"Инҷо мардумро мекушанд": Русияро дар Қаробоғ кӣ интизор аст?

261
(Таҷдидшуда 23:52 16.10.2020)
Дар бораи он ки ҳайъати оштидиҳии Русия дар Қаробоғ ба кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дар солҳои 90-ум ин танишро чигуна кӯшиш карда буданд, пешгирӣ кунанд, аз маводи зер хонед

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст: дар Қаробоғи Кӯҳӣ бояд низомиёни нозири Русия бошанд, аммо қарори ниҳоӣ пас аз тасмими ҷонибҳои муқобил қабул хоҳад шуд.

Дар бораи он ки ҳайъати оштидиҳии Русия дар Қаробоғ ба кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дар солҳои 90-ум ин танишро чигуна кӯшиш карда буданд, пешгирӣ кунанд, аз маводи РИА Новости хонед.

Посухро нашуниданд

Дар бораи "кулоҳҳои кабуд" бояд пеш аз ҳама Озарбойҷон ва Арманистон ба мувофиқа оянд. Котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кардааст: "Ҳамагуна ҷойгиркунии ҳамагуна оштидиҳандагон, ҳар касе бошад, бояд бо ризогии ҳарду ҷониб сурат гирад. Ва афзуд: "То ҳол, мо посухе дарёфт накардаем".

Як рӯз пеш, 14 октябр, президент Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо телевизиони туркии Haber Turk чунин гуфт: "Агар яке аз ҷонибҳо мухолиф бошад, ин имкон надорад. Нуқтаи дувум ин аст, ки ҳама бояд дарк кунанд, ки сухан дар бораи ҳудуди мустақили Озарбойҷон меравад. Бе розигии мо касе наметавонад нафареро ирсол кунад. Ин нақзи қовонини байналмилалӣ аст".

Алиев ба Sputnik аз имрӯзу фардои Қаробоғ гуфт - навор

Роҳбари Озарбойҷон афзуд, вуруди нозирон дар усулҳои асосии ҳаллу фасли сулҳ пешбинӣ шудааст. "Аммо ин банди охирон аст. Масъала феълан дар марҳилаи баррасӣ аст, зеро то ҳол дигаргунии назаррасе нест", - таъкид кард Алиев.

Ба қавли вай, бояд ба гуфтушунидҳо Туркия ҷалб карда шавад ва ба самаранокии кори гурӯҳи бо ном Мински САҲА, ки ба баҳси соли 1992-уми Қарабоғ машғул аст, эътимод надорад. 

Муштарикони он - Русия, Фаронса ва ИМА, аъзоҳо бошанд, ба ғайр аз Арманистон ва Озарбойҷон, - Белорус, Олмон, Италия, Шветсия, Финландия ва Туркия мебошанд.

"Дар ин гурӯҳ кишварҳое ҳастанд, ки ба минтақа дастрасӣ ва дар минтақа нуфузе надоранд, - тавзеҳ дод Алиев. Агар мо ҳалли танишро хоҳем, кишварҳое лозиманд, ки дар ҳақиқат метавонанд. Дар оштӣ нақш дошта бошанд. Дар нақши чунин кишвар мо албатта Туркияро мебинем".

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян қайд кард, ки масъалаи ворид шудани оштидиҳандагони Русияро бояд баррасӣ кард. "Аммо ин гуна масъалаҳо бояд дар миқиёси бузургтар ба монандаи Гурӯҳи Минскии САҲА баррасӣ шаванд", - гуфтааст сарвазир ба Al Jazeera.

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас иттилоъ дод, ки шӯрои доимии созмон муроҷиати сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Арманистон Зограб Мнасаканянро дар мавриди вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ гирифтааст.

"Ворид кардани ҳайъати оштидиҳанда ба минтақа баррасӣ мешавад", - таъкид кард Зас. 

Ва афзуд: "Мо иштироки кишварҳоеро, ки узви Гурӯҳи Минскии САҲА мебошанд, истиқбол мегирем ва ин танҳо дар ҳошияи ваколатҳое аст, ки ба онҳо дода шудааст".

Нуҳуми октябр вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон Зограб Мнасаканян ва Ҷайҳун Байрамов бо миёнравии Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав ба мувофиқа омаданд, ки кишварҳо оштӣ мекунанд. Дар назар дошта шуда буд, ки нимаи рӯзи дигар оташбас эълон мешавад. Аммо амалиётҳои ҷангӣ аз сар гирифта шуданд.

Русия омодаи пешниҳоди майдони гуфтугӯҳост: Захарова дар бораи танишҳо дар Қаробоғ

Фосила байни дидгоҳҳо

Қафқозшиноси рус, номзади илмҳои сиёсӣ Артур Атаев дар бораи мушкилие, ки оштидиҳандагонро интизор аст, гуфт.

"Минтақа аз нигоҳи ҷуғрофӣ сода нест. Ҳанӯз дарк нашудааст, ки куҷо метавон хатти тамосро кашид. Як ҷониб мегӯяд, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ва 7 ноҳияи назди он ба Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳии эътирофношуда тааллуқ дорад. Барои дигар ҷониб чӣ худи Қаробоғ ва замини атрофи он - ҳудуди Озарбойҷон аст. Фосила байни ин нуқтаҳои назар аст", - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, то замоне, ки амалиётҳои ҷангӣ мераванд, барои баррасии ҷиддии ҳайъати оштидиҳандагон шарти пешакие вуҷуд надорад.

"Барои ташдид шудани вазъ бошад, баръакс, ҳаст. Зоҳиран, дар минтақаи даргирӣ узви гурӯҳҳои ҳарбие фаъолият мебаранд, ки омодаанд ҳама гуна созишро шикананд. Дар бораи ба Қафқоз интиқол ёфтани ҷангиёни Шарқи Наздик  роҳбари Хадамоти иттилооти хориҷии Русия Сергей Наришкин ёдрас шуд. Ин гуна изҳоротҳо бидуни далеле гуфта намешаванд", - таъкид мекунад Атаев.

Аз як тараф Русия таҷрибаи ҷойгир кардани қувваҳои сулҳоварро дар Қафқоз - Осетияи Ҷанубиро дорад. Он ҷо иштирокдорони таниш роҳи гуфтугӯро ёфта буданд. Аммо ҳуҷуми ҳарбии Гурҷистон ба нозирони Русия дар Тсинвале иддаи тақсими мухолифин ба тавассути як нерӯи севумро то ҳадди зиёде беэътибор кард. 

"Низомиёне, ки ин гуна вазифаҳоро иҷро мекунанд, метавонанд дар ҳамагуна вазъ ба гуфтушунид бароянд. Дар Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон созиш дар бораи хатти оташ ва минтақаи бидуни тамос амал мекард. Аммо дар ҷо 68 ниомии рус қурбон шуда буд. Барои ҳамин, Маскав масъаларо чуқур баррасӣ хоҳад кард", - мегӯяд коршинос.

Роҳи ҳалли эҳтимолӣ - ширкати СААД дар тақсим кардани ҷонибҳо мебошад. "Ин метавонад чун нақтаи рушд дар созмон хизмат кунад", - тахмин мезанад Атаев.

Дар соли 1980 дар аввалҳои соли 1990 ҷонибҳои мухолиф дар минтақа қисме аз Артиши советӣ ва қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро ворид карда буданд. 

Аммо на ҳамаи онҳоро ба сифати оштидиҳандагон қабул карданд, - ҳам арманиҳо ва ҳам озарбойҷониҳо таъна заданд, ки онҳо ба ҳариф кӯмак мерасонанд.

Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад

Сергей Шатко дар вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳайъати воҳидҳои ҳанги иртиботи давлатӣ хизмат мекард. 

Ӯ худро куҳансарбози амалиётҳои ҷангӣ намедонад - ҳарбиёне, ки дар Қарабоғ ҷанг кардаанд, ин гуна статус надоранд. Вай байни мавқеияти ҳуқуқии номафҳуми сулҳбозони он замон ва авзои ошуфтаи сиёсии авоили солҳои 90-ум қаринаҳоеро тарсим мекунад.

"Мо бо ҷонибҳои ҷангкунанда мисли ҳамватанонамон, ки бояд ҳифзашон мекардем, муносибат доштем, - ба ёд меоварад Шатко. - Тавре афсари баталиони озоди курсантони омӯзишгоҳи ВКД СССР дар Сумгаита гуфта буд:"Ҷанг идома дорад, мардумро мекушанд ва вазифаи мо дар он аст, то нишон диҳем, ки ҳукумати советӣ дар ин ҷо буд, ҳаст ва мемонад." Аммо натавонистанд. Дар марказ шояд намефаҳмиданд, ки чигуна вазъро ба эътидол оваранд. Одамони гуногунро дучор мешудем, бештарашон фикрҳои солим доштанд, аммо нафароне низ буданд, ки моро ба дастгирии ҷониби дигар муттаҳам мекарданд. Ба онҳо сулҳ не, автоматҳои мо лозим буд, ки ба сӯи якдигар тир кашанд.

Қисмҳои ахири аз Степанкерт соли 1992 рафта буд, ҷонибҳо амалан амалиёти ҷангӣ мебурданд, барои ҳамин барои берун кардани қисмҳои ҳарбӣ, кишваре ки аллакай вуҷуд надошт, амалиёти низомӣ ташкил карданд.

"Сиёсатмадорон аз ҳарду ҷониб на ба сулҳ, балки барои ба даст овардани қудрат кӯшиш мекарданд. Ба он миллатгароён низ пайваст шуданд, - идома медиҳад Шатко. - Ягона чизе, ки онҳо мехостанд, - пирӯзӣ бо шартҳои онҳо буд. Дигар чизе не. Қарабоғро қӯшунҳои дохилӣ, қисми ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарк карданд ва ҳама барҳам пошид. Касе дигар кӯшиш накард, ки ҷонибҳои ҷангкунандаро аз ҳам ҷудо кунад. Пас аз тақсим кардани ғанимати Округи ҳарбии Красноземное ва  Закавказ ҷонибҳо силоҳ ва техникаи ҷангӣ ба даст оварданд ва оташи ҷанг аланга гирифт."

Генерал-майори хадамоти дохилӣ Владимир Ворожсов дар аввалҳои соли 1990 дар Закавказ дар сафарҳои хидматӣ буд. 

Ҳоло бо истеҳзои тунде ба ёд меовард: ҳамхизматони вай гоҳе дар кӯҳҳои Арманистон, гоҳ дар кӯҳҳои Озарбойҷон меҷаҳиданд - аз он вобаста ки дар куҷо адои хидмат мекарданд.

"Мешуд, ки низомиён, ҳангоми қарор доштан дар ҳудуди Арманистон ё Озарбойҷон, чунон ба ақоиди сокинони маҳаллӣ дода мешуданд, ки қариб худро ба ҷониби даргирӣ шомил менамуданд, - иқрор мешавад вай. Иттиҳомот ҳам аз ҳамин ҷост, ки Ҳарбии Советӣ ҳам ину ҳам онро ҷонибдорӣ кард. Аммо сарбозон асосан аҳолии  маҳаллиро ҷонибдорӣ мекарданд. Бархеашон маҳз барои ҳамин ҷонашонро фидо карданд".

Ба гуфтаи Ворожсов, Русия барои миёнравӣ таҷриба дорад, афзун бар ин барои ҳайъати оштидиҳандагон кадр низ  дорад.

"Технологияҳо коркард шудаанд, аммо дар амал мушкил аст: низомиёни ҷонибҳои муқобил ва миёнрав якҷо хатти тамосро тафтиш мекунанд. Аввалаш, иртиботи инсонӣ, дувум, ҷониби худашон тир намекушоянд", - тавзеҳ медиҳад вай.

Кӣ бояд вазифаи оштидиҳандаро иҷро кунад - на танҳо аз муносибати сокинони маҳаллӣ вобаста аст.

Путин дар бораи низои Қарабоғ: "Мардуми он ҷой барои мо бегона нестанд" - видео

"Бовариро бо амал ба даст меоваранд. Аммо шартҳои асосӣ - розигии ҷонибҳои мухолиф ба ҳузури маҳз ҳамин низомиён мебошад", - мегӯяд генерал.

Ин масъала сирф сиёсӣ мебошад. Ворид кардани воҳидҳо он вақт маъно дорад, ки вазифаи он муайян аст. Инро ҳам дар Боку, ҳам дар Ереван ва ҳам дар Маскав хуб дарк мекунанд.

261
Дмитрий Полетаев

Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

248
(Таҷдидшуда 17:22 19.10.2020)
Дмитрий Полетаев, директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия гуфт, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 40% коҳиш ёфт. Дар ин бора мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.

Камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир мерасонад. Ин алалхусус ба соҳаи манзилию коммуналӣ дахл дорад, ки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани карантин, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ - ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Коршинос қайд кард, ки ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд.

Илова бар ин, Полетаев қайд кард, ки раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Москва ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд.

"Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд ҳатто сари он андешем, ки шояд ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад", - илова кард манбаъ.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор хоҳад буд ва аз ин рӯ онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

"Мусаллам аст, ки вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад", - хулоса кард директори Маркази омӯзиши муҳоҷират.

248
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия
Директор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев

Казансев дар бораи сенарияҳои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон гуфт

318
(Таҷдидшуда 18:09 15.10.2020)
Интиқоли қудрат дар Тоҷикистон метавонад ҳам аз рӯи сенарияҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон сурат гирад, мегӯяд Андрей Казанцев, директори Маркази таҳлилии МГИМО, доктори илмҳои сиёсӣ

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Пас аз интихоби навбатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як саволи аён ба миён меояд - оё вай пас аз ҳафт сол ба мӯҳлати дигар номзад хоҳад шуд ё ба омода кардани ворисе шурӯъ мекунад, ки интиқоли ороми қудратро таъмин мекунад ва роҳи ҳозираи сиёсиро ҳифз месозад.

Ба гуфтаи Андрей Казансев, директори Маркази таҳлилии МГИМО, Раҳмон гузинаи дуюмро интихоб мекунад, ки ваколатро ба раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ интиқол медиҳад.

Ва дар ин ҳолат, чизи асосӣ барои роҳбарияти кишвар интихоби лаҳзаи мусоидтарин аст.

"Суол ин аст, ки вақте вазъ, ба фикри президенти амалкунанда, ба дараҷае бехатар хоҳад шуд, вай метавонад ба интиқоли қудрат тавассути хатти “падар ва писар” бидуни хатари ҷиддӣ умед бандад",- гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Грозин гуфт, Раҳмон бояд ба чӣ диққат диҳад: "танҳо бо шиорҳо наметавон аҳолиро сер кард"

Ба гуфтаи Казанцев, имрӯз ба ин пандемияи COVID-19 ва вазъи номусоиди иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа, инчунин таҳдиди ноамнӣ ва ифротгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя халал мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Истиқболи Оқохони IV аз пирӯзии Раҳмон: дуоҳои ман шуморо ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

 

318
День 22 октября

Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:10 21.10.2020)
Рӯзи 22 октябр рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд ва ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон мебошад

Рӯзи 22 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1797 ҳавонаварди фаронсавӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 м ба замин фуруд омад.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.

Соли 1966 Иттиҳоди Шӯравӣ моҳвораи "Луна-12"-ро ба кайҳон фиристод.

Соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

Соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.

Соли 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин  сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва  21 нафари дигар  захмӣ шуданд.

 

Тушение пожаров в Якутии
© Фото предоставлено министром охраны природы Якутии Сахамином Афанасьевым
Тушение пожаров в Якутии

 

Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар Душанбе гуфтугӯи сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон Русия ва Афғонистон - Эмомалӣ Рҳмон, Владимир Путин ва И. Раббонӣ баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карданд.

 

© AP / Jim Cole
Кандидат в президенты от Демократической партии Хиллари Клинтон ест шоколадное мороженое с арахисовым маслом во время остановки в Moo's Place

 

Соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Соли 2013 — Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро маъқул шуморид.

 

Лагерь трудовых мигрантов на станции Лихая под Ростовом
Киемхон Бобоев специально для Sputnik
Лагерь трудовых мигрантов на станции Лихая под Ростовом

 

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе  ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – "Овози тоҷик" ҷамъомад доир шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Соли 2018 — Президент қитъаи роҳи таъмиру навсозишудаи Хуҷанд - Исфараро дар вилояти Суғд ба истифода дод.

Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.
Ҷашни турнаҳои сафед дар Доғистон.

Рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903-1981 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сангалӣ Хоҷаев.

Соли 1937 года – дирижёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азиз Неёзмамадов.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 14 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 16 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон