Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе.

Дасти Амрико дар ҳамлаи ДОИШ ба "Ишқобод"? Ду сенарияи “Форс”

1674
(Таҷдидшуда 17:59 26.11.2019)
“Форс”, як хабаргузории Эрон, дар матлабе эҳтимоли ҳамкорӣ ва ҳам даст доштани Амрико дар ҳамлаи ДОИШ ба посгоҳи марзии "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баён кардааст. Ин хабаргузорӣ ду сенария - яке хушбинона ва дигаре “бадбинона” - ро матраҳ мекунад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Мақомоти расмии Тоҷикистон бадоҳатан пас аз ҳамлаи шаби 6 ноябр ба посгоҳи “Ишқобод” - и отряди марзбонии “Султонобод”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро кори дасти ДОИШ арзёбӣ карданд, ки аз вулусволии Қалъаи Золи Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Худи гурӯҳи террористӣ ин ҳамларо бар зимма гирифт.

 Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва бархе аз таҳлилгарони хориҷӣ ин ҳамларо кори дасти худи мақомот хонда буданд.

Хабаргузории "Форс" ду сенерияи дигарро дар матлабе таҳти унвони “Радди пойи Амрико дар ҳамлаи ДОИШ ба пойгоҳи марзии Тоҷикистон” ироа мекунад, ки аввалини он, “эҳтимоли ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо неруҳои амниятии Тоҷикистон дар шиносоӣ ва бархӯрд бо гурӯҳи террористии мазкур аст”.

Ин сенарияе, ки “Форс” ба баррасӣ гирифтааст, ба посгоҳи марзбонии Оқултон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рабт мегирад, ки бо 900 ҳазор доллар аз сӯи Амрико бунёд шудааст.

Ин посгоҳ 1 ноябри соли равон аз сӯи кордори муваққати Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ва муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдусаттори Шоҳиён расман ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилоияе, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр кард, ин посгоҳ иқтидори неруҳои марзбонии тоҷикро барои назорати доимии тақрибан 15 – 20 км – и марз бо Афгонистон дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ва вуруди ғайриқонунӣ марзшиканон, муқобилият бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқбарони маводи мухаддир ва экстремистҳои ҷангҷӯ “якчанд маротиба баланд мебардорад”.

Ин дидбонгоҳи 9 – уме буд, ки ба ҳадафи “мустаҳкам намудани амнияти марзи Тоҷикистон” бо кӯмаки сафорати Амрико дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сохта ва таъмир шудааст. “Форс” дар ин робита менависад, нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар заминаи ифтитоҳи пойгоҳи марзбонии Оқултун мавқеияти ҷуғрофиёии он аст, зеро посгоҳи Оқултон дар Шаҳритӯс айнан дар ҳамсоягии минтақаи Қалъаи Золи Афғонистон қарор дорад.

“Аз сӯи дигар низ, Шаҳритӯс дар 17-километрии ҷануби Қубодиён қарор дорад. Минтақае, ки ба гуфтаи воҳидҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, террористҳо аз онҷо тасмими азимат ба самти маҳалли ҳамларо гирифтаанд. Ба баёни дигар, метавон иддао кард ҳар гуна убуру мурури гурӯҳи террористии мазкур, бидуни шак, аз ҳамсоягӣ ва ҳавзаи кории ин посгоҳ сурат гирифтааст”, - навиштааст “Форс”.

 Хабаргузории эронӣ меафзояд, ки ин ҳол метавонад сенарияҳои ҷадидеро дар заминаи нақши эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида Амрико дар ин ҳамлаи террористӣ пеш меандозад.

“Дар хушбинонатарин сенария, метавон иддао кард, ки дар фарояндҳои иттилоотӣ ва амалиёти шиносоии ин гурӯҳи террористӣ ва дар назар гирифтани онҳо ба маҳзи вуруд ба марз, неруҳои тоҷик бо мушорикати ҳамтоёни амрикоии худ тавонистаанд як амалиёти печидаро тарроҳӣ карда ва дар маҳалли муносиб (, ки гӯё посгоҳи марзии Ишқобод будааст) бо омодагии комил дар интизори террористҳои ДОИШ нишаста буданд. Талафоти террористҳо ва тавони болои размии неруҳои амниятии тоҷик дар минтақаи мазкур, нишон аз омодагии пешини онҳо дорад”, - менависад “Форс”.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Хабаргузории эронӣ дар ин “ҳамкорӣ” паёмадҳоеро ҳам “дар заминаи равобити сиёсӣ ва амниятии Душанбе” пешбинӣ мекунад, бахусус инро, ки “Маскав ҳеҷ гоҳ аз ҳамкориҳои амниятии ҷумҳуриҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико розӣ набудааст” ва ҳам менависад, ки “бо ин ҳол, чунин сатҳе аз таомулоти амниятӣ метавонад дар оянда барои давлати Тоҷикистон роҳгушо бошад”.

Сенарияи “бадбинона” - и “Форс” ба “савобиқи амрикоиҳо дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои дастёбӣ ба манофеъи худ, бавежа дар таҳаввулоти солҳои ахири Сурия ва Ироқ” бармегардад, ки бино ба он, “ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо гурӯҳи террористии мазкур барои вуруд ба Тоҷикистон ба воситаи дастрасӣ ба таҷҳизот ва имконоти пойгоҳи мазкур” низ баъид нест.

“Дар сурати сиҳати ин мавзӯъ бояд дар интизори вокуниши давлати Тоҷикистон нисбат ба Вашингтон ва албатта, тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо бо Маскав нишаст”, - хулоса мекунад “Форс”.

Дар идомаи матлаб хабаргузории эронӣ ба “стратегияи солҳои ахири амрикоиҳо дар минтақа” ишора карда, менависад, ки “идеяи иттисол (васл) - и геополитикии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз муддатҳо пеш дар дастури кори ниҳодҳои сиёсӣ ва амниятии Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст”.

Хабаргузории эронӣ ба С5+1, форуме ишорат мекунад, ки ҳамасола миёни вазоратҳои корҳои хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико баргузор мешавад ва маҳз дар ин чаҳорчӯб тарҳҳои интиқоли захираҳои энержии минтақа ба кишварҳои ҷануб, ба монанди хатти лӯлаи интиқоли гази ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ва ё тарҳи интиқоли барқи CASA -1000 (миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Тоҷикистон ва Осиёи Ҷанубӣ - Афғонистону Покистон) матраҳ шудаанд.

“Мушорикати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фароянди тавсеаи Афғонистон ва ҳатто истифода аз онҳо ба манзури таъмини амнияти бахшҳое аз Афғонистон ва ё таъмини амнияти марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ, бахши дигари ин стратегия будааст. Ин мушорикатҳои амниятӣ дар қолаби тарҳҳои, назири Мушорикат барои сулҳи НАТО (PFP) ва ё дар қолаби паймонҳои дуҷониба, ҳамчун гумоназаниҳои ахир аз вогузории амнияти марзҳои Ӯзбакистон ва Афғонистон ба неруҳои ӯзбек ва хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз минтақа, сурат гирифтааст”, - менависад “Форс”.

Ва аз қавли “таҳлилгарон”-е менависад, ки “баъзан роҳкорҳои ғайримусолиматомез ва ё ҳадди ақал натоиҷи ғайримусолиматомези ин роҳбурдҳоро дар сатҳи минтақаӣ, бавежа дар қолаби эҷоди буҳронҳои амниятии фарогир, таҳлил ва арзёбӣ мекунанд”.

“Форс” бо назардошти ҳалокати саркардаи “гурӯҳи террористӣ - такфирии ДОИШ”ва аз сӯи дигар, афзоиши неруҳои ин гурӯҳи террористӣ дар шимоли Афғонистон, менависад, ки наздик ба воқеият будани ин сенарияҳоро метавон ба назар гирифт. Эрон ДОИШ – ро як хатари ҷиддӣ ба амнияти хеш мехонад, аз ин хотир, фаъолиятҳои ин гурӯҳро дар Ховари Миёна ва Афғонистон ҳамеша таъқиб мекунад.

Қаблан расонаи ҳиндии “India Today” хабар дода буд, ки Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ҳанӯз чанд рӯз пас аз кушта шудани Абӯбакр Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ аз кӯч бастани ин гурӯҳ ба Афғонистон ҳушдор дода буд.

Вай гуфта буд, ки омилони ДОИШ дар ҳоли анҷоми амалиёт дар Тоҷикистону Узбакистон аз пойгоҳҳои худ дар Афғонистон ҳастанд.

Хабаргузории “Форс” як хабаргузории нимарасмиест, ки соли 2013 рӯи кор омада, то ба ҳол аз мавқеи ҳукумати Эрон дар дохилу хориҷ ҳимоят мекунад. Аз сӯи дигар, Эрону Амрико дар сатҳи ҷаҳонӣ як гуна мухолифати оштинопазиеро пеш гирифтаанд, аммо Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида муносиботи ҳасана доранд.

Бино ба иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида аз соли 2005 ба ин сӯ танҳо барои тақвияти марзи Тоҷикистон беш аз 100 млн. доллар кӯмак кардааст.

“Иёлоти Муттаҳида омода аст бо Тоҷикистон дар дастгирӣ намудани соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ ҳамкорӣ намояд”, - омадааст дар иттилоияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Иёлоти Муттаҳида тӯли 27 сол ба ин сӯ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва дар соҳаҳои гуногун беш аз 1,8 миллиард доллар барои барномаҳои дастгирии сектори хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, институтҳои демократӣ, ва амният пешниҳод намудааст.

1674
Барчаспҳо:
даст доштан, хабаргузорӣ, марз, Амрико, ҳамла, ДОИШ, Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон