Рамаи гӯсфандон. Акс аз бойгонӣ

Раҳоии чаҳор чӯпони тоҷик аз боздошт дар Ӯзбакистон

8
(Таҷдидшуда 10:30 01.09.2015)
Мақомоти Ӯзбакистон баъди як ҳафтаи боздошт 4 чӯпон аз ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистонро ҳамроҳ чорвояшон озод кардаанд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Чаҳор чӯпон аз рустоҳои Майката ва Ғарибаки ноҳияи Панҷакент баъди як ҳафтаи боздошт дар Ӯзбакистон озод шуда, ба хонаҳои худ баргаштаанд, менависад Радиои Озодӣ.

Ин 4 чӯпон — Раҳимҷон Кӯчаков (соли таваллудаш 1989), Ғолиб Шодиев (соли таваллудаш 1990), Ашраф Раззоқов (соли таваллудаш 1981) ва Хурсандмурод Қаҳҳоров (соли таваллудаш 1986) — рӯзи 23 август ҳамроҳ бо тақрибан 2776 сар чорво дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шуда буданд.

"Ҳамаи 4 чӯпонро шоми 30 август озод карданд ва онҳо ҳоло машғули ба соҳибонашон тақсим кардани чорвои мардум мебошанд", — гуфтааст, Дилмурод, як сокини рустои Майката.

Рустам Қаҳҳоров, раиси ҷамоати Амондараи Панҷакент, ки рустоҳои Майката ва Ғарибак ба ҳамин ҷамоат шомил мешаванд, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари раҳоии чӯпонҳоро тасдиқ кардааст.

"Ҳам чӯпонҳоро ҷавоб доданд, ҳам чорворо. Ягон мушкил нест дигар. Озодии онҳо дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон муяссар шуд", — афзудааст ҷаноби Қаҳҳоров.

Дар пайи боздошти ин 4 чӯпон гуфта мешуд, ки онҳоро субҳи барвақти 23 август замоне дастгир карданд, ки рамаи гӯсфандашон дар пайи борон аз марз гузаштааст ва чӯпонҳо, ки дар як каппа шабро рӯз мекарданд, барои пас гардондани рама маҷбур шудаанд аз марз гузаранд.

Ду сол пеш марзбонони Ӯзбакистон 5 чӯпони дигари сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент — Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ба зиндон маҳкум карданд. Бо гузашти як моҳ  онҳо ба Тоҷикистон истирдод шуданд, вале рамаи бузу гӯсфандонашон, ки ҳамчунин зиёда аз 2000 сар буд, дар Ӯзбакистон монд.

8
Барчаспҳо:
чӯпон, убури марз, раҳоӣ, боздошт, Хурсандмурод Қаҳҳоров, Ашраф Раззоқов, Ғолиб Шодиев, Раҳимҷон Кӯчаков, Панҷакент, Ӯзбакистон