Логотип международного информационного бренда Sputnik

 Назари эстониҳо: боздошти фаъолияти Sputnik Эстония сензура аст

36
(Таҷдидшуда 18:26 23.06.2020)
Ин хулоса аз ҷониби тамошобиноне буд, ки мубоҳисаро дар шабакаи телевизиони давлатии Эстония ETV+ оид ба таҳримот алайҳи Sputnik Эстония тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik, Алексей Стефанов. Аз 1 январ, бо сабаби таҳдиди таъқиби ҷиноӣ, кормандони маҷалла маҷбур шуданд, ки фаъолияташонро дар Sputnik Эстония ва МИА “Россия сегодня” қатъ кунанд.

Роҳбари нашрия Елена Черишева, корманди пешини Sputnik Александр Лукьянов, мушовири Бюрои Парлумони Аврупо Яна Тоом ва муҳаррири собиқи RusDelfi Маргарита Корнышева барои баррасии вазъи кунунӣ дар канали русии ETV + даъват карда шуданд. Ба сифати мухолиф корманди Институти хотираи таърихӣ, ҳуқуқшинос Сергей Метлев, коршиноси робитаҳои стратегӣ Илмар Рааг, роҳбари Маркази иттилоот оид ба амният ва дифоъ Григорий Сенков баромад карданд.

Аввал манъ кунед баъд омухта бароед

"Ҷазои сиёсиву иқтисодӣ алайҳи рӯзноманигорон сензура аст. Сензура дар Эстония манъ аст. Sputnik Эстония воситаи ахбори омма аст, ки як бахши хабаргузории Русия “Россия сегодня” аст ва дар ҳеҷ гуна таҳримот қарор надорад", - гуфт Елена Черышева.

Вай қайд кард, ки дар як номаи департаменти полис ва сарҳадбон гуфта шудааст, ки “Россия сегодня” таҳти роҳбарии Дмитрий Киселев аст, зеро ӯ имзо мегузорад".

"Ман дар ягон ҳуҷҷати молиявӣ имзои Дмитрий Киселевро надидаам. Ман соле ду бор имзои ӯро дар лавҳаи табрикотӣ - Соли Нав ва Рӯзи байналмилалии занон мебинам", - гуфт Черишева.

Маргарита Корнышева гуфт, ки вай дар ҳуҷҷатҳои Иттиҳоди Аврупо таърифи масъулиятро пайдо кардааст. Аммо вай мутмаин аст, ки Дмитрий Киселев ба ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо нарасидааст.

"Ду маҳдудият татбиқ мешавад - манъи вуруд ва манъи ин манбаъҳо ва ашёҳое, ки ба вай фоида меоранд. Агар мо журналистонро ҳамчун захираҳо дар Эстония баррасӣ кунем, пас ман саволе дорам, ки оё ин маҳдудият ба фаъолияти касбии журналистон аст", - қайд кард Маргарита Корнышева.

Ман нахондаам, аммо медонам

Як корманди Пажӯҳишгоҳи хотираи таърихӣ Сергей Метлев гуфт, ки кормандони агентиро журналист намеҳисобад. Илмар Раг, ҳамоҳангсози иртиботи стратегӣ ва пешгирии паҳншавии маълумоти нодуруст илова намуд, ки вай ба бастани портал розӣ нест.

"Бо вуҷуди ин, шумораи ками одамон онҳоро дар Эстония мехонданд ва, ба андешаи ман, онҳо метавонанд кор кунанд", - гуфт ӯ.

Ва баъдтар гуфт, ки ӯ ҳамчун муаллим баъзе мақолаҳои тасодуфии Sputnik Эстонияро таҳлил мекард ва қайд кард, ки маводҳо аксар вақт баҳои объективӣ надоранд, зеро рӯзноманигорон танҳо тавзеҳоти яктарафа медиҳанд.

Елена Черишева хотиррасон кард, ки кормандони Sputnik аз рӯзи аввал дар муқоиса бо ҳамкасбони дигар ВАО - мақомоти давлатӣ, сиёсатмадорон аз шарҳ додан ё мусоҳиба кардан бо ин оҷонсӣ худдорӣ мекарданд.

Александр Лукянов пурсид, ки кадоме аз мақолаҳояш дар тӯли ҳашт моҳи кори дар портал, ки шумораи онҳо 100-120 ташкил медиҳад, кори журналистӣ нест ва дар онҳо таблиғот дар куҷост? Ҳеҷ касе аз ҳозирон наметавонист чизе аниқ бигӯяд.

Ба ҷои ин, Метлев гуфт, "мавқеи мутахассисони полис ва ҳуқуқшиносон дар он аст, ки шумо ҳуқуқ надоред дар ин кишвар фаъолиятро дар ин шакл идома диҳед. Агар ба шумо маъқул набошад, ба суд муроҷиат кунед. Судҳо дар Эстония хеле мустақиланд. Агар шумо дар он ҷо пирӯз шавед мо ба шумо қарсак мезанем, агар не шумо боз маҳдудтар мешавед".

Елена Черишева қайд кард: "Мо таваққуф кардем, аммо фаъолияти худро қатъ накардем".

Илмар Раг низ ҳайрон шуда гуфт, ки портал кор мекунад. Черишева ва Корнышева боз бояд шарҳ диҳанд, ки чаро портал баста нашудааст, аммо Sputnik Эстония аз соли нав корманд надорад ва худи портал дар ҳолати фавқулодда кор мекард.

"Агар шумо бодиққат мақолаи 93-ро хонед, як диққат диҳед, ки мо ҳақ надорем, ки ягон коре кардатавонем. Ҳатто аз хонаи худ аз компютери шахсӣ чизе наметавонем кард", - гуфт Елена Черишева.

Вақте ки баҳсҳо ба поён расид

Григорий Сенков, роҳбари Маркази иттилоот оид ба амният ва мудофиа гуфт, ки "роҳбарияти Sputnik Эстония натавонист мушкилоти иқтисодӣ ва молиявии худро ҳаллу фасл кунад ва инро зери ибораи озодии сухан пинҳон мекунад".

Мушкилоти сунъӣ дар асл буданд. Бонкҳо ҳисобҳои кормандони Sputnik Эстонияро бастаанд. Иҷорадиҳанда, таҳти фишор, маҷбур шуд, дигар бинояшро ба редаксия иҷора диҳад.

"Дар Эстония портал вазн надорад, аммо изҳороти Sputnik тавассути васоити ахбори омма вазни зиёд доранд. Дарҳол ба хотир меояд, ки амали Sputnik, ки қаблан фош карда шуд, ҳангоми як хидмат як бача маҷрӯҳ шуд ва сипас Sputnik кӯшиш кард, ки гӯё онҳо дар артиши Эстония русҳо буданд. Ва бубинед, ки дар онҷо чӣ мешавад - онҳо тир мепартоянд ё тир мепарваранд. Чунин риштаи таблиғот дар атрофи ин давр мезанад", - Метлев гуфт.

Баранда Андрей Титов баромадкунандаро боздошта, ба хотир овард, ки гуфтаҳои ӯ ҳақиқат надоранд ва ин мавзӯъ аллакай дар студияи ӯ муҳокима шудааст.

Дар омади гап, Титов, як далели дигари ҷолибро ба ёд овард. Соли гузашта, фаъолони блоги Propastop, ки бо паҳн кардани таблиғот ва маълумоти бардурӯғ дар бораи Эстония машғул буданд, ба ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ карданд, ки ба парлумон дар бораи баста шудани порталҳои Sputnik Эстония ва Baltnews шурӯъ карданд.

"Ва бояд ҳазорҳо имзо ҷамъ овардан лозим буд. Аввал онҳо як мӯҳлат гузоштанд, сипас онро як моҳ дароз карданд, сипас онро то охири сол тамдид карданд. Дар ниҳоят, онҳо 573 имзо ба даст оварданд - ҳатто ҳазор нафар ҳам имзо накард. Ҳеҷ кас ба ин аҳамият намедиҳад", - гуфт Титов.

Дар фарҷоми муҳокима, маълумоти ду овоздиҳӣ, ки дар вақти пахши мустақим баргузор шуданд, эълон карда шуд. Боздоштани фаъолияти Sputnik Эстония аз ҷониби 90% тамошобинони телефон ва 57% корбароне, ки дар Facebook овоз додаанд, сензура дониста шуд.

36
Барчаспҳо:
нахуствазири Эстония, Эстония, Спутник, Русия
Женщина несет своего ребенка

Янки, гоу ҳоум: дар Сурия боз чӣ мегузарад?

217
(Таҷдидшуда 19:50 11.08.2020)
Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва дастаи посбонон, ҳамалоти мушакӣ ва инфиҷори минаҳои заминӣ дар тули масири сутунҳо - барои низомиёни амрикоӣ замини Сурия танг мешавад. Ҳамалотро на танҳо гурӯҳҳои террористӣ мезананд. РИА Новости таҳқиқ кард, аз ҳузури ИМА дар кишвари арабӣ боз кӣ нороҳат аст.

Аз чор тараф

Чанде пеш пойгоҳи низомии ғайриқонунии ИМА дар музофоти Хасек дар шимолу шарқии Сирия зери аҳдофи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифт. Инҷо дар шасткилометрии ҷануби шаҳри Ал-Хасак амрикоиҳо аэродромеро барои қабули чархболҳои ҳамлавар ва боркашон муҷаҳҳаз карда буданд. Бино ба иттилои расонаҳои Сурия ба пойгоҳи мазкур гурӯҳи номаълум ҳамла оварданд.

Вақтҳои ахир амрикоиҳоро дар Сурия доим тир мезананд ва онҳо осеб мебинанд. "Номаълумҳо" бештар қисми посбонии низомиёни ИМА-ро қир мекунанд.

Чунончи, охири моҳи май гурӯҳи худравҳои пур аз низомиёни Амрико ва ҷанговарони гурӯҳи "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро дар Дайр-аз-Зор дастаи мусаллаҳ бо автомат, мусалсал ва норинҷак ҳамла оварданд. Дар натиҷа се арикоӣ ва 5 узви НДС маҷрӯҳ шуданд.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Моҳи апрел бошад, силсилаи ҳамалот дар музофоти Хасака анҷом дода шуд. Аз ҷумла, мошини зиреҳдори "Хаммер"-ро, ки низомиёни амрикоӣ ва узви НДС савор буданд , "Шахсони номаълум" дар наздикии деҳаи Рувейшид тирборон карданд. Дар натиҷа чанд тан маҷрӯҳ шуданд. Дар пайи чунин як ҳодисаи дигар дар Дайр-аз-Зор як афсари амрикоӣ ва ҷанговари НДС ҳалок шуданд. Пас аз як ҳамлаи дигар ду амрикоӣ бенишон гум шуанд. Сарнавишти онҳо то ҳол рӯшан нест.

Борҳо дар роҳи патрулҳо таҷҳизоти тарканда мепартоянд. Моҳи июл дар Дайр-аз-Зор автомобили низомиёни мунфаҷир шуд. Талафоти бештарро амрикоиҳо моҳи январи соли гузашта доштанд: дар Манбиҷ дар шимоли Сурия дар наздикии патрули пиёдагард минеро мунфаҷир кард, дар натиҷа ду аскар, Корманди Вазорати дифои ИМА ва як ҷанговар кушта шуданд.

Пентгон бошад бештари хабарҳоро рад мекунад ва "фейк" мебарорад.

Мубориза барои захираҳо

Коршиноси ҳарбӣ Юрий Лямин дар мусоҳиба бо РИА Новости таъкид кард, ки воҳидҳои низомии Амрико ва патрулҳояшро қабилаҳои маҳаллӣ, ки зери истилои ИМА ва ҳаммаслакони вай мондаанд, метавонанд анҷом диҳанд.

"Инҳо арабҳое мебошанд, ки дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ба сар мебаранд, - мегӯяд Лямин. Феълан, онҳо амалан дар зери ҳокимияти курдҳо, ки амрикоиҳо дастгириашон мекунад, қарор доранд. Албатта, одамон норозианд, онҳо пурра аз вазъият норозиянд ва ҷонибдори бо Димишқ буданд".

Дар ҳоле, ки ин қабила мусаллаҳ ва тамриндидаанд.

Бо далели он ки дар кишвар чанд сол боз ҷанги шаҳрвандӣ меравад, силоҳ дар дасти аҳолӣ басанда аст, - таъкид кард Лямин. Аз ҷумла намудҳои гунонуи он, миномет ва пулеметҳо низ ҳастанд".

Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ин амалан мубориза байни худи дуздон аст, - таъкид кард вай. - Аз як тараф, Пентагон ҳаст, аз тарафи дигар - гурӯҳҳои саноативу молӣ, ки манфиатҳои ширкатҳои низомии алоҳидаро ҳимоя мекунанд, метавонанд ҳамон террористҳоро мусаллаҳ кунанд.

Ба гуфтаи вай, Пентагон дар бозиҳои Сурия, қувваи мустақил нест, балки манфиатҳои гурӯҳи алоҳидаро дар ИМА намояндагӣ мекунад.

Ин ҳамалоти пинҳонии аз тезутунд шудани мубориза барои канданиҳои гаронарзиш дар Сурия шаҳодат медиҳанд. 

Низомиёни рус собиқ фурудгоҳи ҳарбии амрикоиҳоро дар Сурия ишғол карданд

"Агар дар ҳамла ҳарбии Сурия даст медошт, Пентагон дарҳол иқрор мешуд, - афзуд Перенджиев. - Аммо вақте мегӯянд, "қувваҳои номаълум", маънои онро дорад, сиррашонро пош карданӣ нестанд, аммо боварӣ дорам, ки худашон нағз медонанд".

Боз як хатари дигар ба амрикоиҳо, муқовимати мардуми Сурия мебошад. Чуноне ки президенти кишвар мегӯяд, мақсади мардуми ин кишвар, холӣ дидани он аз ҳама гуна нерӯҳои хориҷӣ мебошад.

Моҳи июн сокинони Тел-Абъяд дар музофоти Хасаке дар назди марз даст ба тазоҳурот зада, аз бурдани ғайриқонуни гандумашон изҳори норозигӣ кардаанд.

Чанд рӯз пеш аз қазия ВКХ Сурия изҳор дошт, ки ҷангиёни Туркия ва ҳаммаслакони Амрико барои ноором сохтнаи вазъ дар кишвар чанд бор замини гандум ва дигар донагиҳоро оташ заданд.

Фармондеҳии низомии ва ҳаммаслакони онҳо вазъи гуманитарӣ дар шимоли Сурияро мушкил мекунанд, то аҳолиро зидди мақомоти расмии кишвар хезонанд.

 Зуд-зуд бо ҷурми амрикоиҳо аҳолии осоиштаи кишвар қурбон мешаванд. Моҳи май аскарони ИМА дар Дайр-аз-зор ронандаи худраверо паррониданд - гӯё аз шоҳроҳи назди кони нафти "Коннико" худрав тоб хӯрда бошад.

Моҳи феврал, дар пости назди шаҳри Камишли низомиёни Сурия ҳарбиёни аримкоиро боздошт карданд, ки тариқи хатсайри ҳамоҳангношуда мерафтанд. Амрикоиҳо бо сокинони маҳаллӣ ҷанг хезониданд, ки дар натиҷа ҳарбиён ба тирандозии бетартиб сар карданд. Он замон як наврас кушта шуд ва як тани дигар захм бардошт. 

Қазия танҳо пас аз дахолати Русия ба эътидол оварда шуд.

217
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин

Алвидоъ, доллар: Русия ва Чин ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёфтанд

1396
Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Русия ва Чин дар роҳи паст кардани вобастагӣ аз доллар фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, чунин ранг гирифтани ҳол метавонад дар натиҷа байни Пекин ва Маскав "иттиҳоди молие" -ро ба миён орад, менависад нашрияи машҳури ҷопонӣ Nikkei Asian Review.

Нашрия ба маълумоти Бонки марказии Русия ва Хадамоти федеролии гумруки кишвар истинод мекунад. Бино бар омори ниҳодҳои мазкур, бори нахуст дар торихи ҳамкориҳои тиҷории Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 дар сад афтодааст.

"Доллар фақат барои 46 дар сади муҳосибаи байни Русия ва Чин истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол евро 30 дар сад ва пули миллӣ 24 дар сади муҳосибаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд", - омадааст дар гузориши Nikkei Asian Review.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

Таъкид мешавад, ки солҳои охир, Русия ва Чин дар солҳои охир дар савдои дутарафаашон истифодаи долларро ба маротиб коҳиш доданд.

"Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод", - тавзеҳ медиҳад Nikkei Asian Review.

Тавре мудири Институти тадқиқотҳои Шарқи дури АИР Алексей Маслов гуфт, "дедолларизатсия" ё долларгурезии Амрикову Чин ба "қулла" наздик мешавад, ки метавонад муносибатҳои Маскав ва Пекинро то "иттиҳод" расонад.

"Ҳамкориҳои Русия ва Чин дар соҳаи молия аз он мегӯяд, ки онҳо дар ниҳоят дар ҳоли ёфтани параметрҳои иттиҳоди ҷадид бо якдигар ҳастанд. Бештаринҳо интизор доштанд, ки ин иттиҳод ё тиҷорӣ ё низомӣ хоҳад буд, аммо он ҳоло бешатр ранги молӣ мегирад. Ин барои ҳарду кишваркафолати мустақилӣ медиҳад", - гуфт вай.

Nikkei Asian Review қайд мекунад, ки "дедолларизатсия" аз соли 2014 авлавият дошт. Русия ҳамчунин пас аз таҳримҳои ИМА маҷбур шуд, ки ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёбад.

"Ҳамагуна амалиёти бонкие, ки дар тамоми ҷаҳон тавассути доллар анҷом дода мешаванд, дер ё зуд аз бонки амрикоӣ мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Амрико метавонад ба ин бонк супориш диҳад, ки ин ё он амлиётро мутаваққиф кунад", - тавзеҳ дод иқтисодшиноси ING Bank  дар Русия Дмитрий Долгин.

Дедолларизатсия пас аз ворид намудани миллиардҳо доллар молиёт ба колои чинӣ аз ҷониби ҳукумати Доналд Трамп фарохтар гардид.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

"Танҳо ба наздикӣ Чин ва иншоотҳои бузурги иқтисодӣ дарк карданд, ки онҳо низ дар вазъи ҳамтоёни русашон метавонанд қарор гиранд: зери таҳримҳо монанд ва ҳатто аз системаи SWIFT берун оянд", - иқрор мешавад, корманди илмии Маркази тадқиқотҳои Шонгхойи донишгоҳи Чжан Син.

Дар натиҷа дар соли 2014 Русия ва Чин созишномаи сесолаи мубодилаи асъорӣ бастанд. Он ба Маскав ва Пекин имконият дод, ки асъори якдигарро бе харидорӣ намудан аз бозори асъор дастрас карда тавонанд. Соли 2017 ин созишномаро ба 3 соли дигар тамдид карданд.

Тобистони соли 2019 ҷонибҳо созишномаи ивазкунии доллар ба пули миллӣ дар савдои байналмилалиро бастанд. 

Афзун бар ин, Русия аз ҳисоби доллар захираҳои юанро фаъолона бой мекунад. Бино бар иттилои Nikkei Asian Review Русия захираи чоряки юанро дар бозори ҷаҳонии асъор азхуд кардааст.

Тавре Маслов мегӯяд, кӯшиши Русия дар ҷамъоварии юан на танҳо бо мутанаввиъ намудани захираҳои асъори кишвар вобаста аст.

"Русия дар муносибат бо Амрико нисбат ба Чин мавқеи қатъиеро ишғол мекунад. Русия ба мубориза одат кардааст, он ба гуфтушунид намебарояд. Русия ба ҳамкории молӣ бо Чин нишон медиҳад, ки Чин низ мавқеашро мисли ӯ қатъӣ карда метавонад", - афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол вожгун кардани доллар осон нест.
Ба гуфтаи иқтисодшиноси Донишгоҳи Ҳорвард Ҷеффӣ Франкел, доллар якчанд афзалият дорад, ки то ҳол ягон асъори кишварҳои дунё бо он баробар шуда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос иқрор мешавад, ки вазъи долларро қарзи давлатии Амрико ва сиёсати таҳримбардори кишвар метавонад коста кунад.

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

"Таҳримҳо як воситаи муҳими Амрико мебашанд, аммо кӣ гуфта наметавонад, ки дигарон низ метавонанд ин роҳро пеш гиранд", - гуфт дар анҷом иқтисодшинос.

1396
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

0
(Таҷдидшуда 13:12 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Н выисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

0