Хадамоти махсуси ВКД-и Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон НАТО $60 млн ҷудо мекунад

7
(Таҷдидшуда 17:18 15.05.2015)
"Дастовардҳои сенздаҳ соли ахир дар Афғонистон ҳанӯз ҳам хеле заифу ночиз ҳастанд. Аз ин рӯ ҳузури неруҳои байналмилалӣ дар минтақа баъди соли 2016 ҳам зарурат дорад”,- гуфт Довуд-оғлу

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. НАТО барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон дар солҳои 2015-2017 ҳудуди $60 млн медиҳад, ҳамзамон ҳузури мутахассисони байналмилалӣ дар он кишвар дар соли 2016 ҳам бояд ҳифз шавад, иброз дошт рӯзи чоршанбе нахуствазири Туркия Довуд Аҳмад-оғлу. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Туркия аснои ифтитоҳи ҷаласаи вазирон дар Анталия ба саҳми НАТО дар амнсозии вазъи Афғонистон ишора карда гуфт, аз ин баъд низ ҳамкориро бо мақомоти ҷумҳурии исломӣ бояд идома диҳем ва ислоҳоти сохтории он кишварро дастгирӣ намоем.

"Дастовардҳои сенздаҳ соли ахир дар Афғонистон ҳанӯз ҳам хеле заифу ночиз ҳастанд. Аз ин рӯ ҳузури неруҳои байналмилалӣ дар минтақа баъди соли 2016 ҳам зарурат дорад",- гуфт Довуд-оғлу.

Ба қавли ӯ, эътилофи шимолӣ омодааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон сохторҳои қудратии ин кишварро маблағгузорӣ намояд.

"Мо (НАТО) барои неруҳои амниятии Афғонистон ва ҷиҳати таъмини оромӣ дар минтақа 60 миллион доллари ИМА ҷудо мекунем",- қайд кард Довуд-оғлу.

7
Барчаспҳо:
сохторҳои қудратии он кишварро кӯмак мекунанд, 60 миллион доллари НАТО ба ҷумҳурии исломӣ, ҷаласаи вазирони НАТО дар Анталияи Туркия, НАТО, Аҳмад Довуд-оғлу, Анталия, Туркия, Афғонистон
Мавзуъ
Вазири тоҷик: Тоҷикистон нигарони ҷангҳои Афғонистон аст
Дар соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳосили бесобиқаи афюн пешбинӣ мешавад
Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд
Гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон 3 апрел дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд
Ашраф Ғанӣ аз кушта шудани ду фармондеҳи ДИ дар Афғонистон хабар дод
Беш аз 50 нафар дар Афғонистон пас аз фаромадани тарма нопадид шудаанд
Даргузашти раҳбари дафтари Reuters дар Покистону Афғонистон
Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд