Чигуна Тоҷикистон дар соли 2020 бемории коронавирусро аз сар гузаронд

133
(Таҷдидшуда 17:43 11.01.2021)
Дар Тоҷикистон вируси корона нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дертар ба қайд гирифта шуд. Ин кишвар ба душворӣ мавҷи аввалро бартараф кард ва ҳоло мунтазири мавҷи дуюм аст. Вале ҳоло муҳим он аст, дар соли нав сироят ба вирус камтар шавад

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Дар Тоҷикистон, монанди аксари кишварҳои ҷаҳон, хабарҳо дар бораи коронавирусро ҳамчун як шӯхӣ донистанд.  Дар охири моҳи декабри соли 2019 бархе сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи чиние, ки сари кӯршапаракро хӯрда, ҳамватанони худро ба кадом як вирусе сироят кардааст, аксҳову постҳои хандаовар нашр карданд.

Аммо пас аз Соли нав дигар лабханди мардум якбора гум шуд. "Шамолхурӣ" дар ниҳоят шакли эпидемия табдил ёфт ва шаҳрвандон ба ёд оварданд, ки Тоҷикистон бо Чин марзи муштарак дорад. Ин маънои онро дошт, ки сарчашамаи COVID-19 дар ҳамсоягист.

Аз 20 январ Вазорати тандурустӣ сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чинро маҳдуд кард. Аммо вуруд шаҳрвандони Чин ба Тоҷикистонро маҳдуд накард. Пас аз як ҳафта, ки дар саросари ҷаҳон шумори беморон ва марг аз ин беморӣ афзоиш ёфт вазорат маҷбур шуд, ки чораҳои ҷиддӣ андешад. Дар Тоҷикистон чораҳои санитарию эпидемиологӣ пурзӯр карда шуд ва озмоишӣ коргарони чинӣ дар корхонаҳо оғоз ёфт.

Кормандони соҳаи тандурустӣ эълон карданд, ки ягон ҳолати сироятёбӣ ба "вируси корона" ба қайд гирифта нашудааст, вале аз сӯи дигар мардумро таҳти назорати қатъии табибон равон мекарданд  -  санаи 2 феврал 301 нафар, рӯзи пеш аз Чин омада буданд, ба қарантина фаро гирифта шуданд. Пас аз ду рӯз, Вазорати тандурустии Тоҷикистон билохира аз Русия аввалин бастаи санҷишҳои коронавирусро дарёфт кард. То ин замон сирояти ба COVID-19 бо нишонаҳои аз қабили сулфа, таб ва рентгени шуш, муайян мешуд.

Дар моҳи март, мақомоти Тоҷикистон дарк кард, ки ҷумҳури дар иҳотаи пандемия мондааст ва танҳо пас аз ҳамин оғоз кард ба сахт кардани чораҳои қарантинаӣ. Ҳукумат вуруди шаҳрвандони 35 кишварро ба ҷумҳурӣ маҳдуд кардааст. Аммо, аллакай ҷои рафтан ҳам набуд - кишварҳо зуд марзҳои худро бастанд ва ҳатто сафар ҷои муқаддаси мусулмонон Макка низ маҳдуд шуд ва комилан барои хориҷиён баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тотористон барои пурзур намудани тартибот дар муассисаҳои давлатӣ оғоз кард. Дар Ҷумҳурӣ ситоди пешгирӣ аз пандемия таъсис дода шуд. Тибқи аввалин қарори ин ниҳод ҳамаи муассисаҳои таълимӣ  вазифадор гардиданд, ки тамоми меъёрҳои санитарию гигиениро риоя намоянд ва дар кори худ аз маводи зидди вирусӣ истифода намоянд баранд.

Роҳбари штаб Муҳаммадусуф Имомзода ба масъулин дастур дод, ки дар ҳама мактабҳои ҷумҳуриявӣ маводи ғизоӣ ва маводи зидди вирусӣ  харидорӣ ва захира карда шавад.

Даъвати мақомот барои захира кардани маводи ғизоӣ мардумро як каме нигарон кард ва миёни мардум овозаҳоеро ба бор овард, ки гӯё марзҳо комилан баста мешаванд ва маводи ғизоӣ коҳиши меёбад.

