Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов. Акс аз бойгонӣ

Антонов: Русия аз фаъолшавии ДИИШ дар марз бо Тоҷикистон нигарон аст

25
Муовини вазири дифои Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва афзоиши нуфӯзи он дар ин қаламрави аввалӣ нигарон мебошад, гуфтааст муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов.

Дар ин бора ӯ зимни нишасти сеюми вазирони дифои Иттиҳоди мамлакатҳои Осиёию Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ибрози назар кардааст.

"Афзоиши нуфӯзи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Афғонистонро қайд менамоем, ки ҳоло дар 25 то 30 вулусволии ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад ва инчунин аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронем", — изҳор доштааст ӯ.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид ба амнияти ҷаҳон талаққӣ мешавад. Тайи се соли ахир ҷангиёни "ДИ" аз нисф бештари қаламрави Ироқ ва Сурияро зери назорат гирифта, хатари паҳншавии он ба кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Либиё истисно намебошад.

Давлати исломӣ
© Инфографика
"Давлати исломӣ"

25
Барчаспҳо:
Русия, дифоъ, вазир, АСЕАН, Туркманистон, Афғонистон, сарҳад, марз, Тоҷикистон, Давлати исломӣ, ДИИШ, фаъолшавӣ, нигаронӣ, нигаронӣ, Вазорати дифои Русия, Давлати исломӣ, Анатолий Антонов, Туркманистон, Афғонистон, Русия, Тоҷикистон
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото

Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд

154
(Таҷдидшуда 12:35 28.01.2021)
Дар толори Филармонияи милли Қирғизичстон маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов расман ба иҷрои вазифа сар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими савгандёдкунии Ҷабборов дар толори Филармонияи милли ин кишвар бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, миёни меҳмонон ҳамчунин собиқ кишвардор Сооронбой Жээнбеков, ки бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, низ ҳузур дорад.

Манбаъ меафзояд, ҳамаи меҳмонон қабл аз иштирок дар маросими мазкур, аз ташхиси коронавирус гузаштанд.

Ҷабборов пас аз адои савганд дар муроҷиат ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистон ваъда дод, ки софдилона ба халқу ватан хизмат мекунад.

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ интихоботи фаврии президентӣ баргузор шуд ва Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.

Ҷабборов моҳи декабр дар паи нотинҷ шудани вазъият дар Қирғизистон аз зиндон баромад ва сарвазир таъин шуда буд.

154
Барчаспҳо:
президент, савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020

Қатли боз як мақомдори афғон дар ҳамлаи террористӣ

412
(Таҷдидшуда 12:50 27.01.2021)
Мақомоти вилоятии Қундузи Афғонистон эълон кардааст, ки дар як ҳамлаи террористӣ муовини раиси шӯрои вилояти Қундуз кушта шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз ахиран хабар додааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ, муовини шӯро ва ду муҳофизи ӯ дар натиҷаи таркиш захмӣ шудаанд.

Гуфта шудааст, ки ҳодиса дар шаҳри Кундуз замоне рух дод, ки Сафиаллоҳ Амирӣ аз хонааш баромада ба мошин савор шуд, иттилоъ сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, Сафиаллоҳ Амирӣ  ва ду посбонаш ба бемористон интиқол ёфтанд, вале шоми ҳамон рӯз Сафиаллоҳ Амирӣ дар беморхона фавтидааст.

Раббони Раббонӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, тасдиқ кард, ки маводи тарканда дар дучарха ҷойсозӣ шуда буд ва ҳангоми убури Сафиаллоҳ Амирӣ аз назди он ба таври фосилавӣ  тарконида шуд.

Мақомоти вилояти Кундуз ин ҳамларо ваҳшиёна номид ва аз ҳукумат марказӣ хостанд, ки ҷинояткоронро муайян ва ҷазо диҳад.

Таъкид шудааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ яке аз ҷавонтарин аъзои шӯрои вилоятӣ дар кишвар буд.

Бояд қайд кард, ки дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ афзоиш ёфтаааст. Мақомот дар ин ҳамлаҳо гурӯҳи Толибонро масъул медонад. Аммо Толибон ин иддаоро комилан рад мекунанд.

412
Барчаспҳо:
Қундуз, террористӣ, ҳамла, Афғонистон
Маъруфджон ва Солехахон Мансуровы

Беҳтар шуда буданд: даргузашти пайи ҳами зану шавҳар Маъруфҷон ва Солеҳахон аз коронавирус

0
Манзили хонаводаи Мансуровҳо дар Конибодом чанд рӯз пайи ҳам ба мотамхона табдил ёфт - падару модари хонавода Маъруфҷон ва Солеҳахон якбора дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус ҷон ба Ҷонофарид супурданд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Зану шавҳаре аз Тоҷикистон қурбони бемории ҳамагири коронавирус шуданд. 

Маъруфҷони 72-сола ва Солеҳахони 68-сола, зодагони шаҳри Конибодом нобаҳангом ҳангоми сафар ба Русия ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаву мутаассифона, табибон натавонистанд онҳоро наҷот диҳанд.

Хабари даргузашти нобаҳангоми зану шавҳар шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, аммо далели даргузашти онҳоро касе шарҳ надод.

Ба Sputnik Тоҷикистон муяссар шуд, ки баъзе ҷузъиёти марги мармузи волидони хонаводаро ошкор кунад.

Ба қавли яке аз наздикони хонавода, Маъруфҷон ва Солеҳахон дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус дар Русия даргузаштаву тобути онҳо ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар Конибодом зану шавҳарро пайи ҳам ба қабр гузоштанд.

Онҳо ҳамагӣ ду моҳ пеш барои хабаргирии фарзандон ва таҷлили якҷояи соли нав ба Маскав сафар карда буданд.

Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон, охирҳои моҳи декабр Солеҳахон Мансурова зодрӯз дошт. Чанд рӯз пас аз ҷашни мавлуд маълум шудааст, ки зан ба коронавирус гирифтор шудааст.

"Ба ҷашни зодрӯз маъракаи ороста буданд. Шояд, маҳз дар ҳамон маърака бошад ба коронавирус сироят ёфтаанд, аллакай 27-уми декабр ташхиси коронавирус масбат баромадааст", - гуфт вай.

Ба қавли наздики хонавода, сипас ташхиси падари хонавода низ мусбӣ баромад ва ҳарду пайи ҳам ба бемористон интиқол ёфтанд.

"Онҳо қариб тамоми моҳ дар шӯъбаи эҳёи бемористон буданд. Аммо мутаассифона ҳарду ҳам даргузаштанд", - гуфт бо изҳори таассуф ӯ.

Ба қавли манбаи Sputnik Тоҷикистон Солеҳахон Мансурова чанд рӯз пеш аз марг пас аз кома (беҳушӣ) ба худ омадаву худро беҳтар ҳис кардааст, аммо нобаҳангом даргузаштааст.

Мотам дар Донишгоҳи Хуҷанд: Масаид Шерматов, ихтироъкори маъруфи кишвар аз олам даргузашт

"Фарзандон чанд рӯз тобути модарро дар Маскав нигоҳ доштанд, то баъди каме беҳтар шудани падар ба Конибодом раванд".

Ба гуфтаи вай, вақте падари хонавода низ ба ҳуш омадаву каме худро беҳтар ҳис мекунад, фарзандон тобути модарро ба Конибодом мебаранд, аммо ҳамагӣ пас аз як рӯзи рафтанашон, мард ҳам якбора вазнин шуда, табибон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд.

Тоҷирони тоҷик тобути Маъруфҷон Мансуровро ба Конибодом бурдаву рӯзи гузашта пас аз ҳудудан се рӯзи ҷанозаи ҳамсараш, ӯ низ ба хок супурда шудааст.

Маъракаи ҷаноза бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардидааст.

Sputnik Тоҷикистон охири моҳи ноябр дар бораи даргузашти Мансурҷон Қосимови 103-сола, куҳансарбози Ҷанги бузурги Ватанӣ аз Конибодом ва падари марҳум Маъруфҷон Мансуров гузориш дода буд.

Ёдрас мешавем, ин даргузашти ду тоҷикистонӣ аз коронавирус дар ҳолест, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ҳафтаи дувум аст, ки омори коронавирус дар кишвар ба сифр баробар аст. Новобаста аз ин, вазорат аз сокинон даъват меорад, ки барои пешгирии бемории ҳамагир чораҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

0