Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Кушта шудани чанд тоҷикистонии ҷонибдори "Толибон" дар Бадахшони ҶИА

14
(Таҷдидшуда 13:54 27.04.2015)
Мақомоти Бадахшони Афғонистон аз кушта шудани ҳафт нафар аз ҷангиёни зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои минтақаи Ҷурми ин вилоятро таъйид карданд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бар асари даргириии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо ҷангиёни тоҷик ҳам ҳастанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар миёни кушташудагони даргириҳои рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар вулусволии Ҷурм, ҳашт тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣ ҳам буданд, ки аксарашон аз Тоҷикистон ҳастанд, иброз доштааст оқои Сахидод, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон.

"Теъдоди бисту ҳафт тан аз ҷангиёни тундрав кушта шуданд, аз ҷумла ҳашт танашон хориҷӣ аст. Дар байни ин кушташудаҳо чаҳор тан аз фармондеҳонашон шомил мебошанд. Гузориши дақиқе гирифтаем, як теъдоди кушташудагон атбои Тоҷикистон ҳастанд",- афзуд сухангӯ.

Аз сӯи дигар, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Гулмуҳаммади Бедор ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки Умар Ал-Усмон, фармондеҳи ба гуфтаи ӯ "Толибони Тоҷикӣ", дар миёни кушташудагон аст.

Зимнан, мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки ҷангиёни тоҷик аз роҳҳои Ишкошим ва Шуғнон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ба Афғонистон ворид мешаванд.

14
Барчаспҳо:
ҳалокати ҷангиёни Толибон, кушта шудани 7 тоҷик дар Бадахшони Афғонистон, даргирӣ дар сарҳад, Гулмуҳаммади Бедор, мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон, ҳаракати "Толибон", Толибон, Сахидод, Ҷурм, Бадахшони Афғонистон, Шуғнон, Ишкошим, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Толибон масъулияти инфиҷор дар Кобулро бар ӯҳда гирифтанд
Раиси ноҳияи Панҷ: ба ҷои сарбозон “гаравгон”-и Толибон мешавам
Шореҳи ОИБ “Россия сегодня”: ДИ ва Толибон -кӣ қавитар?
КДАМ: толибон сарҳадбонони тоҷикро гаравгон нагирифтаанд
Барои раҳоии тоҷикон аз дасти Толибон амалиёти вижа роҳандозӣ шуд
Толибон ба як мактаб ҳамла карданд ва бештар аз 104 нафарро куштанд
Священный коран в мечети

Китоби Қуръонро барои TikTok пора - пора кард: боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон

2045
(Таҷдидшуда 18:24 30.10.2020)
Шахсияти марде, ки ин ҳодисаро ба навор гирифтааст муайян карда шуда ва ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон як шаҳрвандеро боздошт кардаанд, ки дар пеши чашми ҳазорон корбари интернет китоби Қуръонро пора кардааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ВКД.

Рӯзи 29 октябр дар шабакаи иҷтимоии TikTok наворе паҳн шудааст, ки дар он марде, ки худро бедин мехонд, китоби муқаддаси мусалмонон Қуръонро пора кард. Ин навор  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш ва баҳси зиёде ба бор овард.

Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

"Парванда таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Дар натиҷаи тафтишот шахсияти марде, ки навор гирифтаву дар интернет паҳн кардааст, муайян карда шуда ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи итилои манбаъ, нисбати ин мард бар асоси моддаи 156  қисми 2 Кодекси ҷиноӣ ("Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ") парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

Қаблан, аз мардуми Ӯзбекистон даъват шуд, ки ба хотири карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с), ки дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo нашр шуд, ба эҳсосот дода нашаванд.

2045
Барчаспҳо:
ВКД, пора, Қуръон, китоб, Ӯзбекистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

592
(Таҷдидшуда 11:44 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

592
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон