Силоҳи амният: чаро Русия истеҳсоли мушакбарҳои стратегиии Ту-160М-ро ба роҳ монд

144
(Таҷдидшуда 15:07 29.11.2019)
Навгониҳои ҳавоии дурбурди Русия бо барқароркунии Ту-160М ва таъмиру навсозии 16 ҳавопаймои ҳарбии Ту-160, ки айни ҳол барои истифода ба нерӯҳои ҳастаии стратегии кишвар ворид карда шудаанд, комилтар мегарданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik, Александр Хроленко. Мақомоти Маскав саривақти ва бисёр мувофиқ ба ҳама таҳдидҳои низомӣ ба марзҳои Русия ҷавоб омода мекунанд.  

Навгонии ҳавоии дурбурди Русия аз ҳисоби барқароркунии Ту-160М ва таъмиру навсозии 16 ҳавопаймои ҳарбии Ту-160, ки айни ҳол барои истифода ба неруҳои ҳастаи стратегии кишвар ворид карда шудаанд пкрқувваттар мегардад.

 Сохтумони навсозии 10 Ту-160М дар маҷмуъ бо маблағи 150 миллиард рубл алакай шуруъ шудааст. Санҷиши тобистонаи онҳо дар охирҳои соли 2020 оғоз мегардад.

Мувофиқи маълумоти “Интерфакс” аввалин мушакбари (дубора ба истеҳсол шуруъ шуда)  стратегии Ту-160М (дар аввал бо номи Ту-160М2 шинохта мешуд) ба Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соли 2021 дода мешавад.

Ба маълумоти “Туполева” Вазорати мудофиаи Русия мехоҳад ҳамагӣ 50 дона мушакбари Ту-160М харидорӣ намояд. Ҳамчунин 16 ҳавопаймои ҳарбии Ту-160 навсозӣ ва қариб то ба ҳади Ту-160М расонида мешаванд.

Барқароркунии истеҳсолот ва навсозии Ту-160М дар заводи ҳавоии Қазон ин маънои фаромӯш кардан аз пешбурдани кори лоиҳаи чархболи нави ҳарбии ПАК ДА надорад.

Девораҳои борбарии Ту-160М бо дар назардошти якҷоя кардан ва истифодаи ПАК ДА дар оянда сохта шудаистодаанд. Ин гуна навовариҳо ва навсозиҳо ба дигар навъи техникаҳои ҷангӣ дахл дорад, то ки дар оянда ҳамаи онҳо дар маҷмуъ ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар якҷоягӣ истифода шаванд.

Имкониятҳои нав

Ту-160М-и нав на танҳо як машина балки тамоман як ҳавопаймои шакли нав хоҳад буд. Системаи “техналогияҳои радиоэлектронӣ” ҳисобкунакҳо тамоман муосир, воситаҳои назоратию низоми инертсионӣ-навигатсионӣ, маҷмааи ҳарбии радиоэлектронӣ ва низоми идораи мусалаҳгардонӣ махсусан ба назар гирифта шудааст.

Навсозии Ту-160М ин як системаи тамоман коркардшудаи зидди қуввваҳои ҳавоӣ ва муҳофиззат аз ҳар гуна монеаҳо мебошад.

Аз ҳисоби баъзе навсозиҳо ҳавопаймои ҷангии НК-32 навъи 2 каммасрафтар шуд, ки ин имконият медиҳад он то 15 ҳазор километр ҳаракат кунад.

Мутаҳидкунандаи муҳарикҳои ҳавопаймоҳои техники (ба “Ростех” дохил мешавад) соли дуюм аст санҷиши муҳарикҳои навгардонидаро дар ташкилоти “Кузнетсов”-и вилояти Самара мегузаронад. Ҳамаи мушакбарҳои Ту-160 то соли 2030 бо  муҳаррикҳои НК-32 навъи 2 аз нав таҷҳизонида мешаванд.

Ин ҳавопаймо метавонад бо мусалаҳсозии нав таъмин гардад. Мушакҳои пардор бо ҷузъҳои ҷангии одӣ ва ё ҳастаи барои шикаст додани объектҳои заминӣ ва обии душманон аз нигоҳи ҷуғрофӣ хело дур пешбинӣ шудааст.

Ту-160М метавонад мушакҳои пардори Х-101-ро, ки дар Сурия санҷида шудааст ба маҳали ҳаракати қувваҳои зиддиҳавоӣ ворид нашуда истифода кунад. Дурбарии мушаки пардори Х-101 нав қариб ба 5500 километр мерасад.

Ту-160М метавонад суръати ҳаракаташро то 2200 км/соат баланд бардорад, ки бо чунин тавоноиҳояш ин мушакбар метавонад рафиқони ғарбиамонро дар ҳайрат гузорад.

Тайи 10 солаи дар пешистода навсозии “Қуи сафед” (“Белый лебедь”) барои Русия бисёр фоидавовар хоҳад буд.  

144