ оварда мерасонанд. Ва ин сабаб шуд, ки самти фикрҳои русҳо нисбати махсусан зодагони Осиёи Миёна тағйир ёбад.

Бояд гуфт, ки ҳаёти муҳоҷирон хоҳ нохоҳ мушкилиҳои зиёд дорад ва онҳо худ бо мушкилиҳои ҳаррӯза рӯ ба рӯ мешаванд, аммо ин мушкилиҳои ҳалшаванда мебошанд. Муҳим он ки хусумат нисбати муҳоҷирон аз байн бурда шавад, то ки ҷони онҳо дар ғарибӣ дар хатар набошад.

173
Женщина несет своего ребенка

Янки, гоу ҳоум: дар Сурия боз чӣ мегузарад?

218
(Таҷдидшуда 19:50 11.08.2020)
Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва дастаи посбонон, ҳамалоти мушакӣ ва инфиҷори минаҳои заминӣ дар тули масири сутунҳо - барои низомиёни амрикоӣ замини Сурия танг мешавад. Ҳамалотро на танҳо гурӯҳҳои террористӣ мезананд. РИА Новости таҳқиқ кард, аз ҳузури ИМА дар кишвари арабӣ боз кӣ нороҳат аст.

Аз чор тараф

Чанде пеш пойгоҳи низомии ғайриқонунии ИМА дар музофоти Хасек дар шимолу шарқии Сирия зери аҳдофи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифт. Инҷо дар шасткилометрии ҷануби шаҳри Ал-Хасак амрикоиҳо аэродромеро барои қабули чархболҳои ҳамлавар ва боркашон муҷаҳҳаз карда буданд. Бино ба иттилои расонаҳои Сурия ба пойгоҳи мазкур гурӯҳи номаълум ҳамла оварданд.

Вақтҳои ахир амрикоиҳоро дар Сурия доим тир мезананд ва онҳо осеб мебинанд. "Номаълумҳо" бештар қисми посбонии низомиёни ИМА-ро қир мекунанд.

Чунончи, охири моҳи май гурӯҳи худравҳои пур аз низомиёни Амрико ва ҷанговарони гурӯҳи "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро дар Дайр-аз-Зор дастаи мусаллаҳ бо автомат, мусалсал ва норинҷак ҳамла оварданд. Дар натиҷа се арикоӣ ва 5 узви НДС маҷрӯҳ шуданд.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Моҳи апрел бошад, силсилаи ҳамалот дар музофоти Хасака анҷом дода шуд. Аз ҷумла, мошини зиреҳдори "Хаммер"-ро, ки низомиёни амрикоӣ ва узви НДС савор буданд , "Шахсони номаълум" дар наздикии деҳаи Рувейшид тирборон карданд. Дар натиҷа чанд тан маҷрӯҳ шуданд. Дар пайи чунин як ҳодисаи дигар дар Дайр-аз-Зор як афсари амрикоӣ ва ҷанговари НДС ҳалок шуданд. Пас аз як ҳамлаи дигар ду амрикоӣ бенишон гум шуанд. Сарнавишти онҳо то ҳол рӯшан нест.

Борҳо дар роҳи патрулҳо таҷҳизоти тарканда мепартоянд. Моҳи июл дар Дайр-аз-Зор автомобили низомиёни мунфаҷир шуд. Талафоти бештарро амрикоиҳо моҳи январи соли гузашта доштанд: дар Манбиҷ дар шимоли Сурия дар наздикии патрули пиёдагард минеро мунфаҷир кард, дар натиҷа ду аскар, Корманди Вазорати дифои ИМА ва як ҷанговар кушта шуданд.

Пентгон бошад бештари хабарҳоро рад мекунад ва "фейк" мебарорад.

Мубориза барои захираҳо

Коршиноси ҳарбӣ Юрий Лямин дар мусоҳиба бо РИА Новости таъкид кард, ки воҳидҳои низомии Амрико ва патрулҳояшро қабилаҳои маҳаллӣ, ки зери истилои ИМА ва ҳаммаслакони вай мондаанд, метавонанд анҷом диҳанд.

"Инҳо арабҳое мебошанд, ки дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ба сар мебаранд, - мегӯяд Лямин. Феълан, онҳо амалан дар зери ҳокимияти курдҳо, ки амрикоиҳо дастгириашон мекунад, қарор доранд. Албатта, одамон норозианд, онҳо пурра аз вазъият норозиянд ва ҷонибдори бо Димишқ буданд".

Дар ҳоле, ки ин қабила мусаллаҳ ва тамриндидаанд.

