Директор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев

Казансев дар бораи сенарияҳои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон гуфт

319
(Таҷдидшуда 18:09 15.10.2020)
Интиқоли қудрат дар Тоҷикистон метавонад ҳам аз рӯи сенарияҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон сурат гирад, мегӯяд Андрей Казанцев, директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Пас аз интихоби навбатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як саволи аён ба миён меояд - оё вай пас аз ҳафт сол ба мӯҳлати дигар номзад хоҳад шуд ё ба омода кардани ворисе шурӯъ мекунад, ки интиқоли ороми қудратро таъмин мекунад ва роҳи ҳозираи сиёсиро ҳифз месозад.

Ба гуфтаи Андрей Казансев, директори Маркази таҳлилии МГИМО, Раҳмон гузинаи дуюмро интихоб мекунад, ки ваколатро ба раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ интиқол медиҳад.

Ва дар ин ҳолат, чизи асосӣ барои роҳбарияти кишвар интихоби лаҳзаи мусоидтарин аст.

"Суол ин аст, ки вақте вазъ, ба фикри президенти амалкунанда, ба дараҷае бехатар хоҳад шуд, вай метавонад ба интиқоли қудрат тавассути хатти “падар ва писар” бидуни хатари ҷиддӣ умед бандад",- гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Грозин гуфт, Раҳмон бояд ба чӣ диққат диҳад: "танҳо бо шиорҳо наметавон аҳолиро сер кард"

Ба гуфтаи Казанцев, имрӯз ба ин пандемияи COVID-19 ва вазъи номусоиди иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа, инчунин таҳдиди ноамнӣ ва ифротгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя халал мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

 

319
Сотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото

Қадри муҳоҷир: иқтисодиёти Русия бидуни шаҳрвандони хориҷӣ чӣ мешавад?

301
(Таҷдидшуда 00:11 23.10.2020)
Бори нахуст дар пайи чанд сол тиҷорати Русия бо мушкили камбуди қувваи кории хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин албатта фоҷеа нест, аммо ба паст шудани сифати зиндагӣ бетаъсир намемонад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Чанде пеш дар Русия ширкатҳои бузурги такси ба монанди "Ситимобил", "Везёт"  ва  Gett аз норасоии коргар шикоят карданд.

Гӯё дар шаҳрҳои бузург, ки қисми бештари ронандагонро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, барои беҳтар шудани сифати корашон  20 дар сад ронанда норасоӣ мекардааст.

Дар шаҳр на танҳо мутахассисони баландихтисос, балки коргарони одӣ намерасанд.

Ба ин мушкилӣ пеш аз ҳама дар Кремл аҳамият доданд. Ҳамин тавр, пештар раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар мусоҳиба бо телевизиони Русия кам шудани шумораи муҳоҷиронро дар пойтахт мушкилии ҷиддӣ номид. 

Ӯ низ аз ҳамон 40 дар сад ёдрас шуд, танҳо сухан дар бораи коҳиш ёфтани шумораи коргарон мерафт, ки ин метавонад дар зимистон ба кори хадамоти коммуналӣ бетаъсир намонад. 

Sputnik Тоҷикистон дар мусоҳиба аз чанд коршинос пурсон шуд, ки ин норасоии аз чист ва оё ин изҳороти раиси шаҳр метавонад ба ифтитоҳи марзҳо аз ҷониби кишварҳои Осиёи Миёна боис шавад.

"Корона" ва рубли заиф

Сабаби аввал аллакай ба ҳама маълум, ҳамагирии коронавирус аст. Садҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанашон рафтанд, то наздиконашонро хабар гиранд ва карантинро гузаронанд, аммо ба Русия баргашта наметавонанд, зеро Русия танҳо ба парвозҳои махсус иҷозат медиҳад, аммо ба ифтитоҳи марзҳояш бо як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ намешитобад.

Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳҳо навбаташонро дар сафорати Тоҷикистон интизор буданд, ин мушкилиро аз таҷрибаи худ медонанд.

Сабаби дигаре, ки аҳамияти камтар надорад, - иқтисодист.  Шаҳрвандони хориҷӣ дигар ба Русия шитоб намекнунд, зеро даромадашон дар ин кишвар ба таври назаррас кам шудааст, мегӯяд роҳбари Шӯрои комиссияи умури миллатҳои Маскав Юрий Московский.

"Росия барои муҳоҷирон ҳамчун кишвари манбаи даромад аҳамияташро гум мекунад. Алалхусус ин пас аз хело коҳиш ёфтани арзиши рубл ба назар мерасад. Мисол, агар муҳоҷирон аз Украина ё Белорусро нигарем, онҳо ба Полша рӯй овардаанд, ки дар он ҷо музд 2-3 баробар зиёдтар аст", - тавзеҳ дод вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Вазъ дар кишварҳои ОМ назар ба Белорус ё Украина дигар аст - мардум дар кишвари манбаи кор интихоб надоранд. Барояшон ғайр аз Қазоқистон, ки дар он ҳам бошад бозори меҳнат бисёр кӯчак аст, интихобе нест.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

Аммо бо назардошти арзиши патент ва дигар ҳуҷҷатҳоИ иҷозаи кор ва иҷораи манзил, даромад чандон зиёд нест, ки дар хориҷ кор ҷӯянд, ба ҳар ҳол то анҷоми пандемия.

Ва ин бонги хатар на танҳо ба кишварҳои осиёимарказӣ, ки маҷрои "пули муҳоҷирон"-ро гум кардаанд, балки барои иқтисоди Русия низ мебошад.

"Суханҳои Собянин маънои онро дорад, ки ба андешаи мутахассисони ба ном мутахассис, талабгарони баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, роҳбарияти олии Русия дарк мекунад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар иқтисоди Русия ҳаётан муҳиманд, - таъкид мекунад Московский. - Ва сухан на танҳо дар бораи норасоии муҳоҷирон меравад. Одамон - манбаи бузурганд, ҳаракатдиҳандаи бахши хизматрасониҳо ва гардиши мол мебошанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст".

Муҳоҷирон ҷое нарафтаанд

Бояд қайд кард, ки ҳиссаи дақиқи баромади муҳоҷирон на он қадар бузург аст. 40 дар сад ин нишондоди баландтарин дар соҳаи алоҳида аст, омори дақиқро муайян кардан мушкил аст, зеро бештари муҳоҷирон дар "минтақаи хокистарӣ" зиндагӣ мекунанд, ки муздашонро дар дохили конверт мегиранд.

Ҳамин тавр, бино бар иттилои Федератсияи муҳоҷирони Русия, шумораи муҳоҷирон амалан кам нашудааст, ба гуфтаи ФМР, онҳо ҷои рафтан надоштанд, пас аз карантин бештарашон қарор доданд, то дар Русия монанд, зеро баъди баргаштан ба ватан пайдо кардани кор мушкилии рақами яки онҳо мешуд.

"Хуруҷи муҳоҷирон на бештар аз 1-2 дар садро ташкил додааст, бо назардошти он ки аз 15 март тартиботи будубоши муҳоҷирон ба чанд бор тағйир ёфт, ҳамчунин тартиби ба даст овардани патент то дараҷаи будубош дар Русия бидуни он дигаргун гашт. Ва дар ин ҳолат, мо метавонем дар мавриди кам шудани патентҳои додашуда тахмин занем. Дар мавриди соҳаи фаъолият  бошад, ЖКХ на бештар аз дигарон зарар дидааст", - таъкид карданд дар ФМР.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Аммо хуруҷи зиёди муҳоҷирон ба бештари соҳаҳои иқтисод сахт таъсир нахоҳад расонд(ба ғайр аз сохтмон). Эҳтимоли ғолиб ин ҷо сухан дар "комфорт"-ест, ки барои сокинони бештари шаҳрҳои калон одат шудааст.

"Мо сахт аз муҳоҷират вобаста нестем, шаҳрвандони хориҷӣ - аз 2 то 3 дар сад қувваи кории тамоми Русияро ташкил медиҳанд. Танҳо бе муҳоҷирони меҳнатӣ ба мо мушкилтар ва зиндагӣ камроҳаттар мешавад. Пештар бо хизматрасонии дараҷаи паст қаноат мекардем. Такси шаҳомате буд , ки пас аз даъват кардан танҳо баъди як соат ба дари хонаат меомад, касе хӯрокаро то дари хона намерасонид, кӯчаҳоро ҳам ҳар рӯз тоза намекарданд. Аммо ин аз он намегӯяд, ки шумо ба он вақтҳо бамегардем", - таъкид мекунад Юрий Московский.

Дар масъалаи ифтитоҳи шитобноки марзҳо бошад, - ин ҷо тарси пандемия аз тарси норасоии қувваи корӣ бузургтар аст, мегӯяд роҳбари "Иттиҳодияи муҳоҷирони меҳнатӣ" Ренат Каримов.

"Фикр мекунам, гуфтаҳои Собянин ин ҷо кӯмак намекунанд. Дар як тараф масъалаи тозагии Маскав бошад, ҷониби дигар хатари паҳншавии босуръати коронавирус аст. Барои ҳамин норасоии қувваи корӣ - нақшмояе нест, ки тавонад марҳилаи ифтитоҳи марзҳоро наздик кунад", - тавзеҳ медиҳад Каримов.

Дар як нуқтаи назар ҳамаи коршиносон ҳамфикранд - кӯшиши мақомот дар пур кардани ҷои муҳоҷирони хориҷӣ аз ҳисоби муҳоҷирати дохилӣ бесамар хоҳад буд. Бекорӣ дар Русия чун дар Аврупо, хусусияти сохторӣ дорад. Шаҳрвандони Русия дар бештари ҳолатҳо, ҳатто ҳангоми мавҷуд будани ҷои кории холӣ, кӯшиши ишғол кардани онро намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Русия ҷои муҳоҷирони меҳнатиро касе гирифта наметавонад.

 

301
Дмитрий Полетаев

Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

257
(Таҷдидшуда 17:22 19.10.2020)
Дмитрий Полетаев, директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия гуфт, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 40% коҳиш ёфт. Дар ин бора мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.

Камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир мерасонад. Ин алалхусус ба соҳаи манзилию коммуналӣ дахл дорад, ки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани карантин, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ - ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Коршинос қайд кард, ки ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд.

Илова бар ин, Полетаев қайд кард, ки раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Москва ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд.

"Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд ҳатто сари он андешем, ки шояд ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад", - илова кард манбаъ.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор хоҳад буд ва аз ин рӯ онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

"Мусаллам аст, ки вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад", - хулоса кард директори Маркази омӯзиши муҳоҷират.

257
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

0
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон