Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Боздошти омӯзгорони узбак ба иттиҳоми паҳни варақаҳои "Давлати исломӣ"

22
(Таҷдидшуда 22:11 12.10.2015)
Дар матнҳое, ки аз муаллимон ёфт гардид, даъват ба сарнагуни ҳукумат шудааст. Нишонаи “Давлати исломӣ” қаблан дар Тоҷикистон ҳам зуҳур карда буд. Дар шаҳрҳои Нораку Шаҳритӯс парчами ин гуруҳи террористӣ аз сӯи афроди номаълум баланд бардошта шуд.

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ду омӯзгор дар шаҳри Қуқанд, шарқи Узбакистон аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иттиҳоми паҳни варақаҳои марбут ба "Давлати исломӣ" боздошт шуданд, — менависанд, расонаҳои ин кишвар бо истинод ба манобеашон дар ВКД-и Узбакистон.

Ба қавли ин манобеъ, гӯиё ҳангоми бозҷӯӣ аз ин ду омӯзгор матнҳое дарёфт шудааст, ки даъват ба сарнагуни ҳукумат мекунанд.

"Занҳоро дар пайи як занги телефонӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии Қуқанд боздошт карданд ва ҳоло дар робита ба ин қазия чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад", — афзудааст, ӯ.

Ин бори аввал нест, ки дар макотиби Узбакистон нишонаҳои "Давлати исломӣ" зуҳур мекунанд.

Қуқанд яке аз шаҳрҳое мебошад, ки ба водии Фарғона шомил аст ва дар 25 километрӣ аз марзи Тоҷикистон ҷойгир мебошад.

Қаблан дар шаҳрҳои Норак ва Шаҳритӯси Тоҷикистон ҳам афроди номаълум парчами "Давлати исломӣ"-ро баланд карда буданд. Баъдан Додситонии кулли кишвар гуфт, ин амал кори дасти пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки ахиран террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд.

22
Барчаспҳо:
Узбакистон, Шаҳритӯс, Қуқанд, парчам, "Давлати исломӣ", Давлати исломӣ, Шаҳритӯс, Қуқанд, Норак, Узбакистон, Тоҷикистон
Террористы в Афганистане. Архивное фото

"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

464
(Таҷдидшуда 15:30 04.07.2020)
Мақомот ва неруҳои амниятии Афғонистон хабари ҳамлаи Толибон аз қаламрави Туркманистонро таъйид ё такзиб накарданд. Коршиносон мегӯянд, Туркманистон бар аъмоли Толибон чашмпӯшӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Муҳандис Аҳмад, вулусволи Хумоби вилояти Ҷузҷон, ки дар марз бо Туркманистон ҷойгир аст, ба Sputnik Тоҷикистон ҳамлаи сангини Толибонро таъйид кард, аммо аз ин суол, ки оё ин ҳамла аз қаламрави Туркманистон анҷом шудааст, турфа рафт.

"Ду рӯз ҷангҳои шадид дар вулусволии Хумоб идома дошт. Толибон аз неруҳои давлатӣ ва хезиши мардумӣ шикасти сангин дида, ба ҷониби вулусволии Оқча ақибнишинӣ карданд. Ҳоло дар вулусволии Хумоб, ки бо Туркманистон марзи муштарак дорад, ягон толиб ҳузур надорад", - гуфт Муҳандис Аҳмад.

Қаблан Мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, раиси Шӯрои вилоятӣ, ҳамзамон волии ҳанӯз таъйиднашудаи Ҷузҷон, ки аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъйин шудааст, ба расонаҳо гуфта буд, ки шаби панҷшанбеи гузашта, 25 июн, толибҳои мусаллаҳ аз тариқи дарёи Ому аз кишвари Туркманистон худашонро ба вилояти Ҷузҷон расонида, бар пойгоҳи Урдуи миллӣ дар соҳаи Чуплитеппаи вулусволии Хумоб ҳамла намуданд.

"Бино ба иттилое, ки ба мо расидааст, дар ҷараёни даргириҳо 7 сарбози артиш шаҳид, 10 сарбози дигар, ҳамчунин Ҳайвод-паҳлавон, як фармондеҳи хезишҳои мардумии маҳал захмӣ шудаанд”, - гуфт Абдулҳай Ҳаёт. Дар тафсири ин хабар Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон низ ба Sputnik Тоҷикистон маҳз ин нуктаро, ки Толибон аз Туркманистон ҳамла кардаанд, шарҳ надод.

Вай гуфт, воқеан, дар рустои Чуплитеппаи вулусволии Хумоби вилояти Ҷузҷон миёни нируҳои дифоъӣ – амниятӣ ва ҳаросафганони толиб як бархӯрд ба миён омада, талафоте ҳам ба миён гузошт. “Дар ин даргирӣ 4 толиб кушта ва 3 тан дигар аз аъзои Толибон ҳамроҳ бо таҷҳизот ҷангиашон асири нируҳои амниятӣ амниятӣ гардиданд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хос ё коммандои вазорати дифоъи Афғонистон аст, ки бори аслии ҷангҳо бо созмонҳои мамнӯъи Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимоли Афғонистон – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад. Арзиши хабар Дар ҳамин ҳол, худдории мақомот шакку гумонро дар ин бора, ки Толибон аз қаламрави Туркманистон ҳамла кардаанд, меафзояд, зеро ин аввалин мавриди ҳамлаи онҳо аз марзҳои Осиёи Марказӣ ба хоки Афғонистон тайи беш аз 25 соли ҳузури онҳо дар саҳнаи сиёсиву низомии минтақа буда метавонад.

Тайи ин ҳама солҳо ҳукуматҳо ва нерӯҳои зиддитолиб ҳамеша ангушти иттиҳом ба сӯи Покистон, ҳамсояи ҷанубии худ мекарданд, ки Толибонро омода карда, аз марзҳои худ барои анҷоми амалиёт ба Афғонистон мефиристад. Мурод Шарифӣ, коршиносе, ки худ зодаи Ҷузҷон аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан Толибон аз ҷазираҳои дарёие ҳамла кардаанд, ки маълум нест ба Афғонистон тааллуқ доранд, ё Туркманистон.

"Ин ҷазираҳо дар пайи тағйири маҷро кардани дарёи Ому ба вуҷуд омадаанд ва маълум аст, ки Туркманистон дар онҳо тасаллут надорад. Ҳамчунин ҷазираҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ вуҷуд доранд. Аммо убур ба онҳо танҳо аз соҳаи таҳти назорати давлати Афғонистон имкон дорад. Ҳоло суол ҳам ин аст, ки онҳо бо 200 – 300 ҷангӣ чӣ тавр худро ба ин ҷазираҳо расондаанд?", - гуфт Мурод Шарифӣ.

Ин коршинос мегӯяд, эҳтимолан мақомоти Афғонистон дар ин мавзӯъ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, чун дар гузашта борҳо шуда, ки сарбозони ҳукуматӣ дар ҷангҳо аз дасти Толибон ба танг омада, дар марзи Туркманистон паноҳ бурдаанд ва аз сӯи дигар, намехоҳанд як ҷанҷоли байнулмилалиро доман зананд.

Аммо Раззоқи Момун, коршиноси муқими Австралия, мегӯяд, Толибон ва Туркманистон ҳанӯз аз солҳои 90 – ум робитаи танготанг доранд.

"Туркманистон ягона кишвари шимол буд, ки амалан ҳукумати Толибонро пазируфта, бо он, қабл аз ҳама, ба хотири лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ҳамкорӣ мекард. Аз сӯи дигар, Толибон пас аз имзои созишнома бо Амрико машрӯъият пайдо карданд ва кишварҳои минтақа онҳоро як шарики ояндаи худ арзёбӣ мекунанд. Аз ин хотир, барои наранҷонидани Туркманистон, ки бо ҳукумати Кобул дар заминаи барқу маводи сӯхт ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ дорад, ба ин ҳаводиси хурд чашм мепӯшад. Дар умум, Туркманистон ҳам ҳеҷ гоҳ бо ҳукуматҳои Кобул хусумат надошт ва ин қабил ҳаводис ҳеҷ гоҳ равобити ду кишварро тира намекунанд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Расонаҳои расмии Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин воқеа сукут карданд. Онҳо низ иддаоҳои мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистонро нодида мегиранд. Ба назар мерасад, ҳама бар инанд, ки салоҳи кор барои ҳама ҳамин аст.

464
Барчаспҳо:
ҳуҷум, Туркманистон, Афғонистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон маълум шуд

70
(Таҷдидшуда 13:06 04.07.2020)
Раисҷумҳури Қирғизистон бо судури ҳукме, аз замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар дар таърихи чаҳоруми октябри соли 2020 хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бар асоси ҳукми Соронбой Жеенбеков, комиссияи марказии интихобот бояд тибқи қавонини ҷумҳурии Қирғизистон барои иҷрои интихобот омодагӣ дошта бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Бар асоси ин гузориш, давлати Қирғизистон бояд зимни анҷоми иқдомоти лозим барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар тарҳи раъйгирӣ, ҳамроҳ бо риояти усули беҳдоштӣ, бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона дар ин кишвар, ба комиссияи марказии интихобот дар заминаи таъмини амнияти киберии сомонаҳои диҷитали, ироаи каналҳои иртиботии қобили эътимод ва таомул байни дигар ниҳодҳои давлатӣ кумак кунад.

Интихоботи парлумонии пешини Қирғизистон дар соли 2015 баргузор шуд ва дар натиҷаи он намояндагони аҳзоби сотсиал - демократ, республика Отажурт, Қирғизистон ва дигар аҳзоби сиёсӣ вориди маҷлис шуданд.

Парлумони Қирғизистон 120 намоянда дорад ва олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст. 

70
Барчаспҳо:
Сооронбой Жээнбеков, Раисҷумҳур, таърих, интихобот, парлумон, Қирғизистон

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон