Андрей Казанцев

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

635
(Таҷдидшуда 09:01 27.06.2020)
Директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Казантсев пешниҳоди роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Ба гуфти Андрей Казантсев,  як қатор сабабҳои барқарор шудани парвозҳо байни Федератсияи Россия ва кишварҳои ИДМ ҳангоми пандемия вуҷуд доранд.

"Аввал-робитаҳои наздики муҳоҷират, инчунин робитаҳои оилавии одамони зиёд. Дуюм- вазъи эпидемикӣ, ки дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳам наздик аст. Сабаби саввум робитаҳои таърихӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Казантсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, кишварҳои ИДМ омодаанд, ки робитаҳои ҳавоӣ бо Русияро боз кунанд. Аммо, тавре ки коршинос қайд кард, вазъ дуҷониба аст.

"Афзоиши гардиши ҳавоӣ ба паҳншавии сироят мусоидат мекунад, аммо аз тарафи дигар зарари иқтисодӣ ба ҳадди ақалл кам хоҳад шуд", - хулоса кард коршинос.

Қаблан роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ба ҳукумати Русия нақшаи барқарор кардани парвозҳои байналмилалиро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ, он бояд аз кишварҳои ИДМ оғоз ёбад.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Тавсия дода мешавад, ки парвозҳо ба кишварҳои хориҷаи дур, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар алоҳидагӣ барқарор карда шаванд.

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

Гуфта мешавад, мактуби дахлдор ба Роспотребнадзор ва инчунин ба дафтари муовини сарвазир Татяна Голикова фиристода шудааст. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ баррасӣ шуда истодааст, аммо қарорҳои ниҳоӣ бо назардошти мувофиқа бо дигар давлатҳо қабул хоҳанд шуд.

635
История Таджикистана на карте Москвы: Кремль

Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо

1645
(Таҷдидшуда 15:56 27.06.2020)
27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар хотима гузошт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аз ҳамон айём ба ин сӯ 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Аммо бо гузашти 23 сол аз он тавофуқи таърихӣ ин интиқодҳо, бахусус аз сӯи ворисони мухолифини собиқ, садо медиҳанд, ки он созишнома амалӣ нашуда, ваҳдати миллӣ низ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, балки баръакс, ҳукумати Тоҷикистон мухолифини худро мағлуб карда, аҳдшиканӣ кардааст.

Оё дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст? Оё Созишномаи сулҳ пурра иҷро шуда буд? Муҳимтарин сабақи ҷанги дохилӣ чӣ буд? Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин ва дигар суолҳоро Sputnik Тоҷикистон бо сиёсатшинос, яке аз шоҳидон ва муҳаққиқони раванди сулҳи тоҷикон Абдуллоҳи Раҳнамо ба миён гузошт.

- Биёед, аз саволи аз ҳама ҳассос сар кунем. Ба назари Шумо, имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдат ҳаст?

- Ҳаст. Ваҳдат, сулҳ, амният, субот ҳама ҳаст. Имрӯз ваҳдат ҳолати фарогир дорад. Инро дар ҳар хонадон ва дар хиёбони ҳар шаҳри кишвар дидан мумкин аст.

Дар бораи даъвои мухолифин оид ба шикасти аҳд

- Пас чаро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки аҳду ваҳдат шикаста шудааст? 

- Шояд зеҳни чунин афрод дар сатҳи фаҳмиши соли 1997 боқӣ монда бошад. Он вақт ваҳдат ба маънои созишномаи ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида мешуд. Аммо дар ин 23 сол мафҳуми ваҳдат бисёр таҳаввул ёфт. Акнун он на ба маънои муносибати ду тарафи созишномаи соли 1997, балки ба маънои муттаҳидии ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ фаҳмида мешавад. Ҳолате, ки аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, нухбагони минтақавӣ, ақаллиятҳои миллӣ, доираҳои фикрӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои асосии давлатдорӣ ва ниҳоди давлат муттаҳид бошанд. Яъне муҳимтарин нукта ин аст, ки ваҳдат аз сатҳи як қарордод ба сатҳи як тафаккур ва як фарҳанги фарогир таҳаввул ёфтааст.

- Ба ҳар сурат, магар пояи ваҳдате, ки дар борааш имрӯз мегӯем, ҳамон Созишномаи сулҳ нест?

- Созишномаи сулҳ бисёр муҳим аст. Президент онро бисёр дақиқ бо худи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробар дониста, санади наҷоти дубораи кишвар хондаанд. Он бузургтарин дастоварди таърихи муосири мост ва нақши беназири таърихии худро дошт.

Аммо имрӯз чорчӯби фарогирии ваҳдат ва раванди таърихии миллатсозӣ Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумимиллист. Масалан, насле, ки ҳоло 40-сола аст, вақти имзои Созишномаи соли 1997 ҳамагӣ 17-сола буд, 30-солаҳо он вақт 7-сола буданд, 20-солаҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд. Яъне инҳо он вақт дар ҳеҷ тарафи ин ҷанг ё созишнома набуданд. Ё дар ин 23 сол даҳҳо ҳизбу ҳаркату ташкилоту мавқеъҳо ба вуҷуд омаданд, ки он вақт умуман вуҷуд надоштанд. Агар ҳоло ҳам дар чорчӯби тақсимоти соли 1997 андешем, пас ҷойи ин насли нав ва ин нерӯҳои нав дар раванди ваҳдат дар куҷост? Чунин фаҳмиши шахшудаи ваҳдат аксарияти ҷомеаи имрӯзаро аз мафҳуми ваҳдат хориҷ нигоҳ медоранд. Ин амалгароёна ва воқеъбинона нест. Бинобар ин, ваҳдат акнун басе фаротар аз он чорчӯбҳост.

Умуман, то ҳоло ба қолабҳои он давра фикр кардан, дар банди ҳамон тақсимот мондан, худро яке аз тарафҳои ҷанг ё сулҳ тасаввур кардан дидгоҳест, ки ҳаргиз ба ваҳдати воқеӣ намебарад.

- Чун 27-уми июн рӯзи имзои Созишномаи сулҳ аст, ин назарҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ин санад то охир иҷро нашудааст. Назари Шумо чист?

- Созишномаи сулҳ моҳиятан пурра дар амал татбиқ шудааст. Ҳамин сулҳу оромишу ваҳдате, ки имрӯз мебинем, мароми ниҳоии созишнома буд. Ахиран яке аз иштирокдорони тамоми раванди музокирот ва сулҳсозӣ, шахсияти муътадилу огоҳ устод Абдунабӣ Сатторзода низ дар бораи созишномаи сулҳ фармуданд, ки он дар амал пурра татбиқ шуд. Аммо агар ба таври мушаххас гӯем, созишномаи сулҳ ё умуман сулҳи тоҷикон аз чор бахши асосӣ иборат буд: масъалаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирин.

Бахши ҳуқуқии созишнома пурра иҷро шуд ва соли 1999 матни нави конститутсия, ки бо иштироки ду тараф дар Комиссияи оштии миллӣ таҳия шуда буд, қабул гашт. Қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонуни ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Комиссияи оштии миллӣ аз нав таҳия шуд.

Бахши низомии созишнома низ амалан иҷро шуд. Ҳазорон нафар аз нерӯҳои низомии мухолифин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интергратсия шуданд ва ё ба ҳаёти мулкӣ гузаштанд. Бархе ҳоло ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукуматӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, баъзе ислоҳоти қонунгузорӣ ва ё бархӯрдҳои сиёсию низомӣ, ки даҳ-понздаҳ сол пас аз татбиқи созишнома рӯй доданд, омилҳои дигар дошта, ба масъалаи созишнома ва сулҳ марбут нестанд.

Бахши сеюми созишнома, яъне масъалаҳои муҳоҷирин бошад, аз ҳама беҳтар иҷро шуд. Ҳама оворагон ба ватан бозгардонда шуданд. Бо барномаҳои махсуси давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ хонаву дару деҳаҳояшон бозсозӣ шуд ва ғ.

Бахши сиёсӣ, ки асосан тақсими қудратро дар бар мегирифт, низ моҳиятан амалӣ шуд. Аммо маҳз ҳамин бахш бинобар сабабҳои объективӣ байни мухолифин баҳснок боқӣ монд.

Ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд.

- Воқеан, Шумо он замон дар Комиссияи оштии миллӣ будед ва мустақим таҳаввулотро назорат мекардед. Чаро мухолифин то имрӯз аз ин масъала гила доранд? Оё дар ҳаққашон воқеан ҷабр шудааст?

- Аввал бояд мушаххас кунам, ки ин мухолифин ҳаргиз он мухолифин нестанд. Ҳатто вориси ҳуқуқии онҳо низ нестанд ва он баҳсҳо ҳамчун баҳси сиёсии рӯз кайҳо баста шудаанд. Аммо барои таърих ва муҳаққиқон мешавад рӯшанӣ андохт, ки дар ҳақиқат масъалаи ба намояндагони ИНОТ вогузор намудани 30% аз вазифаҳои давлатӣ ҳассостарин баҳси он замон буд. Ба мушоҳидаи онвақтаи банда аз дохили раванд, се омил боис шуд, ки ин мавзӯъ баҳснок бимонад:

Сабаби якум, худи созишнома як санади бузурги сиёсӣ буд, аммо аз назари амалия баъзе пешбиниҳои хушбинона дошт. Масалан, дар он "давраи гузариш", яъне амалан давраи татбиқи созишнома, 18 моҳ аз рӯзи имзои созишнома пешбинӣ мешуд. Дар поёни он бояд интихоботи парлумонӣ доир мегашту аз назари ҳуқуқӣ вазъият оддӣ мешуд. Баъд аз он ҳеҷ меъёре пешбинӣ намешуд, ки намояндагони собиқ мухолифин дар вазифаҳо бимонанд. Яъне пас аз ин марҳилаи гузариш ва интихобот, ҳукумат аз назари созишнома ва қонунӣ вазифадор набуд, ки онҳоро дар вазифаҳо ҳифз кунад. Механизм дуруст буд, аммо шояд аз хушбинӣ барои татбиқи чунин раванди мураккаб чунин давраи кӯтоҳ пешбинӣ шуда буд.

Ёд дорам, ки баъзе роҳбарони мухолифин, аз ҷумла раиси ҳайати музокиротии ИНОТ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пешниҳод доштанд, ки "давраи гузариш" фақат пас аз пурра таъйин шудани намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои давлатӣ оғоз шавад. Аммо ин вариант нагузашта буд. 

Дуюм, дар масъалаи интихоби номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ байни худи мухолифин ихтилофи бисёр сахт пеш омад. Хусусан дар заминаи маҳалгароӣ ва зурозмоии қумондонҳо. Онҳо барои тақсими вазифаҳо моҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд ва билохира, "давраи гузариш" тамом шуду шояд бахше аз ин тақсимот дар сатҳҳои миёна ва ё поин боқӣ монд. Илова бар ин, баъзе номзадҳои пешниҳодии мухолифин салоҳияти ин вазифаҳоро надоштанд ва гаштаву баргашта иваз мешуданд.

Сеюм, дар айни замон, он вақт қабули онҳо дар таркиби ҳукумат кори содда набуд. Президенти кишвар борҳо ишора намуданд, ки қонеъ намудани баъзе ҳамсафон ба чунин ҷасорати сиёсӣ осон набуд. Дар он марҳила барои кафилони асосии байналхалқӣ низ худи хатми ҷанг, барқарории сулҳ ва минтақавӣ нашудани буҳрон муҳимтар буд, на баҳсҳои баъдии дарунтоҷикӣ барои тақсими вазифаҳо.

Ин буд, ки ҳамин бахши "тақсими вазифаҳо" дар муҳити мухолифин то охир баҳснок монд. Ин дар ҳолест, ки ҳатто пас аз тамом шудани "давраи гузариш" низ аксари намояндагони таъйиншудаи мухолифин то солҳои зиёд, баъзеашон ҳатто то 6-7 соли дигар дар вазифаҳои давлатӣ боқӣ монданд. Ин дигар талаботи созишномаи сулҳ набуд, балки фаротар аз созишнома, назари ваҳдатсози худи роҳбари давлат буд.

Аммо тавре гуфтам, ин як шарҳ барои таърих буд. Зеро баҳси "тақсими вазифаҳо" дар муқоиса бо куллияти созишномаи сулҳ мавзӯи асосӣ набуд. Илова бар ин, дар маҷмуи санадҳои Созишномаи сулҳ пойбандии ҷонибҳо ба як силсила ормонҳо ва арзишҳои олии ахлоқию миллию сиёсию давлатдорӣ таъкид мешуд, ки ёдоварии он хеле муҳимтар аз масъалаҳои мушаххаси ҷузъӣ мебуд.

Пас, агар аз диди манфиатҳои давлату миллат баҳо диҳем, созишомаи сулҳ иҷро шуд, сулҳ ба воқеият табдил гашт, он имрӯз ҳам чун воқеияти инкорнашаванда ҷараён дорад. Ваҳдат низ чун раванди фарогири аксарият дар ҷараён аст. Аз ин рӯ, аз инсоф нест, агар касе бигӯяд, ки чун имрӯз ман дар ин раванд нестам, ваҳдат ҳам нест. Меъёр аксарият аст, миллат аст, воқеият аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон қатъи фаъолияти ҳизби манъшудаи наҳзати исломиро ҳамчун намунаи нақзи Созишномаи сулҳ номидаанд. Оё чунин назар дуруст аст?

- Аввалан, ин ҳизб ба танҳоӣ як тарафи созишномаи сулҳ набуд, зеро ИНОТ аз чандин гурӯҳҳои сиёсӣ ташкил ёфта буд. Сониян, ин ҳизб баъд аз имзо ва татбиқи созишномаи сулҳ 19 соли дигар фаъолият кард. Дар парлумон, дар минтақаҳо, дар ҷомеа. Аммо дар соли 2015 манъ шудани он дигар ба созишномаи сулҳ рабте надорад. Он омилҳои комилан дигари худро дошт, ки як баҳси алоҳида аст.

Илова бар ин, дар созишномаи сулҳ навишта нашудааст, ки ин ё он ҳизб аз дахлнопазирии абадӣ бархӯрдор бошад ва ё дар оянда ҳар амале содир кунад, аз масъулияти қонунӣ озод бошад. Бинобар ин, рабт додани манъи фаъолияти ин ҳизб, он ҳам пас аз 19 сол, ба нақзи созиншномаи сулҳ як ҳарфи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ.

Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд…

- Сулҳи тоҷикон натиҷаи чор соли музокира ва ду соли кори КОМ буд. Дар бораи арзиши ин музокирот имрӯз чӣ нуктаи муҳим гуфтан мумкин аст?

- Музокироти сулҳи тоҷикон як мактаби бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ буд. Дар он тамоми минтақа ва тамоми ҷаҳон саҳм дошт. Ҳар касе, ки дар раванди ҷанг саҳим буд, дар раванди сулҳ ҳам шомил буд. Албатта, он ҷо пинҳонӣ ва ин ҷо ошкоро. Ин музокирот саҳнаи соиши манфиатҳои гуногун буд.

Аммо дар муносибати байни худи тоҷикон дипломатия ва бозӣ бисёр набуд. Дар он рӯҳияи тоҷикӣ бештар таъсиргузор буд. Шухӣ ҳам буд, латифа, шеър, мавъиза, мусобиқа, қаҳр, дашном, киноя, гузашт, ҳамтабақӣ, оғӯш ҳама чиз буд. Дар музокироти байни тоҷикон умумиятҳои тоҷикӣ ва дарки ин умумиятҳо аз сӯи тарафҳо бар ихтилофи сиёсӣ ғалаба кард. Бунёди сулҳи тоҷикон ҳамин дарк буд. Ҳама дарёфтанд, ки як чизанд, одаманд, тоҷиканд. Аксари аъзои ҳайати музокирот ва КОМ дар оянда дӯстони наздик шуданд, баъзе ҳатто қудову хешу табор шуданд.

Муносибати сарвари давлат бо роҳбари мухолифин ба як дустӣ табдил шуда буд. Президент ҳатто дар вақти бемории ӯ ба хонааш хабаргирӣ омада, табобати ӯро дар хориҷа супориш карда буд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ, мо бояд ҳамеша умумиятҳои инсонӣ, имонӣ ва миллии тоҷикии худро ҳифз кунем. Ин хатти сурх аст, нуктаи пайванд аст, модари муштарак аст, умумияти наҷотбахш аст.

- Аммо фикр намекунед, ки солҳои охир таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон камранг шудааст?

- Бале. Бисёр муҳим аст, ки ин таҷриба дар сатҳи шоиста омӯхта шавад. Он  ҳатто метавонист яке аз ифтихорҳои ва брендҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳам фурсат аст, ки як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис гардад, ки ҳам омӯхтан ва ба назария табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҳам нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро анҷом диҳад. Шахсан банда ба ин мавзӯъ ба ҳадде аҳаммият қоилам, ки орзу дорам, чунин марказ таъсис дода, тамоми умрамро ба омӯзишу таблиғи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ба таҳкими ваҳдати миллӣ сарф намоям.

- Дар ниҳоят, баназари Шумо, пас аз ин қадар солҳо, муҳимтарин дарси ҷанги дохилӣ чи буд?

- Сабақҳо бисёранд. Аммо муҳимтарин сабақи ҷанги дохилии мо ин аст, ки ҳеҷ идея, ҳеҷ манфиат, дидгоҳ, ҳизб ё идеология арзиши онро надорад, ки суботро бишканем, ватанро вайрон кунем, миллатро пароканда кунем ва давлатро аз даст диҳем. Ҳама чиз, ҳама тарҳу ормон фақат дар фазои давлат, ваҳдат ва амният маъно пайдо мекунад. Бинобар ин,  имрӯз, бо пеши рӯй доштани он сабақи бузург, ҳама гуна даъват ба бесуботӣ ва низоъ бемсаъулиятӣ дар баробари ин кишвар ва ин мардуми ранҷдида мебуд. Пас бояд дигар ҳаргиз ба фитнаву тафриқа дода нашавем. Сабақи асосӣ ҳамин аст.

1645
Барчаспҳо:
Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷанги шаҳрвандӣ, Русия, Созишномаи сулҳ, оппозитсиюни тоҷик, Ҳукумат, ҲНИТ, ИНОТ, "Ваҳдат", Тоҷикистон
Машина дистанционного разминирования Листва

Навтарин мошинҳои низомии куҳгард

46
(Таҷдидшуда 02:34 29.06.2020)
Низоъҳои низомӣ, пеш аз ҳама дар муборизаҳои технологиӣ мебошанд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия дар тамоми самтҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik, Александр Хроленко. Россия бартарии технологии силоҳро дар доираи васеи соҳаҳо, аз ҷумла ҳамгироии системаҳои орбиталӣ бо мошинҳои дурдасти кӯҳӣ ва безараргардонӣ, нишон медиҳад. 

Ҳангоми омӯзиши паради ҳарбӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дар байни 24 навъи яроқ ва таҷҳизот бори аввал системаҳои дурдасти кӯҳӣ ва поксозӣ - "Кишоварзӣ" ва "Фолиаж" мушоҳида карда шуданд.

Якум қодир аст "минаҳои дақиқи насб" -ро тавассути моҳвора дар масофаи то 15 километр аз нуқтаи якбора сар додани сершумор, дуюм кафолат дода ё нест карда гирад. Дастгоҳҳои таркандаро бо радиатсияи радиорелегӣ дар масофаи то 100 метр дар бахши ҳаракати мошин Системаҳои навтарин ба таври оммавӣ истеҳсол мешаванд ва ба арсенали нерӯҳои Русия ворид мешаванд.

Пешрафти технологӣ тактикаи ҷангро тағир медиҳад, ки самарабахштар ва "тамос" мешаванд. Пешрафтҳои пешрафтаи саноати дифоъи Русия имкон медиҳанд, ки пеш аз қувваҳои заминии душман дар сарҳадҳои дур - бидуни тамоси мустақими ҷангии ҷузъу томҳо, инчунин "хатчӯбҳои" сабукрав - минаҳо ва минаҳои идорашаванда дар масофа нест карда шаванд.

Ҳамлаи дақиқи "Ферма" дар маҳалҳо

Монеаҳои таркандаи мина (MVZ) дар амалиётҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумӣ барои гузарондани машқҳои нерӯҳои заминӣ, боздошти гурӯҳҳои баландпояи ҳамлаи мобилӣ ё "гузоштани" нерӯҳои десантӣ ба ҳаво (ё бастани фурудгоҳ) бо майдонҳои мина, иртибот халалдор мекунанд, амалиётҳои пушти душман ва инчунин фаро гирифтани худ панҷара ва дигар осебпазирӣ. Нақши муҳимро суръат ва дақиқ будани истихроҷи маҳал бозӣ мекунад. 

Истихроҷи фосилавӣ тавассути системаи муҳандисӣ метавонад пас аз 10 дақиқа пас аз қабули қарор аз ҷониби командир ба анҷом расад. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки майдонҳои амалиётӣ ва амалиёти ҷангиро "хомӯш" кунед. Ин усули монеаҳои таркандаи мина бехатартарин ва идорашаванда ба ҳисоб меравад, дараҷаи баланди автоматика ва мустақилият дорад.

Системаи кишоварзии дурдасти кӯҳкории Русия (ISDM) дар соҳаи автомобилии КамАЗ (8x8) сохта шудааст, ки 50-зарбачаҳои мушакии бисёрқабата мебошад, ки бо ракетаҳои махсус таҳияшудаи 122-мм, ки бо намудҳои гуногуни минаҳо (пиёдагардон ва зидди танкҳо) муҷаҳҳаз аст, оташ медиҳад.

Насли нави лавозимоти ҷангии муосири баланд ба талаботи созишномаҳои байналхалқии ҳалокати худ ҷавоб медиҳад. Имкон дорад, ки монеаҳои "дар навбат" насбшударо, ки дар вақти муайян худидоракунӣ (ё ба ҳолати бехатар гузаранд) бидуни интизории ҳадафҳо насб карда мешавад. 

Ракетаи мушакии ISDM "Кишоварзӣ" лавозимоти ҷангиро дар масофаи 5 то 15 километр аз минтақаи ҷойгиршавӣ "мекорад". Ба туфайли новбари моҳвораӣ ва идоракунии автоматӣ, минаҳо дар ҷои таъиншуда меафтанд. Системаи истгоҳи автономии ҳаво "ислоҳоти шамолро" месозад.

Гузашта аз ин, омодасозии маълумот барои тирандозӣ, волта дар нуқтаҳои ҳисобшуда ва мошинҳои азнавборкунӣ ба таври худкор сурат мегирад. Система мобилӣ буда, қобилияти баланди гузариш дорад ва қодир аст муддати тӯлонӣ "дар алоҳидагӣ" амал кунад. Миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ (ракетаҳо дар контейнерҳои интиқолдиҳӣ) тавассути нақлиёти боркаш дар ҳамон пойгоҳи чархдор таъмин карда мешавад. Технологияи истифодаи ҷанг дурӣ аз канори пешро пешбинӣ мекунад, аммо кабинҳо бо зиреҳ ҳифз шудаанд. 

Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ISDM-ро аз соли 2020 қабул мекунад. Techmash шумораи дақиқи мошинҳои харидашуда, инчунин суръати таъмин ва миқдори шартномаро ифшо накардааст. Умуман, рушди ТП Тула "Алой" комилан пӯшида аст. Маводи иттилоотӣ оид ба "Кишоварзӣ" бори аввал дар Форуми байналмилалии техникии ҳарбӣ-2016 пешниҳод карда шуд, аммо тасвири система бори аввал дар моҳи июн нашр шуд.

Қувваҳои асосии НАТО (ИМА, Олмон, Бритониёи Кабир, Италия) инчунин системаҳои авиатсионӣ, мушакӣ, артиллерия ва муҳандисии истихроҷи дурдаст доранд, ки дар муддати кӯтоҳ майдонҳои минаҳоро таъсис медиҳанд. Такмил ва муборизаи технологияҳои тарканда бемайлон идома дорад. Бисёр дастовардҳои Русия дар соҳаи минаҳо дар ҷаҳон шабеҳи ҳамто надоранд.

Мубориза бо печи "Фолиҷа"

Дар Россия силоҳҳои электронӣ, ки ба принсипҳои нави физикӣ асос ёфтаанд, ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ташаккули ҷанг бомуваффақият истифода мешаванд. Мошини дурдасти безараргардонии минаҳо (MDR) қодир аст минаҳо ва минаҳоро дар масофаи то 100 метр кашф ва тарконида тавонад ва аз пешгирии ногаҳонии душман кӯмак кунад. Дар қувваҳои ракетаҳои стратегӣ (қувваҳои ракетаҳои стратегӣ) озмуда шудааст. 

 "Фолиҷа" дар Қувваҳои ракетаҳои стратегӣ соли 2017 пайдо шуд, аммо бори аввал дар Паради Ғалаба ширкат хоҳад кард. Яке аз маҷмааҳои махфии Русия барои безарар сохтани дастгоҳҳои тарканда дар масири парвози сайёрҳои мушакҳои баллистикии байниминтақавӣ тарҳрезӣ шудааст.

Мошини зиреҳпӯш бо воҳиди радиорелегӣ (UHF) дар масири патрули ҷангӣ дар назди системаи мушакҳои хок ҳаракат карда, сигналҳои мобилиро тақлид мекунад, минаҳои аз ҷониби радио идорашавандаро дар канори роҳ ва дар масофаи хеле дур ҷойгир мекунад.

Мошини тозакунандаи дурдаст қобилияти муайян кардани дастгоҳҳои таркандаи минаҳоро бо унсурҳои металлӣ, нобуд кардани лавозимоти муҳандисӣ ва дастгоҳҳои тарканда, ки ҷузъҳои электрониро дар бар мегиранд. Пештар ин технология истифода нашуда буд ва имрӯз қисмҳои муҳандисии пайвастаҳои қувваҳои стратегии ракетавӣ дар ихтиёри тақрибан 150 MDR Foliage мебошанд. 

Дар боми мошини зиреҳпӯш антеннаи параболикӣ мавҷуд аст, ки минаро, ки бо зарбаи фавқулодда ёфт шудааст, безарар мегардонад. Импульси радиорелегии мустақим қобилияти хомӯш кардани сими барқӣ ва системаи иртиботи ҷангиро дорад. Кунҷи мавҷгири радиорелегӣ 90 дараҷа аст. Хати рахкашон 50 метрро ташкил медиҳад. Барои экипаж барои муҳофизати артиш аз радиатсияи электронӣ костюмҳои махсус бо риштаҳои металлӣ таҳия карда шуданд.

Тавсифи дақиқи "Шӯрӣ" тасниф карда шудааст, аммо тибқи маълумоти сарчашмаҳои кушод, вай қодир аст минаҳоро дар масофаи то 100 метр, бо суръати 15 километр дар як соат ҳаракат кунад. Таҳиягар Бюрои тарроҳии Рязании "Глобус" мебошад, истеҳсолкунанда корхонаи асбобҳои Краснодари "Каскад" мебошад. 

Агар шумо ба таври васеътар назар гиред, силоҳи электронӣ метавонад снарядро дар танк ё системаҳои боркунии автоматии "роҳбанд" ба таври фосилавӣ халалдор кунад ва инчунин қувваҳои душманро дар дохили як паноҳгоҳ ё зеризаминӣ дар умқи то 100 метр нобуд кунад. Чунин силоҳҳо бидуни истифодаи яроқҳои анъанавӣ таҷҳизоти душманро безарар карда метавонанд.

Генераторҳои мобилии радиатсияи электромагнитӣ (НМ) метавонанд ба электроникаи душман дар масофаи даҳҳо километр (дар осмон, дар баҳр ва хушк) осеб расонанд. Нишони мавҷи мавҷҳои басомади муайян ба дастгоҳҳои электрикӣ, ба мисли зарбаи болға, таъсир мерасонад. Компютерҳо ях мекунанд, системаҳои роҳнамоӣ (новбари) функсияро аз даст медиҳанд. Импулс қодир аст микросхемаҳоро ба таври ҷисмонӣ нест кунад, яъне сӯзонад.

Хулоса, 24 июн паради Ғалабаи технологӣ бар рақибони эҳтимолӣ баргузор мешавад. Мо қайд мекунем, ки "садченкунакҳои радиорелегӣ" бомуваффақият бартараф карда шуданд; дар Русия воситаи пурқувваттарини тоза кардани дурдасти Гидон озмуда шуд.

46
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:13 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷоро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализпаҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва поруи мавҷудбударо ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғалис дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0