На алюминиевом заводе Талко

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

459
(Таҷдидшуда 11:52 01.08.2020)
Ширкат мегӯяд, дар як вазъи бесобиқа қарор дорад. Коршиносон бар инанд, ки “Талко” ба буҳронҳо одат кардааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Рӯзҳои ахир идораҳои мухталифи Тоҷикистон аз қарзҳои бузурги Ширкати алюминиуми тоҷик - “Талко” ва корхонаҳои зертобеъаш хабар доданд. 23 июл вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ эълон кард, ки “Алюминсохтмон” - корхонаи фаръии “Талко” ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз кормандонаш қарздор аст.

“399 корманд музди меҳнати худро нагирифтаанд. Мо ин корхонаро мунтазам таҳти назорат ва мониторинги қатъӣ қарор додаем. Роҳбарият ва масъулини ин ширкатро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида будем. Бо иттифоқи мақомоти прокуратура низ чораҷӯӣ кардем”, - гуфт Дӯстмурод Муродзода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

28 июл "Барқи тоҷик" хабар дод, ки ба 1 июли соли 2020 қарзи “Талко” аз ҳисоби барқ ба 415 миллион сомонӣ расидааст.

30 июл Кумитаи андози Тоҷикистон як ҳамелеро аз қарзҳои миллионӣ бар гардани “Талко” андохт. Бино ба иттилои ин ниҳод, худи ширкат 24 миллиону 612,8 ҳазор ва “духтарширкат” – ҳояш - “Алюминсохтмон” – 19 049,8, “Талко – флюорит” – 27 ва “Талко – ресурс” – 13 миллион сомонӣ аз ҳисоби андозҳо қарздор шудаанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, ки дар кул аз қарзҳои ҳангуфт ва рӯз ба рӯз афзояндаи ширкатҳову корхонаҳои бузурги Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, сабабҳои пеш омадани ин вазъ қобили дарк аст.

Талко Голд - тарҳи нодир ва бузургтарини Осиёи Марказӣ тирамоҳ ба кор медарояд

“Аз вазъе, ки дар пайи пандемия ба амал омад, вазъи молиявии корхонаҳо, ки натавонистанд дуруст фаъолият кунанд, бахусус корхонаҳои бузурги саноатӣ хароб шуд. Мо онҳоро хуб дарк мекунем”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.

Даҳшатовар нест!

Дар ҳамин ҳол, як масъули “Талко” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид мекунад, ки ширкат қарз дорад, аммо на ба ҳадде, ки мақомот эълон доштаанд. Вай гуфт, қарзи “Алюминсохтмон” аз музди маош ба он вобаста шуд, ки мизоҷони ширкат қарзи худро пардохт накарданд, чун онҳо дар вазъи мушобеҳ қарор доранд.

“Бубинед, ин қадар сол проблемаи маош набуд. Ҳоло чаро? “Алюминсохтмон” аз сохтмонҳои шаҳри Норак бояд 2 миллион сомониашро гирад, вале он тараф ҳам ба далели пандемия қудрати пардохт надорад. Аммо мо шона холӣ накарда, маошро ҳатман пардохт мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Мавсуф дар бораи қарзи “Талко” пеши “Барқи тоҷик” гуфт, қарз дар охири сол ҳисобӣ мешавад.

“Мо то охири сол 300 ҳазор тон ангишт ва миқдоре мазут барои марокизи гармидиҳии “Барқи тоҷик” омода мекунем. Ширкат онро мегирад, баьд ҳисобӣ мешавад. Ин кори маъмулӣ ва ҳамасола чунин аст. Охири сол қарзи мо пеши “Барқи тоҷик” пардохт мешавад ва ин дар аудити байналхалқӣ дарҷ мегардад”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Аммо қарзҳои андози “Талко” ва корхонаҳои зертобеъаш, бино ба додаҳои ин масъул, манзараи дигар дорад. Вай гуфт, дар соли 2020 аз ҳисоби андозҳо худи “Талко” – 9,6, “Алюминсохтмон – 2, “Талко флюарит” – 0,6, “Талко Кемикал” – 1,6 ва “Талко Ресурс” – 3,2 миллион сомонӣ қарз доранд, ки бо сабабҳои маълум ба таъхир уфтодаанд ва ин қарз он қадар даҳшатовар нест.

Шарҳи "Талко" дар бораи шартномаи 545- миллиона бо Чин ва ташкили корхонаи нав

“Аз аввали сол мо фақат аз истеҳсоли алюминиум ҳармоҳа аз 3,5 то 5 миллион доллар, ки фарқияти арзиши аслии истеҳсолот ва фурӯши метал дар бозор аст, зарар дида истодаем. Инчунин, таьминоти ашёи хом, ки аз хориҷ ворид мешавад ва дигар мушкилоти логистикӣ аз ҳисоби пандемия дардисарҳоеро бароямон эҷод кардаанд. Аммо мо тавонистем истеҳсолотро ҳифз кунем. Ин муҳимтар аз таъхир дар пардохти андоз аст”, - гуфт ӯ.

Зимнан, бино ба додаҳои расонаҳои хориҷӣ, “Чалко” – бузургтарин тавлидгари алюминиум дар ҷаҳон тайи ним соли равон фаъолияти 11 корхонаи худро қатъ кард. Ширкатҳои алюминиуми Ҳинд, қудрати дигари саноатӣ, рӯи ниёз ба сӯи ҳукумати худ оварда, хостори коҳиш додани қимати барқу манъи воридоти алюминиум ба кишвар шудаанд. Сабаб ҳам ин аст, ки агар арзиши 1 тон алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ ба 1,5 ҳазор доллар поён омадааст, арзиши миёнаи аслии метал дар ин кишварҳо аз 1,7 то 1,8 ҳазор доллар аст.

Масъули “Талко” дар бораи ширкатҳои зертобеъ - “Талко Кемикал”, “Талко ресурс” ва “Талко флюарит” гуфт, онҳо фақат аз ҳисоби наомадани кормандони чинӣ фаъолияти худро ё оғоз накарданд, ё дигар мушкилоти объективӣ доранд.

“Қарзи андози онҳо ғайривоқеӣ ҳисоб шудааст. Масалан, 27 миллион сомонии “Талко Флюорит” на аз рӯи ҳаҷми истихроҷ, балки аз ҳаҷми умумӣ ҳисоб шудааст. Дар ин миён ширкат кор накард, аммо андоз ҳисоб карда шуд. Ё 13 миллион сомонии “Талко Ресурс” низ ҳамон тавр - аз рӯи бонус ҳисоб шудааст, ки воқеӣ нест. Масалан, кони ангишти “Конте” зиёда аз 300 милллион тон захира дорад. Муҷаввизи “Талко Ресурс” 10 сола аст, яьне ҳар сол бояд 30 миллион тон истихроҷ кунем ва бонус супорем, ҳол он ки истихроҷи ангишт дар тамоми Тоҷикистон солона 2 миллион тон аст, аммо андоз аз рӯи ҳамон 30 миллион тон ҳисоб карда шудааст”, - гуфт масъули “Талко”.

Пандемияи “вируси корона” ба нақшаҳои тавсеаи “Талко” низ зарба зад. Ширкат моҳи июн эълон карда буд, ки моҳҳои сентябр – октябри соли равон “духтар” – и дигараш – “Талко Голд” – ро ба саҳнаи иқтисоди кишвар хоҳад андохт. Аммо 27 июл Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар дод, ки корхонаи нав соли оянда ба кор хоҳад даромад.

Масъули “Талко” бо таъйиди ин хабар гуфт, таҷҳизоти ширкат дар марзи Чину Қирғизистон банд мондаанд ва агар тирамоҳи имсол техникаву вориди Тоҷикистон шаванд, моҳи апрели соли 2021 корхона ба истеҳсол шурӯъ хоҳад кард.

“Таҷизотҳо ғайригабарит ё фаромеъёрӣ ҳастанд ва онҳоро фақат бо мошин аз тариқи қаламрави Қирғизистон метавон овард. Аз роҳи Бадахшон ҳеҷ имкон надорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Гову шир

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, “Талко” як ширкатест, ки 30 сол ба ин сӯ аз буҳрон ба буҳрон кӯч мекунад ва қарзҳое, ки ҳоло сари ширкат омадаанд, фоҷиа нахоҳанд офарид. Ба қавли онҳо, соли 2005 ширкат 736 миллион доллар қарз дошт, ки гумон мерафт, ҳеҷ гоҳ ба худ нахоҳад омад.

Азизи Нақибзод, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, “Талко” як ширкати сад дар сад давлатӣ аст ва ин ба он маъност, ки ҳукумат ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки он варшикаста шавад.

“Дар оморе, ки ахиран расонаӣ шуд, ин нукта ҷолиб аст, ки ин ширкат дар асл чӣ қадар ба буҷаи кишвар андоз месупорад. Ин арқомро “Талко” ҳеҷ гоҳ расонаӣ намекард ва фикр мешуд, даромадҳои он ба суратҳисобҳои номаълум мерезанд. Аммо вазъе, ки имрӯз “Талко” дорад, фақат хоси ин ширкат ё Тоҷикистон нест, балки як воқеияти ҷаҳонӣ аст”, - гуфт Азизи Нақибзод.

Баёнияи расмӣ: Чин соҳиби "Талко" намешавад

Дар як нимсолаи гузашта ҳатто дар кишварҳои қудратманде, назири Чин, Русия, Амрико, Аврупою дигарон корхонаҳо кори худро қисман ва пурра қатъ карданд. Ҳукуматҳо триллионҳо доллар барои наҷоти корхонаҳои худ мерезанд. Тоҷикистон низ бояд чунин кунад. Гов агар мурд, шир ҳам нест, афзуд вай.

Гуруҳи ширкатҳои “Талко”, ки беш аз 10 ширкати тобеъро дар атрофи сарширкат – “Талко” муттаҳид кардааст, қисман 100% ва қисме ҳам аз 50% боло моликияти давлати Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Аммо идомаи буҳрон то куҷо ин ҷамъро парешон нахоҳад кард, як суол барои фардо аст.

459
Ганиев Таварали

Ғаниев гуфт, Тоҷикистон чӣ гуна метавонад сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад

152
(Таҷдидшуда 12:36 02.08.2020)
Имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Таваралӣ Ғаниев шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ бояд якчанд самтҳои фоиданокро дар тиҷорат дошт, гуфт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Таваралӣ Ғаниев.

Коршинос боварӣ дорад, ки он ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аллакай қарордодҳои дарозмуддат ба имзо расониданд.

Ғаниев инчунин дар бораи аҳамияти ҷолибияти кишвар барои сармоягузорӣ сухан гуфт.

"Захираҳои табиӣ дар иқтисоди бозаргонӣ бояд таблиғ карда шаванд. Бояд коре кард, ки сармоягузорони хориҷӣ ба фазои сармоягузорӣ боварӣ ҳосил намоянд ва тавонанд маблағгузорӣ кунанд. Тоҷикистон дорои потенсиали бузурги захираҳои табиӣ аст" гуфт коршинос дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба таъкиди профессор,  ҳоло дар ҷаҳон як инқилоби нави технологӣ ҷараён дорад, аз ин рӯ Тоҷикистон метавонад сармоягузорони хориҷиро барои тайёр кардани кадрҳо ва навсозии  технология ҷалб кунад.

Ба гуфтаи Ғаниев, сармоягузоронро аз Русия ҷалб кардан мумкин аст, зеро олимони тоҷик забони русиро хуб медонанд.

Ёдовар мешавем қаблан Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт дар пайи буҳрони коронавирус интизор доранд, ки сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон аз 30 то 50 дарсад коҳиш меёбад.

Кумитаи сармоягузорӣ ҳафт кишвари аслии сармоягузори Тоҷикистонро номбар кард

Ӯ  бо такя ба маълумоти пешниҳодкардаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ гуфт, тахмин меравад, сармогузории мустақил то охири соли ҷорӣ аз 15 то 40 дарсад коҳиш ёбад.

 

 

152
Доллары США

Баланду боз баланд: иқтисоддонҳо ҷаҳиши долларро дар моҳи август пешгӯӣ карданд

419
(Таҷдидшуда 10:57 02.08.2020)
Иқтисоддонҳо гуфтаанд, арзиши доллар ва рубл дар моҳи августи соли равон чи қадар метавонанд боло равад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар ҳафтаи охири моҳи июл, рубл дар байни 23 асъори кишварҳои бо иқтисодиёти рушдёбанда натиҷаи бадтаринро нишон дод, менависад "Российская газета".

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи таҳлилии Мактаби олии менеҷменти молиявӣ Михаил Коган, заифшавии якбораи рубл бо як қатор омилҳо рух додааст.

Ба таъкиди коршинос, сухан дар бораи бад шудани тавозуни пардохт бо сабаби талабот ба асъори хориҷӣ дар заминаи кушодани сарҳадот, коҳиши қурби калидӣ аз ҷониби Бонки марказии Русия то 4,25% меравад.

Ӯ гуфт, Бонки Русия барои сабук кардани сиёсати худ" захираи нерӯ "-и худро амалан тамом кард. Коҳиши интизорравандаи 0,25% дар моҳи сентябр барои сармоягузорони хориҷӣ аллакай ҷолиб ба назар намерасад.

Иқтисодчӣ қайд кард, ки хатари таҳримот ба рубл низ таъсири манфӣ мерасонад, аз ҷумла чораҳои маҳдудкунанда нисбати лоиҳаи"Маҷрои шимол-2" ва беҳбуди вазъи номзад ба президентии ИМА Ҷо Байден, ки ваъда додааст, дар сурати интихоб шудан фишорро ба Федератсияи Русия афзоиш медиҳад.

"Рубл метавонад танҳо ба таъсири омилҳои техникӣ такя кунад ва ин он замон ба кор меравад, ки ғайрирезидентҳо дивидендҳоро пурра ба асъор иваз кардаанд", гуфт таҳлилгар.

Иқтисодчӣ бовар дорад, ки август метавонад барои евро ва доллар баландравиҳои нав орад. Тибқи пешгӯии ӯ, қурби доллар метавонад ба 77 рубл бирасад ва евро бошад ба 88 рубл "парвоз кунад".

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

"Албатта, рубл, осебпазир ба назар мерасад. Аммо вазъи барзиёди техникӣ, имкон медиҳад, ки мӯътадилиро давоми як ё ду ҳафта коҳиш диҳад. Ғайрирезидентҳо метавонанд аз хариди фаъоли вомбаргҳои қарзии федералӣ бинобар дурнамои таҳримҳои вазнин худдорӣ кунанд", илова кард Коган.

419

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон