Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото

Мунтазири парвозҳо: дар барқарории хатсайрҳои Тоҷикистону Русия чӣ мушкилӣ ниҳон аст

1246
(Таҷдидшуда 14:01 29.07.2020)
Тоҷикистон имкони баргардонидани шаҳрвандонашро ба ватан пайдо кард. Ҳоло муҳим аст, ки бо Русия шартнома дар бораи парвозҳои мунтазам баста шавад. Даҳҳо ҳазор одамон дар интизори кор ҳастанд

ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар пайи хабарҳо бобати барқарор шудани хатсайрҳои байналмилалӣ бо Русия аз моҳи август, Тоҷикистон ба Русия дархости расмӣ равон кард, ки парвозҳои мунтазам миёни ду давлат аз нав роҳандозӣ шавад.

Ҳоло Душанбеи расмӣ ҷавоби Кремлро интизор аст, чун ки боздошта шудани хатсайрҳо воқеан дарди сари ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Ҳазорҳо тоҷиконе, ки ба хона баргаштан мехоҳанд, дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон ҷамъ мешаванд ва ба ҳукумати худ муроҷиат мекунанд. Дар худи Тоҷикистон ҳам ҳазорҳо нафар ба Русия барои кор рафтан мехоҳанд.

Байни ду давлат фақат хатсайрҳои чартерӣ мавҷуданд, ки онҳо ҳам зуд-зуд нестанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ зарари калон дида истодаанд. Масалан, “Тоҷик Эйр” 90% кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод ва тасдиқ кард, ки нархи чиптаҳо ҳатман боло бардошта мешавад. Ин ҳатман ба ҳар як шаҳрванд таъсир мекунад.

Аммо рӯзи 27 июл, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин эълон кард, ки Русия ба ташкил кардани ду хатсайри чартерии ҳарруза иҷозад дод ва адади парвозҳо аз 10 то 14 то дар як ҳафта зиёд шуд.

Бозгашт ба кор

Кормандони вазорати корхои хориҷии Тоҷикистонро тайи ду моҳи оянда барои овардани шаҳрвандони кишвар аз хориҷа корҳои зиёде мунтазир аст. Тибқи иттилои расмӣ ҳоло барои бозгашт аз хориҷа 41 ҳазор нафар дархост кардааст ва вазорат дар самти овардани онҳо ба ватан бояд мусоидат кунад. Аз замони басташваии марзҳо танҳо 16 400 шаҳрвандон бозгаштанд.

Хушбахтона, иҷозаи ду парвози чартерӣ дар як ҳафта барои бурдани гуруҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ - беморон, пиронсолон, занони фарзанддор ва донишҷӯён дар ояндаи наздик имкон медиҳад ва дуюм, сатҳи норозигии иҷтимоиро паст мекунад. Зеро издиҳом дар назди сафоратхона ба вазорати корҳои хориҷӣ фоида намедиҳад.  

Лекин, ташкили ҷадвали устувори хатсайрҳо ва бозгаштани тоҷикистониҳо ин ними кор аст. Ҳозир муҳим аст, роҳандозии парвози мунтазамро интизор шавем, то инчунин онҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд, барои кор ба Русия раванд.

Коршинос: талабот ба муҳоҷирон кам намешавад, вале бӯҳрон дер паси сар мешавад

Норасоии “пули муҳоҷирон” ба иқтисоди давлат зарбаи сахт зад. Моҳи май президент Эмомалӣ Раҳмон зимни як баромадаш гуфт, ки аз сабаби эпидемияи коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи якуми апрел то 50% коҳиш ёфт. Ҷумҳурӣ маҷбур шуд ба Фонди байналмилалии асъор барои ёрии молиявии иловагӣ муроҷиат кунад.

Ҳоло дар пасманзари хабарҳо аз Русия дар робита ба барҳам додани маҳдудиятҳои қарантинӣ дар бисёрии минтақаҳо ва барқарорсозии бахши сохтмон ва хизматрасонӣ (дар ҷое, ки аксарияти муҳоҷирон кор мекунанд), вақти ба кор рафтан аст.

Коронавирус бедор аст

Монеаи асосии аз нав барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам вазъи эпидемиологӣ мебошад. Дар байни ним сол инсонҳо бо COVID-19 зиндагӣ кардан омӯхта шуданд, аммо коронавирус худ ба худ гум нашуд. Ҳамин тавр, пас аз пастшавии сатҳи беморӣ дар бисёри давлатҳо, котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Алан Гебрейесус баён кард, ки суръати пандемияи коронавирус тезтар шуд.

Гузашта аз ин, дар Ветнам, сар задани сироят бо навъи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, ки он назар ба шаклҳои қаблан маълумшудаи вирус шадидтар ва хатарноктар мебошад.

Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

Инчунин, риоя кардани қоидаҳои карантинӣ дар ҳолати барқарор шудани парвозҳо масъалаи аввалин мебошад. Он шаҳрвандоне, ки из Русия баргаштанд, тафтиш карда мешаванд, ва бемориҳо ба беморхона ё хонаи худ барои табобати мустақил бурда мешаванд.

Вазъияти кормандони хориҷӣ аз ин ҳам боз мураккабтар хоҳад шуд. Агар беморӣ дар Русия нишон дода шавад, онҳоро ба ҳисобдории беморхона мондан ва ба тартиби назорати иҷтимоӣ даровардан имконнопазир хоҳад буд, аз сабаби он ки онҳо дар рӯзҳои аввал ба қайд гирифта нашудаанд ва ҷои зиндагии доимӣ надоранд. Ва ҳам хизматрасонии тартиби тандурустӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрас нест (ба касе ки шиносномаи русӣ надорад).

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд 

Вазъият мураккаб шуда истодааст, чун ки муҳоҷирҳо ба Русия барои кор омаданд, барои дар карантин будан не, яъне, ҳатто аломатҳои бемориро ёфта, ба беморхона муроҷиат кардани онҳо шубҳаовар аст. Хусусан ин масъаларо ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бояд ба зудӣ ҳал кунанд.

Роҳи сафед

Имкон дорад, Душанбе ва Маскав барои боз кардани сарҳадоти худ дар моҳҳои оянда ба товофуқ расанд, ки хабари хушоянд хоҳад буд. Иқтисоди ҳарду кишвар аз муҳоҷирон вобастагии калон дорад: Тоҷикистон ба интиқоли маблағ ва Русия ба коргарон ниёз дорад, ки корҳои сохтмониро идома диҳад ва бӯҳронро паси сар кунад.

Ғайр аз ин, ҳукумати Русия ба ниези ширкатҳои ҳавопаймоӣ мавқеи худро муайян мекунад, чун ки талаботи дохилӣ кам мебошад ва зарарри пандемияро рафъ карда наметавонад, ҳатто дар мавсими сайёҳӣ.

Пурсиши ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ нишон дод, кӣ онҳо иҷозати ҳукумат барои кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ интизор ҳастанд, ва аввалин давлатҳо барои парвоз – кишварҳои хориҷии наздик мебошанд.

“Давлатҳои ИДМ – ба мо парвозҳои байналмилалии наздик доранд. Шояд, мо метавонем ба ин давлатҳо барвақт аз дигар парвозҳои умумии байналмилалӣ сар кунем”, - гуфт, вазири нақлиети Русия Евгений Дитрих.

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

Мавриди зикр аст, ки Дитрих инро охири моҳи июн гуфта буд ва кушодашавии сарҳадот давоми як моҳ тахмин мерафт, ки то ҳол амалӣ нашудааст.

Бо вуҷуди ин, талаботи иқтисодиёт ва дархостҳои шаҳрвандону соҳибкорон, бешубҳа, ба кушодани сарҳади ҳавоӣ мусоидат мекунанд.

1246
Барчаспҳо:
буҳрон, иқтисод, пул, кор, муҳоҷирин, сарҳад, парвозҳои иловагӣ, ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Русия, Тоҷикистон
Дмитрий Голубовский

Голубовский дар бораи содироти тилло ва металлҳои қимматбаҳо аз Тоҷикистон

282
(Таҷдидшуда 20:15 21.09.2020)
Таҳлилгари молиявӣ Дмитрий Голубовский гуфтааст, ки миллиард хеле зиёд аст ва Тоҷикистон минбаъд низ аз содироти тилло ва металлҳои қиматбаҳо манфиат гирифта, иқтисодиётро дастгирӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Тоҷикистон ба туфайли афзоиши назарраси фурӯши металлҳои қиматбаҳо содироти маҳсулоти худро дар ҳашт моҳи соли равон 49,1% афзоиш дод. Сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ба бузургтарин содироти молҳои ҷумҳурӣ ба хориҷа табдил ёфтанд.

Маблағи умумии молҳои содиротии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2020 беш аз як миллиард долларро ташкил додааст, ки 57% фоидаи ба даст овардаи давлат аз фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо мебошад.

"Афзоиши содирот аз он шаҳодат медиҳад, ки нарх афзоиш ёфтааст. Нархи тилло воқеан вақтҳои охир хеле баланд шуд. Дар замони бӯҳрон он ҳамеша қимат мешавад, ин дороии муҳофизатист" гуфт Голубовский ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, сангҳои қиматбаҳо низ қимат мешаванд. Вақте ки коғазҳои қиматнок меафтанд, одамон аз дороиҳои коғазӣ метарсанд ва пулро ба арзишҳои воқеӣ, ба монанди тилло, алмос, асарҳои санъат ё амволи ғайриманқул табдил медиҳанд.

"Ба Тоҷикистон насиб шудааст, ки захираи тилло дошта бошад, аз он манфиат мегирад ва инро идома хоҳад дод, зеро тилло қимат хоҳад шуд. Миллиард доллар 30 фоизи қисми хароҷоти буҷаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ин даромади хеле калон аст", - гуфт коршинос.

Тибқи маълумоти пеш аз бӯҳронии солҳои 2015-2016, қисми даромади буҷаи давлатӣ 2,4 миллиард доллар ва тамоми ММД 20 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Вай қайд кард, ки Русия инчунин аз содироти тилло пули хуб ба даст овард, дар баҳор содироти тилло ҳаҷми содироти нафту газро пӯшонид ва моли асосии содиротӣ шуд.

Коршинос шарҳ дод, ки агар ин содироти тилло намебуд, пас рубли русӣ ба таври назаррас коҳиш меёфт ва ин барои ҳамаи истеҳсолкунандагоне, ки таҷҳизоти воридотиро истифода мебаранд, бад аст, барои онҳо беқурбшавии рубл афзоиши хароҷот аст.

Дар Тоҷикистон маҳдудияти муайяне мавҷуд аст, ки ӯ метавонад девалватсияро паси сар кунад, пас аз он сатҳи таваррум ва қашшоқии мардум оғоз хоҳад ёфт.

Ҳамзамон, шиддати иҷтимоӣ афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ, дар шароити бӯҳронӣ дастгирии иқтисод аз ҷониби мақомот табиӣ аст

Геологияи тоҷик гуфт, сокининон дар чанд минтақа метавонанд тилло шӯянд

Дар Тоҷикистон кори дурустро оғоз намуда, ба кам кардани андозҳо ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар пасманзари он ки қурби асъорро ба эътидол меоварданд, оғоз карданд. Ин сиёсати салоҳиятдор аст.

Ба гуфтаи коршинос ин бадтарин сол аз соли 2008 аз нуқтаи назари молия аст.

282
Барчаспҳо:
қочоқи сангҳои қимматбаҳо, тилло, содирот, Тоҷикистон
Американский танк M1A2 Abrams

“Абрамс”-ҳо интиқол ёфтанд: амрикоиҳо дар назди сарҳади Белорус чӣ карданӣ ҳастанд

258
Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудудҳои Русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik, Николай Протопопов. Қӯшунҳои хушкигард, тайёраҳои бомбаандоз, қиркунандаҳо ва гурӯҳҳои ҳамлавари флотӣ — Пентагон ва НАТО боз дар назди сарҳадҳои Давлати иттиҳод меафзоянд. Ба қарибӣ баталони танкии ИМА дар Литва фуруд омад — вай дар тамринҳои низомии “Ҷасорати атлантикӣ” (Atlantic Resolve) иштирок мекунад. Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия тез-тез парвозҳои ҳавонавардии стратегӣ ва тайёраҳои иктишофкунандаро муайян мекунанд. Сабаби ин чист — дар мақолаи РИА Новости хонед.

“Дӯстон” аз Балтика

Дар машқгоҳи шаҳри Пабраде даҳҳо танкҳои Abrams, мошинҳои ҷангии пиёдагарди Bradley, мошинҳои зиреҳпӯш ҷойгир карда буданд — дар машқгоҳи Пабраде як артиши хурд ташкил ёфт ва андак пеш аз ин амрикоиҳо ҳавонавардҳои худро — чархболҳои Apache ва Black Hawk-ро ҳам ба Литва интиқол доданд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Белорус дар ин машқгоҳе, ки 15 километрии ҳудуди Давлати иттиҳодӣ ҷойгир аст, ҳамагӣ панҷсад хизматчии ҳарбӣ, 29 танк ва 43 мошини ҷангии пиёдагардро як ҷо ҷамъ кардаанд.

Мақомоти ҷумҳурии балтика шарҳ доданд, ки амрикоиҳо дар якҷоягӣ бо афсарони Литва вазифаҳои муштараки омӯзиширо таҳия хоҳанд кард. Ин амалиётҳо аз рӯи нақшаанд ва муқобили дигар кишварҳо равона нестанд. Бояд қайд кунем, ки Вилнюс аз амрикоиҳо дар бораи тез-тез гузаронидани тамринҳо дар машқгоҳҳои Литва дархост мекунад ва таъмини истиқомати бароҳат барои шарикони он сӯи уқёнус дер боз яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат мебошад.

 “Барномаи ротатсияи (ҷойивазкунии) қувваҳои амрикоии “Ҷасорати атлантикӣ” ҳанӯз замони раҳбарии собиқи Кохи Сафед оғоз ёфт, — изҳор дошт Артём Куреев, таҳлилгари ҳарбии клуби таҳлилии “Валдай” дар мусоҳиба бо РИА Новости. — Бо ҳодисаҳои Белорус ин мустақиман вобастагӣ надорад. Аммо дар айни замон, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ ҷадвали ҷойивазкуниро сахт риоя мекунанд ва амалиётҳои худро бекор намекунанд”.

Хотиррасон мекунем, ки амалиёти “Ҷасорати атлантикӣ”- ро ИМА якбора баъд аз ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия соли 2014 шурӯъ кард. Бо баҳонаи “таҷовузи русӣ” амрикоиҳо қӯшунҳои худро дар кишварҳои гуногуни Аврупо ҷойгир мекунанд ва тадриҷан шумораи онҳоро афзуда истодааст.

Фаъолияти нодуруст

Тибқи мулоҳозаи мутахассисон, НАТО фаъолияти худро дар назди ҳудуди русия аз соли 2014 ду маротиба зиёд кард. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия эълон кард, ки кишварҳои Паймони Атлантикии шимолӣ ба муқобилаи замони Ҷанги Сард мехоҳанд баргарданд: НАТО инфраструктураи худро мустаҳкам карда истодааст ва ташкили системаҳои мушакии худро дар Аврупои Шарқӣ давом медиҳад.

“Гурӯҳи НАТО дар кишварҳои назди Балтика дақиқ кам намешавад, — боварӣ дорад Куреев. — "Раҳбарони ин давлатҳо ба ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ниёз доранд, то дар назди интихобкунандагон аз" таҳдиди Русия "ҳимоят кунанд, ки ин метавонад ба нокомиҳои иқтисодӣ, бандарҳои истифоданашуда ва норозигии ақаллиятҳои русзабон рабт дода шавад."

Ғайр аз он, бар хилофи Олмон, кишварҳои назди Балтика —  Латвия, Эстония ва Литва барои хӯрондани қӯшуни бегона тайёранд ва бахши асосии хароҷотро барои инфраструктура ва ҷобаҷокунии қувваҳои амрикоӣ ба дӯш мегиранд.

Аз ҷой ба ҷой гузаштани доимии хизматчиёни ҳарбии ИМА дар Аврупо — як чизи одатӣ аст. Бузургтарин майдони амалиёти ҳарбии Пентагон дар Аврупои Шарқӣ дар Лаҳистон (Полша) воқеъ аст. Ҳоло дар он ҷой чоруним ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд ва ба наздикӣ боз ҳазортои дигар оварда мешавад.

Вашингтон ва Варшава шартномаро дар бораи ҳамкории васеъи ҳарбӣ имзо карданд. Мувофиқи ин санад дар Полша тартиби фармондиҳӣ ва штабии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА беҳтар мешавад, марказҳои тайёрии ҳарбиро ташкил мекунанд, шароити мусоид барои ҷойгиркунии ҳавонавардии ҳарбию нақлиётӣ ва қувваҳои амалиёти махсус муҳайё мешавад.

Тибқи Қарори асосии Россия – НАТО соли 1997, алянс ӯҳдадор аст, ки дар сарҳадҳои шарқияш қувваҳои сершуморро доимӣ ҷойгир намекунад, аммо дар ин ҳол ИМА ин моддаҳоро моҳирона риоя намекунад.

Даҳҳо тайёраҳою чархболҳо бо мақсади “тарсондани” Русия ба Аврупо интиқол ёфтаанд. Ҳамин тавр дар Лаҳистон қиркунандаҳои F-16 ва тайёраҳои нақлиётии С-17 Hercules-ро ҷойгир кардаанд. Такроран барои посбонӣ кардани кишварҳои назди Балтика ва марзҳои фазоӣ ва баҳри Балтикаро ба Литва қиркунандаҳоро интиқол кардаанд. Пентагон гоҳ-гоҳ тайёраҳои муосири F-35 Lightning ва F-22 Raptor-ро барои намоиши қувваи худ ба фурудгоҳҳои иттифоқчиён мефиристад. Ҳамзамон дар Лаҳистон ҳам онҳо гурӯҳи бесарнишинҳои иктишофию ҳамлавари  MQ-9 Reaper-ро ташкил карданд.

Намоиши қувваи ҳарбӣ

Ҳавонавардии стратегии ИМА дар Аврупо ҳам фаъол аст. Ҳамин тавр, се тайёраи бомбаандози В-52Н зарбазаниро бо мушакҳои пардор дар охири август дар вилояти Калининград таҳия карданд. “Стратегҳо” аз базаи ҳавонавардии Фэрфорд парвоз карда, аз болои Нидерланд, Олмон, Лаҳистон ба сӯи минтақаи машқгоҳи эстониявии Тапа гузашта омаданд ва ба ҳадафҳо дар ҳудуди Русия зарбаҳои шартиро заданд.

Дар аввали сентябр тайёраҳои бомбаандози “Flying Fortress” гирдогирди Украина парвоз кардаанд. B-52 аввалин бор ба фазои ҳавоии ин кишвар даромад — се тайёра бо ҳамроҳии қиркунандаҳои украинӣ аз сарҳади ғарбии давлатӣ то баҳри Азов ва баргаштанд.
Тибқи гуфтаи Сергей Суровикин, раҳбари Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия, ҳатто дар давоми як ҳафта — аз 28 август то 4 сентябр — тайёраҳои ҳавонаварди бомбаандози ИМА даҳ парвози алоҳида ва гурӯҳӣ дар фазои ҳавоии Аврупои Ғарбию Шарқӣ иҷро кардаанд. Ғайр аз ин даҳҳо тайёраҳои “иктишофӣ” ҳар ҳафта қад-қади ҳудуди русия парвоз мекунанд — қиркунандаҳои Қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия гоҳ-гоҳ маҷбуранд чанд бор дар як рӯз барои барои боз доштан ба осмон парвоз кунанд.

Аммо Куреев қайд мекунад, ки бар хилофи Хитой, Русия ба ҳар хел “машқҳои зарбазанӣ ба сарзамини худ”-ро оромтар қабул мекунад ва бо тамринҳои нақшавӣ ҷавоб медиҳад. “Масалан, Пекин ба ин хел чизҳо хеле асабӣ муносибат мекунад ва дар ҳамон замон кӯшиш мекунад қувваи низомии худро нишон диҳад”, — изҳор кард мутахассис.

ИМА ба фазои обӣ ҳам аҳамият медиҳад. Киштиҳои онҳо на фақат дар баҳри Сиёҳ  тез-тез пайдо мешаванд. Охири тобистон киштии зериобии ҳастаии USS Seawolf ба Норвеж интиқол ёфт ва андак пеш аз ин киштиҳои НАТО аз болои амалиётҳои зидди қаиқҳо дар Атлантикаи Шимолӣ дар назди соҳили Исландия машқ карданд.

Моҳи май флоти амрикоӣ аввалин бор дар сӣ сол ба баҳри Баренс даромад. Сарнишинони киштиҳои мушакии “Портер”, “Доналд Кук”, “Франклин Рузвелт” ва киштии бритониёии “Кент” дар шароити душвори иқлим машқ карданд.

Ҳамаи ин на танҳо дар бораи кӯшишҳои алянс дар таквият додани иқтидори ҳарбӣ дар Шимол, балки дар бораи қувваи афзудаи Флоти ҳарбии баҳрии Русия ва махсусан флоти Шимолӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат, пас аз анҷоми Ҷанги Сард ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА флоти Русияро ҳамчун рақиби муҳим ҳисоб намекард.

Акнун онҳо маҷбуранд онро ба назари эътибор гиранд.

258
Барчаспҳо:
Белорус, Литва, Аврупо, ИМА, НАТО, Русия
Тепловоз, архивное фото

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

0
(Таҷдидшуда 18:43 22.09.2020)
Намояндагони Туркманистон ва Афғонистон ҳамкориҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳане, ки кишварҳои Осиёи Марказиро метавонад бо ҳам пайвандад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Намояндагони ожонсии “Роҳи оҳани Туркманистон” ва Идораи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Афғонистон доир ба сохтмони роҳи оҳан дар доираи лоиҳаи ТАТ-ро гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст рӯзномаи интернетии “Turkmenistan.ru”.

Аз ҷумла тарафҳо сохтмони қитъаи роҳи оҳани Акина –Андхой ва Тургунди-Ҳиротро баррасӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир, 1,5 километр роҳи оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин аз 33 иншооти обгузар, сохтмони 16 иншоот ба анҷом расидааст.

Баъд аз анҷоми хобондани роҳи оҳан дар қитъаи Акина – Андхой, қарор аст сохтмони ин роҳи оҳан то марзи Тоҷикистон идома ёфбад.

Ҳангоими гуфтушунид, таъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур имкон медиҳад ба Афғонистон ба муносибатҳои иқтисодӣ боз ҳам бештар ҷалб шавад.

Гуфта шудааст, ки ин раванд метавонад ба пойдори сулҳ дар ин кишвар мусоидат кунад.

0
Барчаспҳо:
баррасӣ, сохтмон, роҳи оҳан, Афғонистон, Туркманистон, Тоҷикистон