В Таджикистане начинает развиваться Крикет

Кам касе медонад: ноябр моҳи крикет дар Тоҷикистон буд

336
(Таҷдидшуда 21:03 28.11.2019)
Федератсияи крикети Тоҷикистон барои узвият дар Шӯрои байнулмилалии крикет (ICC) дархост дод. Тоҷикистон танҳо узвияти вобастаи ин созмони байнулмилалиро метавонад ба даст орад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.   Асадуллоҳ Хон, мудири кулли Федератсияи крикети Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб бо Вилям Гленрайт, мудири умури тавсеаи ICC ва Иқбол Сикандар, мураббии тими крикети Афғонистон масъалаи узвият ва рушди крикет дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.

 25 ноябри соли равон дар иттилоияи кӯтоҳе, ки дар сафҳаи фейсбукии Федератсия омадааст, чунин гуфта мешавад: “Федератсияи крикети Тоҷикистон меъёрҳои ICC-ро бароварда кард. Дархости Тоҷикистон барои узвияти вобастаи ICC ирсол шуд”.

Шӯрои байнулмилалии крикет (ICC) як ниҳоди раҳбарии ҷаҳонӣ барои крикети байнумилалӣ аст, ки аз рӯи Қонуни Асосӣ ё Конститутсияи худ идора мешавад.

Ин созмон масъули мудирияти крикети мардону занон, аз ҷумла таъйини шароити бозӣ ва расмиёти Test Match ва One-Day International (ODI) ва баргузории мусобиқоти крикет миёни мардон, занон ва ҷавонон аст. ICC ду категорияи узвият дорад, ки яке, узвияти комил ва дигарӣ, вобаста унвон мешавад.

Аъзои комил ниҳодҳои раҳбарии крикети кишварҳоест, ки аз сӯи ICC эътироф шудаанд ё кишварҳои пойбанд ба ҳадафҳои крикет ё минтақаи ҷуғрофиеянд, ки аз онҳо тимҳои намояндаашон барои бозӣ дар Test match ширкат мекунанд.

12 кишвар узви комил маҳсуб мешаванд - Австралия, Афғонистон, Африқои Ҷанубӣ, Бангладеш, Вест-Индия, Зимбабве, Зеландияи нав, Инглистон, Ирландия, Покистон, Ҳиндустон, Шри Ланка.

В Таджикистане начинает развиваться Крикет
© Sputnik
В Таджикистане начинает развиваться Крикет

Аъзои вобаста ниҳодҳои роҳбарии крикети кишвари шинохташуда аз сӯи ICC ё кишварҳоеанд, ки ба аҳдофи крикет ва ё як минтақаи ҷуғрофиёие муртабит ҳастанд, ки ба унвони як узви комил воҷиди шароит нестанд, аммо дар он кишварҳо крикет ба сурати маҳкам асос ва таъсис ёфтааст.

Теъдоди ин гуна кишварҳо ба 92 мерасад, ки дар миёни онҳо ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Танҳо Русия узви вобастаи ICC аз миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аст.

Ин кишварҳо метавонанд дар бозиҳои Мусобиқоти ҷаҳонии крикет, чаҳорчӯби Т20 ва ниҳоят бозии якрӯзаи One Day International (ODI) ширкат кунанд. Тоҷикистон чӣ масиреро дар роҳи крикет паймудааст ва то куҷо худро ба меъёрҳои ICC айёр кардааст?

Варзиши крикет дар асри 16 – ум дар Инглистон арзи вуҷуд карда, бо забти Шибҳи Қораи Ҳинд ба Осиёи Ҷанубӣ густариш ёфт. Аввалин бозии крикет дар Кобул миёни сарбозону афсарони инглис, ки Афғонистонро забт карда буданд, соли 1839 баргузор шуд.

Шӯрои крикети Афғонистон фақат тавонист соли 1995 арзи вуҷуд кунад, аммо дар як муддати кӯтоҳ узви Шӯрои байнулмилалии крикет (2001) ва Шӯрои крикети Осиёр (2003) шавад.

Афғонистон бо иттифоқи Ирландия соли 2017 узвияти комилро низ ба даст овард. Як нигоҳ ба таърихи крикети Тоҷикистон ин нуктаро бармало месозад, ки крикет ба ин кишвари Осиёи Марказӣ аз дарвозаи Афғонистон ворид шудааст.

Федератсияи крикети Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфт ва соли 2012 узвияти Шӯрои крикети Осиёро низ ба даст овард. Аввалин президенти ин федератсия Абдурасул Сараев (2011 – 2013) дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, пайванди ӯ ба крикет аз падараш мерос монда, ки солҳои 60 – уми асри гузашта чӯпонӣ мекард ва дар чарогоҳҳо бо ҳамтоёни дигараш крикет мебозид.

В Таджикистане начинает развиваться Крикет
© Sputnik
В Таджикистане начинает развиваться Крикет

19 сентябри соли 2013 ҳайате аз Федератсияи крикети Тоҷикистон ба Кобул рафт ва бо Шӯрои крикети Афғонистон созишномаи ҳамкориҳоро имзо намуд.

 Бино ба ин тавофуқ, ки миёни Исмат Исломбеков, раиси Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Нурмуҳаммади Мурод, раиси Шӯрои крикети Афғонистон имзо шуд, ҷониби Афғонистон таҷҳизу тамрини тимҳои Тоҷикистонро ба зимма гирифт.

Шӯрои крикети Афғонистон тааҳҳуд супурд, ки ба омӯзишҳои тактикиву техникии крикетбозони тоҷик кӯмак хоҳад кард ва як тренер, як довар ва лавозимоти варзиширо дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. 27 декабри ҳамон сол Тоҷикистон аввалин бозии байнулмилалии худро бо Афғонистон “Алиф” дар Варзишгоҳи байнулмилалии крикети “Ғозӣ Амонуллоҳхон” – и шаҳри Ҷалолобод баргузор намуд. Тими миллии Тоҷикистон то ба имрӯз се бозии якрӯза ва ду бозии T20 – ро дар Афғонистон анҷом додааст.

Чаҳор бозии дигар ҳам миёни тими занҳои Тоҷикистон бо тими занонаи Афғонистон дар Душанбе баргузор кардааст. Рушди крикети Тоҷикистон ба мутахассисони афғон сахт гиреҳ хӯрдааст.

Мураббиён ва бозигарони аслии тимҳои ин кишвар то ба ҳол афғонҳо будаанд. Наим Убайд, мураббии тими мардона ва Асадуллоҳ Хон, мураббии тими занона аз соли 2013 ба ин сӯ буданд.

Аҳмадшоҳ Аҳмадӣ аз соли 2012 капитани тим ва аз беҳтарин бозикунони крикети Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Асадуллоҳ Хон, аввалин афғоне буд, ки нахустин тими Тоҷикистонро крикет омӯхт. Ҳоло ӯ яке аз афроди калидӣ дар рушди крикети Тоҷикистон аст.

15 ноябри соли равон Кумитаи олимпии Тоҷикистон ба ӯ шаҳодатномаи асосгузори крикети Тоҷикистонро низ дод. Зоҳиран, зарфиятҳои афғонҳои паноҳанда дар Тоҷикистон низ барои рушди крикет истифода хоҳад шуд.

15 ноябр раҳбарияти Федератсияи крикети Тоҷикистон бо Ҷаҳонгир Дуронӣ, намояндаи комиссиариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Душанбе як мулоқот анҷом доданд, ки ҳадаф аз он фароҳам кардани фурсати ройгон ба паноҳандагони афғон барои бозии крикет аст.

UNHCR тааҳҳуд супурд, ки дар ин амр бо Федератсия ҳамкорӣ хоҳад кард. “Ҳар кас ҳақ дорад крикет бозӣ кунад.

Федератсияи крикети Тоҷикистон ва UNHCR ба ҳам дасти ҳамкорӣ дода, талош мекунанд, то паноҳҷуён крикет бозӣ кунанд”, - омадааст дар хабари Федератсия.

Наҷибуллоҳ Рӯзӣ, президенти феълии Федератсияи крикети Тоҷикистон, ба Sputnik гуфт, крикет дар Тоҷикистон сол ба сол тақвият меёбад ва дар ҳоли ҳозир дар кишвар 23 мактабу клуби крикет фаъолият мекунанд. Вай афзуд, ҳанӯз аз соли 2012 ба ин сӯ ду тими крикети занона низ вуҷуд доранд. Ба қавли ӯ, ҷуғрофиёи крикети Тоҷикистон низ аз Душанбе ба вилоятҳо густариш ёфта, ҳоло дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Норак ва Душанбе – 1 низ клубу тимҳо таъсис ёфтаанд.

Аммо Тоҷикистон кай узви вобастаи ICC хоҳад шуд? Наҷибуллоҳ Рӯзӣ мегӯяд, ин имкон то якуним ду соли дигар фароҳам хоҳад шуд.

Вай афзуд, дар ин муддат Федератсия умедвор аст, ки бо кӯмаки ҳамкорон як қатор майдонҳои варзишии хоси крикет ва як лигаи собити крикети кишварро ба вуҷуд оварда, меъёрҳои Шӯрои байнулмилалии крикетро иҷро мекунад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо кишвари собиқ Шӯравист, ки ҷиддан дар масири рушду густариши крикет гом бардоштааст. Омӯзиши ахборе, ки дар ин паҳно дар робита ба крикет нашр шудаанд, анқариб ҳеҷ дастовардеро ба намоиш намегузорад.

Ифтитоҳи маркази тирандозӣ дар шаҳри Хуҷанд
дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд

Гоҳ – гоҳ ахборе ба назар мехӯранд, ки он ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла инглисҳову ҳиндиҳо рабт дорад. Дар шабакаи Фейсбук як сафҳае ба номи “Мусобиқоти крикет дар Бишкек 2019” вуҷуд дорад, ки хоҳишмандонро барои ширкат даъват мекунад, аммо ҳеҷ як вокунише аз мухотабҳо дида намешавад. Танҳо дар Гурҷистон моҳи июли соли 2015 Федератсияи крикет “ба манзури рушд ва оммавӣ кардан” – и ин намуди варзиш ташкил шудааст, аммо нигоштаҳои сафҳаи фейсбукии он собит мекунад, ки ин навъи варзиш низ дар он кишвар ҳамоно пазируфта нашудааст. Дар қиёс бо ин ҳама кишварҳо таваҷҷӯҳ ба крикет дар Тоҷикистон аз замин то осмон фарқ мекунад.

Федератсияи крикети Тоҷикистон дар Фейсбук дасти кам ду сафҳаро ба номҳои ‘Tajik cricket” ва “Tajikistan cricket federation” боз кардааст. Ҳамзамон дар “Википедия” ва дигар донишномаҳои интернетӣ маълумоти на он қадар муфассал, аммо кофиро дар бораи таърихи крикети Тоҷикистон метавон хонд. Бо ин вуҷуд, крикет ҳамоно як варзиши ноошно барои ҷомиаи Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Як шореҳи варзишӣ, ки собиқаи кори тӯлонӣ дар ин соҳаро дорад, ба шарти зикр накардани номаш ба Sputnik гуфт, решаи ин ноошноӣ ба замони Шӯравӣ бармегардад, ки крикет як бозии хоси нухбагони олами буржуазия ва бегона ба синфи коргару деҳқон арзёбӣ мешуд. “Моҳи июли ҳамин сол вазорати варзиши Русия ҳатто онро ҳамчун намуди варзиш напазируфт. Ҳол он ки Русия танҳо кишвари узви ICC аст ва дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Аз сӯи дигар, ин бозӣ аслан дар қаламрави кишварҳое рушд кардааст, ки дар гузашта мустамликаи инглис буданд.

Барои мардуми собиқ Шӯравӣ крикет як варзиши ношинохта ва ғайримаъмулӣ буду ҳаст, аз ин хотир, таваҷҷӯҳ ба он хеле кам зоҳир мешавад.

Крикет роҳи як майдони дигари варзиширо ба рӯи Тоҷикистон боз мекунад. Ин шонси таърихиро бояд истифода кард”, - афзуд ҳамсӯҳбати Sputnik.

Наҷибуллоҳ Рӯзӣ, президенти Федератсияи крикети Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон Матю Лоусон мулоқот кард. Танҳо чизе, ки аз ин мулоқот маълум аст, баррасии рушди крикет дар Тоҷикистон аст. Аммо ин мулоқот бар он ишора мекунад, ки Федератсияи мазкур ҳамкорони билқувваи худро дуруст ташхис додааст.

Аз сӯи дигар, паёми хуше, ки Федератсияи крикетро таҳрик додааст, таҳаввули дигарест, ки ба эҳтимоли зиёд паём аз рушди чашмгири крикет дар соли оянда хоҳад дод: ширкати SBS (Sai Businessmen Services) – и Дубай тааҳҳуд супурдааст, ки як сол федератсияро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Мудир омили SBS Арвинд Понди миёнаҳои моҳи ноябр дар Душанбе ҳузур ёфта буд. 13 ноябр дар мулоқоте бо ширкати ӯ, Наҷибуллоҳ Рузӣ ва Асадуллоҳ Хон муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳамадшо Абдуллозода ваъда додааст, ки крикети Тоҷикистонро дар ҳама замина, назири варзишгоҳҳои заминӣ ва ғайра пуштибонӣ хоҳад кард. Соли 2020 соли крикет дар Тоҷикистон хоҳад шуд? Хоҳем дид.

336