Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО

Ҷашни беҷашнии “Талко”: абарширкати тоҷикӣ дар доми “вируси корона”

1110
(Таҷдидшуда 19:28 08.04.2020)
45 – солагии “Талко”, танҳо тавлидгари алюминиум дар Осиёи Марказӣ, бидуни ҳар гуна таҷлили хос гузашт. Буҳрони “вируси тоҷдор” як тоҷи симине аз мушкилоту чолишҳои навро бар сари ширкат гузоштааст

 ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik, Фахриддин Холбек. Игор Сатторов, раиси Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомиаи “Талко” ба Sputnik-Тоҷикистон гуфт, ҳама гуна чорабиниҳое, ки дар робита ба таҷлили 45 – солагии ширкат пешбинӣ шуда буданд, лағв гардиданд. Вай афзуд, ширкат бо пахши як хабари мусаффали катбӣ дар расонаҳо ва ҳам барномаи вижае дар телвизиони давлатӣ иктифо кард.

“Аммо ин ба он маъно нест, ки мо 45 – солагии ширкатро ҷашн нахоҳем гирифт. Ҳоло сол идома дорад ва баробари фароҳам шудани фурсат ягон маъракаи хосеро рӯи даст хоҳем гирифт”, - гуфт Игор Сатторов.

“Талко” вориси Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (ТадАЗ) аст, ки 31 марти соли 1975 аввалин сабикаи алюминиашро истеҳсол карда буд ва дар ин миён ба бузургтарин корхонаи саноатӣ, ҳатто “корти шиносоӣ” – и кишвар табдил ёфт. Махуф ва шаффоф Дар замони шӯравӣ дар корхона 16 ҳазор нафар кор ва истеҳсолаш низ бештар аз 400 ҳазор тон будааст. Аммо пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус, даврони ҷанги дохилӣ Корхонаи алюминиум дастхуши ҳаводис шуда, вазъи машкуке дошт.

 Ба қавле яке аз сардорони собиқи Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Турсунзода, шаҳре, ки корхона ҷойгир шудааст, ҳудуди 20 гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳу мафиёӣ суди онро ба ҳам дида, маблағи ночизе ҳам ба хазинаи давлат мерехт.

Пас аз соли 2004 барои тасаллут пайдо кардан бар Корхонаи алюминиум чандин ширкати хориҷӣ низ вориди майдон шуданд, то судҳои ҳангуфти онро таҳти контроли худ гиранд.

Бо вуҷуди дар ҳадди 4 ҳазор доллар қарор доштани арзиши як тон алюминий дар бозори ҷаҳонӣ вазъи молиявии Корхонаи алюминиум хеле хароб ва қарзи корхона ба 735 миллион доллар расида буд.

 Яке аз раҳбарони қаблии ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Корхонаи алюминиум он замон аз рӯи низоми бартерӣ кор мекард ва маҳз ин низоми ношаффоф чунин қарзи бузургро ба дӯшаш бор карда буд.

“Ба гунаи мисол, раҳбарони корхона дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони хориҷии худ гилхокро аз хориҷ арзон ё бо нархи бозор ворид карда, дар санадҳо қимати онро боло нишон медоданд. Тасаввур кунед, ки як тон гилхок то корхона агар ба 100 доллар ворид шавад, ба 200 доллар санад мешуд. Мо маҷбур шудем, ба низоми толлингӣ гузарем. Тибқи ин низом, ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ тамоми ашёи хомро ба корхона оварда мерасонданду корхона ба онҳо маҳсулот медод ва сари ҳар тон музди меҳнат (600 доллар) мегирифт”, - гуфт ӯ.

Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон Корхонаи алюминиумро ба корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминиуми тоҷик” (Талко) табдили сохтор дода, 100% моликияти давлатӣ эълонаш кард.

Дар баробари қарзи бузург, “Талко” дар Суди Лондон вориди баҳсҳои судӣ шуд, ки пойи чандин ширкати маъруфу номаъруфи ҷаҳонӣ – “РусАл” (Русия), Norsk Hydro (Норвегия), “Ансол”, “Ҳамер” ва ғайра ба он кашида шуд.

Бино ба додаҳои расонаҳои хориҷӣ, ин баҳсҳои тӯлонӣ (2005 – 2010) барои ширкати тоҷикӣ ҳазинаҳои газоферо дар пай дошт. Он замон шакку тардид сари фаъолияти “Талко” зиёд буд.

Расонаҳо ҳеҷ ба ин даст намеёфтанд, ки даромадҳои ҳангуфти ширкат, ки солона аз 200 то 300 миллион тахмин зада мешуд, куҷо мераванд. Гуфта мешуд, ин маболиғ тавассути ширкатҳое, назири “Талко – менеҷмент” ва CDH, ки дар оффшорҳои Ҷазираҳои Британия сабти ном шуда буданд, шуста мешаванд.

