Амалиёт алайҳи Толибон. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми терроризм

2
(Таҷдидшуда 11:04 25.06.2015)
Дар минтақаи Имом Соҳиби вулусволии Қундузи Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ширкат дар амалиётҳои низомӣ дар суфуфи “Толибон” дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ду тоҷикистонӣ дар шимоли Афғонистон бо гумони фаъолияти террористӣ доштанашон дастгир шудаанд, менависад Khaama Press бо истинод ба ВКД.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Имом Соҳиби вулусволии Қундузи Афғонистон   бо ҷурми ширкат дар амалиётҳои низомӣ дар суфуфи "Толибон" дастгир шудаанд.

Аснои пурсиш боздоштшудагон иқрор карданд, ки дар Покистон тамриноти низомиро пушти сар намуда, сипас барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ ба қаламрави Афғонистон фиристода шудаанд, меафзояд манбаъ.

Қайд мегардад, ки худи ҳамин рӯз дар Қундуз ду террорист, ки табааъи Покистонро доштанд ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ сафири Афғонистон дар назди ин ташкилот Зоҳир Танин гуфт, дар қаламрави давлати исломӣ беш аз 7 ҳазор ҷангиёни аҷнабӣ ҳузур доранд. Ба навиштаи Афганистан.Ру, ки ба ҳарфҳои  оқои Танин такя кардааст, ин ҷангиён аз Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Покистон ва Чеченистон мебошанд.

 

 

2
Барчаспҳо:
тамриноти низомии онон, ҷурми ифротгароӣ, боздошти ду тоҷикистонӣ, ВКД Афғонистон, сафири Афғонистон дар СММ, Шӯрои амнияти СММ, Зоҳир Танин, Қундуз, Имом Соҳиб, Афғонистон
Мавзуъ
Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд