Маҳалли таркиш дар Бангкок

Дар инфиҷори Бангкок 6 шаҳрванди Чин қурбон шудааст

3
(Таҷдидшуда 10:04 19.08.2015)
Рӯзи душанбеи гузашта дар Бангкок, дар маркази тиҷоратӣ ва сайёҳӣ, ки пуриздиҳомтарин макони Тайланд маҳсуб меёбад, тарикш ба вуқӯъ пайваст. Гумонбари асосӣ мардеро медонанд, ки бо борхалта ва либоси зард дар наворҳо сабт шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Сафорати Чин дар Тайланд хабари ҳалокати шаш шаҳрванди кишварашро дар пайи амалиёти террористӣ дар Тайланд тасдиқ карда гуфт, як нафари дигар ҳанӯз бе ному нишон аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Синхуа.

Қаблан дар мавриди қурбон шудани панҷ чиноӣ иттилоъ дода буданд.

"Як шаҳрванди Чин ҳанӯз бе ному нишон аст, 22 тан аз табааи ҶМЧ ба беморхона интиқол шудаанд",- менависад оҷонсӣ.

Таркиш  дар назди як макони муқаддаси ҳиндуҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дастикам 20 кушта ва ҳудуди 123 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳанӯз касе масъулияти таркиш дар мазори Эраванро, ки дар як маркази Бангкок дар атрофи меҳмонсароҳои пуршукӯҳ воқеъ мебошад, бар дӯш нагирифтааст.  

3
Барчаспҳо:
инфиҷор, як тани дигар бе ному нишон шудааст, ҳалокати шаш чиноӣ дар Тайланд, Сафорати Чин дар Тайланд, Чин, Тайланд, Бангкок

Ҳамлаи террористии даҳшатбор дар Ғазнии Афғонистон: 30 сарбоз кушта шуд

178
(Таҷдидшуда 15:40 29.11.2020)
Эҳтимол дорад амали террористӣ аз сӯи маргталаб анҷом гирифт. Таркиши мошини маргталаб дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ғазнии Афғонистон дар натиҷаи як амали террористӣ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расид ва 24 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст Ariana News дар истинод ба роҳбари беморхонаи маҳаллӣ.

Ба иттилои пизишкони вилояти Ғазни ҳамаи нафарони ҳалокшуда низомӣ мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳалӣ бомбе, ки дар дохилӣ мошин насб шуда буд, дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон таркидааст. Пеш ва баъд аз таркиш садои тирандозӣ низ шунида мешуд.

Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

Мақомот бар онаст, ки амали террористӣ аз сӯи як маргталаб сурат гирифтааст.

Баъд аз таркиш ба осмон дуди сиёҳ баромад ва мардуми маҳалли Қалаи Ҷозро нигарон кард. Дар ҳоли ҳозир, ба ҷои ҳодиса нирӯҳои иловагии артиши Афғонистон равон шуданд.

Зимнан, то ҳол ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон фаъоланд, ин амалро бар дӯш нагирифтанд.

178
Барчаспҳо:
низомиён, кушта, сарбоз, пойгоҳ, маргталаб, таркиш, Афғонистон
Флаг с эмблемой саммита ШОС

Эрон аз СҲШ хостори муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори Муҳсини Фахризода шуд

156
(Таҷдидшуда 12:41 29.11.2020)
Сафири Эрон дар Чин дар номае ба дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай аз вай хост, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонунии ин созмон ба манзури кумак ба шиносоӣ ва муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори шаҳид Муҳсини Фахризода истифода кунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, дар остонаи баргузории нишасти сарони созмони Шанхай, Муҳаммади Кишоварззода, сафири Эрон дар Чин дар номае хитоб ба Владимир Норов, дабири кули Созмони Ҳамкории Шанхай бо ишора ба террори яке аз барҷастатарин донишмандони эронӣ дар сояи сукӯт ва беамалии ҷомеаи байналмилалӣ таъкид кардааст: "ин ҷиноят аввалин маврид аз ин дасти набуда ва дар идомаи сиёсатҳо ва иқдомоти ғайриқонӯнӣ ва хасмонаи бархе давлатҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар террори донишмандон ва нухбагони эронӣ аст".

Дар идомаи ин нома омадааст: яке аз аҳдофи аслӣ аз ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, ки Эрон низ ба унвони узви нозир дар он ҳузур дорад, талоши ҷамъии мутааҳҳидонаи кишварҳои узв барои таъмини амният ва субот дар минтақаи Авруосиёва муқобила бо таҳдидоти ношӣ аз тероризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ аст.

Сафири Эрон дар Чин таъкид кардааст, акнун дар шароите, ки бархе кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо иртикоби ҷиноёти мухталиф саъй дар афзоиши танишҳо ва моҷароҷӯиҳои хатарнок дар ғарби Осиё доранд, шоиста аст Созмони Шанхай зимни маҳкумияти иқдоми террористии ахир, аз тамоми зарфиятҳои дипломатӣ ва қонунии дар ихтиёри худ ба унвони як созмони байналмилалӣ барои кумак ба шиносоиува муҳокимаи муртакибон ва омирону ҳомиёни давлатӣ ва ғайридавлатии ин амали муҷримона ва ҷилавгирӣ аз такрори он дар оянда истифода кунад.

19- умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи душанбе дар Деҳлии Нав баргузор ме‌шавад.

156
Барчаспҳо:
донишмандон, муҷозот, муҳокима, хостор, СҲШ, Эрон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

0
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

0
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон