Ҷангҷӯи чеченистонӣ. Акс аз бойгонӣ

Эътилофи муҷоҳидини Афғонистон алайҳи ҷангиён

3
(Таҷдидшуда 14:57 25.06.2015)
Дар пайи ноамниҳои пайдарпай дар вилоятҳои шимол-шарқи Афғонистон, миёни волии қудратманди Балх ва муовини аввали раиси ҷумҳури ин кишвар дар мубориза бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангӣ, ки дар шимоли он кишвар таҷаммӯъ кардаанд, як эътилоф созмон ёфт.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Волии Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум бар зидди Толибон эътилофи сиёсӣ ташкил додаанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Ин ҷо иттиҳоди давлатӣ нест, иттиҳоди сиёсии ду ҳизб аст барои ҳимоят аз нерӯҳои амниятӣ. Барои ҳимоят аз мардум ва барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки вуҷуд дорад. Бинобар ҳамин, онҳо ин иттиҳоди сиёсиро ташкил доданд ва ҳар ду ҳизб аз нерӯҳо, зарфиятҳо ва тавоноиҳои мавҷуди мардумиашон мехоҳанд истифода кунанд",- гуфт аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муовини сухангӯи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон Забеҳуллоҳ Фитрат.

 "То ҳол дар ин маврид нишастҳое миёни афроди баландпояи "Ҷамъияти Исломӣ"  таҳти сарварии Атомуҳаммади Нур ва "Ҷунбиши исломии Афғонистон" зери роҳбарии Абдурашид Дӯстум  дар Фориёб, Балх ва Кобул анҷом шудааст."

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи эҷоди эътилоф миёни Атомуҳаммади Нур ва Абдурашид  Дӯстум, раёсати иҷроии ҳукумати Афғонистон аз он истиқбол кардааст. Ҷовид Файсал, муовини сухангӯи ин раёсат рӯзи сешанбе иброз доштааст, ҳукумат ҳамеша хоҳони ҳимояти мардум аз нерӯҳои амниятӣ буд ва ин иттиҳод метавонад сабаби беҳбуди вазъият дар вилоятҳои шимол гардад ва нерӯҳои амниятиро бештар ҳимоят кунад.

Эътилоф миёни ин ду шахсияти қудратманд дар шимоли Афғонистон алайҳи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи душанбе сафири Афғонистон дар СММ Зоҳири Танин дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳафт ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ  дар он кишвар ҳузур доранд.

 

3
Барчаспҳо:
дар муқобили Толибон, эътилофи муҷоҳидин барои ҳимояи шимоли Афғонистон, Ҷунбиши исломии Афғонистон, Ҷамъияти исломӣ, Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Балх, Фориёб, Қундуз, Афғонистон
Мавзуъ
Нерӯҳои Афғонистон назорати яке аз навоҳии Бадахшонро аз сар гирифтанд