Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ

Мулоқоти Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ бо намояндаҳои тазоҳургарони Кобул

17
(Таҷдидшуда 12:58 12.11.2015)
Ҷаноби Фаҳимӣ дар хитоб ба раҳбарони баландпояи Афғонистон таъкид кардааст, ки агар Ваҳдати миллӣ мехоҳанд, пас бояд онро аз идора ва дафтари худ шуруъ кунанд.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад ва раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо намояндагони эътирозгарони Кобул мулоқот кардаанд, иттилоъ медиҳад телевизиони Tolonews.

Тибқи иттилои манбаъ, ин вохурӣ шоми 11 ба 12 ноябр баргузор шуда, дар он муовини дуюми раисҷумҳур Сурур Дониш ва муовини дуюми раиси иҷроияи ҳукумат Муҳаммад Муҳаққиқ ва вазири корҳои дохилии Афғонистон иштирок доштанд.

Яке аз намояндагони тазоҳургарон бо номи Мисбоҳ гуфтааст, ваъдаҳое, ки ба мардуми Ғазнӣ дода шуда буд, иҷро нашудаанд.

"Мо барои ташаккур кардан инҷо наомадаем. Дар тааҷҷуб ҳастам, ки аз замони ворид шудан ба Кохи раёсатҷумҳур то ҳол касе аз бародарони тоҷик ва ҳазораро дар инҷо намебинам", — изҳор доштааст намояндаги дигари эътирозгарон бо номи Фаҳимӣ.

Ҷаноби Фаҳимӣ дар хитоб ба раҳбарони баландпояи Афғонистон таъкид кардааст, ки агар Ваҳдати миллӣ мехоҳанд, пас бояд онро аз идора ва дафтари худ шуруъ кунанд.

"Мо бояд Ваҳдати миллиро дар идораи худ ва дар суфраи мардум бубинем", — афзудааст ӯ.

Ашраф Ғанӣ Аҳмад дар идома интиқоди раисҷумҳурро ҳаққи ҳар фарди афғонистонӣ хонда, аммо аз шиорпартоии тазоҳургарон алайҳи давлат нигаронӣ кардааст.
"Шиори марг бар давлат кӯмак ба душман аст", — изҳор доштааст раисҷумҳури Афғонистон.

Ҷаноби Аҳмад ваъда додааст, ки ҳукумати таҳти раҳбарии ӯ интиқоми 7 ҳазораи сарбуридаро хоҳад гирифт. "Ваъдаи мо ваъдаҳои холӣ нест. Мо агар мавзуъро ҷиддӣ намегирифтем, 8 нафари дигарро раҳо намекарданд", — афзудааст вай.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар навбати худ то ҷое аз таҷаммуи сокинон дар шаҳри Кобул ҷонибдорӣ карда, аммо таъкид кардааст, ки ҳукумати Афғонистон дар қазияи буридани сари 7 ҳазора айбдор нест.

"Ҷамъ шудани имрӯз як фурсате буд, то ғам ва дарди мардумро бишнавем. Ҳеч вақт ба сарнавишти мардум бетафовут набудем ва дар ҳеч ҷаласаи Шӯрои амнияти Афғонистон ҳам мавзуи гаравгонҳо нодида гирифта нашудааст", — илова кардааст ӯ.

Субҳи 11 ноябр дар пойтахти Афғонистон дар эътироз ба куштори ахири сокинони осоиштаи ҷануби вилояти Зобул, тазоҳуроти густурдае баргузор гардид. Садҳо сокинони ин кишвар ба хотири ёдбуди қурбониён ва бо нишони эътироз алайҳи ҷинояти ваҳшиёна гирдиҳам омаданд.

Сабаби тазоҳурот ин буд, ки рӯзи 7 ноябр дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул дар ҷанубушарқи Афғонистон ҷасадҳои сарбуридаи чор мард, ду зан ва як кӯдаки 9 моҳа ёфт шуд.

Кушташудаҳо ҳанӯз 6 моҳ қабл аз вулусволии Гелони вилояти бо Зобул ҳамсояи Ғазнӣ рабуда буданд. Шаби гузашта ҷасади фавтидагон дар Кобул ба хешовандонашон супорида шуд.

17
Барчаспҳо:
Аҳмад, Ғанӣ, Ашраф, Абдуллоҳ, ҳазора, Ғазнӣ, тазоҳургарон, Кобул, раисҷумҳур, мулоқот, ҳукумат, Афғонистон, Мисбоҳ, Фаҳимӣ, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ғазнӣ, Кобул, Афғонистон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

214
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

214
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Такси, архивное фото

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

3945
(Таҷдидшуда 11:47 30.05.2020)
Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.

3945
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, таҷовуз, наҷотдиҳӣ, Маскав

Ҳушдори муовини вазири беҳдошти Афғонистон аз афзоиши гирифторони коронавирус

0
(Таҷдидшуда 14:00 31.05.2020)
Ваҳиди Маҷруҳ, муовини вазири беҳдошти Афғонистон дар бораи паёмадҳои густариши коронавирус ба мардуми ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Ваҳиди Маҷруҳ рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар мардум дар мубориза бо бемории КОВИД-19 бо ин вазоратхона ҳамкорӣ накунанд, Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд, навиштааст хабаргузории "Парстудей".

Манбаъ аз қавли ин мақоми Вазорати беҳдошти Афғонистон илова намуд, ки мутаассифона доманаи коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст ва танҳо роҳи муқобила бо он, истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳузур дар маконҳои серодам ва шустани дастҳо аст.

Бар асоси Вазорати беҳдошти Афғонистон то кунун 13 ҳазору 660 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор ва 246 нафар низ фавт шудаанд.

Дар ҷаҳон низ то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

0
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, беҳдошт, вазир, Афғонистон