Омӯзиши якҷояи Неруҳои вокуниши сареи СПАД

СПАД дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон чора хоҳад андешид

28
Ба назари сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов, СПАД барои ҳамчун омили калидии таъмини амният дар Осиёи Марказӣ боқӣ мондан тамоми зарфиятҳои лозимиро ба кор мегирад.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ноустувории вазъ дар Афғонистон ва таъсири ин омили изтироб ба амнияти Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар умум мояи нигаронии раҳбарияти Русия шудааст, — гуфт, дипломати рус Игор Лякин Фролов.

"Ин мушкил дар вохурии ахири раҳбарони Тоҷикистону Русия 6 октябри соли равон дар шаҳри Сочӣ баррасӣ шуд. Инчунин ҷаласаи ахири СПАД ва ИДМ ҳам муҳим буданд, ки дар онҳо дар робита ба таҳкими амнияти минтақа тасмимҳои сиёсию низомии муҳим гирифта шуд", — хотирнишон кард, сафири Русия дар Тоҷикистон.

Сафири рус қайд кард, ки хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон сарҳади ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД мебошад.

"Санҷиши ногаҳонии омодагии моҳи майи Неруҳои вокуниши сареи СПАД дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон тавони муттаҳидон дар муқобила ба таҳдидҳои террористиро хуб намоиш дод", афзуд, — Лякин Фролов.

Ба назари сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов, СПАД барои ҳамчун омили калидии таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои узв боқӣ мондан тамоми зарфиятҳои лозимиро равона мекунад.

Дар мавриди нақши пойгоҳи низомии "201"-и Русия дар Тоҷикистон ҳангоми бад шудани вазъ дар сарҳади кишвар бо Афғонистон, сафири Русия афзуд, нақшаи куллӣ барои муқобала бо таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон дар сурати бад шудани вазъ дар он сӯи Омӯ коркард шудааст.

"Ба он маҷмуаи чораҳо, аз ҷумла мустақар кардани неруҳои иловагӣ дар хатти низомӣ ва нигаҳбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон андешида шудааст", илова кард, ҷаноби Фролов.

Дипломати рус таъкид кард, ки пойгоҳи низомии "201" дар таъмини амнияти Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад ва иқтидори ҷангии он пайваста таҷдид ва замонавӣ карда мешавад.

"Чанде қабл тасмим дар мавриди таъмини ин пойгоҳ бо чархболҳои ҷангии Ми-24П "Крокодил" ва ҳамлу нақли Ми-8МТВ гирифта шуд, ки дар фурудгоҳи Айнӣ, 25 километрии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд", — хабар дод, сафири рус.

Дипломати рус бо боварии комил гуфт, ки дар сурати бад шудани вазъ ин пойгоҳи низомии Русия тавони иҷрои вазифаҳои вогузоршавандаро дорад.

28
Барчаспҳо:
Игор, Фролов, Осиёи Мраказӣ, амният, вокуниш, санҷиш, 201, низомӣ, пойгоҳ, рус, сафир, СПАД, марз, вазъ, СПАД, Игор Лякин-Фролов, Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Осиёи Миёна