"Ақли солим куҷо шуд": Сенати ИМА дар симои Русия "сарпарасти терроризм"-ро мебинад

© Sputnik / Эдуард Песов / Гузариш ба медиабонкЗдание американского Сената в Вашингтоне. Архивное фото.
Здание американского Сената в Вашингтоне. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сенаторони ИМА Русияро "ҷонибдори терроризм" меҳисобанд, гуфта мешавад дар лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби кумитаи байналмилалии Сенати ИМА тасдиқ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сенати ИМА аз Департаменти давлатӣ даъват кард, ки Русияро ба рӯйхати кишварҳои - "сарпарастони терроризм" дохил кунад. Чаро сенаторҳо ин муроҷиатро ҳозир карданд, коршинос Владимир Оленченко дар радиои Sputnik шарҳ дод.

Бинои Капитолий дар Вашингтон. Ин ҷо ҷаласаҳои конгресси ИМА баргузор мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
Сенати ИМА буҷаи низомиро бо иловаи кӯмак ба Украина тасдиқ кард

Сенаторони ИМА Русияро "ҷонибдори терроризм" меҳисобанд, гуфта мешавад дар лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби кумитаи байналмилалии Сенати ИМА тасдиқ карда шудааст. Қарор дар бораи қабули расмии чунин матн бояд аз ҷониби Котиби давлатӣ қабул карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти кумита.

Ҳуҷҷат аз сардори Департаменти давлатӣ талаб мекунад, ки дар муддати 90 рӯз пас аз эътибор пайдо кардани он ба кумитаҳои дахлдори конгресс хулоса пешниҳод кунад. Ҳамзамон, вай бояд қарор кунад, ки оё гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти назорати Русия дар Донбасс ҳастанд ва ё ҳамроҳ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ЛПР ва ДРН, зери таърифи "созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор доранд.

Дар айни замон, ба рӯйхати кишварҳо - "сарпарастони терроризм", ки Департаменти Давлатӣ таҳия кардааст, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Сурия ва Судон шомиланд.

Табличка на столе представителей движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар оғоз ёфт

Ҳафтаи гузашта муовини котиби давлатии ИМА Дэвид Ҳейл қайд кард, ки Департаменти давлатӣ Русияро сарпарасти терроризм намешуморад. Вай гуфт, ки Русия худ як қурбонии ҳамлаҳои террористист.

Тадқиқотчии калони, Маркази таҳқиқоти Аврупо, ИМЭМО АИР ба номи Е.М. Примаков, Владимир Оленченко бовар дорад, ки ин масъала ҳамту ба миён гузошта нашудааст.

"Эҳтимол, муноқишаи байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон шаклҳои ғайричашмдошт ва ғайримуқаррариро зиёдтар кунад, потенсиали пурраи ақли солим тамом шудаст. Шояд нигаронкунанда аст, ки президенти ИМА Доналд бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот кард ва сӯҳбат созанда буд ва нишон дод, ки ҳеҷ гуна монеаҳои ҳалнашаванда вуҷуд надорад. Ҳамин тариқ, ин мухолифони Трампро ба ташвиш овард. Ғайр аз ин, соли оянда соли интихоботи президентии ИМА аст ва аз ин рӯ идеяе пайдо шуд, ки Русияро ҳамчун дастгирикунандаи терроризм номбар кунад . Аз афташ, ақли солим аз кор баромад, бо сиёсати кунунии ИМА», - гуфт Владимир Оленченко ба Радиои Sputnik.

Лентаи хабарҳо
0