Толибон дар Қунуз асиронро аз зиндон озод карданд. 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ

Афғонистон: тасарруфи вулусволии Дарқад аз сӯи Толибон

12
(Таҷдидшуда 16:09 28.10.2015)
Вулусволии Дарқад, ки аз сӯи ҷангиёни “Толибон” тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷангиёни созмони тундрави "Толибон" вулусволии Дарқад, воқеъ дар вилояти Тахори Афғонистонро, ки  минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад, ишғол кардаанд.

Ба навиштаи сомонаи "Тolonews"-и Афғонистон, ки ба истинод ба сухангӯи волии вилояти Тахор Суннатуллоҳ Темур иттилоъ пахш кардааст, ин ҳодиса субҳи имрӯз иттифоқ уфтодааст.

"Ҷангиён субҳи имрӯз, 28-уми октябр вулусволии Дарқадро тасарруф кардаанд ва ҷангҳои шадид ҳамчунин дар вулусволии Хоҷағор идома доранд",- афзудааст номбурда.

Вулусволии Дарқад, ки аз сӯи ҷангиёни "Толибон" тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба "Толибон"  силоҳдорон аз созмонҳое амсоли  "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, ҳамроҳ шудаанд.

"Шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни хориҷӣ нишон медиҳанд. Ду тан аз ҷангиёни кушташуда аз тарафи "Толибон" низ аз ин ҷангиёни хориҷианд"- илова кардааст Темур.

 

12
Барчаспҳо:
Толибон вулусволиро гирифтанд, ҷанг дар Афғонистон, суқути Дарқад, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ҲИӮ, Толибон, сухангӯи раиси вилояти Тахор, Суннатуллоҳ Темур, Хоҷағор, Тоҷикистон, Фархор, Тахор, Дарқад, Афғонистон
Мавзуъ
Бойгариҳои табии Афғонистон - манбаи аслии даромади Толибон