Назарбоев: мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ намоем

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкНурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеч гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Боздиди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт, менависад сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҷамъоварии ҳосили гандум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзӣ: аз воридоти ғаллаи Қазоқистон худдорӣ нахоҳем кард

Пас аз маросими истиқбол ва дуруду шодбошиҳо мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон бо баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш оғоз ёфт. Президентҳо аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноату хушҳолӣ карданд.

"Тайи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеч гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро он барои мо шарики басо муҳим аст. Мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ намоем",-иброз дошт Нурсултон Назарбоев аснои нишаст.

Ҳамзамон дар мулоқоти имрӯза масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар робита ба танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, аз ҷумла зикр гардид, ки бояд  шароити беҳтари ҳуқуқии будубоши муваққатии онҳо муҳайё карда шавад.

Дафтари матбуотии президент менависад, дар нишаст зери Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон сарони ҳар ду кишвар имзо гузоштанд.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон вориди Душанбе шуд

Ба ғайр аз ин, 5 санади ҳамкорӣ аз ҷумла Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва ҶҚ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилот;  протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз 4 майи соли 2006; протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000; Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ; Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ   ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017 ба тасвиб расиданд.

Лентаи хабарҳо
0