Марзи Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Мулоқоти муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Берлин

9
(Таҷдидшуда 08:18 10.09.2015)
Муовинони нахуствазирони ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки таърихи рӯзи баргузории иҷлоси навабатии кумиссиюни байнидавлатии Қирғизистону Тоҷикистонро аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас кунанд.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Муовинони нахуствазирҳои Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев  дар як мулоқот дар чорчӯби анҷумани "Об ва муносибатҳои ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Берлин масоили равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд, менависад сомонаи расмии ВКХ ҶҚ.

"Ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид карданд, ки гардиши молу коло ва табодули амвол байни ду кишвар дар нимаи аввали соли 2015 афзудааст",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамзамон, дар ин нишаст масоили марбут ба сарҳад ва аломатгузорӣ,аз ҷумла дар пасманзари ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Қирғизистон низ баррасӣ шудааст.

Муовинони нахуствазирони ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки таърихи рӯзи баргузории иҷлоси навабатии кумиссиюни байнидавлатии Қирғизистону Тоҷикистонро аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушаххас кунанд.

9
Барчаспҳо:
аломатгузории сарҳад, гардиши амвол, табодули мол, баррасаии масоили марз, анҷумани “Об ва муносибатҳои ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ, муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон, Азим Иброҳим, Абдураҳмон Маметалиев, Берлин, Қирғизистон, Тоҷикистон