Маметалиев аз ниҳодҳои ҶҚ даъват кард, ки ба Тоҷикистон ёрдам кунанд

© Sputnik / Табылды КадырбековАбдураҳмон Маматалиев. Акс аз бойгонӣ
Абдураҳмон Маматалиев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдураҳмон Мамталиев, муовини сарвазири Қирғизистон аз ниҳодҳои давлатӣ ва тоҷирони кишвараш хостааст, то ба сокинои аз офатҳо зарардидаи Тоҷикистон кӯмак расонанд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон аз омодагии кишвараш барои кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди рафъи хисороти офати табиии ахир хабар додааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Муовини нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи кории рӯзи 29 июлаш аз масъулини ниҳодҳои зиррабти давлатии он кишвар хостааст, масъалаи кумак ба сокинони осебдидаи Тоҷикистонро ҳал кунанд.

Олмон ба осебдидагони Тоҷикистон 57 ҳазор евро ихтисос дод

"Бо назардошти хисороти офати табиии ахир ба сокинони Тоҷикистон фикр мекунам, ҳама гуна кумак аз ҷониби мо дар ин вазъият барои ҳамсоякишварамон бисёр саривақтӣ хоҳад буд. Тавре ҳамаи мо медонем, ҳоло бо Тоҷикистон равобити хуби дӯстона дорему вақтҳои охир он боз ҳам тақвият меёбад", — афзудааст Маматалиев.

Муовини нахуствазири Қирғизистон изҳор доштааст, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи хисороти офати табиӣ ба сӯзишворӣ, семент, арматур, лӯлаву сеткаҳои оҳанин, трансформатор ва масолеҳи дигари сохтмонӣ ниёз дорад.

"Барои мо зарур аст, ки ин масъаларо ҳар чи зудтар дар асоси хоҳиши ҳамсоякишвар ҳал кунем", — илова кардааст вай.

Маматалиев аз тамоми раҳбарони ниҳодҳои зиррабти кишвараш хостааст, ин масъаларо дар муддати се шабонарӯз ҳал кунанд ва Вазорати умури дохилии Қирғизистонро муваззаф кардааст, корвони мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро ҳамроҳӣ кунанд. Муовини нахуствазири Қирғизистон афзуда, ӯ ба тамоми гузаргоҳҳои марзии кишвараш дастур додааст, то ҳангоми убури мошинҳои ҳомили кумак аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон монеа эҷод накунанду аз ҳама гуна иқдомҳои бюрократӣ худдорӣ кунанд.

Дар ин ҷаласа ба раҳбарони ниҳодҳои давлатии Қирғизистон дастур шудааст, то аз тоҷирон ва соҳибкорони қирғиз даъват кунанд, барои кумак ба сокинони зарардида аз офати табиӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0