Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Роҳи тоҷикӣ: чаро Тоҷикистон қарантина накард?

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба қарантинаи саросарӣ хеле муҳтотона аст. Дар қиёс бо Белорус, Шветсия ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя ин кишвари Осиёи Марказӣ аз роҳи худ рафт

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik, Фахриддини Холбек. Вақте ҳарфи қарантинаи саросарӣ матраҳ шуд, хабаргузории миллии “Ховар”, танҳо минбаре, ки назарҳои расмӣ аз он садо медиҳанд, чанд иттилои қобили таваҷҷӯҳеро ба нашр расонд. 16 май ин расона аз қавли Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳоло аз 863 ҳазор сокини пойтахт 512 ҳазор “ба қарантина фаро гирифта шудаанд”.

Обстановка в палате санатория Харангон - Sputnik Тоҷикистон
Осоишгоҳ барои пизишкон: мақомот барои паси сар кардани қарантина шароит фароҳам кард

Дар ин ҷамъи қарантинашуда кормандони маорифу хонандагону донишҷӯён (403 570 нафар), кормандону ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ (823 нафар), 12 бозори фурӯши матоъу телефон, 661 нуқтаҳои хизматрасонӣ (12 818 нафар) ва мизоҷони онҳо дар як рӯз (73 786 нафар), 30% - и хизматчиёни давлатӣ (2 253 нафар) ва 10 фоизи сокинони пойтахт (86 296) дохил шудаанд.

Дар ҳошияи ин арқом 351 ҳазор нафари дигар мемонанд, ки дар сафи қарантинашудагон нестанд, зеро дар соҳоти муҳим – тандурустӣ, иттиҳодияҳои динӣ, корхонаҳои саноатӣ, мағозаву дӯконҳо, бозорҳои истеъмолӣ ва ғайра кор мекунанд.

Қарантина дар музофот

Аз рӯи иттилооте, ки тариқи манобеъи ғайрирасмӣ дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтанд, ба ин натиҷа метавон расид, ки дар саросари кишвар агарчи расман қарантина эълон нашуд, як гуна қарантинаи, ба истилоҳ, нарм ё мардумӣ ба таври худкор ҳукмфармо шуд.

Женщина в защитной маске на улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни фавт: суръати афзоиши сироётшавӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон сусттар шуд

Дар шаҳрҳо ҳаракати нақлиёт маҳдуд, ба ҷуз бозорҳои маводи хӯрока, бақия бозорҳо ва ҳам марокизи хизматрасонии маишӣ баста, мардум хонашин шуданд.

Ҳаракат миёни навоҳӣ низ маҳдуд, ҳатто бархе деҳот бидуни дастури расмӣ дар даромадгоҳҳои худ посгоҳҳо эҷод намуда, дар ҳамдастӣ бо бунгоҳҳои тиббӣ тадобири беҳдоштӣ ба роҳ андохтанд.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Музаффар Юнусов, Носирҷон Маъмурзода, Ғолиб Ниятбеков, сухангӯёни ҳукуматҳои вилоёти Суғду Хатлон ва Бадахшон гуфтанд, ки ҳар чӣ мақомот аз сокинон хостанд, аз ҷумла бидуни зарурати ҷиддӣ ба сафар набаромадан, дар хона монда, қавоиди гигиениро риоя кардан дар сатҳи тавсия буд ва мардум ҳам аз онҳо истиқбол карданд.

Намояндагони бархе аз шаҳру навоҳии Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ суханҳое аз ин қабилро ба мо такрор карданд. Ва ин ҳама ба он маъност, ки як қарантинаи нарм ё мардумӣ дар Тоҷикистон ҳукм меронад.

“Чаро?” – и асосӣ

Ҳанӯз дар оғози буҳрон бархе коршиносон ба ин далел, ки бидуни ҷорӣ кардани қарантина намешавад ҷилави густариши “вируси корона” -ро гирифт, аз ҳукумат хостанд, то мардумро саросар дар хона шинонад, зеро бо ҳаракати одамон вирус низ ҳаракат мекунад ва ин вазъ гирифтани ҷилави онро ғайримумкин мекунад. Мунтақидони ҳукумат дуртар рафтанд.

Онҳо қатъан хостанд, ки ба хотири ҳифзи сиҳати мардум ва ҷилавгирии маргумирҳо ҳукумат “киссаашро кобад” ва “сахтӣ накунад”.

Аммо Азизи Нақибзод, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки зарурати эълон кардани қарантинаи саросарӣ дар кишвар вуҷуд надорад.

“Бубинед, соли гузашта нақшаи андозҳо иҷро нашуд. Ҳоло мо чӣ дорем? Корхонаҳои бузург надорем, ки андози бузург диҳанду коргари зиёд дошта бошанд ва дар пайи қарантина мардуми зиёд бекор монанд. Тайи як моҳи ахир ҳукумат тамоми бозорҳо - манбаъи хеле умдаи андозро баст. Агар онҳо боз ҳам мебуданд, савдо намебуд, чун мардум бо дарки буҳрон маболиғи худро эҳтиёт карданд ва тоҷир савдои дуруст ҳам намекард. Қиёси Тоҷикистон бо Белорус мантиқӣ нест. Он кишвар даҳҳо корхонаи бузург дорад, ки агар қарантина кунад, иқтисодаш барбод меравад. Ё ҳамчунин мулоҳизаҳоро дар Аврупо Шветсия дорад, ки аз роҳи худ рафт, на дигар кишварҳои қора”, - гуфт Азизи Нақибзод.

Хисороти қарантинаи саросариро Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демография ба хабаргузории «Ховар» шарҳ дода, гуфта буд, ки агар Тоҷикистон ду моҳ тамоми соҳаҳоро мебаст ва намегузошт мардум кор кунанд, тақрибан 16 миллиард сомонӣ зарари иқтисодӣ медид.

“Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша соли 2020 бояд маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо ба сатҳи 87 миллиард сомонӣ мерасид. Яъне агар мо аз нимаи моҳи апрел то нимаи моҳи июн қарантина ҷорӣ мекардем, пас наметавонистем он маҳсулоти кишоварзиеро, ки имрӯз дар бозорҳои мо фаровонанд, ба даст орем”, - гуфт Шариф Раҳимзода.

“Кам бошаду ғам набошад”...

Бархе кишварҳои гирифтори “вируси корона” бо эълони қарантинаи саросарӣ барномаҳои чандинмиллиардаи зиддибуҳрониро рӯи даст гирифтанд, то осебпазириҳои моддиву маънавии шаҳрвандони худро ҷуброн кунанд.

Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Аз ҷумла ин кишварҳо кӯмакпулӣ ва қатъи ҷаримапулӣ ба гирифторони ин маризӣ, иловапулӣ ба кормандони тиб, рухсатӣ ва рухсатипулӣ ба волидайни талабагони мактаб, пӯшидани зиёни соҳибкории хурду миёна, қатъи пардохтҳои қарзии бонкҳо ва даҳҳо имтиёзи дигарро рӯи барномаҳо оварданд, ки аз сӯи ҳукуматҳо ҷуброн мешавад.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон кормандони бонку ниҳодҳои иқтисодӣ гуфтанд, ки ироаи чунин имтиёзот дар тавони ҳукумати Тоҷикистон нест, аз ҷумла тавқифи уҳдадориҳои қарзии муштариён пеши бонкҳо, зеро худи бонкҳо низ пеши сармоягузоронашон уҳдадорӣ доранд, аммо ҳар иқдоми мумкин аз сӯи ҳукумат анҷом мешавад, то эътидоли иқтисодиву иҷтимоӣ аз миён наравад.

Аз ҷумла Бонки миллӣ нархи бозпардохт ва захираҳои ҳатмиро поён оварда, ҳудуди 250 миллион сомонӣ маболиғи бонкҳоро озод кард, ки ҳама равонаи иқтисодиёт шуд, иқтисодиёте, ки тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 40% - сади оидоташро маболиғи муҳоҷирини меҳнатии ҳоло дар ватану Русия дармонда ташкил мекунад.

Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода карантинро зиёновар хонд: дар 2 моҳ 16 миллиард сомонӣ зарар мерасид

Ҳамзамон Тоҷикистон ба ин муваффақ шуд, ки як қисмати қарзҳояш дар Сандуқи пули ҷаҳонӣ бахшида шавад ва ҳам 189 миллион доллар қарзи бефоизи ин ниҳоди молиявиро ба даст орад. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, музокироте аз ин қабил бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалии ҷаҳонӣ ба хотири қавӣ нигоҳ доштани сутунҳои иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли расидан ба марҳалаи ниҳоии худ ҳастанд.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, бонки давлатии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” миллионҳо доллар қарз дар ихтиёри Агентии захираҳои давлатӣ гузошта шуд ва ин ниҳод аз Ӯзбекистону Қазоқистон нуриҳои минералӣ ва ғалла ворид кард.

“Мо аксия эълон кардем, ки тибқи он қарз ба сомонӣ 1,5% ва ба доллар 0,8% ба кишварзон дода мешавад. Ин иқдом то 1 май буд, аммо мо то 1 июн тамдид кардем, зеро сол сербориш омад ва баҳори навоҳии кӯҳистон ҳам дер сар шуд. Қарзи камфоизу арзон пешниҳод кардем, то ҳосиле ба даст оварда, амнияти озуқавории худро таъмин карда бошем”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.

Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як қарор тартиби нави пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро тасдиқ кард.

Бино ба он, аз 1 июли соли равон ин оилаҳо аз буҷаи давлат ҳар чормоҳа 116, дар умум 464 сомонӣ дар сол дарёфт мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон чӣ тадобири дигареро барои саломати Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст, ба мо маълум нест, зеро имкони дарёфти чунин иттилоъ аз Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” аслан вуҷуд надорад.

Аммо аз он чӣ дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд ва ин ҳам ки коҳиши фишори “вируси корона” бар ҷомиа мушоҳида мешавад, метавон ба ин натиҷа расид, ки Тоҷикистон дар ин буҳрон аз роҳи худ рафт, роҳи тоҷикӣ.

Лентаи хабарҳо
0