Дар натиҷа, аҳолии шаҳрҳои бузург, ки ба тарсу ҳарос афтиданд, ба мағозаҳо рехтанд ва дар дӯконҳои орд ва равғанро мисли тӯфон харидорӣ мекарданд. Фурӯшандаҳо, ки аз ин саҳна хушҳол буданд дар як рӯз нархҳоро ду баробар боло бурданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуд ба ин раванд дахолат кунанд. Дар Душанбе кормандони  милитсия ҳар як мошини боркашро, ҳамроҳӣ мекарданд ва назорат мекарданд, ки ҳангоми хариди орд шаҳрвандон якдигарро зери пой накунанд.

Аввалин тарсу аввалин овозаҳо

Мисли дигар кишварҳо, дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали сар задани пандемия овозаҳо гуногун паҳн мешуданд, ки яке аз дигараш даҳшатноктар буд. Баъзеҳо ба канор гирифтан аз ҳамсояҳо даъват мекарданд,  дигаре мегуфтанд, ки коронавирус аз шамолхурии оддӣ фарқияте надорад. Баъзе аз шаҳрвандон мегуфтанд, ки офтоби гарми Тоҷикистон ҳамаи вирусро нобуд мекунаду дигаре ба мавҷудияти COVID-19 тамоман боварӣ надоштанд.

Аммо вақте, ки дар кишварҳои ҳамсоя Қирғизистони, Ӯзбекистон ва Афғонистон шумори сироятёфтангон ба ҳазор нафар расиду шумори марг ба садҳо нафар, ҳатто нафароне, ки ба коронавирус бовар надоштанд ба тарс афтиданд.  

То охири моҳи апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда буд ва ҷумҳурӣ миёни кишварҳои ИДМ ягона кишваре буд, ки ба  "вируси корона" олуда нашуда буд. Албатта, ба истиснои Туркманистон, ки аз мавҷудияти пандемияи марговар дар қаламраваш даст кашид.

Мақомоти Тоҷикистон инро ба чораҳои саривақтӣ  рабт медод, аммо шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар он буданд, ки ҳукумат ҳақиқатро дар бораи паҳншавии COVID-19 пинҳон дорад ва ба омори шубҳаноки марг бар асари илтиҳоби шуш дар кишвар ишора мекарданд.

Баҳсҳо дер давом накард - 30 апрел аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ ба вируси корона дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд, даҳ нафар дар Хуҷанд ва панҷ нафар дар Душанбе. Тақрибан 2 ҳазор нафари дигар таҳти мушоҳидаи пизишкон қарор гирифтанд.

Ба сабаби набудани маълумоти боэътимод дар бораи COVID-19, ҳеҷ як пизишк механизми дурусти табобатро пешниҳод карда натавонист ва мардум дар аксари вақт ба табибонӣ халқӣ муроҷиат мекарданд ва ба табобати халқи даст заданд. Барои мисол дар хонаҳо ҳазор испанд дуд мекарданд, то вирусро нобуд кунанд.

Баъзе аз табибон усулҳои табобати комилан ғайриоддӣ пешниҳод карданд. Ҳамин тавр, сардухтури беморхонаи ноҳияи Рашт Қобилҷон Ғиёев эълон кард, ки ӯ тавонистааст бо давои табобати чорво ба ин беморӣ пирӯз шавад. Ба гуфтаи вай, маҳлули пенисиллин-стрептомитсин (прокаинамид) ӯро табобат кардааст.

Пизишкони тоҷику рус усули табобати Ғиёевро шадидан танқид карданд ва аз хатари эҳтимолии ваксинаи худсохт садо бароварданнд. Ба гуфтаи табибон, бемор метавонад аз пневмония шифо ёбад, аммо аз чунин табобат наҷот ёфта наметавонад.

Рушди кори "табиби гов" дар онҷо ба поён расид - вай пас аз шикояти раиси минтақаи Рашт ба Вазорати тандурустӣ аз вазифааш сабукдӯш шуд.

Ковид иқтисодро нобуд мекунад

Дар ҳамин ҳол, COVID-19 на ба бахши тандурустӣ ва бевосита ба мардум таъсири манфӣ расонд, балки ба иқтисодиёти давлат низ зарар расонд. Хусусан аз пандемия ба тиҷорати хурду миёна таъсири манфӣ расонд.

Коронавирус бештар ба соҳаи сайёҳӣ, ки асосан аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ фоида ба даст меовард, зарбаи сахт зад. Пас аз он, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ эълон карда буд, дар кишвар даҳҳо ширкатҳои хурд, меҳмонхонаҳои хурд ва хостелҳо ифтитоҳ ёфт.

Кори тарабхонаҳо, маркази савдои чакана ва соҳаи хизматрасонӣ ҳам дар ин давра осон набуд. Дар моҳи май дар Душанбе тамоми бозорҳои либос, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн барои 1,5 моҳ баста шуданд. Ҷашнҳову тӯйҳои арӯсӣ дар саросари кишвар манъ шуд, ки ҳазорон тарабхонаву марказҳои маиши

ро зери хатари басташавӣ қарор дод.

Ҳатто нонвойхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, ки мардум ҳар рӯз хӯрок мехариданд, сарфи назар аз пандемия, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд.

"Ҳоло мо ғизоро ба хонаҳо мерасонем, аммо ин гуна мизоҷон ҳамеша зиёд набуданд. Фоида ҳатто барои пардохти иҷора намерасад. Ман ҳатто намехоҳам дар бораи қарз ҳарф бизанам. Мо шунидем, ки ҳукумат ба тиҷорат бояд кумак намояд, аммо то ҳол бонк қарзҳои гирифтаи моро ба таъхир нагузоштааст. Ҳоло маҷбурам аз шавҳари хоҳарам қарз бигирам ё боз аз бонк як қарзи дигар гирам", - шикоят кард дар моҳи май соҳиби яке аз қаҳвахонаҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт.

Дуруст аст, ки бӯҳрон тиҷорати хурдро то андозае инсонпарвартар кардааст. Баъзе соҳибони амвол ба иҷорагирон имтиёзҳо пешниҳод карданд, то соҳибкорон тавонанд болои об шино кунанд.

Ягона бахше, ки дар давраи пандемия зарар надид ин бахши бофандагӣ буд. Вақте, ки дар ҷаҳон ниёз ба ниқобҳои тиббӣ вуҷуд дошт, фаъолияти соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ, “ба ҷараён даромад". Корхонаҳои хурд эҳтиёҷоти аҳолиро ба зудӣ қонеъ карданд ва барои содироти ниқобҳо низ шурӯъ карданд ва аз ин ҳисоб дар ҳамин давра даромади хуб ба даст оварданд.

Соли бекор карда шуда

Дар маҷмӯъ, соли 2020-ро дар Тоҷикистон метавон соли бекорӣ номид - садҳо чорабиниҳо дар кишвар пешбинишуда ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд ё умуман баргузор нашуданд.

Қарор буд, дар фасли баҳор дар пойтахт бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки асосан бо пули Қатар сохта шудааст, ифтитоҳ меёфт. Аммо ба сабаби паҳн шудани вируси корона, сафари шоҳ ба мавқуф гузошта шуд ва ифтитоҳи он бори дигар лағв шуд. Аммо, дар пасманзари баста шудани саросарии масҷидҳо дар Тоҷикистон касе ба  ин аҳамияте надод.

Сохтмони боз як иншооти азим - бинои нави парлумон низ оғоз наёфт. Лоиҳаҳои дигари инфрасохторӣ низ зарар диданд, барои мисол сохтмони чандин қитъаҳои роҳ ба таъхир афтод.

Шояд ягона хабари хуш ин ифтитоҳи бузургтарин маҷмааи варзишии дар моҳи июл буд. Бояд гуфт, ки аксари варзишгарони касбӣ, ки дар онҷо машқ мекунанд, бинобар пандемия натавонистанд дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

Дар соҳаи саноат низ "сохтмони дарозмуддат" мавҷуд аст. Аз ҳама машҳураш ин ба таъхир афтодани ифтитоҳи як корхонаи бузург “ТАЛКО-Голд” аст, ки ба тавлиди сурма ва тилло машғул мебошад. Ба гуфтаи вазири саноат Заробиддин Файзуллозода, вазъи коронавирус мӯҳлати иҷрои як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла воридоти таҷҳизоту технологияҳои муоссирро ба таъхир андохтааст.

"Агар имсол таҷҳизот аз Чин ворид шавад, имкон дорад дар моҳи октябри соли оянда корхона ба кор шурӯъ кунад", - гуфт Файзуллозода.

Дурнамои Тоҷикистон

Новобаста аз паҳншавии коронавирус, ҷумҳурӣ соли нави 2021-ро бо умеди нек пешвоз мегирад. Барои ин сабабҳо вуҷуд дорад - новобаста аз бӯҳрони иқтисодӣ, Тоҷикистон рекорди содиротӣ задааст. Дар 11 моҳи аввали соли 2020 ҳаҷми содирот аз 1,3 миллиард доллар зиёд будааст.

Қаблан, нишондиҳандаҳои баландтарини содирот дар соли 2016 ба қайд гирифта шуда буд, ки  даромад аз савдо то 1,1 миллиардро ташкил медод. Аммо рекорд бештар аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба Швейтсария сурат гирифтааст.

Илова бар ин, дар фасли тобистон интиқоли пул аз сар гирифта шуд. Русия тадриҷан аз бӯҳрон баромад ва дар ин кишваре, ки аксар муҳоҷирон меҳнатии тоҷик кор мекунанд, корхонаву сохтмонҳо ва муассисаҳои фароғатӣ дубора фаъол гаштанд. Муҳоҷирон боз имкон пайдо карданд, ки ба ватани худ пул фиристанд.

Имрӯз, Тоҷикистон як мушкили ҳалношуда, дорад – ин баргардонидани муҳоҷирон аст, ки дар даврони пандемия аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Бисёре аз онҳо боварӣ доштанд, ки чораҳои қарантинаӣ чанд моҳ идома меёбад ва онҳо пеш аз оғози зимистон дубора ба маконҳои фаъолияти худ ба Русия бармегарданд. Аммо, ҳоло охири моҳи декабр аст ва Маскаву Душанбе, сарфи назар аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ, дар бораи кушодани марзҳо ба мувофиқа нарасиданд. Ва ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба Русия барои кор биёянд.

Дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ ба эҳтимоли мавҷи дуюм ва сеюми коронавирус омода аст. Вазорати тандурустӣ аз катҳои иловагӣ дар беморхонаҳо гузориш медиҳад, Ҳукумат бо мақомоти Русия дар бораи хариди ваксинаи бар зидди вируси корона  Sputnik V гуфтушунид дорад. Мақомот аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Аммо, набояд ором бошем чун соли 2020 хеле душвор буд ва ҳанӯз маълум нест, ки дар соли 2021 моро чӣ интизор аст. Дар Бритониё навъи нави вирус кашф шудааст. Бисёр "Тӯҳфа"-и рамзист дар Соли нав.

133
Барчаспҳо:
вирус, сироят, бартарафсозӣ, Осиёи Марказӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Пограничники на Таджикско-афганской границе

Коршинос кишварҳоеро ном бурд, ки дар он соли 2021 ҷанг имконпазир аст

1729
(Таҷдидшуда 09:26 09.01.2021)
Коршиноси ҳарбӣ кишварҳоеро номбар кард, ки дар онҷо ҷанг дар соли 2021 имконпазир аст, ки яке аз нуқтаҳои доғ метавонад марзи Тоҷикистону Афғонистон бошад

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Коршиноси рус дар мусоҳиба бо “MK” як қатор давлатҳоеро номбар кард, ки эҳтимоли даргирии мусаллаҳона дар соли 2021 вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршиноси ҳарбӣ Алексей Валюжевич, соли ҷорӣ метавонад аз "дастовардҳо" -и соли 2020, ки бо муноқишаҳои гуногуни мусаллаҳона ва мазҳабӣ ва инчунин паҳншавии босуръати коронавирус қайд карда шудааст, зиёдтар бошад.

Ба гуфтаи коршинос, дар соли 2021 мавҷи хушунат танҳо афзоиш хоҳад ёфт ва оқибатҳои онро ҳанӯз наметавон пешгӯӣ кард.

Валюжевич Афғонистонро яке аз минтақаҳои "гарм" номида гуфт, интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ шаванд.

Вай таъкид кард, ки коҳиши контингенти амрикоӣ ногузир ба афзоиши нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, (фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон кишварҳои дигар манъ карда шудааст), оварда мерасонад.

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

Ба гуфтаи коршинос, "даври нави муноқишаи абадии Афғонистон" дар инҷо аён аст.

Ин вазъ махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок аст. Ҷанг мустақиман ба марзҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон наздик мешавад.

Вай инчунин ёдовар шуд, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, тақрибан дар худи марз бо Афғонистон ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км марзи муштарак дорад.

Дар вилоятҳои ҳаммарз бо Афғонистон, тез-тез амалҳои террористӣ, задухӯрдҳо байни низомиён ва ҷангиён, аз ҷумла ҳаракати “Толибон” ба қайд гирифта мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос секунҷаи Ҳиндустон - Чин - Покистонро аз назари таниш аввал номид.

Ҷанҷоли деринаи болои қаламравҳои шимолии Ҳимолой, ки се кишвар даъво доштанд, метавонад ба задухӯрдҳои ҷиддӣ оварда расонад.

Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

Дар байни Покистон ва Ҳиндустон барои иёлатҳои Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, қаламрави Хайбар Пахтунхваи Покистон мубориза бурда мешавад, зеро онҳо гузаргоҳҳои асосии нимҷазираи Ҳиндустон мебошанд.

 

1729
Барчаспҳо:
низоъ, Ҳиндустон, Чин, Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон
Дмитрий Полетаев

Полетаев гуфт, ки соли 2021 барои муҳоҷирон дар Русия чӣ корҳо анҷом дода мешаванд

529
Дмитрий Полетаев, Директори Маркази Омӯзиши Муҳоҷират, Пажӯҳишгари Пешбари Институти Пешгӯиҳои Иқтисодии Русия гуфт, ки вазъи муҳоҷирон дар Русия давоми як-ду соли оянда то чӣ андоза беҳтар хоҳад шуд

Президенти Русия Владимир Путин нақша дорад, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар масъалаи амнияти муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кунад.

Ба андешаи ӯ, ин бояд ҳам барои муҳоҷирони меҳнатии дар Русия коркунанда ва ҳам барои русҳое, ки бо ин самт алоқаманд ҳастанд, таъмин карда шавад.

"Дар як-ду соли оянда вазъ дар бозор душвор боқӣ хоҳад монд, нерӯи кори муҳоҷирон талабот пайдо хоҳад кард. Агар мо дар бораи рақами 6 миллион муҳоҷири меҳнатӣ, ки ҳоло гӯё дар Русия қарор доранд, тавзеҳ диҳем, пас ин албатта хатост, зеро ин рақам касонеро низ дар бар мегирад дар Федератсияи Русия бо мақсадҳои хусусӣ, барои табобат, барои таҳсил омадаанд",-гуфт Полетаев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Аммо, дар муқоиса бо 10-11 миллионе, ки қабл аз пандемия буданд, кам шудани шумораи хориҷиён мушоҳида мешавад, аммо аксарияти онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки Федератсияи Русияро тарк накардаанд ва кор мекунанд.

Пастравии шадид тақрибан то ду маротиба, ин сайёҳоне мебошад, ки ба Федератсияи Русия наомадаанд, ва афроде низ ба назди хешовандони худ ва барои таҳсил омада натавонистанд, гуфт коршинос.

"Дар як-ду соли оянда вазъи иқтисоди сояӣ тағир нахоҳад ёфт, ҳадди аққал андозаи он коҳиш нахоҳад ёфт ва мувофиқан, бисёр муҳоҷирон маҷбуранд дар иқтисоди соя кор кунанд" гуфт мутахассис.

Аммо, ба андешаи ӯ, вазъ оҳиста беҳтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия барои барҳам додани иқтисоди пинҳонӣ чораҳо меандешанд, дар тамоми ҷаҳон ин муборизаи душвор ва тӯлонӣ аст.
Инчунин дар ояндаи наздик либерализатсияи сусти қонунгузории муҳоҷират идома хоҳад ёфт.

"Шумораи аҳолии қобили меҳнат дар Федератсияи Русия коҳиш меёбад, аз ин рӯ муҳоҷирон имкониятҳои бештарро барои гирифтани иҷозат барои истиқомат ё шаҳрвандӣ пайдо мекунанд ва ҷойҳои кории бештар дар атроф, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ пайдо мешаванд. Ин раванд зуд нест, аммо дар он ҷо имкониятҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд." - илова кард ӯ.

529
Барчаспҳо:
кор, иқтисод, муҳоҷирин, Русия
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон