Интихобот. Акс аз бойгонӣ

КМИ Қирғизистон: беш аз 1,5 миллион нафар раъй доданд

8
(Таҷдидшуда 22:06 12.10.2015)
Аз 22 участкаи интихоботӣ дар мавриди ҷамъбасти натоиҷи овоздиҳӣ то ҳанӯз маълумот нарасидааст. Дар ин манотиқ 18 ҳазору 702 интихобкунанда сабти ном шуда буд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тибқи шумориши пешакӣ то соати 11-и рӯзи 5 октябр, ширкати интихобкунандагон дар интихоботи Жогорку Кенеш 1 миллиону 557 ҳазору 442 нафар (59,7% аз ҳисоби умумии интихобкунандагон)-ро ташкил дод, иброз дошт раиси КИМ Туйғуналӣ Абдураҳимов, менависад Sputnik Қирғизистон.

Ба қавли ӯ пешсафии аҳзоб ба таври зайл буда, ҳамоно бетағйир аст:

ҲСДҚ (СДПК)- 430 ҳазору 661 раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст, ё 24,7%;
"Республика- Ата Журт"- 312 ҳазору 514 нафар, ё муодили 20,1 фисад;
"Қирғизистон"- 202 ҳазору 62 ҷонибдор доштааст, ё 12,8 фоиз;
Онугуу- Прогресс "-ро ҳудуди  146,5 ҳазор тарафдорӣ кардаанд, ё баробар 9,3%;
Ба тарафдории "Бин Бол" 133 ҳазору 179 интихобкунанда раъй додаанд, ё 8,5 фоиз;

"Ата Мекен" овози 121 ҳазору 723 нафарро ба худ касб кардааст, ё 7,7 дарсад.

Ба муқобили ҳама 0,8%-и интихобкунандагон овоз додаанд.

Ба гуфти оқои Абдураҳимов, дар ҳоли ҳозир маълумот аз 2 ҳазору 316 участкаи интихоботӣ ворид гардида, 22 участкаи дигар иттилоъро ба марказ нафиристодаанд. Дар ин манотиқ 18 ҳазору 702 интихобкунанда сабти ном шуда буд.

8
Барчаспҳо:
Қирғизистон, ҲСДҚ (СДПК)-, интихоботи Жогорку Кенеш, КМИ Қирғизистон, Туйғуналӣ Абдураҳимов, Бишкек, Қирғизистон
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

451
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

451
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон
Линии электропередач в мороз, архивное фото

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

218
(Таҷдидшуда 13:45 27.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.

"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ ​​имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ ​​интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.

Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.

Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.

Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.

Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ ​​20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.

218
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон