Дар ҳамоиш. Акс аз бойгонӣ

Дар Туркманистон баргузории гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳоро иҷоза медиҳанд

6
(Таҷдидшуда 16:38 12.03.2015)
Шаҳрвандони ба балоғат расидаи Туркманистон, ки доғи судӣ надоранд ва ҳамчунин созмонҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ аз 1 июли соли 2015 ба баргузории гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо иҷоза мегиранд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Туркманистон аз 1 июли соли ҷорӣ баргузории гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо иҷоза мешаванд, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати кишвар.

"Баргузории чунин маросимҳо ба шаҳрвандони ба балоғат расидаи Туркманистон, ки дар дохили кишвар зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин ба аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ва созмонҳои мазҳабӣ иҷоза дода мешавад", — омадааст дар хабар.

Ба феҳрасте афроде, ки наметавонанд баргузоркунандаи гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва роҳпаймоиҳо бошанд, нафароне шомил шудаанд, ки доғи судӣ доранд ва ё адои ҷазо мекунанд ва ҳамчунин ҳизбҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави кишвар мамнуъ шудаанд.

"Огоҳинома дар бораи баргузории маросими оммавӣ (ба ҷуз аз эътирозе, ки аз сӯйи як нафар анҷом мешавад) аз сӯйи баргузоркунанда ба шакли хаттӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимият на пештар аз 15 ва на камтар аз 10 рӯзи баргузории ин маросими оммавӣ бояд ироъа шавад", — омадааст дар матни ин санад.

Тибқи қонун ширкаткунандагони ҳамоишҳо наметавонанд чеҳраи худро пинҳон карда аз ниқоб ва ё маводди дигаре, ки барои мушшахас кардани ҳуввияти шахс монеъ мешавад, истифода кунанд ва ҳамроҳи худ силоҳ ва ё маводди дигаре, ки ба унвони силоҳ аз он метавон истифода кард, дошта бошанд.

Маросими оммавӣ бояд баъд аз соати 7 оғоз шуда то соати 22 вақти маҳаллии рӯзи таъйиншуда анҷом шавад.

Қонун дар бораи ташкил ва баргузории ҳамоишҳо, гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо ва маросими дигари оммавӣ аз 1 июли соли 2015 мавриди иҷро қарор мегирад.

6
Барчаспҳо:
аз 1 июли соли ҷорӣ, эътироз, пикет, иҷозаи баргузории ҳамоишҳо, ҳукумат, Туркманистон