Девушка в защитной маске

Ҷарима барои ниқобу дурӯғ: чӣ, кай ва дар куҷо? - муфассал

2059
(Таҷдидшуда 12:03 12.06.2020)
Тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пас аз имзои президент қувваи қонунӣ мегиранд. Агар то он замон вазъи сиҳӣ дар кишвар беҳбуд ёбад, зарурати амалӣ шудани онҳо намемонад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пас аз гирифтани таъйиди Маҷлиси миллӣ, имзои президент ва рӯзи нашр шуданашон дар нашрияҳои расмӣ қувваи қонунӣ мегиранд.

“Маҷлиси миллӣ эълон кард, ки ҷаласаи навбатиашро 26 июн баргузор мекунад. Агар ин тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард, боз зарурати имзои президент аст, ки ҳадди ақал як ҳафтаи дигар вақт мегирад. Умедворем, ки то имзои президент вазъ беҳбуд ёбаду зарурати амали чунин тағйиру иловаҳо ва ҷаримаҳо намонад”, - гуфт Равшан Раҷабзода.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ва дар тақвияти моддаи 374 (тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Тоҷикистон) – и кодекси мазкур як моддаи нав зам кард.

Ин тағйиру иловаҳоро 10 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон муаррифӣ намуд ва Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон далоили таъйид ва мувофиқати Маҷлиси намояндагон ба онҳоро баён дошт.

Чӣ тағйир хӯрд ва чӣ илова шуд?

Моддаи 207

Қисми 2 – и моддаи 207 - и Кодекси ҷиноӣ тағйир хӯрд. Дар гузашта ин қисми модда ҷазо барои нақзи он қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар назар дошт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон мешаванд. Ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.

Ҳоло ин қисм он ҷазо барои нақзи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар назар дорад, ки ҳангоми буруз ва густариши маризии барои инсон хатарнок ё ҳангоми иҷрои тадобири маҳдудкунандаи қарантинӣ аз беэҳтиётӣ ба маризшавии оммавӣ ё масмум шудани одамон меорад.

Мӯҳлати ҷазо тағйир нахӯрдааст, аммо ба моддаи 207 қисми 3 илова мешавад, ки бино ба он, кирдори дар ду қисми болои модда зикршуда агар аз беэҳтиётӣ сабаби расидани зарари шадиди ҷисмонӣ ба саломатӣ, ё бо вирус олуда шудани нафси эминӣ (иммунодефитсит)-и одам, ё марги як ё чанд нафар шавад, аз панҷ то даҳ соли зиндон ҷазо мегирад.

Моддаи 112

Қисми 2 – и моддаи 112 низ амалан нав шуд. Агар дар таҳрири қаблӣ ин қисм ҷазои маъмурӣ барои такрори кирдори зикрёфта дар қисми 1 – нақзи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологиро дарбар мегирифт, ҳоло комилан тағйир хӯрдааст. Акнун нақзи он қоидаю меъёрҳое дар назар дошта мешавад, ки замони буруз ва густариши маризии барои инсон хавфнок, ё ҳангоми иҷрои маҳдудиятҳои қарантинӣ ё риоя накардани дастур (қарор) - ҳо, ё талаботи мақомот (афроди масъул), ки назорати санитарию эпидемиологиро дар замони иҷрои тадобир назорат мекунанд, иттифоқ меафтанд.

Ҷарима ҳам барои ашхоси ҳақиқӣ аз 7 то 12, соҳибкорони муҷаввиздор аз 20 то 30, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 40 то 60, афроди соҳибмансабон аз 60 то 80 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муайян шудааст.  

Гузашта аз ин, барои тақвияти қисми 2 қисми 3 афзуда мешавад, ки бино ба он, кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 такрорёфта тайи як сол муҷозоти шадидтар доранд, аз ҷумла барои ашхоси ҳақиқӣ аз 15 то 20, соҳибкорони муҷаввиздор аз 30 то 40, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 60 то 80, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

Моддаи 113

Унвони моддаи 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия” бо вожаҳои “ва дигар бемориҳои сирояткунанда” пурра шуда, бар он як қисми нав – қисми 1 илова мешавад.

