Шафақ Сияҳпӯш, коршиноси масоили сиёсӣ

Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

85
(Таҷдидшуда 16:28 12.02.2016)
Ҷангиёни “Толибон” чаҳор рӯз пеш дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ шаҳри Қундуз, маркази вилояти Қундузи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд. Мақомоти қудратии ин кишвар мегӯяд, шаҳр озод шудааст, аммо хабарҳо ҳокӣ бар он аст, ки дар Қундуз даргириҳо ҳанӯз ҳам идома доранд.

Дар иртибот ба ин хабарнигори Sputnik бо Шафақ Сияҳпӯш, коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии Афғонистон, ки алъон дар Тоҷикистон ба сар мебарад сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

-Чанд рӯзи қабл аз ҳамлаи "Толибон" ба шаҳри Қундуз волӣ ва раиси Шӯрои ин вилояти стратегии Афғонистон минтақаро тарк мекунанд. Чаро?

— Дар мавриди волии Қундуз ба андозаи кофӣ далоил вуҷуд дорад ва ҳатто раҳбарони шаҳру навоҳии ин вилоят дар Шӯрои миллии Афғонистон борҳо ҳушдор дода буданд, ки ин волӣ "рангу бӯй"-и "Толибон" дорад. Тавре шумо огаҳӣ доред, шоми дирӯз ҳам раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ иқрор кард, ки ба мо ин хабарро дода буданд, аммо мо беэътиноӣ кардем. Ин амали онҳо низ суолеро ба миён меорад, ки чаро беэътиноӣ карданд?

Аммо он чи мушаххас аст ва он чи аз иттифоқҳои шаҳри Қундуз бармеояд, ин аст, ки Қундуз дар як муомилаи бузург барои ҳузури ҷангиёни "Толибон" ва "Давлати исломӣ", ки хостгоҳи қавмӣ доранд, харидуфурӯш шуд. Зеро Ғарб ва Амрико мехоҳанд, барои фишор ба Русия дар шаҳри Қундуз як пойгоҳи террористӣ дошта бошанд. Яъне, амалан мо мефаҳмем, ки амрикоиҳо дар ҷавоб ба ҳаводиси ахири Сурия- ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои ФР, Қундузро ба Русия пешниҳод карданд.

© Sputnik
Шафак Сияхпуш

Ҳудуди ду соли пеш тақрибан 75-85 ҳазор кучӣ аз Покистон вориди қаламрави Афғонистон шуданду дар вилоятҳои шимолӣ мустақар гардиданд. Ҳеч нафаре аз ин кучиҳо дар ҷануби Афғонистон ҷойгир нашуданд.Аз ин тарҳ худи ҷаноби Карзай (Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон) ва мақомҳои баланди паштутабори давлати Афғонистон ҳам пуштибонӣ карда, онҳоро дар навоҳии шимолӣ, аз ҷумла вилояти Бадахшон, манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон, Қундуз, Бағлон Пули Хумрӣ ва Тахор ҷой доданд ва қабл аз Иди қурбон ҳам ҷангиёни Толибон миёни ин мардуми кучӣ бесарусадо бо силоҳҳои худ ҷойгир мешаванд ва дар як рӯзи бисёр мувофиқ, ки сокинони Қундуз як рӯз пеш аз ид дар телевизионҳо гуфтанд, онҳо бори аввал аст, идро дар фазои орому бидуни хунрезӣ таҷлил мекунанд, якуякбора аз хонаҳои худ дар даст парчамҳои "Давлати исломӣ"-ию такбиргӯиён ба кӯчаҳо мебароянд.

- Ба назари шумо ин ҷангиён ба чӣ теъдод ҳастанд?

— Тахминан нерӯҳои "Толибон" дар Қундуз ҳудуди 5 ҳазор нафар гуфта мешавад. Давлат зоҳиран эълон мекунад, ки дар Қундуз чаҳор фармондеҳи Покистон миёни мардум ҳузур доранду ба маъмурини мухобиротии "Толибон" дар тамос ҳастанд ва ба онҳо дастур медиҳанд, то охирин нафас биҷанганд. Дар Қундуз бар иловаи ин ки ҳоло ҷанги қавмӣ шуд, ҷанги минтақавӣ ҳам ҳаст. Афғонистон як кишвари муташаккил аз қавмҳои гуногун мебошад. Мо дар ҳамсоягии шумо бо "Толибон" ҷанг кардему бо кӯмаки неруҳои ҳавоии Амрико артиши заминии мо тавонист, ин ҳаракатро шикаст бидиҳад. Аммо ҳоло ба як марҳалае расидем, ки раиси ҷумҳурӣ, вазири дифоъ, вазири корҳои дохилӣ, раҳбари раёсати амният ва раиси Шӯрои амнияти миллӣ бо аъзои аслияш аз ҷангиён ҷонибдорӣ мекунанд.

- Шумо ҳоло дар бораи раёсати амният гуфтед, собиқ вазири амнияти Афғонистон ҷаноби оқои Амруллоҳ Солеҳ ду рӯз пеш дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, хиёнат аз ҷониби мақомҳои баланди давлатӣ ва волии Қундуз сурат гирифтааст. Оё ин ҳақиқат дорад?

— Воқеият ин аст, ки "Толибон" хостгоҳи қавмӣ доранд. Хостгоҳи қавмӣ боис мешавад, ки агар инҳо огаҳӣ ҳам дошта бошанд, аксуламал нишон намедиҳанд. Барои шумо метавонам, намунаҳои зиёд орам. Вақте "Толибон" зиндони Қандаҳорро мунфаҷир карданд, онро бо ҳамкории кӣ карданд? Чанд рӯз аз ҳаводиси Қундуз ба зиндони Ғазнӣ ҳам ҳамла шуду даҳҳо зиндонӣ, ё ба истилоҳ ҷангиёни тозанафас раҳо шуданд. Магар раёсати амният аз ин ҳама огаҳӣ надошт? Албатта, раёсати амният хабар дошту дорад. Ва барои шумо худи ҳозир мегӯям, ки неруҳои ҳукуматӣ ва муҷоҳидин дар ҷанганду мегӯянд, мехоҳем, хонаеро мавриди ҳамла қарор бидиҳанд. Аммо азбаски қумандони умумии амният пашту, ки ҳасту бо "Толибон" хешӣ дорад, намегузорад, ки онҳо он хонаро тирборон кунанд. Давлатиҳо ва "Толибон" ҳам бо ҳам махфӣ иртибот доранд.

Як намунааш, қатли устод Бурҳониддин Рабонӣ, роҳбари Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раийсҷумҳури собиқи кишвар  мебошад. Ҷаноби вазири дифоъи феъли оқои Истонакзай бо далелу санад муттаҳами аслӣ аст.

Волии пешини Балх Ато Муҳаммад Нур гуфта буд, ки агар ин нафар вазири дифоъ шавад мо овоз нахоҳем дод ва дар Маҷлис ҳам раъйи кофӣ ба даст наовард. Вале оқои Ашрафғанӣ ӯро сарпарасти вазорати дифоъ таъйин кард. Гузашта аз ин, ӯ салоҳияти вазорати дифоъро надорад, чун дар гузашта ҳеч вазифаи калидиеро бар уҳда надошт. Инҳо ҳама ниҳодҳои амниятӣ дар даст доранду аз ҳама чиз огаҳӣ доранд.

-Бо вуҷуди дар Тоҷикистон будан ҳам бо Қундуз тамос доред ва ҳамин ҳоло вазъ дар он минтақа чӣ гуна аст?

— Тайи се рӯзи ахир дар Қундуз ҷанг идома дошт ва як қисмати "Толибон" Қундузро ба қасди Бадахшон тарк карданд. Дирӯз минтақаи Тахор — Хоҷағорро, ки хеле минтақаи васеъ асту дар наздикии марзи Тоҷикистон аст, тасарруф карданд. Аз аввали шурӯъи ҷанг волии ин минтақа мегуфт, ки агар моро кӯмак накунанд, мо шикаст хоҳем хурд. Аҷоибии кор дар ин аст, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмад зери созишномаи амниятӣ бо Амрико имзо гузоштаанд. Вале панҷ-шаш рӯз мешавад, ҷанг идома дораду мардум садо доранд, ки кӯмак кунед, бо вуҷуди ҳузури неруҳову ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ инҳо кумак намекунанд.

Агар ин хел аст, пас ин созишнома барои чӣ ба имзо расидааст? Ва замоне, ки қаламрави Афғонистон ҳадафи бомбаҳои Покистон қарор мегирад, инҳо мегӯянд, ин масъалаи дохилии шумо аст ва ҳоло ҳам мегӯянд, ин масъала марбут ба умури дохилии шумост.

Толибон ҳоло ба чанд қисмат ҷудо шудаанд. Як бахши онҳо озими Пули Хумрӣ шуданд ва дар чанд минтақаи он ҳам ҳоло ҷанг идома дорад. Толеу барфакро дар Бағлон ва чанд минтақаи Пули Хумриро гирифтаанду самти Тахор ҳам рафтаанд. Яъне дар сар то сари минтақа паҳн шудаанд.Чаҳордараи Афғонистон чаҳор моҳ мешавад, дар дасти "Толибон" ҳаст.

- Оё имкони комилан бозпас гирифтани ин минтақа аз "Толибон" вуҷуд дорад?

— Дар ҳоли ҳозир ҷангиёни "Давлати исломӣ" ва бахши "Толибон" бо неруҳои тундрави минтақа якҷоя шуда, алайҳи ҳукумати Афғонистон муқовимат мекунанд. Ин як нақшае аст, ки амрикоиҳо барои ин қаламрав тарҳрезӣ кардаанд. Табиист, ки дер ва ё зуд онҳо шикаст мехӯранд ва хоҷагонашон низ ифшо хоҳанд шуд.   

85
Барчаспҳо:
сарҳад, тасарруф, марз, Толибон, ҳамла, "Давлати исломӣ", Бадахшон, ҳаракати "Толибон", Давлати исломӣ, Шафақ Сияҳпӯш, Аҳмадшоҳ Масъуд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Бағлон, Қундуз, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

242
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

242
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд

543
(Таҷдидшуда 19:35 28.05.2020)
Табибони бемористони марказии шаҳри Исфара талош доранд, дар пайи роҳандозӣ намудани ҷарроҳӣ захмҳои аз тир бардоштаи Шукрона Шароповаро тадовӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Ба гуфтаи манобеъ, Шаропова аз дирӯз ба ин тараф дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад ва дар назар аст табибони шаҳри Исфара барои наҷоти ӯ аз захми тир имрӯз то пагоҳ амалиёти ҷарроҳиро ба иҷро расонанд.

Бино ба хабари расмӣ Шукрона Шаропова (Муътабархонуми Зуҳриддин) сокини 25 солаи маҳаллаи Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мебошад, ки дирӯз соати 11:55 дақиқа аз сӯи шаҳрванди Қирғизистон дар марз аз зарби тир маҷруҳ шуд.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ҷавонзани тоҷик аз ноҳияи рости тахтапушташ захмин шудааст. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дирӯз бо нашри як изҳорот рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар ин кор шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой муқассир аст.

"Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад", - омадааст дар иттилоия.

Баъди рухдоди ҳодиса, дирӯз мақомоти расмии ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Шукрона Шаропова ҳоло дуюмин нафарест, дар сарҳади миёни Исфара бо Қирғизистон захмин шуда ва зери тадовии духтурон қарор дорад. Қушунҳои сарҳадии КДАМТ рӯзи 24-уми май аз захмин шудани пойи сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 дар пайи як муноқиша бо сарҳадбонони қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хабар дода буд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
© Фото / пресс-служба правительства / Алишер Алиев

Бар пояи иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, ин муноқиша тавре рух додааст, ки шуморе аз қирғизҳо бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзо расида вориди минтақаи то ҳол аломатгузоринашудаи қаламрави Тоҷикистон шуда, бо сокинони наздимарзии шаҳри Исфара ҷанҷол барангехтаанд.

"Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло вазъи саломатии ин сарбози тоҷик хуб шуда, ӯ аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи осебшиносии бемористон интиқол ёфтааст. Ҳоло ин чандумин мавриди захминшавии сокинон дар муноқишаҳои чанд вақти охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад.

Фазлиддин Фозилови 37 сола ҳам яке дигар аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аст, ки то рухсат шудан ба манзилаш, чанд рӯзро барои тадовии захмҳояш дар бемористон сипарӣ кард. Ӯ дар муноқишаи марзии рӯзи 8-уми май аз тири яроқи шикории марзбонони қирғиз захм бардошта ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ин рӯз ба ҳисоби Фозилов, Аёмиддин Шарипов сокини 49 солаи Чоркӯҳ ҳам ҳадафи сангпартоии қирғизҳо қарор гирифту чанд ҷои сараш аз зарби сангандозии қирғизҳо лат бардошт ва баъди интиқолёбӣ дар бемористон осори санг дар баданаш бартараф шудааст.

Тавре қаблан, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ин ихтилоф дар марз бо қирғизҳо дар ҳоле сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳии рӯзи 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.

"Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфта буд, Иқбол Тешаев.

Тайибаю Шукрона ҳамсинфони ҳамтақдир: ҳар ду дар марз тир хурдаанд.

Аммо тирхурии Шукрона дар пайи муноқишаи марзӣ дар ҳолест, ки ахиран Тайиба Сафарова, як ҷавонзан ва ҳамсинфи мактабии ӯ низ дар моҳи декабри соли 2019 аз тири шикории ҷониби қирғизҳо маҷрӯҳ шуда буд.

Дар шарҳи ҳодисаи захминшавии ин сокини он замон 24 солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мақомот гуфта буданд, ки "Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст".

Тайиба Сафарова ҳамроҳ бо Шукрона Шаропова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 и ҷамоати Чоркӯҳ таҳсил кардаанд. Аз он замон то ин ҷониб рухдоди муноқишаҳои марзиро як амали иғвобарангезонаи ҷониби қирғизҳо маънидод мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳамсоякишвар, ки то ба ҳол ба тақсими одилонаи хатти марз комёб нашудаанд. Даҳҳо километри марз миёни ин ду кишвар то ба ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашуда боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди муноқишаву танишҳо бар сари тақсими замину об дар марз боис шудааст.

543
Барчаспҳо:
саломатӣ, Исфара, марз, тир, Хуҷанд
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1065
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1065
Барчаспҳо:
Тоҷикистон