Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ

Ашраф Ғанӣ барои нахустин бор "Толибон"-ро террорист номид

22
(Таҷдидшуда 22:10 12.10.2015)
Раисҷумҳури Афғонистон мӯътақид аст, ки террористон дар Афғонистон шомили гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҳаракати “Толибон” ҳастанд.

Душанбе, 8 окт — Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар нишасти фавқулоддаи ҳукумат иброз доштааст, ки арзёбиҳои ибтидоии ниҳодҳои кашфӣ ва истихборотӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои ҷурмӣ, Толибон ва террористони хориҷӣ ҳастанд, менависад TOLOnews.com.

Оқои Ғанӣ меафзояд, ҷангиён ба хотири манофеи бегонагон ва қочоқбарони маводди мухаддир ба ҷиноёти нобахшиданӣ даст мезананд.

"Баррасиҳои аввалияи ниҳодҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Форёб, Қундуз, Нангарҳор, Бадахшон, Урузгон ва Ҳилманд меҷанганд, террористоне ҳастанд, ки ҳадафи онҳо ба вуҷуд овардани тарс дар миёни мардум ва расидан ба аҳдофи шуми бегонагон ва қочоқбарони маводди мухаддир аст",- омадааст дар хабарномаи раёсатҷумҳури ин кишвар.

Раисҷумҳур, террористонро душмани ғаддор номида, илова кард, душмане, ки аз манобеи берунӣ ва маводди мухаддир тамвил мешавад, ба ҷону мол ва иззати мардум тааруз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ғанӣ як бори дигар аз неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар ба хотири мубориза бо "террористон" ситоиш карду гуфт:"Қуввои мусаллаҳи шуҷову далери мо мехоҳанд, ки Афғонистон ба пеш ҳаракат кунад ва мардумаш дар озодӣ, истиқлол ва рифоҳи муттаҳидона ба сар бубаранд".

Зимнан вай таъкид кард, ки ҳокимияти қонун, амният ва рифоҳро таъмину тарвиҷ мекунем.

Дар ҷараёни ин нишаст, генерал Муродалӣ Мурод гуфтааст, ки неруҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон ҳеч гуна амалу тахаттии ҳуқуқи башариро муртакиб нашудааанд ва як бори дигар ба раисиҷумҳур итминон дод, ки неруҳои амниятӣ ва дифоӣ бо пайравӣ аз қавонини роиҷи кишвар ва риояти меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷону моли мардум ҳимоят хоҳанд кард.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамалоти низомии террористон соати сеи субҳи рӯзи 28 сентябр оғоз шуда, ҷангиёни "Толибон" ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои мусаллаҳ ва фирори сокинони маҳал чор дарвозаи шаҳрро бастанд. Аз он рӯз инҷониб хабарҳои зидду нақиз дар мавриди авзоъи шаҳр ва вилояти Қундуз ба расонаҳо мерасад.

Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст
© Sputnik
Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст

 

22
Барчаспҳо:
ҷанг дар Қундуз, авзоъ дар Афғонистон, барои нахустин бор Толибонро террорист хонд, изҳори назари раисҷумҳур, Толибон, президенти Афғонистон, Муродалӣ Мурод, Ашраф Ғанӣ, Форёб, вилояти Нангарҳор, Қундуз, Афғонистон, Кобул