Бино ба қисми 1, ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ алорағми талаботи ниҳоди масъули давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст. 

Моддаи 374 (1)

Ин моддаи нав такмили моддаи 374 аст, ба шарҳи зер: интишори иттилооти нодуруст бо истифода аз расонаҳо, интернет ё соири шабакаҳои иртиботии барқӣ.

Тавзеъи ин қабил иттилоот дар сурати буруз ва густариши бемориҳои хатарнок барои инсон ё ҳангоми анҷоми иқдомоти маҳдудкунандаи қарантина, ё маълумоти ғайривоқеии равишҳо ва усулҳои иқдомоти муҳофизатӣ ва дигар иқдомоти анҷомшуда барои таъмини амнияти ҷамъият бо ҷаримаи афроди ҳақиқӣ дар ҳаҷми аз 10 то 20 нишондиҳанда барои хисобҳо ё бодошти маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз ва афроди ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муҷозот хоҳанд шуд.

Кош, кор надиҳад

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва маҳз дар боби риоияи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бардошти ҳукумати Тоҷикистон аз маъракаи мубориза бо “вируси корона” ё COVID – 19 метавон унвон кард. Мунтақидони ин тағйиру иловаҳо бар инанд, ки ҷаримаҳои сангин метавонанд барои авҷи ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат кунанд.

Як фаъоли ҷомиаи маданӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, механизми иҷрои ин қавонин дақиқ нестанд ва мақомоти нозир метавонанд ба ҳар баҳона як нафарро барои надоштани ниқоб ё нашри иттилои нодуруст муттаҳам кунанд.

 “Маълум нест, ки масалан, мардум кай метавонанд бе ниқоб гарданд. Як умр намегарданд ку. Акнун ҳар корманди милиса метавонад ҳар каси дилхоҳашро боздошт ва муҷозот кунад. Агар кор ба суд кашад, он ҷо бар пояи чӣ ҳукм хоҳанд кард? Ё иттилои нодуруст чӣ маъно дорад? Оё дар замони эпидемия ё пандемия фақат иттилои расмӣ баёни воқеият аст? Аз мушкилиҳо набояд гуфт? Суолҳо зиёданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон мегӯяд, нигарониҳои мардум дар ин боб асос надоранд, зеро қонунро ҳанӯз Маҷлиси миллӣ таъйид накарда, аз сӯи президент имзо нашудааст, ки ин тақрибан 20 – 25 рӯзи дигар вақт мегирад.

“Пӯшидани ниқоб доимӣ нест. Ҳамин ки Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё COVID – 19 эълон кард, ки вазъи санитарию эпидемиологӣ ба эътидол омадааст ва мардум метавонанд озод дар кӯчаву бозор гарданд, иҷрои қонун ҳам мутаваққиф мешавад. Умедворем, ки то имзои президент вазъи сиҳӣ беҳбуд ёбад, дар сарзамини мо дигар эпидемия пайдо нашаваду ин қонун ҳам кор надиҳад”, - гуфт Равшан Раҷабзода.

Тоҷикистон амалан аз моҳи январ ба ин сӯ тадобири мубориза бо “вируси корона” ё COVID – 19 – ро роҳандозӣ мекунад. Аввалин мавориди ин маризӣ 30 апрели соли равон эълон шуданд.

 Тибқи омори расмӣ, то 11 июн дар кишвар 4834 ба ин маризӣ гирифтор шуда, 3062 (63,3%) шифо ёфтаанд ва 49 нафар фавтидаанд.

2059
Барчаспҳо:
ҷарима, маъмурӣ, Кодекси ҷиноӣ, имзо, президент, Тоҷикистон
Женщина несет своего ребенка

Янки, гоу ҳоум: дар Сурия боз чӣ мегузарад?

219
(Таҷдидшуда 19:50 11.08.2020)
Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва дастаи посбонон, ҳамалоти мушакӣ ва инфиҷори минаҳои заминӣ дар тули масири сутунҳо - барои низомиёни амрикоӣ замини Сурия танг мешавад. Ҳамалотро на танҳо гурӯҳҳои террористӣ мезананд. РИА Новости таҳқиқ кард, аз ҳузури ИМА дар кишвари арабӣ боз кӣ нороҳат аст.

Аз чор тараф

Чанде пеш пойгоҳи низомии ғайриқонунии ИМА дар музофоти Хасек дар шимолу шарқии Сирия зери аҳдофи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифт. Инҷо дар шасткилометрии ҷануби шаҳри Ал-Хасак амрикоиҳо аэродромеро барои қабули чархболҳои ҳамлавар ва боркашон муҷаҳҳаз карда буданд. Бино ба иттилои расонаҳои Сурия ба пойгоҳи мазкур гурӯҳи номаълум ҳамла оварданд.

Вақтҳои ахир амрикоиҳоро дар Сурия доим тир мезананд ва онҳо осеб мебинанд. "Номаълумҳо" бештар қисми посбонии низомиёни ИМА-ро қир мекунанд.

Чунончи, охири моҳи май гурӯҳи худравҳои пур аз низомиёни Амрико ва ҷанговарони гурӯҳи "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро дар Дайр-аз-Зор дастаи мусаллаҳ бо автомат, мусалсал ва норинҷак ҳамла оварданд. Дар натиҷа се арикоӣ ва 5 узви НДС маҷрӯҳ шуданд.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Моҳи апрел бошад, силсилаи ҳамалот дар музофоти Хасака анҷом дода шуд. Аз ҷумла, мошини зиреҳдори "Хаммер"-ро, ки низомиёни амрикоӣ ва узви НДС савор буданд , "Шахсони номаълум" дар наздикии деҳаи Рувейшид тирборон карданд. Дар натиҷа чанд тан маҷрӯҳ шуданд. Дар пайи чунин як ҳодисаи дигар дар Дайр-аз-Зор як афсари амрикоӣ ва ҷанговари НДС ҳалок шуданд. Пас аз як ҳамлаи дигар ду амрикоӣ бенишон гум шуанд. Сарнавишти онҳо то ҳол рӯшан нест.

Борҳо дар роҳи патрулҳо таҷҳизоти тарканда мепартоянд. Моҳи июл дар Дайр-аз-Зор автомобили низомиёни мунфаҷир шуд. Талафоти бештарро амрикоиҳо моҳи январи соли гузашта доштанд: дар Манбиҷ дар шимоли Сурия дар наздикии патрули пиёдагард минеро мунфаҷир кард, дар натиҷа ду аскар, Корманди Вазорати дифои ИМА ва як ҷанговар кушта шуданд.

Пентгон бошад бештари хабарҳоро рад мекунад ва "фейк" мебарорад.

Мубориза барои захираҳо

Коршиноси ҳарбӣ Юрий Лямин дар мусоҳиба бо РИА Новости таъкид кард, ки воҳидҳои низомии Амрико ва патрулҳояшро қабилаҳои маҳаллӣ, ки зери истилои ИМА ва ҳаммаслакони вай мондаанд, метавонанд анҷом диҳанд.

"Инҳо арабҳое мебошанд, ки дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ба сар мебаранд, - мегӯяд Лямин. Феълан, онҳо амалан дар зери ҳокимияти курдҳо, ки амрикоиҳо дастгириашон мекунад, қарор доранд. Албатта, одамон норозианд, онҳо пурра аз вазъият норозиянд ва ҷонибдори бо Димишқ буданд".

Дар ҳоле, ки ин қабила мусаллаҳ ва тамриндидаанд.

Бо далели он ки дар кишвар чанд сол боз ҷанги шаҳрвандӣ меравад, силоҳ дар дасти аҳолӣ басанда аст, - таъкид кард Лямин. Аз ҷумла намудҳои гунонуи он, миномет ва пулеметҳо низ ҳастанд".

Коршиноси дигари рус Александр Перенджиев мегӯяд, ҳамла ба низомиёни амрикоӣ метавонад қисме аз муборизаҳои дохилиэътилофӣ барои захираҳои Сурия бошад.

Ин амалан мубориза байни худи дуздон аст, - таъкид кард вай. - Аз як тараф, Пентагон ҳаст, аз тарафи дигар - гурӯҳҳои саноативу молӣ, ки манфиатҳои ширкатҳои низомии алоҳидаро ҳимоя мекунанд, метавонанд ҳамон террористҳоро мусаллаҳ кунанд.

Ба гуфтаи вай, Пентагон дар бозиҳои Сурия, қувваи мустақил нест, балки манфиатҳои гурӯҳи алоҳидаро дар ИМА намояндагӣ мекунад.

Ин ҳамалоти пинҳонии аз тезутунд шудани мубориза барои канданиҳои гаронарзиш дар Сурия шаҳодат медиҳанд. 

Низомиёни рус собиқ фурудгоҳи ҳарбии амрикоиҳоро дар Сурия ишғол карданд

"Агар дар ҳамла ҳарбии Сурия даст медошт, Пентагон дарҳол иқрор мешуд, - афзуд Перенджиев. - Аммо вақте мегӯянд, "қувваҳои номаълум", маънои онро дорад, сиррашонро пош карданӣ нестанд, аммо боварӣ дорам, ки худашон нағз медонанд".

Боз як хатари дигар ба амрикоиҳо, муқовимати мардуми Сурия мебошад. Чуноне ки президенти кишвар мегӯяд, мақсади мардуми ин кишвар, холӣ дидани он аз ҳама гуна нерӯҳои хориҷӣ мебошад.

Моҳи июн сокинони Тел-Абъяд дар музофоти Хасаке дар назди марз даст ба тазоҳурот зада, аз бурдани ғайриқонуни гандумашон изҳори норозигӣ кардаанд.

Чанд рӯз пеш аз қазия ВКХ Сурия изҳор дошт, ки ҷангиёни Туркия ва ҳаммаслакони Амрико барои ноором сохтнаи вазъ дар кишвар чанд бор замини гандум ва дигар донагиҳоро оташ заданд.

Фармондеҳии низомии ва ҳаммаслакони онҳо вазъи гуманитарӣ дар шимоли Сурияро мушкил мекунанд, то аҳолиро зидди мақомоти расмии кишвар хезонанд.

 Зуд-зуд бо ҷурми амрикоиҳо аҳолии осоиштаи кишвар қурбон мешаванд. Моҳи май аскарони ИМА дар Дайр-аз-зор ронандаи худраверо паррониданд - гӯё аз шоҳроҳи назди кони нафти "Коннико" худрав тоб хӯрда бошад.

Моҳи феврал, дар пости назди шаҳри Камишли низомиёни Сурия ҳарбиёни аримкоиро боздошт карданд, ки тариқи хатсайри ҳамоҳангношуда мерафтанд. Амрикоиҳо бо сокинони маҳаллӣ ҷанг хезониданд, ки дар натиҷа ҳарбиён ба тирандозии бетартиб сар карданд. Он замон як наврас кушта шуд ва як тани дигар захм бардошт. 

Қазия танҳо пас аз дахолати Русия ба эътидол оварда шуд.

219
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин

Алвидоъ, доллар: Русия ва Чин ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёфтанд

1407
Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Русия ва Чин дар роҳи паст кардани вобастагӣ аз доллар фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, чунин ранг гирифтани ҳол метавонад дар натиҷа байни Пекин ва Маскав "иттиҳоди молие" -ро ба миён орад, менависад нашрияи машҳури ҷопонӣ Nikkei Asian Review.

Нашрия ба маълумоти Бонки марказии Русия ва Хадамоти федеролии гумруки кишвар истинод мекунад. Бино бар омори ниҳодҳои мазкур, бори нахуст дар торихи ҳамкориҳои тиҷории Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 дар сад афтодааст.

"Доллар фақат барои 46 дар сади муҳосибаи байни Русия ва Чин истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол евро 30 дар сад ва пули миллӣ 24 дар сади муҳосибаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд", - омадааст дар гузориши Nikkei Asian Review.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

Таъкид мешавад, ки солҳои охир, Русия ва Чин дар солҳои охир дар савдои дутарафаашон истифодаи долларро ба маротиб коҳиш доданд.

"Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод", - тавзеҳ медиҳад Nikkei Asian Review.

Тавре мудири Институти тадқиқотҳои Шарқи дури АИР Алексей Маслов гуфт, "дедолларизатсия" ё долларгурезии Амрикову Чин ба "қулла" наздик мешавад, ки метавонад муносибатҳои Маскав ва Пекинро то "иттиҳод" расонад.

"Ҳамкориҳои Русия ва Чин дар соҳаи молия аз он мегӯяд, ки онҳо дар ниҳоят дар ҳоли ёфтани параметрҳои иттиҳоди ҷадид бо якдигар ҳастанд. Бештаринҳо интизор доштанд, ки ин иттиҳод ё тиҷорӣ ё низомӣ хоҳад буд, аммо он ҳоло бешатр ранги молӣ мегирад. Ин барои ҳарду кишваркафолати мустақилӣ медиҳад", - гуфт вай.

Nikkei Asian Review қайд мекунад, ки "дедолларизатсия" аз соли 2014 авлавият дошт. Русия ҳамчунин пас аз таҳримҳои ИМА маҷбур шуд, ки ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёбад.

"Ҳамагуна амалиёти бонкие, ки дар тамоми ҷаҳон тавассути доллар анҷом дода мешаванд, дер ё зуд аз бонки амрикоӣ мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Амрико метавонад ба ин бонк супориш диҳад, ки ин ё он амлиётро мутаваққиф кунад", - тавзеҳ дод иқтисодшиноси ING Bank  дар Русия Дмитрий Долгин.

Дедолларизатсия пас аз ворид намудани миллиардҳо доллар молиёт ба колои чинӣ аз ҷониби ҳукумати Доналд Трамп фарохтар гардид.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

"Танҳо ба наздикӣ Чин ва иншоотҳои бузурги иқтисодӣ дарк карданд, ки онҳо низ дар вазъи ҳамтоёни русашон метавонанд қарор гиранд: зери таҳримҳо монанд ва ҳатто аз системаи SWIFT берун оянд", - иқрор мешавад, корманди илмии Маркази тадқиқотҳои Шонгхойи донишгоҳи Чжан Син.

Дар натиҷа дар соли 2014 Русия ва Чин созишномаи сесолаи мубодилаи асъорӣ бастанд. Он ба Маскав ва Пекин имконият дод, ки асъори якдигарро бе харидорӣ намудан аз бозори асъор дастрас карда тавонанд. Соли 2017 ин созишномаро ба 3 соли дигар тамдид карданд.

Тобистони соли 2019 ҷонибҳо созишномаи ивазкунии доллар ба пули миллӣ дар савдои байналмилалиро бастанд. 

Афзун бар ин, Русия аз ҳисоби доллар захираҳои юанро фаъолона бой мекунад. Бино бар иттилои Nikkei Asian Review Русия захираи чоряки юанро дар бозори ҷаҳонии асъор азхуд кардааст.

Тавре Маслов мегӯяд, кӯшиши Русия дар ҷамъоварии юан на танҳо бо мутанаввиъ намудани захираҳои асъори кишвар вобаста аст.

"Русия дар муносибат бо Амрико нисбат ба Чин мавқеи қатъиеро ишғол мекунад. Русия ба мубориза одат кардааст, он ба гуфтушунид намебарояд. Русия ба ҳамкории молӣ бо Чин нишон медиҳад, ки Чин низ мавқеашро мисли ӯ қатъӣ карда метавонад", - афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол вожгун кардани доллар осон нест.
Ба гуфтаи иқтисодшиноси Донишгоҳи Ҳорвард Ҷеффӣ Франкел, доллар якчанд афзалият дорад, ки то ҳол ягон асъори кишварҳои дунё бо он баробар шуда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос иқрор мешавад, ки вазъи долларро қарзи давлатии Амрико ва сиёсати таҳримбардори кишвар метавонад коста кунад.

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

"Таҳримҳо як воситаи муҳими Амрико мебашанд, аммо кӣ гуфта наметавонад, ки дигарон низ метавонанд ин роҳро пеш гиранд", - гуфт дар анҷом иқтисодшинос.

1407
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

0
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

0
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот