Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

© © из личного архива Дмитрия ПолетаваДмитрий Полетаев
Дмитрий Полетаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дмитрий Полетаев, директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия гуфт, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 40% коҳиш ёфт. Дар ин бора мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.

Женщина убирает опавшие с деревьев - Sputnik Тоҷикистон
Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир мерасонад. Ин алалхусус ба соҳаи манзилию коммуналӣ дахл дорад, ки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани карантин, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ - ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Коршинос қайд кард, ки ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд.

Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон
Собянин гуфт, Маскав бе муҳоҷирон ба чӣ мушкил мувоҷеҳ шудааст

Илова бар ин, Полетаев қайд кард, ки раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Москва ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд.

"Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд ҳатто сари он андешем, ки шояд ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад", - илова кард манбаъ.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор хоҳад буд ва аз ин рӯ онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

"Мусаллам аст, ки вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад", - хулоса кард директори Маркази омӯзиши муҳоҷират.

Лентаи хабарҳо
0