Харобиҳои ҷанг дар Афғонистон

Афғонистон солона дар ҷангҳои худ беш аз $9 миллиард сарф мекунад

12
(Таҷдидшуда 13:02 20.10.2015)
Ниҳоди баробарӣ барои сулҳ ва демократия дар Афғонистон бо нашри як гузориш ҳазинаи солонаи ҷанг дар ин кишварро беш аз 9 миллиард доллари амрикоӣ хондааст.

Душанбе, 20 окт — Sputnik. Муовини раҳбари Ниҳоди баробарӣ барои сулҳ ва демократия дар Афғонистон Идрис Умарзод гуфтааст, танҳо дар давоми соли 2014 беш аз 9 миллиард доллар дар ҷанг ва ифротгароии ин кишвар сарф шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TOLONEWS.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳар рӯз 24 миллиону 906 ҳазор доллар аз буҷаи ҳукумати Афғонистон дар ҷанг сарф мешавад, ки ин нишондод 44 дарсади тавлиди нохолис ва 113 дарсади кулли буҷаи миллии соли 2014-ро ташкил медиҳад. Инчунин нишондоди мазкур ҷаҳор баробар миқдори даромади дохилии пешбинишудаи давлати Афғонистон дар соли гузашта мебошад.

Дар гузориши мазкур қайд шудааст, ки ҳазинаи молии ҷангҳои имсола бештар аз ин хоҳад буд. Як фаъоли ҳуқуқи занони афғон Наҷиба Айюбӣ дар шарҳи ин пешбинӣ гуфтааст, чун набардҳое, ки имсол анҷом шуданд, равшан сохт, ки ҳазинаи бештар аз ин имсол дар ҷанг ва бунёдгароӣ сарф хоҳад шуд.

Ниҳоди баробарӣ барои сулҳ ва демократия дар Афғонистон таъкид мекунад, ки тибқи маълумоти онҳо 60 дарсади буҷаи миллӣ ба бахши амният ва танҳо чаҳор дарсад ба бахши беҳдошти ин кишвар равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъулини ниҳоди мазкур, ҳамасола ба вазоратхонаҳои дохилӣ, дифоъ, шӯрои амният ва риёсати амнияти миллии Афғонистон маблағи иловагӣ аз ҳисоби буҷа пардохт мешавад.

"Ҳар сол ба Вазорати дифои миллӣ беш аз 1,5 миллиард, ба Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 1,2 миллиард, ба Шӯрои амният беш аз 1,5 миллиард ва ба Риёсати умумии амнияти миллии Афғонистон беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ пардохт мешавад", — омадааст, дар гузориш.

Масъулини Ниҳоди баробарӣ барои сулҳ ва демократия дар Афғонистон нигаронӣ доранд, ки дар пайи боло рафтани ҳаҷми ҳазинаи ҷангҳо соҳаи беҳдошту зербиноҳои ин кишвар ба осебпазиртарин бахшҳо табдил ёфтаанд.

Онҳо мегӯянд, ҳамасола миллиардҳо доллари буҷаи Афғонистон дар ҳоле қурбони хушунат, ҷанг ва тундравӣ мешаванд, ки бо ин маблағ метавон, мардуми ин кишвари ҷангзадаро аз фақру нодорӣ наҷот дод.

 

 

12
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати дифои миллӣ, ҳазина, солона, ҷанг, буҷа, Афғонистон, Ниҳоди баробарӣ барои сулҳ ва демократия дар Афғонистон, Афғонистон