 Аз сӯи дигар, ширкат ҳудуди 35% барқи кишвар (тақрибан 4 миллиард киловат/соат) - ро бо нархи ночиз ва арзонтар аз мардум дарёфт мекард. Ин ҳам замоне буд, ки сокинони Тоҷикистон, бахусус дар сармои зимистон гоҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 3 соат барқ мегирифтанд. Ҳамчунин вазъ “Талко” – ро дар азҳони умум ба як ширкати машкук ва пур аз розҳои нуҳуфта табдил дод.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз ҷумлаи раҳбарони қаблии ширкат мегӯяд, он замон ширкат аз ҳар сӯ мавриди фишор қарор дошт - аз як сӯ, қарзҳо, аз сӯи дигар, баҳсҳои судӣ. “Қарзҳо бояд саривақт пардохт мешуданд, зеро дар акси ҳол, фоиз мехӯрданд. Мо 9 баҳси судӣ доштем, ки ҳудуди 75 миллион доллар ҳазина дошт. Ин баҳсҳоро ба далоили маълум наметавонистем бо ҷомиа шарик созем. Аммо истеҳсолот боло мерафт.

Масалан, соли 2007 ширкат фақат дар 10 корпус 422 ҳазор тон алюминий тавлид кард, ки баландтарин нишондод дар таърихаш аст. Дар замони Шӯравӣ чизе бештар аз ин дар 12 корпус тавлид шуда буд”, - гуфт Sputnik Тоҷикистон. Аммо шодии раҳбарони “Талко” дер напоид.

Буҳрони ҷаҳонии соли 2008 қимати алюминиумро якбора ба замин зад (аз $3860 ба 1200) ва “Талко” дигарбора дар рӯбарӯи суқут қарор гирифт. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, он замон мудирияти нави ширкат ба ин натиҷа расид, ки бояд сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб кунад, дар акси ҳол суқути ширкат яқин аст.

“Аммо чӣ тавр? Ба чанд ҷое, ки сар задем, гуфтанд, фаъолиятатон шаффоф нест, атрофи шумо ҳарфу ҳиҷо зиёд аст. Ба мо бовар накарданд. Маҷбур шудем, ки аудити фаъолияти ширкатро анҷом диҳем, то шаффофият ба миён ояд. Соли 2010 Moore Stephens, яке аз ширкатҳои маъруфи аудитории Бритониё, аудити фаъолияти шашсола (2006 – 2010) – и на фақат “Талко”, балки “Талко-менеҷмент” ва СДН – ро низ анҷом дод. Аз ҳамон сол фаъолияти “Талко” ҳамасола аудит мешавад ва танҳо ширкати шаффоф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Оё ягон ширкат, бахусус, давлатиро суроғ доред, ки мисли “Талко” ҳисоботи шаффоф дошта бошад? Ширкат агарчи давлатӣ аст, бидуни замонати давлат метавонад сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад, яъне ба он бонку ниҳодҳои молиявии хориҷӣ бовар мекунанд ва қарз медиҳанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Талко”.

“Ашёи хоми худӣ” Ширкат барои бақо ду роҳ дошт: дарёфти ашёи хоми ватанӣ ва модернизаи технология. “Талко” ҳанӯз соли 2008 тасмим гирифта буд, ки ин ду ҳадафро аз ҳисоби худ анҷом диҳад, аммо пеш омадани буҳрон ҳамаро ғайримумкин сохт.

Пас аз даст ёфтан ба сармояҳои хориҷӣ, соли 2012 корхонаеро ба номи “Талко - ресурс” бо иқтидори 400 ҳазор тон зуғол (ангишт) дар сол ба кор андохт. Он замон Ӯзбекистон интиқоли газро ба “Талко” қатъ кард ва ширкати тоҷикӣ дастгоҳҳои истихроҷи газ аз зуғолро ба кор дароварда, аз вобастагии гази хориҷӣ худро раҳо кард.

Пас аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2016 “Талко” дубора ба гази ӯзбекӣ баргашт. Зуғолашро ба Шабакаҳои барқии гармидиҳӣ ва дигар корхонаҳо мефурӯшад.

“Талко” соли 2015 тавлиди маҳсулоти насӯз ё тобовар ба оташ, назири хиштҳои навъи гуногун, кварсит, графити 97% ва ҳамчунин шиша моеъро роҳандозӣ кард, ки бино ба иттилои расмии ширкат, иҷоза медиҳад солона 20 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллион доллар) пасандоз шавад. Ширкати дигар “Талко - кемикал” (Ёвон) аст, ки соли 2016 ба истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва асиди сулфат шуръ кард ва ҳоло ба ҷуз “Талко”, дигар кишварҳо, назири Русияву Озарбойҷон ва Қазоқистон низ муштарии онанд.

“Талко флюорит”, ки соле пас дар заминаи Корхонаи маъдантозакунии Такоб (Варзоб) ба кор даромад, тавлиди ашёи хоми криолит ва фториди алюминийи “Талко кемикал” – ро бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мекунад.

Ҳамин тавр, “Талко” то ба имрӯз ҳудуди 10 ширкати тобеъ, ба истилоҳ, “духтар” – ро бо сармоягузориҳои бонку ниҳодҳои молиявии Чин, Аврупо, Амрико ва Русия фаъол кард. Аммо як ҳамсӯҳбати дигари “Sputnik Тоҷикистон” мегӯяд, ҳарчанд ширкат 60% ашёи хоми худро дар дохил ҳосил мекунад, бақияро бояд аз хориҷ ворид намояд ва ин кори осон нест.

“Барои истеҳсоли алюминий 24 намуди ашёи хом зарур аст, ки аз ин 12 намуди он асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин теъдод, “Талко” фақат 3 намудро дар Тоҷикистон ба даст меорад ва 9 намуди дигарро бояд аз хориҷ ворид намояд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Даврони корона” “Талко” бо вуҷуди талошҳои зиёд дигар ба сатҳи тавлиди соли 2007 нарасид. Дар замони буҳрони ҷаҳонии 2013-2016 ширкат хисороти қобили таваҷҷуҳеро мутаваҷҷеҳ шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2015 $60,8 ва 2017 - $73,8 миллион доллар зарар дид. Паси аз паси сар кардани ин давра дар соли 2017 - 12.4, 2018 - 76.9 ва 2019 - 22.6 доллар миллион суд холисро ба даст овард ва эълон дошт, ки соли 2020 тавлиди алюминиумро ба 40% афзоиш хоҳад дод (соли 2019 – 100 ҳазор тон), аммо як “айёми ғам” – и дигар ба истиқболаш омад.

Таҳаввулоти ахир дар бозори ҷаҳонӣ, ки дар пайи шуюъи “вируси корона” пеш омад, хушбиниҳои “Талко” – ро нақше бар об кард.

Тибқи додаҳои Биржаи алюминийи Лондон, қимати навъҳои мухталифи алюминиум аз 2 – ву 2100 ҳазор доллари охири соли гузашта ба 1300 – 1500 доллар коҳиш ёфт.

Агар арзиши аслии алюминиуми “Талко” ҳудуди 2000 доллар бошад, пас хисороти эҳтимолии онро мешавад тасаввур кард – 500 - 700 доллар аз ҳар тон ва ин ҳам дар ҳоле, ки қиматҳо аз ин ҳам поён нашаванд! Игор Сатторов мегӯяд, амалан аз замоне, ки “Талко” дар соли 2007 мақоми ширкатро гирифт, дар як низоми шадиди зиддибуҳронӣ кор мекунад.

 Вай афзуд, дар шароити буҳрон кунунӣ “Талко” ҳанӯз аз оғози сол як барномаи зиддибуҳрониро марҳала ба марҳала анҷом медиҳад:

“Мудирият ва мутахассисон талошҳои зиёдеро анҷом дода, тамоми иқдомот мумкинро барои иҷрои барномаҳои муҳимми стратегӣ бо ҳадафи бозёбии зарфиятҳои тавлид, коҳиши ҳазинаҳо, беҳинасозии истеҳсолот ва нигаҳ доштани ширкат дар бозори рақобатҳои ҷаҳонии алюминиум рӯи даст гирифтаанд. Мо буҳрони зиёдеро паси сар кардем, аз ин ҳам хоҳем гузашт”, - гуфт Игор Сатторов.

 Аммо чӣ тур? Ин масъули “Талко” гуфт, суҳбатҳо аз ин бобро ба ягон вақти дигар анҷом хоҳад дод, аммо афроди огоҳ аз тиҷорати алюминиум мегӯянд, буҳрони “вируси тоҷдор” як тоҷе аз хорҳои симин бар сари тамоми ширкатҳои алюминиуми ҷаҳон гузоштааст.

Ба гунаи мисол, чанд рӯзи қабл ба далели пандемия яке аз ширкатҳои ҷаҳонии тавлидгари метал Rio Tinto Group (Австралия – Британия) кори корхонаҳои худ дар Африқои Ҷанубӣ ва Канадаро то 21 рӯзи дигар қатъ кард. Ҳамсӯҳбати Sputnik-Тоҷикистон аз ҷумлаи раҳбарони собиқи “Талко” мегӯяд, буҳрони “вируси тоҷдор” барои истеҳсолоте, ки ашёри хоми зиёд дорад, сахт шикананда аст.

Ба қавли ӯ, аксари кулли ашёи хоми “Талко” аз хориҷ ворид мешавад ва ин ҳам дар ҳоле ки марзи тамоми кишварҳо баста шудаанд. “Як ашёи хомро, ки ҳамагӣ 13 кило дар як тон алюминиум истифода мешавад, вале муҳим аст, бояд аз Аморати Муттаҳидаи Араб аввал ба Бандари Аббос, сипас, тариқи Эрону Афғонистон бо мошинҳои боркаш ба Тоҷикистон орад. Ё солҳои охир “Талко”, ба ин хотир, ки аз ҳар тон $50 – 60 ҳазина кунад, тавлидоташро аз роҳҳои заминӣ ба бандарҳои Туркия, Гурҷистон ва Эрон мерасонад.

 Ҳоло тасаввур кунед, ин роҳҳо ҳама бастаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ба қавли мавсуф, танҳо роҳи “Талко” пӯшонидани зиёнҳои молии худ аз ҳисоби ширкатҳои тобеъаш, қабл аз ҳама, “Талко Голд”, ки бо истихроҷи тилло машғул аст ва ҳам онҳоест, ки ба кишварҳои ИДМ содирот доранд.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир қимати тилло ба таври бесобиқа дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст.

 Як назар ба таърихи 15 соли ахири “Талко” ин суолро пеш меорад: вақте “Талко” солҳо ба ин сӯ аз буҳроне ба буҳрони дигар кӯч карда, ин қадар зиёнҳоро мутаҳаммил мешавад ва ҳатто даромадҳои ширкатҳои тобеъ - “духтар” – ҳояшро бо панҷшох бод медиҳад, беҳтар ин нест, ки баста шавад? Бахусус, ки ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон, назири “РусАл” – у “Чалко” (Чин), чандин корхонаи бузурги худ ва ҳатто Озарбойҷон, ки худ гилхок дорад, корхонаи асосии алюминиумашро бастааст.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, ин амал як худкушии иқтисодиро мемонад, аммо дар дарозмуддат натиҷаҳои ғайри қобили боварро метавонад дар пай дошта бошад.

 “Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фақт 5 – 6%, бо роҳандозии “Роғун” 7% - и зарфиятҳои энержии оби худро истифода мекунад. Фурӯши барқ дар тӯли 2 ҳазор километр фоида медиҳад, аз ин зиёд на. Афғонистону Покистон, харидорони билқувваи барқи Тоҷикистон, дар оянда метавонанд зарфиятҳои худро ба кор андозанд. Танҳо ба монанди алюминиум истеҳсолоте боқӣ мемонанд, ки барқро тариқи онҳо метавон ба ҳазорҳо километр бурда фурӯхт. Соҳа муҳим аст. “Талко” дар ҳоли модерниза шудан аст ва ашёи хоми маҳаллиро низ сол то сол зиёд ва вобастагии хориҷиашро кам мекунад. Аз ин хотир, ба ҳар қимат онро “зинда” нигаҳ медоранд”, - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, “Талко” дар амри модернизаи истеҳсолоти худ пешрафтҳои назаррасе доштааст.

Шералӣ Кабиров, мудири кулли “Талко” дар паёме, ки тариқи ТВ дар робита ба 45 – солагии ширкат дод, гуфт, соли равон сохтмони як корхонаи ҷадиде шурӯъ хоҳад шуд: “Ин корхона 300 ҳазор тон зарфият дошта, бо сармоягузории Чин бо сармоягузории Чин ва то 3 соли дигар сохта хоҳад шуд. Хароҷоти истеҳсолии он ҳудуди 50% коҳиш хоҳад ёфт”, - гуфт Шералӣ Кабиров. Раҳбари “Талко” дар бораи буҳрони кунунӣ ҳарфе ба забон наовард, аммо ширкаташ чӣ гуна ба манзили мурод мерасад, як суолест, ки посухаш то чанд моҳу соли дигар хеле ҷолиб хоҳад буд...

1110
Барчаспҳо:
мушкилот, вирус, буҳрон, КВД "Талко", ТАЛКО, Тоҷикистон
Главный корпус больницы Истиклол

Поёнравӣ ё оромии қабл аз тӯфон: дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ хабар аст?

2287
(Таҷдидшуда 02:25 25.05.2020)
Маҷмӯаи иттилооти дасти аввал аз шифохонаҳо нишон медиҳад, ки шуюъи “вируси корона” дар Тоҷикистон сайри нузулӣ дорад. Аммо мутахассисин мегӯянд, барои кафкӯбӣ кардан ҳанӯз вақт ҳаст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Масъулини дасти кам 10 шифохонаи шаҳру навоҳӣ ва вилоят ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки теъдоди маризон рӯ ба коҳиш оварда, утоқҳои табобатӣ холӣ мешаванд.

Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, 23 май, вазири тандурустӣ ба вилояти Хатлон сафар дошт, то бо вазъ дар маҳалҳо ошно шавад.

Вай афзуд, бино ба иттилое, ки сардухтурон дар ихтиёри вазир гузоштанд, тайи рӯзҳои ахир теъдоди назарраси маризон шифо ёфта, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

“Масалан, дар шифохонаи марказии ноҳияи Ёвон ҳамагӣ чор мариз бистарӣ буданд. Ҳамин гуна вазъ дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар, маркази вилоят низ мушоҳида шуд. Дар умум аз садҳо нафаре, ки тайи 20 рӯзи ахир дар шифохонаҳои ин вилоят таҳти тадовии табибон буданд, ҳудуди 200 нафар боқӣ мондаанд. Инҳо ҳам ба зудӣ рухсат хоҳанд шуд”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустӣ, дирӯз аз шифохонаҳои шаҳри Душанбе дар умум 500 нафар, ки бо маризиҳои мухталиф, аз ҷумла “вируси корона” ва “пневмония” бистарӣ буданд, ба хонаҳои худ рухсат шудаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар корпуси 2 – и Маркази миллии тиббии Тоҷикистон - "Шифобахш", маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло, ҳамагӣ 4 мариз бистарӣ буданд ва дар корпусҳои 4, 6, 8 ва кардиологияи ин марказ, ки тақрибан 500 нафар табобат мегирифтанд, се рӯз ба ин сӯ касе бистарӣ нашуда, теъдоди онҳое, ки таҳти назоратанд, аз 100 поён шудааст.

Бино ба манобеъи мо, бештари маризон ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” муроҷиат мекунанд ва он ҷо низ теъдоди муроҷеин аз садҳо нафари даҳаҳои аввалу дуюми моҳи равон ба 20 – 30 нафар коҳиш ёфта, рӯзщои ахир то 30 - 40 нафар аз шифохона рухсат мешаванд.

Омори мудҳиш: шумори гирифторини COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Вазъи ҳамсон дар Шифохонаи маризиҳои сироятӣ ва ҳам Маркази гастроэнтрологияи Душанбе низ мушоҳида мешавад. Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳуриро низ рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ кард.

“Хушбахтона, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қиёс бо дигар вилоёт садамаи камтар расида, ҳоло теъдоди маризон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Иттилое, ки аз Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ дар ихтиёри мо гузошта мешавад, низ аз поёни омадани мавориди сироят ва фавт ривоят мекунад”, - гуфт Эмомалии Мирзо.

Ду – се рӯз пас

Вилояти Суғд, ки дар баробари пойтахт – Душанбе дуввумин нуқтаи доғи шуюъи “вируси корона” ба ҳисоб мерафт, низ ҳоло шоҳиди беҳбуди вазъ аст.

Ҳанӯз 20 май хабаргузории “Ховар” аз коҳиши муроҷиати маризон ва тадриҷан холӣ шудани шифохонаҳо дар ин вилоят хабар дода буд. Яке аз минтақаҳои доғ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, дирӯз 24 май, охирин гирифторонро рухсат намудааст.

Вазъ дар Хуҷанду Истаравшан, шаҳрҳое, ки мавориди бештари гирифторӣ ба “вируси корона” ва “пневмония” – ро таҷриба кардаанд, низ аз ҳамин қарор аст.

Як манбаъ дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, ки бори аслии табобати маризони вазнинро мекашид, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, то чанд рӯзи дигар ин шифохона холӣ хоҳад шуд.

Нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд: сабаби марги раиси Тоҷикобод муйаян шуд

Нигора Наимҷонова, муовини раиси Истаравшан як рӯзи қабл, 24 май, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар Шифохонаи марказии шаҳр ҳудуди 30 нафар табобат мегиранд.

“Муроҷеъин кам шудаанд ва умедворем, ки то ду – се рӯзи дигар тамоми маризон рухсат шаванд. Аз сӯи дигар, онҳоеро, ки ҳолати сабуку миёна доранд, тариқи гаштҳои хонагӣ ошкор намуда, духтуронро масъули нигоҳубини онҳо кардаем”, - гуфт Нигора Наимҷонова.

Иттилоъе аз ин қабилро дар Шифохонаи марказӣ ва Маркази физиотерпевтии воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шоҳиди аввалин мавориди расонаишудаи маргумирҳо аз “пневмония” буданд, низ дар ихтиёри мо гузоштанд. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 18 ноҳияи вилоят ҳудуди 400 нафар таҳти муроқибати табибон қарор доранд.

“Ҳолати аксарияти кул рӯ ба беҳбудӣ оварда, мавориди вазнин хеле кам шудаанд. Теъдоди фавт низ сахт коҳиш ёфта, ин умедворӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба ҳамин қарибӣ вилоят аз ин вабо озод шавад”, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

“Мавҷи дуюм”

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо коҳиши муроҷиати маризон ба шифохонаҳои Тоҷикистонро ҳанӯз анҷоми ин набарди пур аз талафот бо “вируси корона” намебинанд.

Ба қавли онҳо, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки сайри нузулӣ ё коҳиши мавориди гирифторӣ ҳанӯз комилан аз миён рафтани “вируси корона” буда наметавонад. “Эҳтимол дорад, ки ба истилоҳ, “мавҷи дуюм” моро дар пеш бошад.

Аз ин хотир, мардум набояд фирефтаи ахбори хуш шаванд, балки ҳамоно аз эҳтиёт кор гиранд, пойбанди қавонини беҳдоштиву гигиенаи шахсӣ ва дар хона бимонанд.

Агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, тақрибан 20 рӯзи дигар зарур аст, то бигӯем, ки кор тамом шуд ва итминони хотир пайдо кунем”, - гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, оморе, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 24 май нашр кард, ҳикоят аз коҳиши ками мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” мекунад.

Роҳандозии озмоишгоҳи вирусологӣ дар Хуҷанд барои муайян кардани коронавирус

Бино ба ин манбаъ, аз соати 17 – и рӯзи 22 ба ҳамин соати 23 май дар кишвар 191 (рӯзи қабл 187) ҳолати нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда, теъдоди умумии ибтило ба 2929 маврид расидааст. Масъулин мегӯянд, ин натиҷаи санҷиш ё тестҳоест, ки як ҳафтаи қабл гирифта, ҳоло таъйид шудаанд ва ин бозгӯи вазъи рӯзҳои ахир нест.

2287
Многофункциональный истребитель Су-57

Озмоишҳои Су-57 ба итмом расиданд

97
(Таҷдидшуда 14:35 25.05.2020)
Сарфи назар аз фишори технологӣ, ки аз пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, саноати дифоъи Русия нақша дорад, ки истилои панҷуми насли Су-57 -ро сар диҳад

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik, Александр Хроленко. Федератсияи Русия аз рӯи хароҷот барои мудофиа дар ҷаҳон танҳо чаҳорумро ишғол мекунад. Аммо, комёбиҳои соҳаи дифои Русия ҳайратангезанд - бори аввал дар таърих Русия ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи силоҳи пешрафта, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида пеш гирифт. Ва он ҷо намемонад. 

Муовини сарвазир Юрий Борисов, ки масъули саноати дифоъи Федератсияи Русия аст, дар мусоҳиба бо РИА Новости рӯзи 21 май гуфт: "Ҳангоми санҷишҳо Су-57 тақрибан ҳамаи талаботи мушаххасоти тактикӣ ва техникиро пурра тасдиқ кард. Шартномаи давлатӣ оид ба таъминоти 76 ҳавопаймо барои муҷаҳҳаз сохтани се полки авиатсионии Қувваҳои Авиатсионӣ тибқи ҷадвали таҳвил сурат мегирад. "

Ман қайд мекунам, ки полки ҳавопаймоӣ бо қудрати ҷангӣ бо қудрати муттаҳидшудаи қувваҳои мусаллаҳ қобили муқоиса аст. Се полкҳои нав - ин як мустаҳкамии қувваҳои ҳавопаймоии Русия аст.

Борисов боварӣ дорад, ки сарфи назар аз ҳолатҳои фавқулодда бо сабаби COVID-19, навъи якуми (насби) насли панҷуми Су-57 соли 2020 ба Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия интиқол дода мешавад. Иттилооти шабеҳро дар бораи ритми таҳвили силсилаҳо қаблан роҳбари корпоратсияи давлатии Ростек Сергей Чемезов гузориш дода буд. 

Дар марҳилаи аввал, нерӯҳои аэрокайҳонии Русия ҳавопаймоҳои дорои муҳаррикҳои насли чорумро мегиранд, таҳвилот бо нерӯгоҳҳои тавлиди панҷум - бо баланд бардоштани самаранокии сӯзишворӣ ва коҳиш додани хароҷоти зиндагӣ - дар миёнаи солҳои 2020 оғоз меёбанд. Аммо муҳаррикҳои ҷорӣ аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҳамтоёни хориҷӣ бартарӣ доранд.

Ҳангоми санҷишҳо такроран ва дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бесарнишин, кори тамоми система ва муҳаррикҳои охирини муборизи озмоишӣ гузаронида шуд. Вазорати дифои Русия борҳо изҳор доштааст, ки Су-57 дар шароити ҷангӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бомуваффақият гузаштааст.

Ин ғайриимкон буда наметавонист, зеро ҳавопаймои насли панҷуми Русия барои самаранок нобуд сохтани ҳама намудҳои ҳаво, заминӣ ва заминӣ сохта шудааст. Маҷмӯи силоҳҳои пуриқтидор, системаҳои пешрафтаи муайянкунии душман, суръати кружонии садои баланд ва маневрияти баланд, ноаёнии паст - Су-57-ро бо бартарии мутлақ ҳаво таъмин мекунанд. Дар ҷаҳон аналогҳои баробарарзиш вуҷуд надоранд.

Имкониятҳои беасос

Се полкҳои ҳавоии Су-57 як иқдоми квантӣ дар рушди қобилиятҳои ҳарбии Қувваҳои ҳавоии Русия мебошанд. Ҳавопаймои охирин қодир аст ҳадафҳои ҳавоӣ ва заминиро дар фосилаи то 400 километр, 62 объектро пайгирӣ кунад (ва таъиноти ҳадафиро ба ҳавопаймоҳои дигар интиқол диҳад (drones ҳамла). 

Бартарии Сухой нисбат ба ҷангиёни насли панҷум аз амрикоиҳо бо суръати баланд дар суръати круизии тӯфон (чунин нест, ки F-35 ва F-22), сифатҳои барҷастаи аэробатӣ, истгоҳи асосии радар, системаи ягонаи мушаххаси оптикӣ ва электронӣ ва системаи каҷкунии электронӣ ( пӯсти интеллектуалӣ), арсенали 10-тоннаи силоҳ дар дохили ҳавопаймо (аз ҷумла ракетаҳои гиперсонӣ). Тамоми лавозимоти ҷангӣ дар қисмҳои дохилӣ аст, яъне он ба радарҳои душман “намесӯзад”.

Майдони хурди сатҳи инъикоскунандаи об (0,4 метри мураббаъ) ба Су-57 имкон медиҳад, ки ба радарҳои душман қариб нонамоён боқӣ монад - ба туфайли масолеҳи баландсифати сохтмонӣ (70% рӯи сатҳи ва 25% вазни ҳавопаймо).

Радарҳои асосӣ ва якчанд дигар пойгоҳҳои радарӣ ва оптикӣ-оптикӣ, инчунин системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба истифода ва назорати ҷанг Су-57 бо зерсистемаи мубодилаи маълумот бо дигар ҳавопаймоҳо, постгоҳҳои фармондеҳӣ, системаҳои иктишофи нерӯҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ муттаҳид карда шудаанд.

Ду муҳаррики турбоҷет имкон медиҳанд, ки Су-57 суръати то 2600 километр дар як соат ва ба суръати 21 километр дар як дақиқа бирасад. 

Муборизаи панҷуми насли Русия ба суръати ғулом мегузарад, на фурӯшанда ва на танҳо ҳамлаҳои мушакҳои кӯтоҳ, миёна ва дарозумрро ҳамла карда метавонад, балки инчунин муборизаи зӯрро бо манбаъи баланд бо истифодаи яроқ бомбаборон мекунад (халабонон ин сифатро хеле қадр мекунанд). Системаи саркашии вектории андозагирии вектории се андоза ҳавопайморо бо идоракунии пуриқтидор таъмин мекунад.

Танҳо тасаввур кардан мумкин аст, ки чӣ қадар қобилиятҳои ҷангии 76 киштии вазнини Su-57, ки аз ҷониби артиши Русия фармоиш дода мешаванд, агар онҳо супоришҳоро дар ҳамбастагӣ бо навтарин Hunter UAV иҷро кунанд.

Ҳангоми ҳамкорӣ бо муборизи насли 5, ҳавопаймои ноаён метавонад як пешрафт дар соҳаи истифодаи муборизаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ бошад. Дар ин ҷо барои ҳамкории самарабахши пилот ва роботи ҷангӣ миқёси васеъ фароҳам оварда мешавад.

Маълумот дар бораи рушди ҳолати бесарнишин дар худи Су-57 бениҳоят ҷолиб аст ва маънои онро дорад, ки мошини мураккабтарин метавонад тавассути зеҳни сунъӣ (ё оператор) дар масофаи хеле дур аз пой идора карда шавад. Ин маҳдудиятҳои физиологии суръат ва манёврро бартараф мекунад (изофабориҳо дигар дар тактикаи истифодаи мубориза нақше нахоҳад дошт).

Тасодуфӣ нест, ки Иёлоти Муттаҳида бо таҳияи модификси (бидуни) як ҳавопаймои насли панҷум дар Федератсияи Русия бо нигаронӣ машғул аст, зеро охирин ҳавопаймои амрикоӣ F-35 Lightning II метавонад пас аз тақрибан ду дақиқа бо суръати тез ғарқ шавад - пӯст тоб наовардааст.

Ошӯбҳои ҳарбӣ-сиёсӣ

Самаранокии комплекси нави авиатсия барои таъмини амнияти ҳарбии Русия ва иттифоқчиёни он барои пешгирии таҷовузи беруна аҳамияти бузург дорад. Инчунин нигоҳ доштани пешрафти технологӣ дар соҳаи авиатсия, мавқеи пешсафи Федератсияи Россия дар бозори ҷаҳонии силоҳ муҳим аст. 

Таҷрибаи муноқишаҳои низомии даҳсолаҳои охир дар Афғонистон, Ироқ, Сурия, Ливия, Югославия нишон медиҳад, ки воситаи асосӣ ё "клуб" -и Ғарб бартарияти миқдорӣ ва сифатӣ дар ҳаво мебошад (ҳавопаймоҳои ҳамла, ракетаҳои киштиӣ, дрон). Пентагон консепсияи зарбаи фаврии ғайриҳастаӣ таҳия мекунад, ки он бояд қувваҳои мусаллаҳи Амрикоро бо зарбаҳои ҳастаӣ ва сайёр бо зарбаҳои ҳастаӣ зарба занад, то ҳама душманони Иёлоти Муттаҳида дар тӯли якчанд соат мағлуб шаванд.

Ман дар хотир дорам, ки Иёлоти Муттаҳида бо як баҳонаи пешакӣ Созишнома дар бораи барҳам додани ракетаҳои миёнаравӣ ва кӯтоҳмуддат дар соли 2019-ро вайрон кард, номуайяниро дар бораи шартномаи ҳамлаи стратегӣ ба вуҷуд овард ва иқтидори зарбаи системаи ҷаҳонии мудофиавии ракетаро афзоиш дод. Буҷаи низомии ИМА дар соли 2020 ба 750 миллиард доллар расид - ин рақам аз буҷаи мудофиаи Русия 10 маротиба зиёдтар аст ва бо хароҷоти низомии ҳамаи кишварҳои дигари ҷаҳон қиёс карда мешавад.

Дар ин замина, ташкили нерӯҳои тавонои аэрокосмикӣ ва системаҳои мудофиаи ҳавоӣ барои Русия афзалияти ҳатмии давлатӣ мегардад. Маскав маҷбур аст ба афзоиши таҳдидҳои низомӣ дар тамоми қаламрави амният вокуниш нишон диҳад, омодагии ҷангии қӯшунҳо ва қобилияти аслиҳаро афзоиш диҳад ва амнияти иттифоқчиёнро мустаҳкам кунад.

97

"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс

0
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст
  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд
Як рӯз қабл дар Тоҷикистон пас аз анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон, тоҷикистониён аз Иди Саиди Фитр ҷашн гирифтанд

Иди Фитр ин охири моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусалмонон пас аз 30 рӯзи гирифтани Рӯза онро ҷашн мегиранд. Ид чун ҳамешагӣ бо намози шом оғоз меёбад.

Ин Ид бозгӯкунандаи меҳрубониву салоқат миёни мардум, кумаки дастгирии ниёзмандон, хайру сахо намудан дар ҳаққи бенавоён, ва моҳи бахшоиш мебошад.

Маъмулан дар ин мо одамони доро ба мусалмонону мазлумон ва ҳамзамон пирони барҷоймонда кумаку меҳрубонӣ мебахшанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ин иди шариф васеъ ҷашн мегирифтанд. Имсол бошад авҷи маризии коронавирус нагузошт, то мусалмонон ин иди барои онҳо муқаддасро ба таври лозимӣ ҷашн гиранд.

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

Дар ин рӯз маъмулан хешу пайвандон ба хабаргирии ҳамдигар мераванд, кӯдакон ба дари ҳамсояҳо рафта муждаи фаро расидани ин идро иброз медоранд, ҳамсояҳо низ бо дастурхони пурноз ба табрикоти ҳамдигар мебароянд.

Аммо имсол Иди Фитр ба мисли дигар солҳо нагузашт.

Мардум танҳо дар доираи оилаи худ ин ҷашнро қайд карданд ва ба дари ҳамдигар барои шодбошӣ гуфтан нарафтанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи расмии маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - юми апрел эълон гардид. То ҳол аз ин маризӣ 46 тоҷикистонӣ ҷон аз даст доданд.

0
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе

  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе

  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр

  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд

  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд

  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин

  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст

  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад

  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд

Барчаспҳо:
акс, Иди Фитр, Душанбе