Кӯдак дар аробачаи маъюбӣ. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: дар Ӯзбакистон ба шахсони танҳо ва маъюб маҳсулот медиҳанд

5
(Таҷдидшуда 17:12 17.08.2015)
Ба рӯйхате, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардааст, 15 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва гигиена ворид гардидааст.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба ашхоси барҷомонда, танҳо ва малули Ӯзбакистон шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонида мешавад, иттилоъ медиҳад Ca-News аснои шарҳи қарори Девони вазирони он кишвар.

Ба рӯйхате, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардааст, 15 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва гигиена ворид гардидааст. Ба феҳрасти мазкур орди навъи олӣ дар ҳаҷми 3 кило барои як одам дар як моҳ, биринҷ, гречка, макарон, гӯшти беустухон (1 кило дар як моҳ), равғани растанӣ, тухм, собун ва ғайра шомил гардидааст.

Онҳое, ки аз давлат кӯмак мегиранд, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳи I ва II, ки фарзанд, ҳамсар ва сарпараст надоранд, мебошанд.

Расонидани кӯмак ба манзили эҳтиёҷмандон ба дӯши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ вогузор шудааст.

5
Барчаспҳо:
маҳсулоти гигиенӣ, маводи ғизоӣ, кӯмак ба маъюбону бознишастаҳо, кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, Ӯзбакистон

Пирӯзӣ бар вируси корона?: марзҳои Ӯзбекистон аз аввали моҳи октябр боз мешаванд

156
(Таҷдидшуда 14:16 19.09.2020)
Давлати Ӯзбекистон аз аввали октябр маҳдудиятҳои вуруд ва хурӯҷ ба ин кишварро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояти муқаррароти қарантина ва беҳдоштӣ лағв мекунад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бар асоси тасмими Комиссияи вижаи мубориза бо вируси корона дар Ӯзбекистон, маҳдудият барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлия аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ коҳиш меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Бино бар иттилои манбаъ, афроде, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид шаванд пас аз тести вируси корона барои қарантинаи 14 рӯза ба меҳмонхонаҳо эъзом хоҳанд шуд.

Парвозҳо низ ба дараҷаҳои “қирмиз”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ шудааст ва афроди ворид шуда бо парвоз аз тариқи кишварҳои “сабз” шомили Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Утриш ва Япония метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.

Афрод муқими кишварҳои “зард” монанди Озарбойҷон, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англия ва Испания ва низ манотиқи қирмиз, ки соири кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад фақат дар сурати надоштани бемории вируси корона метавонанд вориди Ӯзбекистон шаванд.

156
Барчаспҳо:
лағв, беҳдоштӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, марз, маҳдудият, Ӯзбекистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ музокироти сулҳ бо Толибонро душвор донист

263
(Таҷдидшуда 01:38 19.09.2020)
Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон музокироти сулҳи байниафғонӣ бо Толибонро душвор хонд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ОВО, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки музокироти Давҳаи Қатар содда нахоҳад буд ва давлати Афғонистон бо мавзӯъҳои бисёре рӯбарӯ хоҳад шуд, ки гирифтани тасмим дар бораи онҳо сахт аст.

Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар идома итминон дод, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар дар ин музокирот ҳифз ва озодиҳо ва адолати онҳо таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мавлавӣ Абдулҳаким-раиси ҳайати музокиракунандаи сулҳи Толибон дар Давҳа гуфт, ки рӯзи гузашта бори дигар ду ҳайати музокиракунанда бо ҳам бевосита дидор карданд.

Музокироти сулҳи байниафғонӣ бо ҳузури ҳайате аз давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ва намояндагоне аз чанд кишвари ҷаҳон, аз рӯзи 12 сентябр дар Давҳаи Қатар оғоз шудааст.

Низоми сиёсӣ, барқарории оташбас, ҳуқуқи ақаллиятҳо, озодии баён ва расонаҳо, ҳуқуқи занон ва дигар дастовардҳои ду даҳаи ахир дар Афғонистон, аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти Давҳа аст.

263
Барчаспҳо:
душворӣ, Толибон, Абдулло Абдулло, сулҳ, музокирот, Афғонистон
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон