В. Путин бо А.Отамбоев мулоқот кард. Акс аз бойгонӣ

Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад

8
Президенти Қирғизистон аснои суханрониаш ба муносибати 23- солагии Неруҳои мусаллаҳ гуфт, ҷумҳурӣ артиши худро дорад ва дар сурати зарурат марзу буми кишварро ҳимоя карда метавонад.

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Қирғизистон ба ҳеч кишваре ҳамла карданӣ нест, аммо агар касе дастдарозӣ кунад, посухи онро ҳатман хоҳад гирифт, изҳор дошт президент ҶҚ Алмосбек Отамбоев, менависад CA-News.

Дар ин бора роҳбари Қирғизистон аснои суханрониаш дар ҷаласае ба ифтихори 23-солагии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рӯзи ҷумъа иброз дошт.

"Мо ба касе ҳамла карданӣ нестем, аммо ҳар нафаре ба мо чашм ало кунад, онро беҷавоб нахоҳем гузошт",- гуфт Отамбоев.

Райисҷумҳури Қирғизистон артишро ба "дастони халқ" ташбеҳ кард.

"Халқ бе сарбоз ва артиш ба одами бе даст монанд аст, ки наметавонад наздикони худро ҳимоя кунад. Шукри Худо, мо метавонем бигӯем, ки мардуми қирғиз соҳиби даст аст",- қайд кард ӯ.

Неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон рӯзи 29-майи соли 1992 таъсис ёфт. Ҳоло теъдоди ҷузву томҳои Вазорати мудофиа- қариб 12 ҳазор, Гвардияи миллӣ- 3 ҳазор ва Хадамоти марзбонӣ- 6,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

8
Барчаспҳо:
мо ба ҳеч кас ҳамла карданӣ нестем, 23-солагии НЕруҳои мусаллаҳи Қирғизистон, артишро "дасти халқ" номидани президент, вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Неруҳои мусаллаҳи ҶҚ, президенти Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев, Алмосбек Атамбоев, Бишкек, Қирғизистон
Мавзуъ
Қирғизистон тасвиби асноди пайвастан ба СҲИА-ро анҷом дод
Боздошти “ҷиҳодиён”-и тоҷик дар фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

520
(Таҷдидшуда 11:44 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

520
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

764
(Таҷдидшуда 16:47 26.10.2020)
Дирӯз КДАМ Тоҷикистон изҳор дошт, ки марзбонони қирғиз сокинони ноҳияи Исфараро зери ҳадафи тирашон қарор доданд

ДУШАНБЕ, 26 октября — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров дастур додааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон тезонида шавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари кишвар.

Ҷапаров рӯзи душанбе бо роҳбари Хадамоти марзбонии кишвар Улуғбек Шаршеев мулоқот карда, масоили ба эътидол овардани вазъро дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ кардааст.

"Содир Ҷапаров таъкид кард, ки бояд масоили мавҷудаи марзиро бо кишварҳои ҳамсоя ҳарчи бештар ҳал кард. Вай таъкид кард, ки ба наздикӣ бо сафари чандрӯза ба вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Ҷалилобод меравад, то дар ҷойи қазия бо мушкилии мавҷуда ошно шавад", - гуфтааст намояндаи котиботи роҳбари кишвар.

Раиси хадамоти марзбонӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки дирӯз дар вилояти Ботканд қазияи дигаре бо истифодаи яроқи оташфишон рух дод.

Раҳбари ВУХ Қирғизистон бо сафири тоҷик масъалаи марзро баррасӣ кард

Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавзеи баҳснок бо таъмири қубури обгузар машғул буданд ва ба талаби марзбонони қирғиз вокуниш накарданд ва бо ҳамин далел ду тир ба ҳаво кушода шудааст.

Пештар дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд. 

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, марзбонон ба ҷониби сокинон тир кушодаанд, ки иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Ҷапаров аҳамияти ҳалли масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзро танҳо бо роҳи гуфтушуниди осоишта қайд кардааст.

"Мушкилие нест, ки ҳал нашавад. Ҳамагуна масъаларо метавон бо роҳи гуфтушуниди осоишта ҳал кард", - таъкид кардаст Ҷапаров.

Ба гуфтаи вай, "ҳалли ин гуна масъалаҳоро бояд тӯл накашид, то дар оянда аз ин гуна қазияҳо пешгирӣ шавад, сокинони минтақаҳои марзӣ бояд дар фазои осоишта ба сар баранд".

Ҳодисаи 25-уми октябор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нахустин нест. Пештар низ танишҳои марзӣ буданд ва дар натиҷа чанд нафар қурбон низ гаштанд.

Сабаби асосии ин ҳодисаҳо - ин минтақаи муайянношудаи марзист. Тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 450 километраш муайян ношуда аст.

 

764
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон