Хоби даҳшатноки варзишкорони Русия. Маърӯзаи WADA ба чӣ таҳдид мекунад?

109
(Таҷдидшуда 21:56 26.11.2019)
Хоби даҳшатноке, ки ҳеҷ гоҳ ба анҷом намерасад. Маҳз бо ин метавон вазъи имрӯзаи варзиши русро дар арсаи байналмилалӣ муқоиса кард.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik, Максим Огненный. Дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ Кумитаи оид ба мубориза бо падидаҳои манфӣ (допинг) (WADA) тавсиянома нисбати варзишкорони русро дар бораи “допинги Русия” ба нашр расонида.

Муовфиқи ҳуҷҷат дар 4 соли наздик дар мусобиқаҳои ҷаҳони парчам ва суруди миллии Русия дида ва шунида намешаванд.

Ғайр аз ин ҳамаи мусобиқаҳои бузурге, ки бояд дар ҳудуди Русия баргузор гарданд лағв мегарданд. Ин шояд сахттарин ҷазо ба варзиши Русия дар таърих бошад.

Алакай баъди ду ҳафта ҷомеаи варзишии ҷаҳони огоҳ мегарданд, ки WADA дар ин бора чӣ ақида дорад. Хабаргузории Sputnik тасмим гирифт ба ин кор каме рӯшанӣ андозад.

Таърихи “ҷанҷоли допинг”

Ҳамааш баъди баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи дар Сочӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарони рус маҳорати бисёр баланд нишон доданд. Дар он чорабинӣ варзишгарони Русия соҳиби 33 медал шуданд, ки 13 тои он ҷои аввал буданд. 

WADA ташаббускорӣ ин тафтишоти истифодаи допинг аз тарафи варзишгарони Русия мебошад ва масъул ин кор Ричард Макларен, зодаи Канада интихоб шудааст. Бояд гуфт ки дафтари WADA низ дар Канада мебошад.

Мувофиқи хулосаи тафтишот бисёри варзикорони Русия ба Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ба Рио-де-Женера роҳ наёфтанд, ки ин зарар ба захираи дастовардҳои варзишии кишвар мебошад.

Дар рафти тафтишоти гузаронандагони Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 истифодбарандагони допинг бо он гунаҳкор мешуданд, ки гуё онҳоро ФСБ низ дар ин кор кумак карда бошад.

Он вақт дар соли 2016 прокуратураи додситонии кулли Русия гузориши комиссияи Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингиро дар бораи қонунвайронкунӣ аз ҷониби варзишгарони Русия омӯхт ва ягон далели асоснок барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ дарёфт накард.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин 9 ноябри соли 2015 дар Женева нишасти матбуотии созмони мавсум ба WADA доир гардида буд. Дар нишасти хабарӣ комиссияи мустақим Русияро дар вайрон кардани бархе аз бандҳои қонуни зиддидопингӣ мутаҳҳам намуда, ба Ассотсиатсияи байналмиллалии федератсияи варзиши сабук (IAAF) пешниҳод кард, то варзишгарони рус аз бозиҳои минбаъда ва ҳаққи ширкат дар Олимпиада-2016 маҳрум карда шаванд.

Шӯрои IAAF узвияти Федератсияи варзиши сабуки Русияро аз ин созмон барҳам дод, ки маънои аз бозиҳои байналмиллалӣ маҳрум гардидани онҳоро дошт.

Дар баробари ин, фаъолияти ташхисгоҳи зиддидопингии Маскав манъ гардида, қарор дар бораи ба кодекси WADA ҷавобгӯ набудани оҷонсии зиддидопингии Русия тасвиб шуд. Моҳи декабр роҳбарияти ин оҷонсӣ ба истеъфо рафт.

Пеш аз Олимпиадаи зимистонаи соли 2018, ки дар Пхенчхани Куриё баргузор шуда буд Кумитаи олимпии байналмилалӣ ба хулосае омад, ки варзишкорони рус дар ин сабқат метавонанд бе парчам ва суруди миллиашон раванд. Ин қарор ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд.

Чихеле, ки WADA тасдиқ кардааст вобаста ба тасхис ва хулосаҳои зидидопингӣ нисбати варзишкорони рус чизе тағйир наёфтааст. Ҳамин тариқ то ҳол ҳама чиз вобаста ба ин маълум нест.

Варзишкорони русро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст?

Чун ҳамеша бо сабабҳои бозиҳои сиёсӣ ҷабри асоси бар сари варзишкорон мерасад. Варзишкорон меҳнат мекунанд, машқ мекунанд пул сарф мекунанд саломатиашонро дар баъзан ҳолатҳо аз даст медиҳанд, аммо бо сабабҳои бозиҳои сиёсӣ миёни кишварҳо онҳо ба бало гирифтор мешаванд. 

Баъди ду ҳафта ташхиси навбатии комиссияи Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ маълум мегардад, ки ба ҳаёт ва рушди варзишкорони ҷавон сахт таъсири худро мерасонад.

Мувофиқи пешниҳоди комиссияи WADA тамрингарони варзиши сабуки рус дасти кам дар ду олимпиадаи дар пешистода иштирок карда наметавонанд, ки ин ба истиснои баъзеи онҳо ки дар алоҳидагӣ “тоза” будани худро нишон дода метавонанд, мебошад.

Аз бардоштани парчам ва садо додани суруди миллии Русия дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ тайи 4 соли оянда метавон фаромуш кард. Он чорабиниҳои варзишии байналмилдаие, ки аз рӯи нақша бояд дар ҳудуди Русия баргузор шаванд дар дигар кишвар гузаронида мешаванд ва  ё пурра лағв мегарданд.

Таҳримҳо на танҳо ба варзишкорон пешбинӣ шудаанд балки ба кормандони баланмақоми соҳаи варзиш низ таалуқ доранд. Онҳоро шояд аз ҳақи сафар ба дигар кишварҳо ва иштирок дар олимпиадаҳои байналмилаӣ маҳрум кунанд.

109
Барчаспҳо:
Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ, допинг, варзиш, Русия