Бо далели он ки дар кишвар чанд сол боз ҷанги шаҳрвандӣ меравад, силоҳ дар дасти аҳолӣ басанда аст, - таъкид кард Лямин. Аз ҷумла намудҳои гунонуи он, миномет ва пулеметҳо низ ҳастанд".

Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ин амалан мубориза байни худи дуздон аст, - таъкид кард вай. - Аз як тараф, Пентагон ҳаст, аз тарафи дигар - гурӯҳҳои саноативу молӣ, ки манфиатҳои ширкатҳои низомии алоҳидаро ҳимоя мекунанд, метавонанд ҳамон террористҳоро мусаллаҳ кунанд.

Ба гуфтаи вай, Пентагон дар бозиҳои Сурия, қувваи мустақил нест, балки манфиатҳои гурӯҳи алоҳидаро дар ИМА намояндагӣ мекунад.

Ин ҳамалоти пинҳонии аз тезутунд шудани мубориза барои канданиҳои гаронарзиш дар Сурия шаҳодат медиҳанд. 

Низомиёни рус собиқ фурудгоҳи ҳарбии амрикоиҳоро дар Сурия ишғол карданд

"Агар дар ҳамла ҳарбии Сурия даст медошт, Пентагон дарҳол иқрор мешуд, - афзуд Перенджиев. - Аммо вақте мегӯянд, "қувваҳои номаълум", маънои онро дорад, сиррашонро пош карданӣ нестанд, аммо боварӣ дорам, ки худашон нағз медонанд".

Боз як хатари дигар ба амрикоиҳо, муқовимати мардуми Сурия мебошад. Чуноне ки президенти кишвар мегӯяд, мақсади мардуми ин кишвар, холӣ дидани он аз ҳама гуна нерӯҳои хориҷӣ мебошад.

Моҳи июн сокинони Тел-Абъяд дар музофоти Хасаке дар назди марз даст ба тазоҳурот зада, аз бурдани ғайриқонуни гандумашон изҳори норозигӣ кардаанд.

Чанд рӯз пеш аз қазия ВКХ Сурия изҳор дошт, ки ҷангиёни Туркия ва ҳаммаслакони Амрико барои ноором сохтнаи вазъ дар кишвар чанд бор замини гандум ва дигар донагиҳоро оташ заданд.

Фармондеҳии низомии ва ҳаммаслакони онҳо вазъи гуманитарӣ дар шимоли Сурияро мушкил мекунанд, то аҳолиро зидди мақомоти расмии кишвар хезонанд.

 Зуд-зуд бо ҷурми амрикоиҳо аҳолии осоиштаи кишвар қурбон мешаванд. Моҳи май аскарони ИМА дар Дайр-аз-зор ронандаи худраверо паррониданд - гӯё аз шоҳроҳи назди кони нафти "Коннико" худрав тоб хӯрда бошад.

Моҳи феврал, дар пости назди шаҳри Камишли низомиёни Сурия ҳарбиёни аримкоиро боздошт карданд, ки тариқи хатсайри ҳамоҳангношуда мерафтанд. Амрикоиҳо бо сокинони маҳаллӣ ҷанг хезониданд, ки дар натиҷа ҳарбиён ба тирандозии бетартиб сар карданд. Он замон як наврас кушта шуд ва як тани дигар захм бардошт. 

Қазия танҳо пас аз дахолати Русия ба эътидол оварда шуд.

218
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин

Алвидоъ, доллар: Русия ва Чин ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёфтанд

1405
Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Русия ва Чин дар роҳи паст кардани вобастагӣ аз доллар фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, чунин ранг гирифтани ҳол метавонад дар натиҷа байни Пекин ва Маскав "иттиҳоди молие" -ро ба миён орад, менависад нашрияи машҳури ҷопонӣ Nikkei Asian Review.

Нашрия ба маълумоти Бонки марказии Русия ва Хадамоти федеролии гумруки кишвар истинод мекунад. Бино бар омори ниҳодҳои мазкур, бори нахуст дар торихи ҳамкориҳои тиҷории Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 дар сад афтодааст.

"Доллар фақат барои 46 дар сади муҳосибаи байни Русия ва Чин истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол евро 30 дар сад ва пули миллӣ 24 дар сади муҳосибаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд", - омадааст дар гузориши Nikkei Asian Review.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

Таъкид мешавад, ки солҳои охир, Русия ва Чин дар солҳои охир дар савдои дутарафаашон истифодаи долларро ба маротиб коҳиш доданд.

"Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод", - тавзеҳ медиҳад Nikkei Asian Review.

Тавре мудири Институти тадқиқотҳои Шарқи дури АИР Алексей Маслов гуфт, "дедолларизатсия" ё долларгурезии Амрикову Чин ба "қулла" наздик мешавад, ки метавонад муносибатҳои Маскав ва Пекинро то "иттиҳод" расонад.

"Ҳамкориҳои Русия ва Чин дар соҳаи молия аз он мегӯяд, ки онҳо дар ниҳоят дар ҳоли ёфтани параметрҳои иттиҳоди ҷадид бо якдигар ҳастанд. Бештаринҳо интизор доштанд, ки ин иттиҳод ё тиҷорӣ ё низомӣ хоҳад буд, аммо он ҳоло бешатр ранги молӣ мегирад. Ин барои ҳарду кишваркафолати мустақилӣ медиҳад", - гуфт вай.

Nikkei Asian Review қайд мекунад, ки "дедолларизатсия" аз соли 2014 авлавият дошт. Русия ҳамчунин пас аз таҳримҳои ИМА маҷбур шуд, ки ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёбад.

"Ҳамагуна амалиёти бонкие, ки дар тамоми ҷаҳон тавассути доллар анҷом дода мешаванд, дер ё зуд аз бонки амрикоӣ мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Амрико метавонад ба ин бонк супориш диҳад, ки ин ё он амлиётро мутаваққиф кунад", - тавзеҳ дод иқтисодшиноси ING Bank  дар Русия Дмитрий Долгин.

Дедолларизатсия пас аз ворид намудани миллиардҳо доллар молиёт ба колои чинӣ аз ҷониби ҳукумати Доналд Трамп фарохтар гардид.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

"Танҳо ба наздикӣ Чин ва иншоотҳои бузурги иқтисодӣ дарк карданд, ки онҳо низ дар вазъи ҳамтоёни русашон метавонанд қарор гиранд: зери таҳримҳо монанд ва ҳатто аз системаи SWIFT берун оянд", - иқрор мешавад, корманди илмии Маркази тадқиқотҳои Шонгхойи донишгоҳи Чжан Син.

Дар натиҷа дар соли 2014 Русия ва Чин созишномаи сесолаи мубодилаи асъорӣ бастанд. Он ба Маскав ва Пекин имконият дод, ки асъори якдигарро бе харидорӣ намудан аз бозори асъор дастрас карда тавонанд. Соли 2017 ин созишномаро ба 3 соли дигар тамдид карданд.

Тобистони соли 2019 ҷонибҳо созишномаи ивазкунии доллар ба пули миллӣ дар савдои байналмилалиро бастанд. 

Афзун бар ин, Русия аз ҳисоби доллар захираҳои юанро фаъолона бой мекунад. Бино бар иттилои Nikkei Asian Review Русия захираи чоряки юанро дар бозори ҷаҳонии асъор азхуд кардааст.

Тавре Маслов мегӯяд, кӯшиши Русия дар ҷамъоварии юан на танҳо бо мутанаввиъ намудани захираҳои асъори кишвар вобаста аст.

"Русия дар муносибат бо Амрико нисбат ба Чин мавқеи қатъиеро ишғол мекунад. Русия ба мубориза одат кардааст, он ба гуфтушунид намебарояд. Русия ба ҳамкории молӣ бо Чин нишон медиҳад, ки Чин низ мавқеашро мисли ӯ қатъӣ карда метавонад", - афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол вожгун кардани доллар осон нест.
Ба гуфтаи иқтисодшиноси Донишгоҳи Ҳорвард Ҷеффӣ Франкел, доллар якчанд афзалият дорад, ки то ҳол ягон асъори кишварҳои дунё бо он баробар шуда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос иқрор мешавад, ки вазъи долларро қарзи давлатии Амрико ва сиёсати таҳримбардори кишвар метавонад коста кунад.

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

"Таҳримҳо як воситаи муҳими Амрико мебашанд, аммо кӣ гуфта наметавонад, ки дигарон низ метавонанд ин роҳро пеш гиранд", - гуфт дар анҷом иқтисодшинос.

1405
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

434
(Таҷдидшуда 16:36 13.08.2020)
Шоири маҳбуби тоҷик дар синни 75-солагӣ дар бемористон ҷон додааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш вай дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед"

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, шоири шаҳири Гулназар Келдӣ имрӯз, 13 август дар бемористон даргузашт, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Хабари даргузашти шоирро дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон низ тасдиқ мекунанд.

Гулназар Келдӣ , ки чанд рӯз пеш бар асари беморӣ ба бемористон интиқол дода шуда буд, дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Аммо мутаассифона аллакай 12 август аз бемористон хабар расид, ки Гулназар Келдиро табибон зери дастгоҳи нафасдиҳӣ гузарониданд.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба беморхона интиқол ёфта буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

434